Мушохидаи омори

2.1.Марҳилаҳои асосии тадқиқоти оморӣ

Мушоҳидаи оморӣ зинаи аввали тадқиқоти оморӣ ба шумор меравад. Маълумоти дар натиҷаи мушоҳидаи оморӣ ба даст овардашуда дар зинаҳои дигари тадқиқотҳои оморӣ истифода бурда мешавад. Бинобар ҳамин мувафақиятҳои тадқиқотҳои оморӣ аз сифати мушоҳидаи оморӣ вобастагии калон дорад. Агар маълумоти дар натиҷаи мушоҳидаи оморӣ ҳосилшуда хато, ё ин ки пастсифат бошад натиҷаи тадқиқотҳои илмии дар даврҳои оянда носаҳеҳ мешавад.

Даври дуюми тадқиқоти оморӣ ҷамъбаст ва гурӯҳбандии маълумотҳои оморӣ мебошад. Дар ин давр маълумотҳои омории дар натиҷаи мушоҳидаи оморӣ ҳосилшуда аз рӯи аломатҳои муайян ҳамчун маҷмӯъ ҷамъбаст карда мешаванд. Баъд аз ин маҷмӯи омории ҳосилшуда аз рӯи як ё якчанд аломат ба гурӯҳҳо тақсим карда мешаванд.

Даври сеюми тадқиқоти оморӣ таҳлил бо ёрии нишондиҳандаҳои умумикардашуда мебошад. Дар ин давр бузургиҳои нисбӣ ва миёна ҳисоб карда шуда, динамикаи ҳодисахои ҷамъиятӣ омӯхта мешавад. Намудҳои гуногуни индексҳо татбиқ карда шуда баланси фондҳои асосӣ тартиб дода мешавад. Барои нисбатан ратсионалӣ ва аӣён баёнкунии масолеҳи рақами вай дар шакли ҷадвалҳо ва графикҳои оморӣ тасвир карда мешаванд.

2.2.Мафҳуми мушоҳидаи оморӣ

Мушоҳидаи оморӣ ин марҳилаи аввали тадқиқотҳои оморист, ки хусуияти нақшавӣ, умумӣ ва мураттабро дорост. Мушоҳида калимаи арабӣ буда маънояш «ба чашми худ дидан» мебошад. Мушоҳидаи оморӣ, чунин чорабиние мебошад, ки дар асоси нақшаи пешакӣ ва илман ташкилшуда тартиб дода шуда оиди фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо, яъне ҳодисаҳои ҷамъиятӣ маълумоти зарурӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.

Хусусияти мушоҳида дар он аст, ки маълумоти гирдовардашуда характери умумӣ дорад, яъне маҷмӯи ҳодисаҳоро дар бар мегирад. Масалан, маҷмӯи корхонаҳои савдо, маҷмӯи майдонҳои фурӯш, ҳаҷми гардиши моли онҳо, сарфи умумии вақти корӣ коркунони савдо ва ғ.

Дар вақти мушоҳидаи оморӣ чунин талаботҳо риоя карда мешаванд:

Мушоҳидаи оморӣ ҳамчун даври якуми тадқиқоти оморӣ аз рӯи барномаи ягонаи илман асосноккардашуда гузаронида шуда раванд ва ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятиро тавсиф дода маълумотҳои умумии дар асоси ин баҳисобгири ҳосилкардашударо ҷамъ мекунад.

қайд кардан зарур аст, ки на ҳар як ҷамъи маълумот мушоҳидаи оморӣ мебошад. ҷамъи маълумотҳо фақат дар ҳолате мушоҳидаи оморӣ мешавад, ки қонуниятҳои омориро омӯзад. Мушоҳидаи оморӣ бояд мураттаб (аз рӯи нақша) умумӣ ва системавӣ бошад. Мураттабии мушоҳидаи оморӣ чунин маъно дорад. Вай аз рӯи нақшаи коркардашуда тайёр ва гузаронида мешавад, ки масъалаҳои методологӣ, ташкил, техникаи ҷамъи иттилоот, назорат аз болои масолеҳи ҷамъкардашуда, эътимоднокии он, ба расмият даровардани натиҷаҳои ҳосилшударо дар бар мегирад. Тавсифи умумии мушоҳидаи оморӣ чунин маъно дорад, ки адади зиёди ҳолатҳои бавуҷудоӣ раванди додашударо дарбар гирифта барои ҳосилкунии маълумотҳои дурусти оморӣ на фақат воҳидҳои алоҳида, балки тамоми маҷмӯъро тавсифдиҳи кифоя аст.

