Ҷойгиршавии чарбу дар маҳсулоти хуроквори

Равған ё чарбу дар таркиби маҳсулотҳои хӯрокворй ба таври васеъ паҳн шудааст.

Номи маҳсулот

Миқдори тахминии чарбу дар маҳсулот, бо фоиз

Тухмдонаҳо:

Офтобпараст

35-55

Конопля

31-38

Кӯкнор

40

Какао-бобҳо

55

Чормағзи замини

40-55

Чормағз

58-74

Гандумдонаҳо:

Гандум

1,5

Ҷави сулли

2,0

Овес

6,0

Нони зағора

0,4-0,6

Меваи тар

0,1-0,5

Гӯшти гов

3,8-25

Гӯшти хук

6,3-41

Гӯшти гӯсфанд

5,8-20

Шири гов

3,5-4,5

Равзани зард

80-84

Тухм

12,1

Липоидҳо

Дар маҳсулотҳои хӯрокворӣ аз липоидҳо ё чӣ хеле, ки боз онҳо моддаҳои чарбумонанд меноманд, бештар фосфоглисеридҳо, стеринҳо ва воксҳо «моддаи шамъмонанд» вомехӯранд. Миқдори бисёри липоидҳо дар ҳар як ҳуҷайраҳо мавҷуданд, махсусан бо липоидҳо ҳуҷайраҳои асаб, алалхусус асаби сар ва инчунин ҳуҷайраҳои дил ва дигар бойтар мебошанд.

Фосфоглисеридҳо — онҳо пайвастагиҳои ба чарбу наздик мебошанд, ки дар таркиби онҳо ғайр аз кислотаҳои чарбу ва глисерин инчунин боқимондаҳои кислотаи фосфор ва яке аз боқимондаҳои азотй яъне холин, коламин ё серин дохил мешаванд.

Серинҳо — онҳо ба синфи стероидҳо дохил мешаванд ва ба гурӯҳи онҳо инчунин кислотаҳои ӯт, гармонҳои болоигурда ва гармонҳои мардонаю занонаи ҷинсй низ ҳамроҳ мешаванд. Стеринҳо- сгшртҳои баландмолекулярии гидроароматй мебошанд. Стеринҳое, ки дар бофтаҳои ҳайвонот мавҷуд мебошанд, онҳоро зоостеринҳо ва дар растани фитостеринҳо меноманд. Яке аз намояндагони зоостеринҳо -ин спирти баланд- молекулядор — холестерин «С 25 Н45 ОН» мебошад. Дар намуди тоза — холестерин моддаи сафеда турушатоби дар об ҳалнашаванда буда, лекин дар эфир, хлорофин, бензол ҳал мешавад, ҳарорати ҳалшавии холистерин 148,5°С мебошад. Холистерин дар ҳамаи ҳуҷайраҳои ҳайвонот, махсусан бисёртар дар чарбуи ҳайвонот, дар таркиби асаб, асаби сар мавҷуд мебошад.

Холистерин дар ҳаёти организми одам ва ҳайвонот роли

калони физиологиро иҷро мекунад, ки вай дар пайдоиши баъзе гармонҳои болои гурда ва дигар модцаҳои аз нуқтаи назари биологии фаъол иштирок мекунад. Лекин дар организм микдори холистерин аз меъёр зиёд ҷамъ шавад, он гоҳ вай ба вайрон шудани мубодила оварда мерасонад. Дар ин сурат холестирин ба деворҳои рагҳои хунгузар часпида онро танг кунад. Ин дар навбати худ ба касалии тепсилероз оварда расонад ва боз дар ӯтхалта ҷамъ шуда ба касалии пайдоиши санг дар ӯтхалта сабаб мешавад.

Воксҳо мумҳо

Мумҳо — инҳо аз гурӯҳи моддаҳои чарбумонанд буда, ба таври эфирҳо сохта шудаанд ва аз спиртҳои якатомаи баландмолекулярӣ ва кислотаҳои чарбуи монокарбонҳои олӣ иборат мебошанд. Ҳамаи воксҳо дар шароити муқаррарӣ сахт бошанд, ҳам онҳо дар эфир ҳал мешаванд. Ду намуд мумҳоро фарқ мекунанд мумҳои аз ҳайвонот гирифта шуда ва мумҳои аз растанй гирифта шуда. Дар растаниҳо ва ҳайвонот воксҳо вазифаи ҳимоятгариро иҷро мекунанд. Дар растаниҳо онҳо бо қабати тунуки рӯи баргҳо, навдаҳо ва меваро паҳн мешаванд ва онҳоро аз таршавӣ, аз дохил шудани микробҳо ва аз бухоршавии оби дохилии онҳо нигоҳ медорад. Ба намояндаҳои мумҳои ҳайвонот — пеш аз ҳама мумҳои занбӯри асал дохил мешавад, ғайр аз ин ланолин — муме дар пашми гӯсфанд мавҷуд аст дохил шавад. Мумҳо ба таври васеъ дар вақти тайёр намудани шамъхо, лабсурхкунакҳо, собунҳо ва ғайра истифода бурда шаванд.

388
Нет комментариев. Ваш будет первым!