Шакл, хел ва тарзхои мушохидаи омори
Гуногунии ҳамаи шаклҳои ташкилии мушоҳидаи оморӣ асосан ба ду тип ҷудо карда шудааст: ҳисобот ва тадқиқоти омории махсус (барӯйхатгирӣ, ҳисобгириҳои гуногуни яквақта ва тадқиқоти пурра ва нопурра) ва регистри корхонаҳо.
ҳисобот-ин шакли ташкилии мушоҳидаи оморӣ буда, ба воситаи он маълумотҳо аз корхона, ташкилот ва муассисаҳо новобаста аз шаклҳои моликиятдорӣ ба ташкилотҳои оморӣ ба таври ҳатмӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар ҳисобот маълумотҳои асосии ҳисобдорию оморӣ доир ба ҳолат ва фаъолияти корхонаю ташкилот ва муассисаҳо нишон дода мешавад.
Пешниҳоди ҳисоботҳо ба мақомотҳои оморӣ аз рӯи мӯҳлатнокӣ ба хелҳои зерин ҷудо карда мешавад: фаврӣ (то як моҳ) семоҳа, нимсола ва солона. Маълумотҳо муфассал доир ба фаъолияти корхона ва ташкилотҳо дар ҳисоботи солона оварда мешавад.
Барои ташкилотҳои идоракунии давлатӣ ҳисобот манбаи зарурии иттилоот баҳисоб меравад. Маълумотҳои дар ҳисоботҳо овардашуда, имкон медиҳад, ки доир ба динамикаи ҳаҷми истеҳсоли мол ва хизматҳо, тараққиёти комплексии мамлакат ва минтақаҳои он, таносуби шаклҳои мухталифи моликиятдорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ омӯхта шуда, самаранокии фаъолияти корхона ва ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ муқоиса карда шаванд.
Мушоҳидаи омории ташкили махсус – мушоҳидаест, ки бо мақсади махсус дар санаи муайян барои ҷамъоварии маълумотҳо ташкил карда мешавад. Зарурияти ташкили мушоҳидаи махсуси оморӣ аз он иборат аст, ки барои иҷрои мақсади конкретии махсус-барӯйхатгирии аҳолӣ, тадқиқоти буҷети хоҷагиҳои хонагӣ, пурсиши афкори ҷамъиятӣ, азнавбаҳодиҳии арзиши пулии фондҳои асосӣ ва ғайра маълумотҳо ҷамъоварӣ карда мешаванд.
Дар солҳои 90-и асри XX принсипи сензии (барӯйхатгирии) ташкили ҳисобдорӣ ва гузариш аз усули соҳавии ҷамъоварии иттилоот ба омори корхона ҷорӣ шуд. Моҳияти чунин гузариш дар азнавсозии ташкили мушоҳидаи оморӣ дар асоси истифодабарии олоти ягонаи оморӣ барои ҳамаи субъектҳои хоҷагӣ-регистри омории корхона-ҳамчун маҷмӯи ягонаи объектҳои як қатор мушоҳидаҳои оморӣ ифода меёфт. ҷори кардани регистри корхона навкунии доимии нишондиҳандаҳо, ки субъектҳои хоҷагиро тавсиф менамоянд, талаб менамуд. Умуман омори корхона ташаккулёбиро дар асоси принсипҳои ягонаи базаҳои иттилоотӣ-оморӣ, ки иборат аст аз маълумотҳо доир ба субъектҳои хоҷагии ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт тақозо мекунад. Фаъолияти ҳар субъекти хоҷагӣ ба таври том новобаста аз иҷрои хелҳои фаъолияти онҳо дида баромада мешавад.
Яке аз лаҳзаҳои муҳим дар ташкили омӯзиши омории корхона интихоби воҳиди мушоҳида аст. Дар муассисаҳои омори мамлакатҳои аврупоӣ чунин типҳои воҳиди мушоҳидаи оморӣ муайян карда шудааст:
— гурӯҳи корхонаҳо;
— корхона;
— воҳиди хели фаъолият;
— воҳиди маҳаллӣ;
— воҳиди маҳалли хели фаъолият.
Асоси типикунонии воҳидҳои оморӣ корхона мебошад. Воҳидҳои боқимонда ба сифати қисми корхона, ё ин ки маҷмӯи онҳо баромад менамоянд. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаро метавон ҳамчун воҳиди оморӣ, ё ин ки воҳиди ҳуқуқӣ (шахси ҳуқуқӣ) тавсиф кард.