Мушоҳидаи оморӣ бояд ё системавӣ ё бефосила ё мунтазам гузаронида шавад. Омӯзиши тамоюл ва қонуниятҳои равандҳои иҷтимои иқтисодӣ тағйирёбиҳои миқдорӣ ва сифатиро тавсифдиҳанда фақат дар асоси системаноки имконпазир аст.

2.3 Масъалаҳои ташкилӣ ва барномаҳои методологии мушоҳидаи оморӣ

F Мушоҳида чорабинии ниҳоят мураккаб буда дараҷаи баланди ташкили илмиро талаб мекунад. Мушоҳидаи оморӣ аз рӯи нақшаи пешакӣ коркардашуда гузаронида мешавад, ки ӯ масъалаҳои барномавии методологиро дар бар мегирад.

Аз ҷумла:

1.Муайян намудани мақсадӣ мушоҳида;

2.Муайян намудани объекти мушоҳида, ки дар бораи маҷмӯъи воҳидҳои омӯхташаванда маълумоти оморӣ бояд ҷамъ карда шавад; (Барои дуруст муайяннамудани объекти мушоҳида бояд ба саволҳои зерин ҷавоб диҳем: — Чӣ? – кадом унсурҳоро мушоҳида мекунем; — Дар куҷо? – дар кадом ҷой мушоҳида гузаронида мешавад; — Кай? – дар кадом давр);

3.Воҳиди мушоҳида ин унсури таркибии объектест, ки соҳиби аломати бақайдгирӣ ва ҳисоби асосист. Мисол, дар вақти гузаронидани баруйхатгирии таҷҳизоти савдо,воҳиди мушоҳида ин корхонаи савдост, воҳиди маҷмӯъ бошад таҷҳизот аст;

4.Меъёр – ин миқдори маҳдудӣ муайяншуда барои объектҳои мушоҳида аст;

5.Муайяннамоии барномаи мушоҳида. Барномаи мушоҳида ин руйхати нишондиҳандаҳост, ки бояд омӯхта ва ба қайд гирифта шаванд. Хуб тартиб додани барнома аз сифати маълумоти ҷамъшуда вобастагӣ дорад ва барнома дар варақаҳои мушоҳидавӣ инъикос меёбанд.

Барномаи мушоҳида – ин руйхати саволҳое мебошад, ки барояшон маълумот ҷамъ карда мешавад, ё ин ки руйхати аломатҳо ва нишондиҳандаҳои бақайдгиранда мебошанд. Барномаи мушоҳида дар намуди бланк (саволнома, варақаи хизматӣ-формуляр) ба расмият дароварда мешавад, ки дар он маълумотҳои аввала дохил карда мешаванд. Ба бланк дастур ҳамроҳ карда шуда маънои саволҳо шарҳ дода мешавад. Таркиб ва мазмуни саволҳои барномаи мушоҳида аз масъалаи тадқиқшаванда ва аз хусусиятҳои ҳодисаи ҷамъиятии омӯхташаванда вобастагӣ дорад. Принсипҳои асосии тартиб додани барнома инҳоянд:

1) Барнома бояд он саволҳоеро дарбар гирад, ки барои тадқиқоти оморӣ заруранд. Чи қадар тадқиқот васеъ гузаронида шавад, ҳамон қадар бояд барнома кӯтоҳ бошад;

