Фан, усулхо ва вазифахои омор

1.1. Таърих ва марҳилаи асосии инкишофи илми омор

Илми омор ба монанди дигар илмҳо, таърихи пайдоиши худро дорад. Ин илм ҳамсолу ҳамқадами таърихи тамаддун буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо фаъолият намудааст. Омор чанд зинаҳои инкишофро аз сар гузаронида ба ҳамин васила ба илми алоҳидаву ҷудогона табдил ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон, мафҳуми омор ба илм дар соли 1746 дохил карда шудааст Илми омор дар асри XVII пайдо шуда бошад, ҳам вале баҳисобгирии оморӣ аз давраҳои қадим баробари инкишофи тамаддуни башарӣ вуҷуд дошт. Чи хеле ки тадқиқотҳои муҳаққиқон нишон додаанд, 5 ҳазор сол пеш аз солшумории мо баруйхатгирии аҳолӣ дар Чин гузаронида мешуд. Баҳисобгирии чорво, замин, амвол ва муқоисаи иқтидори ҳарбии мамлакатҳои гуногун дар Чину, Рими қадим анҷом дода мешуд.

Омор ҳамчун илм қариб, ки дар як вақт дар Олмон ва Англия дар асри XVII пайдо шудааст. Тадқиқотҳои муҳаққиқон нишон медиҳанд, ки асоси пайдоиши илми омор аз ду мактаб вобаста аст:

1)мактаби давлатшиносии олмон;

2)мактаби арифметикаи сиёсии англис.

Мактаби якум дар Олмон ба вуҷуд омад, ки ҳамчун мактаби давлатшиносӣ ё ин, ки мактаби тавсифӣ машҳур шудааст. Асосгузори мактаби давлатшиносии олмон, олимони немис Г.Конринг (1606-1681), Г.Ахенвал (1719-1772), А.Бюшинг (1724-1793) ва дигарҳо мебошанд. Асоси ин мактабро тавсифи вазъи сиёсӣ ва низоми давлатдорӣ ташкил медод. Онҳо маънои оморро ҳамчун — давлатшиносӣ тасвир намуда буданд. Чӣ хеле, ки дар боло қайд намудем, яке аз асосгузорони ин мактаб Герман Конринг буда, низоми тасвири сохти давлатиро пешниҳод намуда буд. Намояндаи дигар, олими немис Готфирд Ахенвал мебошад, ки идеяҳои Конрингро давом дода, барои инкишофи ин мактаб бисёр корҳоро ба анҷом расонидааст. ӯ профессори илмҳои фалсафа ва ҳуқуқ буда, бори аввал соли 1746 — дар донишгоҳи Марбург, баъдтар дар Геттенгент аз илми омор ба донишҷуён дарс хонда буд. Инчунин ӯро ҳамчун асосгузори илми омор медонанд.

Мактаби дуюм ҳамчун равияи илмӣ дар Англия ба вуҷуд омада, мактаби арифметикаи сиёсии англис номида мешавад, ки ба ду самт ҷудо шудааст:

демографӣ — намояндагонаш Д.Граунт (1620-1674), Э.Галлей (1656-1742);

омори иқтисодӣ — асосгузораш В.Петтӣ (1623-1687).

Иқтисодчии англис Вилям Петтӣ асосгузори намоёни ин мактаб (ё равия) мебошад, ки дар бораи он К.Маркс гуфтааст, «то як дараҷае ихтироъкори омор аст». Инро асарҳои намоёнтаринаш «Рисола дар бобати андозу маблағгирӣ» (1662), «Арифметикаи сиёсӣ» (1676), «Баъзе масъалаҳои пул» (1682), ки ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд исбот менамоянд.

Намояндаи машҳури дигари ин мактаб ҷон Граунт (1620 – 1674) ба шумор меравад, ки муаллифи китоби «Мушоҳидаҳои табии ва сиёсии нисбати бюллетени фавт» мебошад.

