Хусуснятҳои сорбсионии маҳсулотҳои хӯрокворӣ
Хусусиятҳои сорбсионӣ дар бораи қобилияти маҳсулотҳо оид ба ҷаббида гирифтани об, намнокӣ ва буғҳоро аз муҳити атроф шаҳодат медияад. Ин хусусиятҳо дар кашонидан, нигох доштан ва коркарди маҳсулотҳои кӯрокворӣ аҳамияти калон доранд,
Чор намуди сарбсияҳоро фарқ мекунанд.
- Адсорбсия -ин маънои ҷаббидани об, намнокй ва буғҳоро аз тарафи маҳсулот бо сатҳи болоиашро дорад.
- Абсорсия — ин маьнои ҷаббидани об, намнокӣ ва буғҳоро бо тамоми ҳаҷми маҳсулотро дорад.
- Хемосорбоия — ин маънои алоқамаидии химиявии байни маҳсулот ва моддаҳоро дорад.
- Конденсацияи капеллярӣ -ин маънои пайдо шудани фазаи суюқ дар микро ва макрокапилярҳои маҳсулотҳои сахтро дорад.
Просесси ба сорбсия аксро, яъне баръакси холро-десорбсия меноманд, ки ин маънои аз сатҳи маҳсулот ба муҳити атроф гузаштани об, намнокӣ ва буғро дорад.
Сарбсия ва десорбсияи буғу намй ва газҳо ба дигаргунии сифати маҳсулот оварда мерасонанд. Дар натиҷаи десорбсия маҳсулот дар атмосфераи муҳит хушк шуданаш мумкин ва ин ба вайроншавии маҳсулот оварда мерасонад ва ҷиҳатҳои хубии он, ба монанди хушбӯй будан ва гайра гум мешаванд, ки ин ҳолат дар натиҷаи вайрон намудани қоидаю қонун ва нормаи нигоҳ доштани маҳсулотҳо ба амал меояд.
Дар ҳаёт, дар таҷриба аз ҳама ҳам просессҳои сорбсия ва десорбсияи буғҳои об аҳамияти калон доранд.
Намшавии маҳсулотҳои хӯрокворӣ, яьне дар вақти сорбсия шудаш буғҳои об дар ҳамон вақт ба амал меояд, ки фишори буғ дар сатҳи болоии маҳсулот аз фишори буғи ҳаво паст бошад. Ва баръаке, бухоршавии буғи об аз маҳсулот, яъне просесси десорбсия, дар ҳамон вақт ба амал меояд, ки фишори буғи дар маҳсулот буда аз фишори буғи дар ҳаво буда, баланд бошад. Вақте, ки фишори буғи дар ҳаво буда, ба фишори буғи дар маҳсулот буда, баробар бошад, он гоҳ ҳолати баробарвазнии динамикӣ фаро мегирад. Дар ин суръат, намигии маҳсулот, ки ба ҳолати баробарвазни мувофиқат мекунад — наъмигии баробарвазнй номида мешавад. Ин ҳолат аз таркиби химиявй, ҳолати маҳсулот, намнокии нисбати ва ҳарорати ҳаво вобастагии калон дорад.
Хусусияти гигроскопӣ — ин хусусияти маҳсулотҳои хӯрокворй буда, маьнои ҷаббидани намигй аз муҳити атрофро дорад, ки он намигиро ба капиллярҳои худ ва сатҳи болоии худ нигоҳ медорад.
Гигроскопии маҳсулотҳои хӯрокворӣ аз таркиб ва сохти онҳо, инчунин аз ҳарорат ва намнокии муҳити атроф вобастагии калон дорад. Одатан маҳсулотҳои таркиби талқон дошта, масалан, шири хушк, кофе, чойи хушк, меваҳои хушк ва сабзавотҳо қобилияти баланди гигроскопӣ доранд. Қобилияти гигроскопии маҳсулотҳоро, моддаҳои дар таркиби онҳо буда, ин қобилияти фурӯ бурдани буғҳои обро доранд, баланд мекунанд, ба инҳо маҳсулотҳо фруктоза мисол шуда метавонаид, ки вай қобилияти гигроскопии асалро зиёд мекунад, боз намакҳои калсий ва магний, ки ҳамчун омехта ба таркиби намаки ошй дохил мешаванд, қобилияти гигроскопии намнокии оширо баланд мекунанд.
Миқдори намнокии гигроскопӣ дар маҳсулотҳои хӯрокворӣ аз намнокии нисбатии ҳаво вобастагӣ дорад, ки ин дараҷаи сершавии онро, яьне ҳаворо бо буғҳои об нишон медиҳад.
Намнокии нисбатии ҳаво — ин муносибати миқдори абсолютии намигии ҳаво ба он микдоре, ки барои сершавии он дар ҳарорати додашуда лозим.
Ҳамин тариқ ҳамаи хусусиятҳои физикии маҳсулотҳои хӯ рсжвори дар нигоҳдории сифати онҳо миқдору вазни онҳо, фоиданокии онҳо аҳамияти калон доранд ва донистани ин хусусиятҳо ба молшиносон имконият медиҳад, ки он ба ҳамаи ин хусусиятҳои маҳсулотҳо аҳамият диҳад ва онро риоя намояд.