2) Дар барнома фақат саволҳоеро дохил кардан лозим аст, ки ба онҳо ҷавоби аниқ гирифтан мумкин аст. Аксаран барои таъмини шарҳи якшакла, фаҳмонидани савол ба ҷавобдиҳандагон луқма партофта (подсказка) мешавад;

3) Дар барнома саволҳои шубҳанок ё ин ки ҷавобашонро бар зиди пурсидашавандагон истифода бурдан мумкин аст дохил кардан лозим нест;

4). Чунин барномаи мушоҳида сохтан мақсаднок аст, ҷавоб ба як қисми саволҳо имконияти назорат ба ҷавоби дигар саволҳоро диҳад.

Масъалаҳои ташкилии мушоҳидаи оморӣ ба муайянкунии субъект, ҷой, вақт, шакл ва тарзи мушоҳида алоқаманд мебошад.

Муайянкунии субъекти мушоҳида маънои муайянкунии ташкилоти мушоҳидакунандаро дорад. Ин корро ташкилотҳои омори, коргарони онҳо ва дар баъзе ҳолатҳо дигар мутахассисони ҷалбшуда ба сомон мерасонанд.

ҳангоми муқараркуни вақти мушоҳида ё давр (шабонарӯз, даҳрӯза, моҳ, семоҳа, сол) муйаян карда мешавад, ки дар давомаш мушоҳида гузаронида мешавад ё вақте ки маълумотҳо ба қайд гирифта мешаванд. Лаҳзаи вақте, ки дар он маълумот ба қайд гирифта мешавад, лаҳзаи дигаргуншавии қатъии мушоҳида номида мешавад.

Ба мақсади бомуваффақият гузаронидани мушоҳидаи оморӣ нақшаи ташкилӣ тартиб дода мешавад. Ин ҳуҷҷати асосист, ки саволҳои муҳими ташкили ва гузаронидани чорабинии пешбинишударо дар бар мегирад.

F Дар нақшаи ташкилӣ нишон дода мешавад:

a)Умурҳои мушоҳида;

b)Шакли мушоҳида;

c)Даври мушоҳида (вақтест, ки бояд бақайдгирӣ ба амал ояд);

d)Мӯҳлати мушоҳида;

e)Корҳои тайёркуниӣ;

f)Тарзи қабул ва супоридани маълумот;

g)Вақт ва тартиби пешниҳоди ҷамъбастҳо;

h)Санаи қатъи мушоҳида (мисол саршавӣ ва баохиррасии баруйхатгирии аҳолӣ);

i) Давраи дигаргуншавии қатъӣ (лаҳзаи ҳасос) (лаҳзаи вақтест, ки воқеъаҳои мушоҳидашуда ба қайдгирифта мешаванд, — (Мисол дар давоми 1 рӯз, то шаб (с.12.00) аз соати 12 — и шаби 12 — уми январ то соати 12 – и шаби 13 — уми январ, яъне мӯҳлати охири баруйхатгирии аҳолӣ то соати 12 — и шаб ва ғайра).

ҳамин тариқ, чунин чорабиниҳо ба ҳар як мутахассис имконият медиҳанд, ки нисбати ин ё он ҳодиса маълумоти эътимоднок ва дурустро ҷамъоварӣ намоянд.

2.4 Шаклҳои мушоҳидаи оморӣ

Дар таҷрибаи омори ду шакли ташкили мушоҳида истифода бурда мешавад.

1) ҳисобот – ин чунин шакли ташкили мушоҳида мебошад, ки воҳидҳои мушоҳида маълумотро оиди фаъолияти худ дар намуди формуляр ба тартиб даровардаанд. Хусусияти ҳисобот дар он аст, ки вай ҳатман ҳуҷҷати асоснок буда, бо имзои роҳбар тасдиқ шудааст. Вай имконият медиҳад, ки маълумоти пурра оиди фаъолияти корхона, ташкилот ва муассиса ҳосил шавад. Хуллас, ҳисобот ин шакли мушоҳидае мебошад, ки ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқгардида нишондиҳандаҳоеро дар бар мегирад, ки онҳо аз тарафи корхонаю муассисаҳо, ташиклотҳо ва ғайра тартиб дода шуда, дар бораи вазъу ҳолати худ ба органҳои болоию оморӣ пешниҳод мегарданд. Инчунин аз рӯи барномаи пешакӣ дар мӯҳлати аниқ муайяншуда пешниҳод шуда, маълумоти заруриро дар бар мегирад, ки бо имзои роҳбари корхона, муассиса ва ғайра тасдиқ карда мешавад.