Намояндагони ин мактаб мақсад гузоштанд, ки ҳодисаҳои ҷамъиятиро бо ёрии тавсифҳои ададӣ (ченакҳои вазн ва ададҳо) омӯзанд. Онҳо миқдори усулҳои оморро зиёд намуда ба вуҷудоии омор ҳамчун назарияи баҳисобгирии оморӣ таҳкурсӣ гузоштанд. Нимояндагони ин мактаб аз тасвири ҳодиса ва ҷараён ба ченкунӣ ва тадқиқ, ба коркарди гипотезаҳои эҳтимолии ҳаракату тағйирёбиҳои оянда гузаштанд. Барои ҳамин ин даври нави тарақиёти илми омор ҳисобида мешавад.

Дар нимаи дуюми асри XVII ин ду мактаб бо ҳам омехта шуда, асоси пайдоиши илми омор шуданд. Ин марҳилаи ривоҷу равнақи илми иқтисодиро, бевосита ба саҳнаи фаьолият омадани илми омор ҳисоб мекунанд ва ин асоси воқеӣ дорад. Дар ин марҳила илми омор аз ақидаҳои ҳар хелаи пароканда ба таьлимоти ягона табдил меёбад.

Бояд қайд намоем, ки дар тӯли таърих муҳаққиқони зиёде нуқтаҳои гуногуни ин илмро равнақ бахшидаанд. Дар нимаи асри XIX равия дигари илми оморӣ бо номи омори риёзи ба вуҷуд омад. Яке аз намояандагони ин ҷараён олими белгиягӣ Адольф Кетле (1796-1874) мебошад, ки назарияи бузургиҳои миёнаро ба вуҷуд оварда, тадқиқ намудааст. Минбаъд ин ҷараён дар корҳои олимон — Ф.Галтон (1822-1911), К.Пирсон (1857-1936), В.Госсета (1876-1937 — бо тахалуси Стюдент машҳур аст), Р.Фишер (1890-1962) ва дигарҳо инкишоф ёфтааст. Намояндагони ин равия назарияи эҳтимолиятро асоси омор ва яке аз соҳаи риёзиёти амалӣ мешуморанд.

Яке аз аввалин таснифи иқтисодӣ – ҷуғрофии дар Русия ба тартиб даровардашуда, ин кори И.К.Криллов «Цветущее состояние Всероссийского государства» («ҳолати гулгулшукуфии давлати умуми Русия») мебошад, ки дар соли 1727 аз рӯи маълумотҳои тафтишоти Пётри 1 навишта шудааст. Таърихчӣ, ҷуғрофдон, донишманд В.Н.Татищев дар соҳаи омор ва ҷуғрофияи иқтисодӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Аз тарафи вай барномаи муфассал барои гирифтани маълумотҳои зарурӣ бобати тартибдиҳии ҷуғрофияи Русия, бо ҳамаи таснифи иқтисодиаш коркарда баромада шуд. Маълумот доир ба давлатшиносӣ дар корҳои М.В.Ломоносов ҳам дида мешавад. Инро китоби «Слово похвальное императору Петру Великому» («Гуфтори қобили ситоиш оиди император Пётри Бузург») — и вай (дар соли 1755 навишта шудааст) гувоҳӣ медиҳад, ки дар он ба тафтишоти Пётр баҳо дода шудааст. Хизмати шоистаи М.В.Ломоносов дар мукаммалсозии барномаи тадқиқотии В.Н.Татищев барои сохтани «Атласи Русия» мебошад. Мақсади вай дар таснифдиҳии ҷуғрофия, аҳолӣ ва иқтисодиёти давлат аз нуқтаи назари соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, саноат, савдо ва нақлиёт буд. Новобаста аз он, ки Ломоносовро ҳам ба мактаби далатшиносӣ дохил менамоянд, вале корҳои ӯро пурра ба ин равия мансуб намудан мумкин нест, зеро онҳо унсури таҳлилиро соҳибанд.

1.2 Мафҳумҳои фанни омор

Тараққиёти илми омор ва васеъшавии соҳаи фаъолияти амалии он ба тағйирёбии мазмуну мафҳуми омор оварда расонид. Бояд қайд намуд, ки истилоҳи «омор» ё «оморшиносӣ» тарҷумаи истилоҳи «Статистика» мебошад, ки ҳоло дар Тоҷикистон ба ҷои калимаи «статистика» истифода бурда мешавад.

