Сахви мушохидаи омори. Усулхои назорати маълумотхои мушохида

Бояд қайд намоем, ки натиҷаи (маводҳои) ба дастовардаи мушоҳидаи оморӣ назорат карда мешаванд. Зеро ки зиёд будани ҳаҷми корҳои оморӣ ва мураккабии мазмуни он чунин корро талаб менамояд.

Дар навбати аввал, фарогирии пурраи воҳидҳои мушоҳида тафтиш карда мешаванд. Барои иҷрои ин кор қиёспазирии (муқоисаи) маълумотҳо бо рӯйхатти корхона ва ташкилотҳо гузаронида шуда, анкетаҳои пуркардашуда аз нав ҳисоб карда мешаванд. Дар ин марҳила мукаммалии пуркунии ҳар як формуляри мушоҳида (шаклҳои ҳисобот, анкетаҳо ва ғайра) тафтиш карда мешаванд.

Барои он ки тафтиш дуруст ташкил карда шавад, бояд характери бавуҷудоии саҳвҳоро тасаввур кард. Зеро, ки ҳамаи саҳви мушоҳида ин саҳвҳои бақайдгирӣ аст. Аммо онҳо характери гуногун дошта ба тарзҳои гуногун ба натиҷаи татқиқоти оморӣ таъсир мерасонанд.

Асосан саҳвҳо ду хел мешаванд: тасодуфӣ ва систематикӣ. Чунин саҳвҳо метавонанд ҳангоми пурсиш ба вуҷуд оянд, ё метавонанд дар мушоҳидаҳои бевосита, ё ин ки ҳуҷҷатӣ рух диҳанд. Дар ҳамаи ҳолатҳо манбаҳои саҳв, ин иттилоотҳоест, ки аз объекти мушоҳида (саҳв дар ҷавобҳои додашудаи шахси пурсидашаванда, хатогиҳо дар ҳуҷҷатҳои ҳисобдорӣ ва ғайра) сар мезанад, ё ин ки аз тарафи шахсони қайдкунанда ё иқтисодшиносҳои корхонаҳо дар рафти пуркунии формулярҳои мушоҳида ба хатогиҳо роҳ медиҳанд.

Саҳвҳои тасодуфӣ хусусияти мақсаднокиро надоранд. Ин хатогиҳо натиҷаи ғалатнок қайд кардани маълумотҳои рақамӣ аст.

Саҳвҳои систематикӣ-тасодуфӣ набуда, мақсади муайянро дар бар мегиранд. Чунин саҳвҳо хатари калон дошта, ба натиҷаи татқиқот таъсири манфӣ мерасонанд. Умуман саҳвҳои систематикӣ бо мақсад ғаразнок ба амал меоянд. Ба ҳамагон маълум аст, ки одамон бештар кушиш менамоянд, ки даромадҳои худро кам нишон диҳанд, корхонаҳо низ дар ҳисоботҳои худ фоида ё даромадҳоро бо мақсади кам пардохтани андоз нодуруст нишон медиҳанд ва ғайра. Аз ин хотир, талаб карда мешавад, ки чунин хели саҳвҳо ошкор карда шуда, ҳатман ислоҳ карда шаванд. Бинобар он, баъди тафтиши мукаммалии маълумотҳо ҳатман назоратҳои ҳисобкунӣ ва мантиқӣ гузаронида мешаванд.

Назорати ҳисобкунӣ ба алоқаи қатъии байни аломатҳо асос карда шуда, аз рӯи иҷрои амалҳои риёзӣ-ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим гузаронида мешавад. Назорати ҳисобкунӣ барои тафтиши суммаи ҷамъҳо истифода бурда мешавад.

Назорати мантиқӣ, асосан дар алоқамандии мантиқии байни аломатҳо ифода меёбад. Масалан, алоқамандии маълумотҳо ҳангоми барӯйхатгирии аҳолӣ, яъне саволномаҳои байни аломатҳо доир ба синну сол, маълумотнокӣ, ҳолати оилавӣ назорат карда мешаванд.

Одатан барои тафтиш кардани маводҳои дохилшудаи мушоҳида схемаи назоратбарӣ тартиб дода шуда, дар он алоқамандии ҳамаи байни саволномаҳои барномаи мушоҳида-риёзӣ (арифметикӣ) ва мантиқӣ дар назар дошта мешаванд.

663
Нет комментариев. Ваш будет первым!