ҳисоботи оморӣ имконият медиҳад, ки фаъолияти корхона, ташкилот, фирма, муассисаҳо омӯхта шуда ба онҳо баҳо дода шавад.

ҳисоботҳо ба фаврӣ, ҷорӣ ва солона ҷудо мешаванд.

ҳисоботи фаврӣ дар ҳолатҳое тартиб дода мешавад, ки дастраскунии иттилоот оиди нишондиҳандаҳои муҳими фаъолияти хоҷагӣ зарур аст. Барои корҳонаҳои тиҷоратӣ ҳаҷми фурӯш, захираи мол, хароҷоти муомилот нишондиҳандаҳои муҳим мебошанд. ҳисоботи фаврӣ даври кӯтоҳи пешниҳодкуни дорад: 5 рӯза, 10 рӯза 15 рӯза.

ҳисоботи ҷорӣ нисбат ба ҳисоботи фаврӣ пурра мебошад. Вай барои моҳ ва семоҳа тартиб дода мешавад. ҳисоботи моҳона ҳисоботи семоҳаро пурра намуда имконият медиҳад, ки нишондиҳандаҳои асосии хоҷагӣ на фақат дар семоҳа, балки ҳармоҳа таҳлил карда шавад.

ҳисоботи солона фаъолияти корхонаҳоро пурра тавсиф медиҳад. Нишондиҳандаҳои он имконият медиҳанд, ки фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ пурра таҳлил карда шаванд.

2) Тадқиқоти омории махсус ташкил кардашуда дар чунин мавридҳое истифода бурда мешавад, ки агар дар вақти таҳлил намудани ҳодисаҳо, маълумоти дар ҳисоботҳои оморӣ оварда шуда кифоя набошанд. Масалан, баруйхатгирии аҳолӣ, баҳисобгирии дастгоҳҳо, маҷмӯи молҳои ба фурӯшнарафта ва дигар ҳодисаҳо. Маълумоти дар натиҷаи мушоҳидаи махсус ба даст оварда, ҳамчун ахбороти иловагӣ ба маҷмӯи маълумоти ҳисоботӣ ба қайд гирифта шуда, имконияти ба таври пурра баҳо додани ҳодисаро ба миён меорад.

2.5 Намуд ва тарзҳои мушоҳидаи оморӣ

Мушоҳидаи оморӣ тарз ва намудҳои худро дорост, ки ба зергурӯҳҳо ҷудо мешаванд. Барои он ки, маълумоти овардашуда дар назари хонандагони арҷманд бараълотар намоён гардад,

Аз рӯи мақсад мушоҳидаи оморӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:

1) аз рӯи вақти бақайдгирӣ:

мушоҳидаи ҷорӣ — мунтазам бурда мешавад (ақди никоҳ, баҳисобгирии истеҳсоли маҳсулот, пули фурӯши мағозаҳо ва ғ.);

мушохидаи даврӣ дар муддати баробари муайяни вақт такрор меёбад (барӯйхатгирии аҳолӣ);

мушоҳидаи яквақта — дар вақти лозим будан гузаронида мешавад (баҳодиҳӣ ё азнавбаҳодиҳии фондҳои асосӣ ва ғ.).