Мушоҳидаи оморӣ ба ду хел ҷудо карда мешавад:
1). аз рӯи аломати вақти мушоҳида;
2). аз рӯи аломати фарогирии воҳиди мушоҳида.
Аз рӯи вақти бақайдгирии ҳодисаҳо (вақти мушоҳида) мушоҳидаҳои бефосила (ҷорӣ), даврӣ ва яквақта фарқ карда мешаванд. Мушоҳидаи бефосила (ҷорӣ) ба таври мураттаб, доимӣ ва муттасил аз лаҳзаи пайдоиши ҳодиса гузаронида мешавад. Масалан, дар корхонаҳо ҳисоби истеҳсоли маҳсулот, ба кор ҳозиршавии коркунон, пардохти андозҳо ва ғайра.
Дар мушоҳидаи даврӣ, бақайдгирӣ баъди ҳар давраи муайяни вақт гузаронида мешавад. Масалан, ҳисоби саъю кӯшиши донишҷӯёни ДИТ аз рӯи маълумотҳои сессияи имтиҳонотӣ. Мушоҳидаи як вақта барои ҳалли ягон вазифа як маротиба, ё ин ки баъд аз мӯҳлати номуайяни вақт бо пайдоиши зарурият такроран гузаронида мешавад. Масалан, барӯйхатгирии фонди манзил, барӯйхатгирии шумораи мактабҳо ва ғайра.
Истифодаи ин ё он намуди мушоҳида аз рӯи аломати вақти мушоҳида, аз хусусияти объекти тадқиқшаванда вобаста аст. Масалан, таъмини бефосилаи истеҳсолот, доимо ҳисоби муттасили хароҷотҳои истеҳсолот ва натиҷаҳои молиявиро талаб менамояд.
Аз рӯи аломати фарогирии воҳидҳои маҷмӯъ мушоҳидаҳои омории пурра ва нопурра фарқ карда мешаванд. Дар мушоҳидаи омории пурра ҳамаи воҳидҳои маҷмӯъ ба таври том ба қайд гирифта мешаванд. Ин хели мушоҳида ҳангоми барӯйхатгирии аҳолӣ, ҷамъоварии маълумотҳо дар шаклҳои ҳисобот ва дигарҳо истифода бурда мешаванд.
Инкишофи иқтисодиёти бисёруклада дар давраи муосир, миқдори объектҳои фаъолияти иқтисодиро афзун гардонида истодааст. Чунин тамоили инкишофи иқтисодиёт сарҳади истифодабарии амалияи мушоҳидаи нопурраро боз ҳам васеъ гардонид. Дар омор чунин намудҳои мушоҳидаи нопурра омӯхта мешаванд: тарзи массиви асосӣ, интихобӣ ва монографӣ.
Аз рӯи тарзи массиви асосӣ, қисми асосӣ ва зиёди воҳидҳои маҷмӯъ тадқиқ карда мешаванд. Масалан, тадқиқоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар ҳар яки он на камтар аз 5 нафар деҳқон фаъолияти асосӣ доранд.
Дар мушоҳидаи омории интихобӣ асосан бо тартиби муайян қисми воҳидҳои маҷмӯи интихоб кардашуда омӯхта шуда, натиҷаҳои бадастовардашуда дар ҳамаи воҳидҳои маҷмӯъ паҳн карда мешаванд. Яъне дар натиҷаи омӯзиши қисми воҳидҳо доир ба тамоми маҷмӯъ маълумотҳо ҷамъ оварда мешаванд. Масалан, барои донистани саъю кӯшиши донишҷӯёни ДИТ, танҳо зарур аст ба таври интихобӣ баҳои миёнаи як гурӯҳро, ки аз 25 нафар донишҷӯй иборат аст, ҳисоб кард. Дар ин ҳолат, баҳои миёнаи гурӯҳ-ҳамчун баҳои миёнаи тамоми донишҷӯёни донишкада ҳисоб карда мешавад.
Дар тадқиқоти монографӣ диққати асоси ба тарафҳои сифатии ҳодиса, одоби он, перспективаи инкишоф ва ғайра равона карда мешавад. Усули монографӣ дар тадқиқотҳои этнографӣ, аз қабили омӯзиши тарзи ҳаёти оила, ё ин ки якчанд оила истифода бурда мешавад.
