Витаминҳо ва Ферментҳо

Витаминҳо

Ба гурӯҳи витаминҳо пайвастагиҳои органикии паст молекуланоки табиати химивии гуногун дошта дохил мешаванд, ки онҳо ба миқцори кам барои фаъолияти ҳаётии дурусти организми инсон, ҳайвон, растаниҳо ва микробҳо лозим мебошад. Онҳо моддаҳои аз нуқтаи назари биологӣ фаъол буда, барои ба таври мукаммал ҷорӣ шудани протсесҳои физиологӣ ва биохимияви зарур мебошанд ва онро таъмин менамоянд.

Витаминҳо дар организми одам синтез намешаванд, онҳо бо воситаи хӯрок ба организм дохил мешаванд ва қобилияти қувватдиҳандагӣ ва плпастикӣ надоранд. Дар вақти ҳозира тахминан 30 намуди витаминҳо мавҷуд мебошанд. Дар вақти норасогии онҳо дар таркиби хӯрок, дар организм дигаргуниҳои ҷукур ба вуҷуд омада таносуби мубодилаи моддаҳо вайрон мешавад, ки ин дар навбати худ ба касалии авитаминоз оварда мерасонад.

Дар ҳолати норасогии яке аз намудҳои витамин дар организм, организми одам ба касалии гиповитаминоз I ирифтор мешавад.

Инчунин, дар ҳолати ба оргацизми одам аз ҳад зиёд ҷамъ шудани витаминҳои ҷудогона, он гоҳ организм низ ба касалй гирифтор мешавад, ки вай гиппервитаминоз ном дорад.

Витаминҳои табиӣ, ки ба мо маълум мебошанд бо ҳарфҳо ифода карда мешаванд. Масалан: витаминҳои А, Д, Е, К-инҳо витаминҳои дар равған ҳалшаванда мебошанд. Ьоз витаминҳои В1, В2, ВЗ, В6, В12, В15, Р, РР, С, Н-инҳо нитаминҳои дар об ҳалшаванда мебошанд.

А-ретиол, Д-кальцеферол, Е-токоферол, К-филлохинон, В1-тиамин, В2-рибофлаван, ВЗ-кислотаи пантоненй, В6-иридоксин, В9-фоласин, В12-цианкобаламин, В15-кислотаи пангамовӣ, Р-биофлавонанд, РР-кислотаи никотиновигӣ, С-кислотаи аскорбинагй, Н-биотин.

Гайр аз инҳо боз моддаҳои витаминмонанд низ мавҷуд қастанд, ки онҳо дар маҳлули оби карам бисёртар дида мс1 иавад ва онҳо барои фаъолияти ҷигар фоида дошта барои пешгирӣ намудани яраи рудаи 12-ангушта фоида доранд.

Ферментҳо

Ферментҳо катализаторони баландихтисос буда, габиаташон аз сафеда иборат мебошанд, ки онҳо реаксияҳои химивиро дар организмҳои ҳайвонот ва растаниҳо метезонанд. Одатан ҳамаи дигаргуниҳои химиявие, ки дар организми зинда ба вуҷуд меоянд, бо кӯмаки ферментҳо ба анҷом мерасанд. Гуфтан мумкин аст, ки ферментҳо қувваи ҳаракатдиҳандаи просессҳои биохимикии организмҳои зинда ба ҳисоб мераванд.

Академик И.П.Павлов навиштааст, ки «Ферментҳо -инҳо, чӣ тавре ки мегуянд, қ*адами аввалини фаъолияти ҳаёти мебошанд. Ҳамаи просессҳои химиявй дар бадан аз тарафи ин моддаҳо равона карда мешавад, онҳо гуфтан мумкин аст, ки бедоркунандаҳои ҳамаи мубаддал-шавандаҳои химивии организми зинда мебошанд, бо маънои томаш гӯем онҳо бедоркунандаҳои ҳаёт мебошанд» — гуфтааст ин олим.

Дар организмҳои зинда ферментҳо ба таври муайян ҷойгир шудаанд. Ферментҳо дар пухта расидан ва аз иухта гузаштани меваҳо, сабзавотҳо иштирок мекунанд. Онҳо дар протсесси вайрон шудани гӯшт, моҳӣ низ иштирок мекунанд. Фаъолияти ферментҳо низ дар нигохдошташавии ғалладона, орд, ҷуворимакка ва дигар маҳсулотҳои хӯрокворӣ дида мешавад.

Дар замонҳои ҳозира аз манбаъҳои биологӣ тахминан 3500 ферментҳо ҷудо карда шудаанд ва қариб 100 намуди онҳо омухта шуда мебошад. Ҳуҷайраи зинда зиёда аз 1000 намуд ферментро дар худ дорад.

Хусусияти муҳими хосй ферментҳо дар таъсироти алоҳидагии он мебошад. Ҳар як фермент вазифаи алоҳидаи худро ба иҷро мерасонад. Бо хусусияти хоси худ ферментҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Мувофиқи классификасияи ҳозираи илмӣ ҳамаи ферментҳоро ба 6 синф тақсим менамоянд.

1. Оксидоредуктазаҳо;

2.Трансферазаҳо;

3.Гидролазаҳо;

4.Лиазаҳо;

5.Изомеразаҳо;

6.Лигазаҳо,

Ҳар як синф ба зерсинфҳо ва ҳар зерсинф бо гурӯҳҳо таксим мешаванд.

1.Оксидоредуктазаҳо — реаксияҳои оксиду барқарор-шавиро (катализ) метезонанд дар организмҳои зинда.

2.Трасферазаҳо — онҳо кашонидани гурӯҳи атомҳои бутунро аз як пайвастагй ба пайвастагии дигар метезонанд.

3.Гидролазаҳо — онҳо гидролизшавӣ ва баъзе ҳолатҳо синтезшавии пайвастагиҳои органикиро бо иштироки об метезонад.

4.Лиазаҳо — онҳо реаксияҳои гайригидрометикии вайроншавии моддаҳои органикиро бо ҷудошавии обро метезонад.

5.Изомеразаҳо — онҳо мубаддалшавии пайвастагиҳои органикиро ба изомерҳояш метезонад.

6.Лигазаҳо — онҳо синтез шудани пайвастагиҳои мураккаби органикиро аз соддатарҳо метезонанд.

1.31K
Нет комментариев. Ваш будет первым!