 2) аз рӯи аломати фарогирии воҳиди маҷмӯъ:

мушоҳидаи пурра – фарогирии таҳлили оморӣ нисбати тамоми воҳидҳои маҷмӯъ мебошад (барӯйхатгирии умумии аҳолӣ, ҳисоботи пурраи корхонаю муассисаҳо);

мушоҳидаи нопурра — мушоҳидаест, ки фақат як қисми воҳидҳои маҷмӯи муайяни ҷудокарда шуда тадқиқ карда мешавад. ҳангоми тарзи бузургиҳои асосӣ, бузургиҳои асоси тадқиқ карда шуда як қисми маҷмӯъ бошуурона хориҷ карда мешавад. Масалан, мушоҳидаи ҳаҷми фурӯш ва нарх дар бозорҳои 4 шаҳри ҷТ (Душанбе, Хуҷанд, қурғонтеппа, Кӯлоб) 17,4% шаҳрҳоро ташкил дода дар онҳо зиёда аз нисфи аҳолии шаҳрҳо зиндагӣ мекунад. Ин ҳолат ба натиҷаи мушоҳида таъсири калон намерасонад, зеро қисми асосии маҷмӯъ тадқиқ карда мешавад.

Мушоҳидаи нопурра бо шаклҳои гуногун метавонад амалӣ гардад:

Усули бузургии асосӣ — ин тадқиқӣ қисмҳои бузургии воҳиди ҳодисаи омӯхташаванда мебошад (мисол, мушоҳидаи нархҳои бозорҳои калонӣ шаҳрии ҳар як ноҳия ва ғ);

Мушоҳидаи интихобӣ — маҷмӯи воқеаҳо бо тарзи интихоби тасодуфӣ мебошад. Дар вақти ташкили дурустӣ он, маълумотҳои саҳеҳу кофӣ ба даст оварда мешавад;

Усули монографӣ, — тадқиқоти муфассал, дақиқ ва омӯзиши чуқурӣ маҷмӯи воҳидҳои ҷудогона мебошад;

Тариқи анкетӣ (саволнома) — мушоҳидаест, ки варақаҳои пурсишнома ба шахсони муайян фиристода мешаванд ва ихтиёрӣ пур карда шуда, нишондиҳандаи миёна ҷамъоварӣ карда мешаванд.

 3)аз рӯи тарзи бақайдгирӣ:

Асоси ба қайдгирии воқеаҳо ин ҳуҷҷатҳо, маълумоти хронометражӣ (чен кардани сарфи вақт барои коре) ва фикрҳои баёншуда мебошанд, ки аз ҳамин сабаб мушоҳидаро фарқ мекунанд.

Бевосита, бо роҳи яку якбора ба ҳисоб гирифтан, чен намудан ва баркашидан (худи бақайдгирандагон чен мекунанд);

Баҳисобгирии ҳуҷҷатии воқеаҳо аз рӯи ҳуҷҷатҳои дахлдор (мисол, тартиб додани ҳисобот аз рӯи ҳуҷҷатҳои аввала, бақайдгирии воститаҳои асосӣ дар асоси паспорти техникӣ ва ғайраҳо);

Бо роҳи пурсиш аз гуфтаҳои шахси пурсида шуда (мисол, райъпурсии аҳолӣ).

Роҳи пурсиш дар чунин маврид гузаронида мешавад, ки маълумоти зарурии оморӣ ба тариқи пурсиш аз шахсҳои алоҳида ба қайд гирифта шавад.

Дар навбати худ пурсиш, яъне ҷамъкунии ахборот боз шаклҳои гуногунро дар бар мегирад:

§ Тарзи экспедисионӣ — чунин маъноро дорад, ки дар вақти ҷамъоварии маълумоти оморӣ мутахассисон ва шахсони масъул сафарбар карда мешаванд. Онҳо худашон ба тариқи пурсиш маълумотҳоро ҷамъ карда дар ҳуҷҷатҳои лозима ба қайд мегиранд.

§ Тарзи худмуайнкунӣ — ин чунин тарзест, ки ҳар як шахси алоҳида ё корхонаи алоҳида маълумоти заруриро оиди ҳолату вазъияти худ дар ҳуҷҷатҳои оморӣ нишон дода, ба рӯи суроғаи муайян (ё ба воситаи почта) мефиристанд.

