Омодасозии мушоҳидаи омори
Барои гузаронидани мушоҳидаи оморӣ пеш аз ҳама зарур аст мақсад ва фарзияҳои асосии он муаяйн карда шуда, бо маълумотҳои ҷамъовардашуда муқоиса карда шаванд. Дар ин давраи татқиқот объект ва воҳидҳои мушоҳида муайян шуда, барномаи мушоҳида таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Объекти мушоҳида иборат аст аз воҳидҳои мушоҳида, макон (территория) ва вақти мушоҳида.
Воҳиди мушоҳида – ин ҳодисаест, ки аломатҳои он ба қайд гирифта мешаванд. Маҷмӯи воҳидҳои мушоҳида обекти мушоҳидаро ташкил медиҳад. Барои муайян кардани сарҳади объекти мушоҳида меъёр (сенз)-и он муқаррар карда мешавад. Меъёр (сенз)-ин қимати аломат (ё якчанд аломатҳо) буда, барои фарқ кардани воҳидҳои мушоҳида аз дигар ҳодисаҳо истифода бурда мешавад.
Макони (территорияи) гузаронидани мушоҳида ҳамаи ҷои воқеъшавии воҳидҳои мушоҳидаро дар бар мегирад.
Вақти мушоҳида-ин вақтест, ки ба он маълумотҳои ҷамъоваришаванда рост меояд. Вақти бақайдгирии маълумотҳо барои ҳамаи воҳидҳо ба таври ягона барои огоҳисозии ҳисобгирии нопурра, ё ин ки ҳисоби такрорӣ ва инчунин барои таъмини қиёспазирии маълумотҳо муқаррар карда мешавад.
ҳангоми омӯзиши обектҳои мушоҳида, ки бефосила миқдор ва тавсифи онҳо тағир меёбанд, санаи критики муқаррар карда шуда тибқи он маълумотҳо ҷамъ оварда мешаванд. Дар вақти барӯйхатгири вақти саршавӣ ва вақти баохиррасии бақайдгирии маълумотҳо, яъне мӯҳлати мушоҳида муқаррар карда мешавад. Азбаски ҳайати аҳолӣ доимо дар тағирот аст, бинобар он маълумотҳо дар лаҳзаи муайяни вақт, ки лаҳзаи критики мушоҳида ном дорад, ба қайд гирифта мешаванд. Ба сифати лаҳзаи критики дар микро барӯйхатгирии аҳолии Федератсияи Руссия дар соли 1994 аз соати 0-и шаби 13 то 14 феврал қабул шуда буд. Яъне дар бланкаҳои микробарӯйхатгирӣ ҳамаи шахсони барҳаётбуда дар ин лаҳзаи вақт ба қайд гирифта шуда, шахсоне, ки баъди соати 0-и шаби 13 ба 14 феврал таваллуд ё фавт кардаанд ба қайд гирифта намешуданд.
Барномаи мушоҳида аломати қайдшавандаро доир ба ҳар як воҳиди мушоҳида дар бар мегирад. Мазмуни барномаи мушоҳида аз мақсад ва вазифаҳои гузошташудаи тадқиқот иборат аст. Таҳияи барномаи мушоҳида вазифаи мураккаб ва масъулиятнок аст. Дар омори давлатӣ барномаи мушоҳидаи омори давлатӣ ҷумҳуриявӣ ва минтақавиро қумитаи давлатии омор таҳия менамояд.
Барномаи мушоҳида дар асоси принсипҳои зайл таҳия карда мешаванд:
1. ҳеҷ гуна саволҳоеро, ки ба тадқиқоти муайяншуда таалуқ надорад, на бояд ба барномаи мушоҳида дохил карда шавад.
2. Саволҳое, ки барои мардум шубҳаовар аст, ба барномаи мушоҳида дохил карда намешавад. Масалан, ҳангоми омӯзиши ҳиҷрати аҳолӣ дар анкета чунин саволгузорӣ карда шавадн бемавқеъ аст:… оё шумо ба ҷумҳурии Руссия ба мӯҳлати дуру дароз ва доимӣ сафар карда истодаед ?
Барномаи мушоҳида иборат аст аз аломатҳои ташхискунанда, яъне аз саволномаҳое, ки мустаъқиман бо мақсади татқиқот алоқаманд аст. ҳамаи саволномаҳои барномаи мушоҳида ба шакли муайяни ҷавобдиҳӣ-рақамӣ, алтернативӣ («ҳа» ё «не») ва бисёрварианта дар ҳолати пешниҳоди ҷавобҳои зиёд таҳия карда мешаванд.
Олоти мушоҳидаи оморӣ — ин формулярҳо (бланка, анкета, пурсишнома ва ғайра) ва дастурамалҳои пуркунии онҳо мебошад. Дар формулиярҳои мушоҳида саволномаҳои барномаи мушоҳида дарҷ гардида, дар он маълумотҳои ҷамъовардашуда гузаронида мешаванд. Дар формулиярҳо ҷой барои қайди ҷавобҳо дода шудааст. Дар дастурамалҳо шарҳи саволҳои барнома бо мисолҳои конкретӣ, нишондод доир ба алоқамандии байни саволҳо оварда мешавад. Дастурамал ба таври алоҳида дар шакли китобча, ба намуди варақаи эзоҳдиҳӣ ё ин ки дар худи формулияри мушоҳида таҳия карда шуда, ба табъ расонида мешавад.