Истилоҳи «статистика» аз калимаи лотини «status» гирифта шуда маънояш ҳолат ва вазъият мебошад.

Бо мурури пешравии ҳаёти ҷамъиятӣ ҷамъоварии маълумотҳо оиди ин ё он ҳодиса хусусияти қонуниро мегиранд. Масалан, қонуниятҳои миқдории дигаргуншавии истеҳсоли маҳсулот, истифодаи даромади миллӣ, ба вуҷуд омадани фурӯши мол, тағйир ёфтани таркиби он, тағйирёбии шумораи аҳолӣ, миқдори заминҳои хоҷагӣ ва ғ. Дар аксарияти мамолики ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон омор, илми иқтисодӣ ҳисобида мешавад. Сабаби асосии ин дар он аст, ки дар ҷамъият ҳодисаҳои иқтисодӣ нисбат ба дигар ҳодисаҳо бештар вомехӯранд.

Ба ғайр аз ин ҳодисаҳои ҷамъиятӣ асос ва оқибатҳои иқтисодӣ доранд. Масалан, тадқиқотҳои олимон нишон дод, ки саломатии инсон 15% аз тарақиёти соҳаи тандурустӣ, 15% аз таъсири муҳити атроф ва 70 % аз сатҳи шароити иқтисодии зисти одамон вобаста аст.

ҳамин тариқ, омор ҳамчун илм — ҷиҳатҳои миқдории ҳодисаҳои ҷамъиятиро дар алоқамандӣ бо ҷиҳатҳои сифатиашон меомӯзад.

Аҳамияти омӯзиши ин фан дар он аст, ки ҳар як мутахассиси минбаъдаи соҳаи иқтисодиёт ё дигар соҳаҳо бо миқдори зарурӣ дорои саводи оморӣ бошад ва тавонад, ки дар асоси ҷамъоварӣ намудани маълумот, коркарди онҳо ва таҳлил намудани онҳо, барои дар оянда беҳтар гардонидани фаъолияти кори корхона, чорабиниҳои беҳтаринро пешниҳод намояд.

Омор ба монанди дигар илмҳо фанни худро дорад. Омор фанни худро бо ёрии категорияҳои муайян, мафҳумҳое, ки хусусияти воқеъию умумӣ дошта, бо дигар фанҳо алоқаманданд ва инчунин объекти ҳодисаҳои ҷаҳониро нишон дода, меомӯзад.

Маҷмӯи оморӣ – ин маҷмӯи объектҳои иқтисодию – иҷтимоӣ, ё ин ки ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ буда, аз рӯи ҷиҳатҳои сифатии асосӣ бо ҳам алоқаманданд, вале аз рӯи аломатҳои ҷудогона аз якдигар фарқ мекунанд. Мисол, маҷмӯи оилаҳо, маҷмӯи корхонаҳо, ширкатҳо ва ғ.

Воҳиди маҷмӯъ — ин унсури аввали маҷмӯи оморӣ буда, соҳиби аломатҳоест, ки бояд ба қайд гирифта шавад ва барандаи асосии тафтиши ҳисобҳо мебошад. Воҳиди маҷмӯъ, як ҳодисае мебошад, ки ба ҷамъи маҷмӯҳо тааллуқ дорад. Масалан, нархи як намуди маҳсулот, воҳиди маҷмӯи нархи маҳсулотҳои корхона баҳисоб меравад, музди кори як коргар ва ғ.

Аломат ин хусусияти сифатии воҳиди маҷмӯъ мебошад, ки танҳо тарафи сифатии ҳодисаҳоро тасвир менамояд. Аз рӯи хусусияти инъикоси сифатӣ воҳиди омӯхташаванда маҷмӯи аломатҳо ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим мешавад:

§аломатҳои миқдорӣ аломатҳоеанд, ки бо рақам ифода карда мешаванд, мисол сину сол, музди меҳнати миёна, собиқаи корӣ ва ғ. Онҳо метавонанд фосиладор ва бефосила шаванд;

§аломатҳои муайянкунанда- аломатҳоеанд, ки воҳиди ҷудогонаи маҷмӯҳо аз рӯи мафҳуми маънояшон фарқ мекунанд, мисол касб аз рӯи хусусияти меҳнатӣ — муаллим, дӯзанда, дуредгар ва ғ.

