​Таърих ва мархилаи асосии инкишофи илми омор

Илми омор ба монанди дигар илмхо, таърихи пайдоиши худро дорад. Ин илм хамсолу хамқадами таърихи тамаддун буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо фаъолият намудааст. Омор чанд зинаҳои инкишофро аз сар гузаронида ба ҳамин васила ба илми алоҳидаву ҷудогона табдил ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон, мафҳуми омор ба илм дар соли 1746 дохил карда шудааст Илми омор дар асри XVII пайдо шуда бошад, ҳам вале баҳисобгирии оморӣ аз давраҳои қадим баробари инкишофи тамаддуни башарӣ вуҷуд дошт. Чи хеле ки тадқиқотҳои муҳаққиқон нишон додаанд, 5 ҳазор сол пеш аз солшумории мо баруйхатгирии аҳолӣ дар Чин гузаронида мешуд. Баҳисобгирии чорво, замин, амвол ва муқоисаи иқтидори ҳарбии мамлакатҳои гуногун дар Чину, Рими қадим анҷом дода мешуд. Яъне то асри XVII илми омор ба таври номуташакил вуҷуд дошт (ба расми 1.1 нигаред)

Марҳилаҳои асосии инкишофи омор

Расми 1.1

\"\"

Омор ҳамчун илм қариб, ки дар як вақт дар Олмон ва Англия дар асри XVII пайдо шудааст. Тадқиқотҳои муҳаққиқон нишон медиҳанд, ки асоси пайдоиши илми омор аз ду мактаб вобаста аст:

  • мактаби давлатшиносии олмон;
  • мактаби арифметикаи сиёсии англис.

Мактаби якум дар Олмон ба вуҷуд омад, ки ҳамчун мактаби давлатшиносӣ ё ин, ки мактаби тавсифӣ машҳур шудааст. Асосгузори мактаби давлатшиносии олмон, олимони немис Г.Конринг (1606-1681), Г.Ахенвал (1719-1772), А.Бюшинг (1724-1793) ва дигарҳо мебошанд. Асоси ин мактабро тавсифи вазъи сиёсӣ ва низоми давлатдорӣ ташкил медод. Онҳо маънои оморро ҳамчун — давлатшиносӣ тасвир намуда буданд. Чӣ хеле, ки дар боло қайд намудем, яке аз асосгузорони ин мактаб Герман Конринг буда, низоми тасвири сохти давлатиро пешниҳод намуда буд. Намояндаи дигар, олими немис Готфирд Ахенвал мебошад, ки идеяҳои Конрингро давом дода, барои инкишофи ин мактаб бисёр корҳоро ба анҷом расонидааст. ӯ профессори илмҳои фалсафа ва ҳуқуқ буда, бори аввал соли 1746 — дар донишгоҳи Марбург, баъдтар дар Геттенгент аз илми омор ба донишҷуён дарс хонда буд. Инчунин ӯро ҳамчун асосгузори илми омор медонанд.

Мактаби дуюм ҳамчун равияи илмӣ дар Англия ба вуҷуд омада, мактаби арифметикаи сиёсии англис номида мешавад, ки ба ду самт ҷудо шудааст:

демографӣ — намояндагонаш Д.Граунт (1620-1674), Э.Галлей (1656-1742);

омори иқтисодӣ — асосгузораш В.Петтӣ (1623-1687).

Иқтисодчии англис Вилям Петтӣ асосгузори намоёни ин мактаб (ё равия) мебошад, ки дар бораи он К.Маркс гуфтааст, «то як дараҷае ихтироъкори омор аст». Инро асарҳои намоёнтаринаш «Рисола дар бобати андозу маблағгирӣ» (1662), «Арифметикаи сиёсӣ» (1676), «Баъзе масъалаҳои пул» (1682), ки ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд исбот менамоянд.

Намояндаи машҳури дигари ин мактаб ҷон Граунт (1620 – 1674) ба шумор меравад, ки муаллифи китоби «Мушоҳидаҳои табии ва сиёсии нисбати бюллетени фавт» мебошад.

