Мохияти мушохидаи омори. Ташкили мушохидаи омории давлати

Татқиқоти омории маҷмӯи ҳодисаҳо, яъне объекти омӯзиш зарурияти ҷамъоварии маълумотҳоро доир ба он барои як лаҳзаи муайяни вақт (санаи муайян) ё ин ки натиҷаи инкишофи онро дар давраи муайяни вақт талаб менамояд.

Албатта, ҷамъоварии на ҳамагуна маълумотҳо доир ба ҳодиса мушоҳидаи оморӣ номида мешавад. Масалан, донистани болоравии нархи як намуди мол дар бозори истеъмолӣ, маънои пурраи сатҳи инфлятсия (беқурбшавии пул)-ро надорад. Агар бо ҳисоби миёна нархи ҳамаи намуди молҳо дар макон ва замони муайяни конкретӣ муқаррар карда шавад, он гоҳ метавон доир ба сатҳи инфлятсия сухан ронд.

ҷамъоварии мураттаби маълумотҳо доир ба ҳодисаҳои ҷамъиятӣ бо таври мунтазам ва аз нигоҳи илми амиқ асоснок карда шударо бо мақсади тавсифи умумии онҳо, мушоҳидаи оморӣ номида мешавад. ҷамъоварии маълумотҳо бо роҳи пешакӣ аз рӯи аломатҳои муҳими қайдкардашудаи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ оғоз карда мешавад. Масалан, ҳангоми гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ шахсони махсуси масъул бо супоришоти мақомотҳои оморӣ маълумотҳоро доир ба синну сол, ҷинс, миллат, маълумотнокӣ, вазъи иҷтимоӣ ва ғайраи ҳар сокини мамлакат ҷамъоварӣ менамоянд. ҳамаи маълумотҳои ҷамъовардашуда ҷамъбаст карда мешаванд ва дар натиҷа шумораи умумии аҳолӣ, таркиби он аз рӯи аломатҳои ҷинс, синну сол, ҷойгиршавии онҳо ва ғайра муайян карда мешаванд.

Дар раванди (протсесси) мушоҳидаи оморӣ маводи аввалияи оморӣ, яъне маълумотҳои оморӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд ва онҳо баъдтар ҷамъбаст, коркард ва таҳлил карда шуда шарҳ дода мешаванд. Бояд қайд намоем, ки аз сифати мушоҳидаи омории гузаронидашуда тамоми раванди (протсесси) татқиқоти оморӣ вобаста аст. Бинобар он, мушоҳидаи омориро метавон чунон ташкил кард, ки дар натиҷаи амалигардонии он бояд маълумотҳои объективӣ аниқ доир ба ҳодисаи омӯхташаванда дастрас карда шаванд. Маълумотҳои нопурра, ғайри саҳеҳ ва номукаммали тавсифкунандаи раванд (протсесси)-и обекти татқиқшаванда ҷамъоварӣ карда шаванд, он гоҳ аз рӯи таҳлили гузаронидашуда хулосаҳои нодуруст бароварда мешаванд. Аз ин хотир, маълумотҳои ҷамовари шаванда бояд ба ду талаботи асосӣ-эътиборнокӣ ва муқоисашавандагӣ (қиёспазирӣ) ҷавбгӯй бошанд.

Эътиборнокӣ — ин мувофиқатии маълумоти ҷамъовардашуда бо раванди (протсесси) аслии объекти омӯхташаванда аст. Аз ин рӯ, ҳамаи методика, ташкил ва техникаи гузаронидани мушоҳидаи оморӣ бояд барои таъмини эътиборнокии маълумотҳо нигаронида шуда бошанд. Ба ибораи дигар, шарти умумии таъмини эътиборнокӣ ин фарогирии пурраи объект, мукамалӣ ва яқинии (аниқии) қайди маълумотҳо доир ба ҳар як воҳиди мушоҳида аст. Барои он ки маълумотҳо доир ба ҳодисаҳои алоҳида ҷамъбаст карда шаванд, онҳо бояд ба якдигар қиёспазир (муқоисашаванда) бошанд. қиёспазирии маълумотҳои мушоҳидаҳои мухталиф дар он вақт ба даст оварда мешавад, ки истифодаи ҳамон як воҳиди муайяни мушоҳида, методикаи бақайдгирии аломатҳои аввалия ва тарзҳои ҳисобкунии аломатҳои дуюмин, аз қабили сатҳи ҳосилнокии меҳнат, сатҳи даромадноӣ ва ғайра иҷро карда шаванд. Шарти муҳими қиёспазирӣ ин нигоҳ доштани вақти гузаронидани мушоҳида давра (фосила) ва лаҳзаи қайдкунии маълумотҳо мебошад. Масалан, шумораи донишҷӯёни донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дар аввали соли хониш ва ғайра.

Дар ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии расмии оморро мақомоти омори давлатӣ дар асоси мушоҳидаҳои омории давлатӣ амалӣ мегардонад. Мушоҳидаҳои омори давлати ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ шуда метавонанд.

Ба мушоҳидаҳои омории давлатии ҷумҳуриявӣ мушоҳидаҳои омории равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки мақомоти омори давлатии ҷумҳурӣ мутобиқи барномаи корҳои оморӣ анҷом медиҳанд ва ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол тасдиқ мекунад, мансубанд. Ба мушоҳидаҳои омории минтақавӣ мушоҳидаҳои омории равандҳои иҷтимоӣ-қтисодӣ, мақомоти маҳаллии омори давлатӣ амали менамоянд, мансуб мебошанд.

632
Нет комментариев. Ваш будет первым!