Дар ҳолати муқобил будани мазмуни варианти аломатҳо сухан дар бораи аломати алтернативӣ (ҳа, не) меравад. Масалан, маҳсулот метавонад шоям ё ношоям (ноқис) бошад, аз рӯи сину сол ҷавонон ё пиронсолон, аз рӯи ҷинсият мард ё зан ва ғ. Вариатсия ин тағйирёбии бузургиҳо ё мазмуни аломатҳост, ҳангоми аз як объект ба объекти дигар гузаштан ба амол меояд.

Нишондиҳандаи оморӣ ин мафҳуми тавсифи миқдории таносуби аломатҳои ҳодисаҳои ҷамъиятиро инъикоскунанда мебошад. Вобаста аз мақсади истофодабари нишондиҳандаҳои оморӣ ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешавад:

Нишондиҳандаҳои омори ҳачми (шумораи аҳолӣ, захираҳои меҳнат) ва ҳисоби (бузургиҳои миёна, бузургиҳои нисбӣ, корелятсия, регрессия) шуда метавонанад. Онҳо метавонанд нақшавӣ, ҳисоботӣ ва пешгӯишаванда бошанд. Нашондиҳандаҳои омориро аз маълумотҳои оморӣ фарқ кардан лозим аст. Маълумоти оморӣ ин қимати ададии мушаххаси нишондиҳандаи омори мебошад. Онҳо ҳамеша на танҳо миқдоран балки сифатан низ вобаста аз шароити мушахаси ҷой ва вақт муайян карда шудаанд. Вазифаҳои омор дар ин самт аз зерин иборат аст:

а) дуруст муайянкунии мазмуни нишондиҳандаи оморӣ (маҳсулоти умумии миллӣ, даромади миллӣ, маҳсулнокии меҳнат, фондмусалаҳшави ва ғайра);

б) коркарди методологии ҳисобкунӣ ва ҳисобкунии нишондиҳандаи оморӣ.

Системаи нишошдиҳандаҳои оморӣ, ин маҷмӯи нишондиҳандаҳои оморӣ буда, алоқамандии мутақобилае, ки дар байни ҳодисаҳо объективона мавҷуд аст, инъикос менамояд. Дар байни ҳар як ҳодисаи ҷамъиятӣ системаи муайянӣ алоқамандиҳои мутақобила мавҷуд аст. Системаи нишондиҳандаҳои оморӣ тамоми тарафҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар сатҳҳои гуногун: мамлакатҳо, минтакаҳо-макросатҳо, корхона, ширкат, оила ва ғ.-микросатҳро дар бар мегирад.

1.3.Соҳаҳои омор.

Илми омор аз чунин қисмҳо иборат мебошад:

I.Назарияи умумии омор – принсипҳои умумӣ, усулҳои тадқиқотӣ — омории ҳодисаҳои ҷамъияти ва категорияҳои умумии омориро кор карда мебарояд;

II.Омори иқтисодӣ ва соҳаҳои он – омори иқтисодӣ мафҳум ва методологияи ҳисобкунии нишондоҳандаҳое, ки барои омӯзиши омории иқтисодиёт истифода бурда мешавад, муайян мекунад. Вазифаи омори иқтисодӣ аз инҳо иборат мебошад: коркард ва таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ, ки ҳолати иқтисодиёти миллиро инъикос менамоянд, инчунин алоқамандии соҳаҳо; мавҷуд будани захираҳои моддӣ, меҳнатӣ, молиявӣ ва ғ.

Соҳаҳои омори иқтисодӣ: — омори саноат, омори хоҷагии қишлоқ, омори сохтмон, омори нақлиёт, омори алоқа, омори меҳнат, омори захираҳои табиӣ, омори ҳифзи муҳти атроф.

