Хусусиятҳои теплофизикии маҳсулотҳои хӯрокворӣ
Хусусиятҳои теплофизикии маҳсулотҳои хӯрокворӣ
Хусусиятҳои теплофизикй характер ва суръати ҷоришавии просесҳои гармшавй ё хункушавии маҳсулотҳоро меомӯзад. Ба ин хусусиятҳо гармиғунҷоиши муайян, консистиентӣ, гармигузаронй ва ҳароратгузарони дохил мешаванд. Донистанихарактеристикаҳоитеплофизикӣ барои ҳисоб миқдори қувваи гармӣ, ки барои хунуккунию яхнамудани маҳсулотҳои хӯрокворӣ лозими зарур мебошанд, инчунин донистани ин хусусиятҳо барои кашонидан, нигоҳ доштан ва кор карда баромадан лозим мебошанд.
Дар замони ҳозира мафҳуми хусусиятҳои теплофизикӣ васеътар шудааст. Ба ин хусусият инчунин микдори гармие, ки дар просессҳои физикию химияви ҷудо мешаванд ё лозим мешаванд, низ дохил мешаванд (энергияи дохилй ва энтальния).
Гармиғунчоиши муайян — ин бузургии миқдори гармие, ки барои гарм кардани ҳаҷми ягонаю муайяни маҳсулот барои гарм намудан то 1°С лозим мебошад. Ба гармиғунҷоиши муайяни намигӣ, таркиби химиявй сохти маҳсулот, характери алоқаи он бо об ва ғайра таъсири калон доранд. Баробари баланд баромадани ҳарорат гармиғунҷоиши маҳсулотҳои хӯрокворӣ низ меафзояд.
Барои маҳсулотҳои намиашон зиёд, масалан (сабзавот, гӯшт, меваҳо ва ғайра) қобилияти гармиғунҷонии баланд мебошад, он тақрибан бо гармиғунҷонии об баробар мебошад. Миқдори равған ва равганноки қобилияти гармиғунҷониро паст мекунад.
Коэффисиенти гармигузаронӣ — ин миқдори қувваи гармиест, ки дар ягонагии вақт аз 1 м2 сатҳи маҳсулот аз ғафсии 1 м бо фарқияти 1°С мегузарад.
Коэффисиенти гармигузарони, қобилиятӣ гузаро-нидани гармиро аз бадани маҳсулотҳои хӯрокворй мефаҳмонад. Ин қобилият аз фишор, ҳарорат ва намигии маҳсулот вобаста аст. Барои маҳсулоти талқон ё майдакардашуда (орд, шакар, ғалладона) аз ҳаҷми доначаҳо, ковокии онҳо ва ҳаҷми ҷойгиршавии онҳо вобаста аст.
Гармигузаронии маҳсулотҳои хӯроквории намигии зиёд дошта (масалан: сабзавот, гӯшт, моҳй, меваҳо ва гайра) қобилияти гармигузаронии паст доранд аз равғаннокй, мавҷуд будани ковокӣ, маҳсулотҳои рехташаванда, ки дар ҳудуди худ ҳаво доранд, вобастагӣ дорад.
Коэффисиенти ҳароратгузаронй — суръати баробар кардани ҳароратро дар нуқтаҳои ҳархелаи майдони ҳарорат муайян менамояд. Коэффисиенти ҳароратгузаронй қобилияти гарми захиракунии маҳсулотро, яъне суръати гармшавй ё хунукшавии онро нишон медиҳад. Агар коэффисиенти ҳароратгузаронии маҳсулот баланд бошад, ҳамон қадар он гармиро тезтар с хунукиро тезтар мегузаронад.
Ба қобилияти ҳароратгузаронй, намигй, ҳарорат. мустаҳкамӣ, ковокӣ доштан, равғаннокӣ ва дигар хосиятҳо таъсир мерасонанд. Лекин ин таъсирот ба ҳар як намуди маҳсулот ба таври алоҳида ва хусусиятӣ мебошад. Масалан, барои зироатҳо коэффисиенти ҳароратгузарони баробари намнокӣ зиёд шудан паст мешавад, барои асал бошад, баробари баланд шудани ҳарорат ин таъсирот паст мешавад, лекин баробари баланд шудани намнокӣ ин хусусият низ баланд мешавад.