Асосхои Назарияи Шахсият

АСОСХОИ НАЗАРИЯИ ШАХСИЯТ

1.Шахсият ва мақоми он дар ташкилот

2.Баланд бардоштани сатҳи худбаҳодиҳи ва худифодагири дар ташкилот

3.Идоракунии арзишҳои шахсият ва инкишофи босуботи ташкилот

1.Шахсият ва мақоми он дар ташкилот

Шахсият объекти омӯзиши илмҳои гуногун аз қабили фалсафа, сотсология, илмҳои сиёсӣ, психология, менеҷмент ва ғайра мебошад. ҳар соҳаи илм ба шахсият назари хоса дорад. Мо низ моҳият, хусусиятҳо мақом ва нақши шахсро аз нигоҳи фаолияти меҳнати ва роҳбари дар менеҷмент мавриди омӯзиш қарор хохем дод.

Раваншинос Е.В.Шарохов инсонро ҳамчун мавҷудоти биосотсиали муарифи менамояд, ки қобиляти сухангӯи, фикрони, хотирот ва ирода дошта, метавонад дар раванди меҳнат ҳамчун олот истифода гардад. Ин қобиляти махсус ва хоса мероси набуда, балки дар рафти зиндагӣ ва аз худ намудани маданияти таърихи, ташшакул меёбад.

Шуурноки, қобиляти дарки масъала, сухангӯи, ҳиссиёт, ирода ва ғайраҳо, ки рафти ҳаёт ташшакул меёбанд, шахсиятро ҳамчун мавҷудоти биологи ва дар як вақт натиҷаи фаолият ва моҳияти иҷтимоӣ муарифи менамоянд, яъне дар инсон ин омилҳо минбаъд, сароғоз ба ҳисоб меравад ва ҳар дуи он баробарқиматанд.

Шахсият — хамчун моҳияти иҷтимоӣ-руҳии одамон дар ҷараёни ташшакули шуурноки ва рафтор, таҷрибаи таърихии фаолияти одамон ташаккул меёбад.

Шахсият – бештар мафҳуми иҷтимои буда, дар он қувваи бузурги донисташавандагии табии ва таърихи вуҷуд дорад.

Хусусияти фаркунандаи шахс дар ташкилот пеш аз ҳама дар он мебошад, ки дорои хосияти физиологи ва руҳии фарди мебошад. Фарди будани қобилят, аслан фикронӣ, боварӣ, ирода, хислат, табъ, рафтор ва умуман, хусусияти хоси атои илоҳиба ҳар кас, ки мардуми тоҷик онро «файзу баракат», ё «пою қадам » меноманд, дар ташкилот баръало ҳис карда мешавад. Бо ибораҳои халқи «Ду роҳбари якхела намешавад», «Касе ҷои дигареро гирифта наметавонад» ва ғайра.

Аслан шахсият гуфта, одамонеро меноманд, ки мавқеи муаяни фаоли ҳаётиро дошта, «худро» ба ҷомеа муарифи карда метавонад.Аз дигар тараф, шахсият будан, интихоб намудан вобаста аз қувваи ҳиссаи дохила ва иродаи бо қувваи шахси буда, қарорро муҳокима карда оиди иҷрои он дар назди худ ва ҷамъият ҷавобгар мебошад.

Инкишофи шахсият – амри зарур аст. Он имкон медиҳад, инсонҳо иқтидории зеҳнии худро пурра истифода намуда, ба ҷомеа нафъи зиёде биёранд. Шахсият ин натанҳо барои комил гаштани хеш, балки барои амали гардонидан ва ба дигарон додани дониш шароит пайдо менамояд. Аз тарафи дигар, шахсият маҳз ҳамон вақт шарафманд мегардад, ки агар ӯ дониши худро дар амалияи ҷамъияти истифода намояд.

