Гурӯхбанди ва системаи нишондихандахои омори
қонунияти оморӣ дар ҷамъбастнамоии маълумотҳо зоҳир мешавад. Яке аз усули ҷамъбастнамоӣ усули гурӯҳбандӣ аст.
Дар омор, гурӯҳбандӣ ин тақсимоти воҳидҳоро дар гурӯҳҳо мувофиқи принсипи зайл иҷро менамояд: тавофути байни воҳидҳо, ки ба як гурӯҳ дохил карда шудаанд, нисбат ба тавофути байни воҳидҳое, ки ба гурӯҳҳои гуногун таалуқ доранд, бояд хурд (кам) бошад. Зарурият ва аҳамияти гурӯҳбандӣ аз он иборат аст, ки бо ёрии ин усул маълумотҳои ҷамъовардашуда ҷамъбаст карда шуда, пойгоҳиро барои ҷамъбасткунии минбаъда ва таҳлил мегузорад.
Бо ёрии усули гурӯҳбандӣ вазифаҳои зерин иҷро карда мешаванд:
1. ҷудо кардани типҳои иҷтимой – иқтисодии ҳодисаҳо;
2. Омӯзиши сохтори ҳодиса ва тағироти сохтории ба амал омада;
3. Ошкор кардани алоқа ва ҳамвобастагии ҳодисаҳо.
Аз рӯи вазифаи мураттабсозии маълумотҳо гурӯҳбандиҳои типологӣ, сохторӣ (структуравӣ)ва аналитикӣ фарқ карда мешавад.
Зарурияти истифодабарии гурӯҳбандии типологӣ аз он иборат аст, ки байни ҳодисаҳои омӯхташаванда тавофути сифатӣ ҷой дорад. Лозим дониста мешавад, дар таркиби маҷмӯи ҳодиса он қисмеро ҷудо кард, ки аз рӯи сифат ва шароити инкишоф якхела буда, дар онҳо ҳамон хел қонунияти таъсиррасонии омилҳо амал мекунад. Дар натиҷаи чунин гурӯҳбандӣ типҳои иҷтимой – иқтисодӣ ҷудо карда мешавад.
Гурӯҳбандии типологӣ асосан барои ошкор кардани гурӯҳҳои якхелаи сифатии маҷмӯъ, яъне объектҳое, ки аз рӯи ҳамаи аломатҳои гурӯҳбандӣ ба якдигар дар ҳамон вақт муайян кардашуда монанд мебошанд, истифода карда мешавад. Гурӯҳбандии объектҳои хоҷагӣ аз рӯи аломати шаклҳои моликият, аҳолӣ — аз рӯи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, шуғли коркунон — аз рӯи меҳнати ҷисмонӣ ва фикрӣ ба воситаи истифодаи гурӯҳбандии типологӣ муайян карда мешавад.
Гурӯҳбандии сохторӣ (структурави) ин намуди гурӯҳбандиест, ки дар он тақсимоти якхелаи маҷмӯъ ба гурӯҳҳо гузаронида шуда, сохтори он аз рӯи ягон аломати тағирёбанда тавсиф карда мешаванд. Ба воситаи гурӯҳбандии сохторӣ ҳайати аҳолӣ аз рӯи ҷинс, синну сол, ҷои истиқомат; ҳайати корхона аз рӯи шумораи коргарон, арзиши пулии фондҳои асоси ва ғайра омӯхта мешаванд.
ҳодисаҳои ҳайёти ҷамъиятӣ ва аломатҳои таҷассумгари онҳо байни ҳамдигар алоқаи зич доранд. Аз ин рӯ, гурӯҳбандие, ки алоқамандии байни ҳодисаҳои омӯхташавандаро ошкор месозад, гурӯҳбандии аналитики мебошад. ҳамаи аломатҳои маҷмӯъ ба ду гурӯҳ: омилӣ ва натиҷавӣ ҷудо карда мешаванд. Дар зери таъсири аломатҳои омилӣ дигар аломатҳои маҷмӯъ тағйир меёбанд, ки онҳоро гурӯҳи аломатҳои натиҷавӣ меноманд. ҳамалоқамандии ҳодисаҳо бо таври зерин зоҳир мешаванд: бо баробари афзоиши қимати аломати омилӣ мутаносибан қимати миёнаи аломати натиҷавӣ зиёд ё кам мешавад. Ба асоси гурӯҳбандӣ аломати омилӣ гузошта шуда, ҳар як гурӯҳи ҷудокардашуда қимати миёнаи аломати натиҷаро тавсиф менамояд.
