Ангиштобаҳои углеводӣ
Ангиштобаҳо яке аз пайвастагиҳои органикии пахншудатарини сайёраи мо ба ҳисоб мераванд. Онҳо 90% қисми хушкии растаниҳоро ташкил мекунанд. Дар организми инсон ва ҳайвонот миқдори ангиштобаҳо ба ҳисоби қисми хушки тақрибан 2 фоизро ташкил медиҳад. Ба миқдори зиёдтар ангиштобаҳо дар таркиби маҳсулотҳои хӯроквории растанигй вомехӯранд. Ҳатто маҳсулотҳое ҳастанд, ки таркиби онҳо 100 фоиз аз ангиштобаҳо иборат мебошад; ба онҳо крахмал, қанд, карамел, асал дохил мешаванд. Дар орд, картошка, ангур ва дигар меваҳо нисбати ангиштобаҳо бисёртар мебошад, назар ба дигар моддаҳо.
Пайдоиши моддаҳои органикӣ дар табиат аз протсесси фотосинтезй қисми сабзи растаниҳо сар мешаванд. Барг ва дигар қисмҳои сабзи растанй гази карбонро фурӯ бурда, аз ҳаво, обро аз замин ҷаббида, дар хлорофиллҳо доначаҳои сабзи растанӣ аз гази карбон ва об дар зери таъсири нури офтоб ангиштобаҳо пайдо мешаванд.
Дар ғизои одам ва ҳайвонот ангиштобаҳо нақши калонро, ҳамчун манбаи қувва мебозанд. Ангиштобаҳо қисми зиёди ҳаҷми хӯроки одамро ташкил медиҳанд.
Аз ҳисоби ангиштобаҳо қариб нисфи талаботи қувваи лозимӣ барои хӯрокхӯри, қонеъ гардонида мешавад. Дар вақти аз ҳад зиёд истеъмол намудани ангиштобаҳо, дар организми одам ангиштобаҳо ба равған табдил меёбанд ё ба намуди крахмали ҳайвонотӣ, ки гликоген ном дорад, дар қабатҳои чигар ва мушакҳо захира карда мешаванд.
Талаботи одам ба ангиштобҳо дар як шабонарӯз аз 400-500 грамм иборат мебошад.
Ҳамаи ангиштобаҳо ба ду гурӯҳ тақсим карда мешаванд:
1.моносахаридҳо (танҳосахаридҳо)
2.полисахаридҳо (бисёрсахаридҳо)
Ба моносахаридҳо инҳо дохил мешаванд.
1.Пентозаҳо, онҳо дар навбати худ аз арабиноза, ксилоза, ки қанди чӯбин ном дорад ва рибоза иборат мебошанд.
2.Гексозаҳо онҳо дар маҳсулотҳои хӯрокворӣ одат ба намуди Д- глюкоза, Д- фруктоза ва Д- галактоза вомехӯранд.
Ба полисахаридҳо инҳо дохил мешаванд: онҳо ба полисахаридҳои навбати якум ва навбати дуюм тақсим мешаванд. Полисахаридҳои навбати якум ё чи хеле, ки боз онҳоро олигосаарид меноманд, аз дусахаридҳо ва сесахаридҳо иборат мебошанд.
Ба дусахаридҳо — сахароза (қанди лаблабу ё найшакар), малтоза, қанди ҷави сабзида, лактоза, қанди шир ва
трегалоза қанди замбӯруг дохил мешаванд.
Ба сесахаридҳо рафиноза дохил мешавад, ки он дар таркиби бисёр растаниҳо мавчуд мебошад, аз он ҷумла дар лаблабуи қанд, дар чигити пахта, дар соя, нахӯд ва ҳоказо.
Бисёрсахаридҳо -полисахаридҳоинавбатидуюмваёчӣхеле, ки онҳоро полизҳо низ меноманд, аз крахмал иборат мебошанд. Дар гандум крахмал ба андозаи 70 фоиз, дар ҷави суллӣ 65 фоиз, дар ҷуворимакка 75 фоиз, дар биринч 80 фоиз, дар нахӯд 60 фоиз, дар картошка24фоизмавчудмебошад. Ғайразкрахмалшлисахаридҳои навбати дуюм боз аз инулин, гликоген, клетчатка, гемиселлюлоза нимклегчатка ва модцаҳои пектинй иборат мебошанд.