III.Омори иҷтимоӣ ва соҳаҳои он – системаи нишондиҳандаҳоеро ташкил медиҳад, ки барои баҳо додани миқдор ва сифатӣ ҳаёти аҳолӣ ва ҷиҳатҳои гуногуни муносибати иҷтимоӣ истифода бурда мешавад. Ба вай соҳаҳои зерин дохил мешаванд: — омори демографӣ, омори сиёсӣ, омори маданият, омори тиб, омори илм, омори ҳуқуқ, омори маориф, омори варзиш ва ғайраҳо.

1.4. Усулҳои омӯзиши омор

ҳар як илм, аз он ҷумла омор, барои аз худ намудани мазмун ва мундариҷаи фанни худ усулҳои омӯзиши худро дорад. Дар илми омор барои омӯзишу таҳлили ҳодисаҳои ҷамъиятӣ чунин усулҳо истифода бурда мешаванд:

Усули мушоҳидаи оморӣ (аз рӯи барномаи пешакӣ мушоҳида намудани ҳодисаи омӯхташаванда ва ҷамъ овардани маълумотҳои зарурӣ дар бораи он);

Усули гурӯҳбандӣ (ба гурӯҳҳо ҷудо намудани маълумотҳои ҷамъоваришуда);

Усули таҳлили маълумотҳо (омӯзиши ҳаҷм, таркиб, сохт, алоқамандӣ ва тағйирёбии ҳодисаҳои таҳлилшаванда).

Дар хусуси мазмуни мухтасари ин усулҳо дар бобҳои оянда шинос шуда метавонед.

1.5.Вазифаҳои омор

Омор вазифаҳои хоси худро дорост, ки аз чунин амалиётҳо иборат мебошад:

 ташкили дурусти фаъолияти оморӣ;

 тайёр намудани методологияи таҳлил;

 тайёр намудани системаи нишондиҳандаҳо барои идоракунии хоҷагӣ дар дараҷаи макро ва микро иқтисодӣ;

 ҷамъовари намудани маълумотҳои эътимоднок;

 муайяннамоии маҷмӯи ҳодисаҳо;

 омӯхтани сохт ва таркиби ҳодисаҳо;

 омӯзиши тағйирёбии ҳодисаҳо аз рӯи алоқамандӣ ва ғ.

1.6.Идораҳои давлатии омори ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои омории байнамиллалӣ

Соҳаи омор дар ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд зинаҳои гуногунро аз сар гузаронид. Дар аввал ба ҷои Кумитаи давлатии омор дар назди ҳукумати ҷумҳурӣ Агентии давлатии оморро ташкил намуданд. Баъдтар Агентии давлатии оморро аз нав номгузорӣ намуданд, ки ҳоло ҳамчун Кумитаи давлатии омори ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ин кумита дар маркази вилоятҳо, ноҳияҳо шӯъбаҳои худро дорад. Сохти ин кумитаро мо метавонем бо тариқи нақша нишон диҳем.

Дар соли 1919 дар Лигаи Миллатҳо чорабиниҳо оиди сохтани омори байнилмиллали мунтазам гузаронида мешуд.

Тадқиқотҳои омории мамлакатҳои гуногунро аз рӯи як методология муайян муқоиса менамоянд. Ин методология аз тарафи Комиссияи оморӣ, ки аз соли 1946 дар назди Созмони Милали Муттаҳид кору фаолият дорад, тартиб дода мешавад. Шакли кории вай- сессияҳои мунтазам мебошад.

Дар назди Комисссияи омори гурӯҳи махсуси корӣ ташкил карда шудааст, ки аз шаш шӯъбаи мақсадноқ иборат аст:

а) ҳисобчигии миллӣ;

б) омори саноат;

в) омори савдои байналмиллалӣ;

г) омори молия;

д) омори нарх;

е) омори муҳити атроф.

Ба ташкилотҳои омории байналмиллалӣ, донишкадаи омории байлмиллалӣ мансуб мебошад. Ин донишкада барои давлатҳои аъзои СММ кадрхои баландихтисоси соҳаи оморро тайёр намуда доир ба масъалаҳои муҳим тадқиқотҳои илмӣ мебарад. Филиалҳои ин донишкада дар минтақаҳои гуногуни олам мавҷуд аст.

3.2K
Нет комментариев. Ваш будет первым!