Хуллас, ҳамаи хелҳои гурӯҳбандӣ, ки дар боло номбар кардем, воҳидҳои тақсимгаштаи маҷмӯъро ба гурӯҳҳо аз рӯи ягон аломат муттаҳид месозанд. Агар гурӯҳҳо аз рӯи як аломат ташкил када шаванд, ин гурӯҳбандии оддӣ аст. Агар гурӯҳҳо аз рӯи ду ё зиёдтар аломат муайян карда шаванд, гурӯҳбандии комбинатсионӣ номида мешавад. Дар аввал гурӯҳо аз рӯи як аломат ҷудо карда шуда, баъдтар ба зергуруҳҳо аз рӯи дигар аломатҳо ҷудо карда мешаванд.
Тартибдиҳии гурӯҳбандӣ аз рӯи муайян кардани таркиби аломатҳои гурӯҳбандишаванда оғоз мегардад. Аломати гурӯҳбандишаванда гуфта аломатеро меноманд, ки аз рӯи он тақсими воҳидҳои маҷмӯъ ба гурӯҳҳои ҷудогона гузаронида мешавад. Ба сифати асоси гурӯҳбандӣ метавонад, аломати миқдорӣ ё ин ки сифати истифода бурда шаванд.
Бештар гурӯҳбандӣ аз рӯи аломати миқдорӣ, ки ифодаи ададиро дорад, тақсими воҳидҳои маҷмӯро аз рӯи ҳамон аломат инъикос менамояд. Агар миқдори воҳидҳои маҷмуъ ба таври кифоягӣ зиёд бошад ва тақсимоти онҳо ба қонуни нормали (тақсимоти Гаус) наздик бошад, он гоҳ барои додани баҳои миқдори гурӯҳҳо формулаи Стерҷес истифода бурда мешавад:
=1+=1+3,322.,
ки дар инҷо: – миқдори гурӯҳ;
— миқдори воҳидҳои маҷмӯъ (натиҷа то адади
бутун ихтисор карда мешавад).
Агар миқдори гурӯҳҳо муайян шуда бошад, он гоҳ ҳалли масъала доир ба бузургии фосилаи гурӯҳҳо ба миён меояд. Фосила – ин қимати аломатест, ки дар ҳудудҳои муайян дода шудааст.
Фосилаҳои гурӯҳбандӣ метавонанд пушида ва кушода бошанд. Фосилаҳои пӯшида гуфта фосилаеро меноманд, ки дар онҳо ҳудудҳои болоӣ ва поёнӣ дода шудааст. Интервалҳои кушода бошад, фосилаҳоянд, ки дар онҳо танҳо як ҳудуд дода шудааст, яъне болоӣ дар гурӯҳи якум ва поёнӣ дар гурӯҳи охирин.
Агар фосилаҳо баробар бошанд, онгоҳ бузургии онҳоро (h) ба таври зерин ҳисоб кардан мумкин аст:
дар инҷо – – қимати максималии аломат;
– қимати минималии аломат;
n– миқдори гурӯҳҳо.
Системаи нишондиҳандаҳои оморӣ ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
1. Нишондиҳандаҳои ҳаҷмӣ:
1.1 Миқдори воҳидҳо дар гурӯҳҳои ҷудошуда ва ҷамъи умумии онҳо;
1.2 Суммаи қиматҳои аломат дар гурӯҳ ва ҷамъи умумии онҳо;
1.3 ҳиссаи ҳар гурӯҳ дар ҳаҷми умумии миқдори воҳидҳо ва ҳаҷми аломат.
Нишондиҳандаҳои гурӯҳи якум сохтори (структураи) маҷмуро тавсиф менамоянд.
2. Бузургиҳои миёна:
2.1 Бузургиҳои миёна, ки ба воҳиди муайяни маҷмӯъ ҳисоб карда шудааст. Мисол: ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба ҳисоби миёна ба 1 корхона, 1 нафар коргар ва ғайра;
2.2 Бузургиҳои миёнаи баркашида, ки ба воҳиди аломат ҳисоб карда шудааст. Мисол: истеҳсоли миёнаи маҳсулот ба 1 нафар коргар;
3. Тавсифи вариатсия:
3.1 ҳисобкунии мафҳумӣ, яъне ҳисоб кардани миқдори воҳидҳо аз рӯи категорияҳои махсус, ки дар дохили гурӯҳҳо ва умуман маҷмӯъ ҷудо карда шудааст. Масалан: дар байни корхонаҳои шаклҳои моликияташон гуногун чунин мафҳуми корхонаҳо – фоидаовар ва зараровар ҷудо карда шудааст;
3.2 Таносуби тақсимӣ, яъне ҳисобкунии мафҳуми ба ҳисоби фоиз ба миқдори умумии гурӯҳҳо ва умуман маҷмӯъ.
Раванди (протсесси) дарёфти нишондиҳандаҳоро моҳияти марҳилаи махсуси тадқиқоти оморӣ – ҷамъбастнамоӣ ташкил медиҳад. ҷамъбастнамоии оморӣ – ин тавсифи гурӯҳҳои ҷудокардашуда ба воситаи нишондиҳандаҳои оморӣ мебошад.