Одамон аз хурди худро ба атрофиёни хеш, шахсиятҳои бузург, ҳунармандон, варзишгарон, сиёсатмадорон, олимони қиёс намуда, оиди зеҳн, намуди зоҳири, саломати, мақоми ҷамъият хулоса мебароранд ва орзу низ менамоянд, ки ба сатҳи ин шахсхо бирасанд. Чунин муносибат шакли худбаҳодиҳи буда, ҳар як фард дар бораи хеш хулосаи зарури мебарорад. Маҳз ҳамон шахсе, ки ба худ баҳои дуруст дода, метавонад қобиляти худшиносиро пайдо карда, мқксадгузории дуруст намояд. Яъне шахсе мақоми худро дуруст ташхис менамояд, имконияти намудани пешомади инкишофи хешро пайдо месозад. Чунин хусусиятро ҳамчун «худэҳтиромӣ» ва ё «эҳтироми худи» низ мефаҳманд. Пеш азонки касеро баҳогузори менамоем, худро баҳо дода тавонем. Дар он вақт ба дигарон низ баҳои мувофиқ дода метавонем. Маҳз чунин талабот дар ташкилот зарур буда, пеш аз оне ки қароре қабул карда шавад, иҷрои он бояд дар назар дошта шавад.

Унсури дигаи худшиносӣ адолатпарастӣ мебошад. Ин хислат аввалин нисбат ба худ ва баъдан ба нисбати дигарон истифода гардад.

Бояд қайд кард, ки дар ташаккули сифатҳои худшиносӣ, худбаҳодиҳӣ ва худ эҳтиромӣ омилҳои зиёде таъсир мерасонанд, ки ба мо аз давраи кудакӣ маълуманд.

— Муносибати волидайн

— Мавқеи шумо дар байни ҳамсолон

— Муносибати устодони мактаб

— Муносибати аҳли деҳа, маҳалла ва ноҳия

2.Баланд бардоштани сатҳи худбаҳодиҳӣ ва худифодагири дар ташкилот.

Чандин сол боз маънои калимаи «ман» меҳвари захиравии рафтори одамон баҳогузори меёбад.

Алфред Лорд Теннисон гуфтааст: «ҳукумронии болои аз се чиз сарчашма мегирад: муносибат ба худатон, худназорати ва худшиносӣ»

Худбаҳодиҳиро ҳамчун асосиқобилятнокии эҳсосоти ва зеҳни, ки барои бурбориҳои ҳаёт таъсири калон мерасонад, ҳисоб менамоянд. Дараҷаи инкишофи эҳсосоти дар инкишофи дастовардҳо, нисбат ба инкишофи ақлони ва таҷрибаи корӣ, қариб ду маротиба аҳамиятикалон дорад. Мутахасисон исбот намуданд, ки кормандон – менеҷероне, ки қобиляти баланди эҳсосоти доранд, ба корхона нисбат ба одамони одди 3-4 маротиба зиёд фоида меоранд, чунин одамони одди ҳиссаи худбаҳодиҳи ва эҳсосоти пасттар доранд. Чунин ақида низ вуҷуд дорад. «Касе ки дигаронро идора мекунад, аввал худашро идора намояд». Худбаҳодиҳи яке аз унсури асосии худидоракунӣ мебошад. Шахсе, ки худро идора карда метавонад ва мақсади зиндагии худро дуруст муайян менамояд, доимо аз уҳдаи ҳалли масъалаи муҳим мебарояд.

Баъзе одамон вақте, ки бо зинаи муаояне мерасанд, ба худ чунон бовари ҳосил менамоянд, ки ба ҳар гунна қаҳрамони ва шуҷоаткори қодир мебошанд.

ҳамин тариқ худшиносӣ ин сармояе мебошад, ки барои расидан ба мақсадҳои ниҳоии мавқегузори, вазифагири дар ҷамъият имкон медиҳад. Ин роҳи боақлонаи инкишофи боақлонаи башари буда, таввасути он инсон метавонад ба мақсади волои хеш — зиндагонии хуб бирасад.

Вақте, ки дар инсон тарси махсусан худшиноси пайдо мегардад, онҳо ба тудаи гӯсфандон монанд мегарданд, ки доимо азтозиёнаи подабон дар тарс буда, ҳаракатҳои кур-курона мекунанд, то ин ки тозиёна нахуранд.

Чор унсури асоси худбаҳодиҳиро дидан мумкин аст, ки барои инкишофи ташкилот ва шахсият аҳамияти калон дорад:

Ø Унсури фардӣ

Ø Усули худшиносӣ

Ø Ирода ва эҳсоси гуногуншакли

Ø Нишонагирии берун аз ҷамъияти шахс.

