​Моддаҳои азотй ва Сафедаҳо

Моддаҳои азотй

Пайвастагиҳои азотӣ қисми зиёди моддаҳои хушки маҳсулотҳои хӯроквориро ташкил медиҳанд. Ба моддаҳои азотӣ сафедаҳо, аминакислотаҳо, амидҳои аминакислотаҳо, кислотаҳои нуклеинӣ, пайвастагиҳои аммиакӣ, нитратҳо ва нитритҳо дохил мешаванд. Дар баъзе маҳсулотҳои хӯрокворӣ пайвастагиҳои азотдошта ба монанди — кофсин, теобромин, алкалоидҳо ва гликозоидҳо мавҷуд мебошанд.

Сафедаҳо

Сафедаҳо яке аз мураккабтарин пайвастагиҳои азотӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо қисмҳои асосй ва муҳимтарини ҳуҷайраҳои ҳам ҳайвонот ва ҳам растаниҳо ба шумор мераванд. Бо иштироки бевоситаи сафедаҳо протсессҳои зерин дар организми зинда мегузарад: мубодилаи моддаҳо, қобилият ба қад кашидан ва сабзидан, афзоиш кардан, ба ҳаяҷон омадан, қобилияти аз микроорганизмҳо муҳофизат шудан, муташаккилии бофтаҳои такягоҳу ҳаракат, яъне -пайвастагиҳои тағоякҳо, устухонҳо, пайдоиши гармонҳо, моддаҳои антителҳо, ферментҳо ва иштирок дар муташакилии сохти хуҷайраҳо.

Дар ҳуҷайраҳои ҳамаи организмҳои ҳайвонот ва растаниҳо омехтаи гуногуни сафедаҳо, ки қисми муҳимтарини он протоплазма мебошад, мавҷуд мебошад.

Роли асосии сафедаҳоро дар организм, Ф.Энгельс нишон дода буд, вай гуфта буд, ки «ҳаёт ин тарзи мавҷудияти танаҳои сафеда буда, муҳимтарини он мубодилаи доимии онҳо бо муҳити атроф мебошад, аз катъ гаудани ин мубодила

худи ҳаёт низ қатъ мешавад, ки ин ба вайрон шудани сафеда оварда мерасонад». Дар ҳама ҷое, ки мо бо ҳаёт вомехӯрем, бо танаҳои сафеда вомехӯрем… ҳатто аз ҳама ҳам махлуқоти зиндаи соддатаринҳо, ки мо онҳоро медонем, нуқтаҳои соддаи сафедаро дар бар мегиранд ва онҳо ҳамаи таъсиротҳои ҳаётро аз сар мегузаронанд.

Сафедаҳо доимо вайрон мешаванд, бинобар ҳамин ба организм лозим меояд, ки онҳоро иваз карда истад.

Дар ҷаҳони имрӯза масъалаи сафеда, масъалаи ниҳоят серташвише мебошад. Ба туфайли нарасидани сафеда дар ғизои одамон, давомнокии ҳаёт, низ кӯтоҳ мебошад. Дар баъзе минтақахои рӯи Замин мушоҳида мегарданд.

Растаниҳо қобилияти синтез намудани сафедаҳоро аз ангиштобаҳо ва моддаҳои азотии ғайриорганикӣ доранд, организми одам ва ҳайвонот бошад, барои пайдоиши сафедаҳо, сафедаҳои ҳайвонот ва растаниҳоро истифода мебаранд.

Дар организмҳои ҳайвонот ва растаниҳо сафедаҳо дар се ҳолат дучор мешаванд:

1) дар ҳолати моегӣ «шир ва хун», 2) дар ҳолати шарбат монанд «сафедии тухм» ва 3) дар ҳолати мӯрт, сахт «пашм, пӯст».

Бисёрии сафедаҳо ба пайвастагиҳои гидрофилй дохил мешаванд, ки онҳо қобилияти бо об алоқамандшавӣ доранд, дар навбати худ об ҳам бо сафеда қобилияти пайвастаги пайдо мекунад. Ингуна пайвастагӣ ва алоқамандиро гидробасия меноманд.

Сафедаҳо дар зери таъсири баъзе омилҳои физикӣ ва

химиявй (масалан: ҳарорат, ҳалкунандаҳо, намакҳои кислотаҳо) такшон мешаванд. Ин просесро протсесси денатурасия меноманд. Дар қисми зиёди сафедаҳо денатуратсия дар ҳарорати 50-60°С ба амал меоянд. Масалан, сафедии тухм дар вақти ҷӯшонидан бо ин ҳарорат ба шахшавй, яъне денатуратсия шурӯъ менамояд.

Ба намуди табии сафедаҳо ба хӯрок бо маҳсулотҳои хӯрокворӣ — шир, сабзавот ва меваҳо дохил мешаванд.

521
Нет комментариев. Ваш будет первым!