§ Тарзи мухбирӣ (кореспондентӣ) бошад дар асосӣ барномаи пешакӣ тартибдодашуда аз тарафи шахсони ихтиёрӣ маълумоти зарурӣ ҷамъоварӣ шуда, пешниҳод карда мешаванд.

2.6.Хатогиҳои интихобӣ

Дар вақти мушоҳида бо сабабҳои гуногун хатогиҳо ба вуҷуд меоянд, яъне маълумоте гирд оварда мешавад, ки воқиеятро нодуруст инъикос менамоянд ва бартараф намудани онҳо яке аз вазифаҳои омор башумор меравад. Дар ҷараёни мушоҳидаи интихобӣ нишондиҳандаҳои омории ҳамаи маҷмӯъ аниқ мувофиқат карда наметавонанд. Бузургии ин тамоюлро хатогии мушоҳидавӣ меноманд. ҳамаи ин бузургии хатогиҳои ба амал омадаро бояд муайян намуда ислоҳ кунем то, ки дараҷаи дурусти мушоҳидаи интихобиро баҳо дода тавонем.

Фарқияти байни нишондиҳандаҳои маҷмӯи интихобӣ ва умумӣ (генералӣ) хатогии интихобӣ ном дорад.

Аз рӯи мазмун дар вақти мушоҳида намудҳои зерини хатогӣ сар мезанад (ба расми 2.2 нигаред):

1)Хатогии дар вақти бақайдгирӣ, ки дар натиҷаи нодуруст муқаррар кардани далелҳо дар раванди мушоҳида ё ин, ки нодуруст қайд кардани онҳо рӯй медиҳад.

Хатогии бақайдгирӣ ба тасодуфӣ ва мунтазам ё мураккаб ҷудо мешавад.

.! Хатогии тасодуфӣ чун қоида хатогии бақайдгирӣ буда, мумкин аст аз тарафи пурсидашавандагон ва ҳам аз тарафи қайдкунандагон ҳангоми кор кардани варақаҳо ба миён ояд. Масалан: ба ҷои синну соли 28 сола 18 сола навишта мешавад, рақам дар дигар сутун навишта мешавад ва ғайраҳо.

! Хатогии мунтазам барқасд ё тасодуфӣ шуда метавонад. Масалан беэҳтиётӣ, беаҳмиятии қайдгирандагон, ё ин, ки қасдан маълумотро нодуруст нишон додан.

2)Хатогии ваколатӣ дар натиҷаи он руй медиҳад, ки маълумот ҷамъ карда шуда, таркиби тамоми маҷмӯи омӯхташавандаро дар бар намегирад, новобаста аз он ки бақайдгирии маълумот барои ҳар як воҳиди омӯхташаванда дуруст гузаронида шуда буд. Хатогии ваколатӣ, ба монанди хатогии бақайдгирӣ тасодуфӣ ва мунтазам шуда метавонад.

Барои муайянкунӣ ва бартарафкунии хатогиҳо дар вақти бақайдгирӣ назорати ҳисобӣ ва мантиқӣ аз рӯи маълумоти ҷамъшуда истифода бурда мешаванд.

$Назорати ҳисобӣ аз рӯи дурустии ҳисобҳои арифметикӣ дар вақти тартиб додани ҳисобот ва пуркунии варақаҳои тафтишотӣ бурда мешавад.

$Назорати мантиқӣ дар вақти тафтиши ҷавобҳои саволӣ барномаи мушоҳида бо роҳи фаҳмиши мантиқӣ ё ин, ки бо роҳи муқоисакунии маълумоти аз дигар ҷо гирифта, бо маълумоти гирдовардаи худ ба амал меояд. Масалан, дар варақаи райъпурсӣ кудакӣ 6 сола оиладор нишон дода шудааст, маълум аст, ки ин сабт хатост. Чунин сабтҳои хато бояд ҳатман ислоҳ карда шавад.

3.42K
Нет комментариев. Ваш будет первым!