Мутахасисони бахши менеҷмент арзишҳои фардии шахсиятро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд, яъне васоити ва ғайратнокӣ (иродавӣ).

Арзишҳои васоити ба воситаи ин ё он нишондиҳандаҳо, ё худ далелу рақамҳои рафтори баҳо дода мешаванд. Ин арзишҳоро бо арзишҳои фаолияти роҳбарони дигари ба сатҳи шумо наздик, ҳамкасбон ва донишмандон муқоиса намуда, дар бораатон хулосаи зарури баровард. Бо назардошти он ки фаолияти идоракунӣ бо масъалаҳои ахлоқи низ вобаста аст. Натиҷаҳо бо як қатор меъёрҳои ахлоқи муқоиса карда мешавад.

Гурӯҳи дуюми нишондиҳандаҳо, яъне нишондиҳандаҳои иродавии шахсият дар натиҷаи омӯзиши фардҳо дар ҳолати гуногуни зиндагӣ, дар сину солҳои гуногун, ҳолати мушкилу фавқулода, нангу номус, гармию дилсарди, пастию баланди ва ғайра намоён мегардад, ки дар маҷмӯъ шахсиятро маънидод менамоянд.

3.Идоракунии арзишҳои шахсият ва инкишофи босуботи ташкилот.

Арзишҳои фарди яке аз тавсифҳои босубот ва доимияти ташкилот, пойдевори асосии баҳодиҳии фарди ва қарордодҳо оиди шахсиятҳо буда, аз ин нишондиҳандаҳо қарорҳо ва мақсадҳои ҳаёти вобаста мебошанд. қоидаҳо ва меъёрҳои инсони дар бораи «хуб» ё «бад» будани фаолият аз рӯи ин арзишҳои инсони муайян карда мешавад.

Арзишҳо дар шахсият манбаи модарзоди дошта, дар ҷараёни ҳаёт ташаккул меёбанд.

Ба арзишҳое, ки дар ҳар як фард мавҷуд мебошад, як қатор омилҳо таъсир мерасонанд. бинобар ин баҳодиҳӣ ва номбар кардани арзишҳоро олимон ва мутахассисони соҳаи гуногун аз нуқтаи назари худ тавсиф менемоянд. Яке аз менеҷерони шинохтаи рус – Алексей Дудин қайд мекунад, ки « Шахсияти худро мо мисоли биное бунёд мекунем ва онро ҳар қадар комилтар ва қавитар созем, арзиши он мавқеъ ва мақоми он ҳамон қадар болотар хоҳад шуд». Мо танҳо ҳамон арзишҳои фардиеро баҳо медиҳем, ки дар амалияи роҳбарӣ ва санъати менеҷмент истифода мебаранд.

Арзиши чорум – хислатҳои хос ва кушодарӯӣ, дар зиндагӣ шахсоне пайдо мешаванд, ки хислати хусусии худро дошта, дигаронро ба худ наздик намегузорад ва алоҳидагиро парастиш дорад. Ин рафтори шахсон чӣ дар хона ва чӣ дар ҷои кор якхела буда, онҳо пӯшида намебошанд. Ин гуна шахсон тарзи муайяни фаъолияти оилавӣ ва корӣ доранд ва баракс шахсиятҳое мавҷуд мебошанд, ки нисбат ба кор, дар оила, дар муносибат ба одамон кушодарӯй буда, кушоду равшан сухан мегӯянд. Аксар маврид онҳоро сабукфикр ҳам мегӯянд. Вале кормандон чунин роҳбарро мепарастанд ва онҳо кам ҷои кори хешро иваз менамоянд.

Мо бамаърифат бештар ба он хотир диққат медиҳем, ки агар инсон хоҳиши ба муваффақиятҳо ноил гаштан дошта бошад, бояд доимо дар омӯзиш бошад. Шахсе, ки дониш дорад, қобилияти рақобатнокиро доимо нигоҳ медорад. Барои он, ки қисми беҳтарини донишҳои мо кӯҳна мешаванд, мо бояд, доимо дониши худро сайқал диҳем. Агар инсон аз омӯзиш ва чустуҷӯ боз монад, он тез аз роҳи рости инкишоф берун мегардад.

1.06K
Нет комментариев. Ваш будет первым!