Намояндагони ин мактаб мақсад гузоштанд, ки ҳодисаҳои ҷамъиятиро бо ёрии тавсифҳои ададӣ (ченакҳои вазн ва ададҳо) омӯзанд. Онҳо миқдори усулҳои оморро зиёд намуда ба вуҷудоии омор ҳамчун назарияи баҳисобгирии оморӣ таҳкурсӣ гузоштанд. Нимояндагони ин мактаб аз тасвири ҳодиса ва ҷараён ба ченкунӣ ва тадқиқ, ба коркарди гипотезаҳои эҳтимолии ҳаракату тағйирёбиҳои оянда гузаштанд. Барои ҳамин ин даври нави тарақиёти илми омор ҳисобида мешавад.

Дар нимаи дуюми асри XVII ин ду мактаб бо ҳам омехта шуда, асоси пайдоиши илми омор шуданд. Ин марҳилаи ривоҷу равнақи илми иқтисодиро, бевосита ба саҳнаи фаьолият омадани илми омор ҳисоб мекунанд ва ин асоси воқеӣ дорад. Дар ин марҳила илми омор аз ақидаҳои ҳар хелаи пароканда ба таьлимоти ягона табдил меёбад.

Бояд қайд намоем, ки дар тӯли таърих муҳаққиқони зиёде нуқтаҳои гуногуни ин илмро равнақ бахшидаанд. Дар нимаи асри XIX равия дигари илми оморӣ бо номи омори риёзи ба вуҷуд омад. Яке аз намояандагони ин ҷараён олими белгиягӣ Адольф Кетле (1796-1874) мебошад, ки назарияи бузургиҳои миёнаро ба вуҷуд оварда, тадқиқ намудааст. Минбаъд ин ҷараён дар корҳои олимон — Ф.Галтон (1822-1911), К.Пирсон (1857-1936), В.Госсета (1876-1937 — бо тахалуси Стюдент машҳур аст), Р.Фишер (1890-1962) ва дигарҳо инкишоф ёфтааст. Намояндагони ин равия назарияи эҳтимолиятро асоси омор ва яке аз соҳаи риёзиёти амалӣ мешуморанд.

Яке аз аввалин таснифи иқтисодӣ – ҷуғрофии дар Русия ба тартиб даровардашуда, ин кори И.К.Криллов «Цветущее состояние Всероссийского государства» («ҳолати гулгулшукуфии давлати умуми Русия») мебошад, ки дар соли 1727 аз рӯи маълумотҳои тафтишоти Пётри 1 навишта шудааст. Таърихчӣ, ҷуғрофдон, донишманд В.Н.Татищев дар соҳаи омор ва ҷуғрофияи иқтисодӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Аз тарафи вай барномаи муфассал барои гирифтани маълумотҳои зарурӣ бобати тартибдиҳии ҷуғрофияи Русия, бо ҳамаи таснифи иқтисодиаш коркарда баромада шуд. Маълумот доир ба давлатшиносӣ дар корҳои М.В.Ломоносов ҳам дида мешавад. Инро китоби «Слово похвальное императору Петру Великому» («Гуфтори қобили ситоиш оиди император Пётри Бузург») — и вай (дар соли 1755 навишта шудааст) гувоҳӣ медиҳад, ки дар он ба тафтишоти Пётр баҳо дода шудааст. Хизмати шоистаи М.В.Ломоносов дар мукаммалсозии барномаи тадқиқотии В.Н.Татищев барои сохтани «Атласи Русия» мебошад. Мақсади вай дар таснифдиҳии ҷуғрофия, аҳолӣ ва иқтисодиёти давлат аз нуқтаи назари соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, саноат, савдо ва нақлиёт буд. Новобаста аз он, ки Ломоносовро ҳам ба мактаби далатшиносӣ дохил менамоянд, вале корҳои ӯро пурра ба ин равия мансуб намудан мумкин нест, зеро онҳо унсури таҳлилиро соҳибанд.

1.58K
Нет комментариев. Ваш будет первым!