Дар ҳар тадқиқот манбаи ҷамъоварии маълумотҳои ибтидои дар натиҷаи истифодабарии тарзҳои мушоҳидаи бевосита, ҳуҷҷатӣ ва пурсиш таъмин карда шаванд.
Мушоҳидаи бевосита бо роҳи қайдгирии воҳидҳои омӯхташаванда ва аломатҳои онҳо дар асоси муоина (тафтиш), шуморидан, баркашидан ва ғайра амали гардонида мешавад. Масалан, бақайдгирии нарх ва ҳаҷми фурӯши молҳо дар бозорҳо ва ғайра.
Тарзи мушоҳидаи ҳуҷҷатӣ дар асоси истифода кардани маълумотҳои нишондодашудаи ҳуҷҷатҳои корхона ва ташкилотҳо гузаронида мешавад. Ин тарзи мушоҳидаро дар азнавбаҳодиҳии фондҳои асосии корхона ва ташкилотҳо, ки аз рӯи он таҳлили самаранок истифодабарии фондҳо ва таркиби онҳо, хусусан дар шароити ҷой доштани сатҳи баланди инфлятсия (таварруми пул) гузаронида мешаванд, истифода бурдан мумкин аст.
Мушоҳидаҳои омории бевосита ва ҳуҷҷатӣ, бештар эътиборнокии маълумотҳои омориро таъмин месозад.
Пурсиш-ин мушоҳидаест, ки маълумотҳо ба саволномаҳои формуляри мушоҳида аз ҷавобҳои шахсони пурсидашаванда гузаронида мешаванд. Дар ин ҳолат метавон аз тарзҳои гуногуни ҷамъоварии маълумотҳо, аз қабили экспедитсионӣ, мукотибавӣ ва худқайдкунӣ истифода бурд.
Тарзи экспедитсионии мушоҳида дар он ифода меёбад, ки шахсони махсуси тайёркардашуда, ки рӯйхатчӣ (регистратор) ном доранд, дар асоси пурсиш формулярҳои барӯйхатгириро пур карда, ҳамон лаҳза дурустии ҷавобҳои гирифташударо санҷида назорат менамояд. Албатта ин тарзи мушоҳида яқинан натиҷаҳои кифоягиро таъмин месозад, вале серхарҷ мебошад. Дар омори миллӣ тарзи экспедитсионӣ ҳангоми гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ истифода бурда мешавад.
Моҳияти тарзи мукотибавии мушоҳида дар он аст, ки ташкилотҳои оморӣ ба дигар ташкилотҳо ё шахсони махсуси бо ризоят интихобкардашуда бланкаҳо ва дастурамалҳои пуркунии онҳо равона карда мешаванд. Дар навбати худ, онҳо бланкаҳоро пур карда дар мӯҳлати муқарраршуда ба ташкилотҳои оморӣ ирсол менамоянд. Ин тарз бештар ҳангоми омӯзиши талаботи аҳолӣ ба молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ, ва умуман вазъи савдо дар минтақаҳои гуногун истифода карда мешавад. Бартарияти тарзи мукотибавӣ аз он иборат аст, ки вай аз як тараф камхарҷ аст, вале аз тарафи дигар на ҳама вақт ба сифати маълумотҳои ҷамъовардашуда диққати асосӣ дода мешавад.
Дар тарзи худқайдкунӣ кормандони ташкилот, ки пурсиш мегузаронанд, ба шахсони пурсидашаванда варақаҳои пурсишӣ ё анкетаҳо дода, ба онҳо дастур медиҳанд. Баъд аз иҷрои ҳамаи корҳо формулярҳои пуркардашударо ғун (ҷамъ) карда, тарзи пуркунӣ ва дурустии маълумотҳои ҷамъовардашударо тафтиш ва назорат менамоянд. Тарзи худқайдкуниро, бештар дар омори давлатӣ ҳангоми гузаронидани тадқиқоти буҷети хоҷагии хонагӣ (оила), барӯйхатгирии аҳолӣ ва ғайра истифода мебаранд.
Дар солҳои охир ҳангоми ҷамъоварии маълумотҳои оморӣ технологияи ғайри қоғазӣ истифода бурда мешаванд.