Ташкили омори давлати дар Чумхурии Точикистон. Вазифа ва принсипхои омори давлати

17 декабри соли 1919 бо Декрети Кумитаи Иҷроияи Марказии ҷумҳуриҳои Советӣ Сотсиалистии Туркистон (ҷССТ) Идораи марказии омор (ИМО)-ҷСС Туркистон ташкил карда шуд. Ин аввалин ташкилоти оморӣ дар Осиёи Миёна буд. Бо қарори Комиссариати Халқии Советӣ Низомномаи ИМО — ҳамчун системаи марказонидашудаи омори давлатӣ ва ягона тасдиқ карда шудааст. Инчунин, тибқи қарори мазкур дастур дода шуд, ки муассисаҳои омории маҳаллӣ, яъне бюроҳои омории вилоятӣ ва уездӣ ташкил карда шуда, тайёр кардани оморшиносҳо дар курсҳо ташкил карда шаванд ва дар соли 1920 якумин барӯйхатгирии аҳолӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ гузаронида шавад.

Ба ҷСС Туркистон камтарин қисми шимолии Тоҷикистони имрӯза дохил мешуд. 14 октябри соли 1924 сессияи 2-и Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ қарорро «Дар бораи худмуайянкунӣ» тасдиқ карда, ҷСС Туркистон аз ҳайати РСФСР бароварда шуд. ҷумҳуриятҳои миллӣ ташкил карда шуданд. Аз ҷумла дар ҳайати ҷСС Узбекистон ҷАСС Тоҷикистон ташкил карда шуд. Соли 1924 шумораи умумии аҳолии ҷАСС Тоҷикистон 750 ҳазор нафарро ташкил дода, 70 фоизи онро тоҷикон ташкил медоданд.

15 декабри соли 1924 маҷлиси Кумитаи инқилобии ҷСС Узбекистон бо вакилии ИМО-и ҷИСС (ҷумҳуриятҳои Иттифоқи Советӣ Сотсиалистӣ) баргузор гардид. Дар ин маҷлис масъалаи «Дар бораи вазъият ва нақшаи кори ИМО»-и ҷСС Узбекистон барраси гардида, қарор доир ба ташкили мақомоти омории ҷАСС Тоҷикистон қабул карда шуд. Албатта дар ҷАСС Тоҷикистон идораи маркази омори алоҳида ташкил карда нашуда, балки вакилии (намояндагии) ИМО-и ҷСС Узбекистон бо дастгоҳи худ ҷудо карда шуд.

Дар шаҳри Душанбе 15 октябри соли 1929 анҷумани 3-и Фавқулодаи Шӯрои Тоҷикистон баргузор гардид ва дар ин анҷуман яке аз масъалаҳои асосӣ, ин табдил додани ҷАСС Тоҷикистон ба ҷумҳурии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (ҷССТ) буд. 16 октябри соли 1929 анҷумани фавқуллода эъломияи ташкилёбии ҷСС Тоҷикистонро қабул карда ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ба ҳайати Шӯрои Комиссариати Халқӣ, инчунин ИМО-и ҷСС Точикистон дохил карда шуд.

Баъд аз ташкилёбии ИМО-и ҷСС Тоҷикистон то инҷониб мақомоти омори давлатии ҷумҳурӣ аз рӯи чунин номгузорихо ташаккул ёфта фаъолият кардааст:

т/р

Номи мақомоти омори давлатӣ

Солҳо

1.

Идораи маркази омори ҷСС Тоҷикистон

1929-1930

2.

Сохтори иқтисодӣ-оморӣ ҷСС Тоҷикистон

1930-1931

3.

Бюрои маркази ҳисобдорӣ ва плонии Госплони ҷСС Тоҷикистон

1931-1932

4.

Идораи ҳисобдории хоҷагихалқии назди Госплони ҷСС Тоҷикистон.

1932-1933

5.

Идораи ҳисобдории хоҷагихалқии Госплони ҷСС Тоҷикистон.

1933-1941

6.

Идораи омори Уполсоюзи Госплони ҷСС Тоҷикистон.

1941-1948

7.

Идораи омори назди Совети Вазирони ҷСС Тоҷикистон.

1948-1960

8.

Идораи маркази омори назди Совети Вазирони ҷСС Тоҷикистон

1960-1975

9.

Идораи маркази омори ҷСС Тоҷикистон

1975-1987

10.

Кумитаи давлатии ҷСС Тоҷикистон доир ба омор

1987-1993

11.

Саридораи омори миллии вазорати иқтисодиёт ва ояндабинии ҷумҳурии Тоҷикистон.

1993-1994

12.

Агенти давлатии омори назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон

1994-2000

13.

Кумитаи давлатии омори ҷумҳурии Тоҷикистон

2001 то инҷониб

Айни замон, ташкили омори давлатӣ мувофиқи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ», ки 15 маи соли 1997 таҳти рақами 431 қабул шудааст, сурат мегирад. 22 апрели соли 2003 ва 30 декабри соли 2005 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» қабул карда шуданд.

Мувофиқи моддаи 4-и қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» мақомоти омори давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз Кумитаи давлатии омор ва мақомоти омори ҳудудии тобеи он, ки ҷамъоварӣ, назорат, коркард, таҳлил, ҷамъбаст, интишор ва ҳифзи маълумотро ба амал мебароранд. Мақомоти омори давлатӣ вазифадоранд, ки методологияи оморро мувофиқи стандартҳои байналмиллалии омор таҳия намуда, ашхоси ҳуқуқии ҳисоботдиҳанда ва дигар субъектҳои хоҷагидориро бо маълумоти зарурии оморӣ ва шаклҳои ҳисоботии зарурии оморӣ таъмин кунанд; мушоҳидаҳои омории давлатиро мувофиқи барномаҳои муқарраргардида ба роҳ монда, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идории маълумоти омориро дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ таъмин намоянд ва ғайра.

Вазифаҳои асосии омори давлатӣ инҳоянд:

—таҳияи методологияи илман асосноки оморӣ, ки қиёспазирии маълумотро мутобиқи системаи байналмиллалии стандартонӣ таъмин мекунад;

—ҷамъоварӣ, коркард, таҳлилу ҷамъбасти маълумоти оморӣ, ки инкишофи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсиф менамояд ва назорати баамалбарории фаъолияти омори давлатӣ;

—пешниҳоди маълумоти оморӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идорӣ ва расониданӣ он то доираи муайяни истифодакунандагон;

—ҳамкории байналмиллалӣ, ҷалб ва истифодаи маълумоти оморӣ дар бораи дигар давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Принсипҳои асосии омори давлатӣ инҳо мебошанд:

воқеият, дурустӣ ва мустаъқилияти маълумоти оморӣ, ҷамъоварии баҳангом, муназзамии системаи маълумот ва пуррагии ахбори оморӣ, қиёспазирии маълумоти оморӣ дар системаи ҳисобкунии нишондиҳандаҳои асоси бо омори дигар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва омори байналмиллалӣ, дастрас ва ошкор будани маълумоти оморӣ ба ҳаддӣ муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон.

2.06K
Нет комментариев. Ваш будет первым!