Рафтори шахс дар низоми идоракунӣ
Рафтори шахс дар низоми идоракунӣ
Нақша:
1.Рафтори роҳбар — менеҷер дар ташкилот.
2. Меҳнати фикрӣ ва роҳҳои дурусти истифодаи он.
3.Худшиноси дар рафтори роҳбар — менеҷер.
1. Рафтори роҳбар менеҷер дар ташкилот.
Дар ин бахш масъалаи тарзи рафтору гуфтор мавриди барраси қарор мегирад. Мо мехоҳем, каме ҳам бошад, дар бораи қоидаҳои умумие, ки ба ҷамъияти кордонҳо хосанд, ҳарф занем.
Дар этикаи (ахлоқи) рафтор пеш аз ҳама ба рафтори испаниҳо баҳои баланд дода мешуд. Баъдтар франсавиҳо сазовори эътироф гардиданд. ҳозир бошад, қоидаи умуми барои Фаронса, Англия, Олмон, Австрия, Швейтсария, яъне умумиаврупои қабул шудааст, ки аз рафтори амрикои камтар нест.
Як чизро бояд қайд кард, ки аврупоиҳо нисбати дигарон бисёртар сафар мекунанд ва барои мардуми Аврупо бо забони англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ гап задан ҳодисаи муқаррари мебошад.
Тарзи рафтору гуфтори ҳар шахс, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки дар мамлакати худ, дар корхонаи хеш чӣ гуна меъёрҳои этикиро ёд гирифтааст.
Агар шумо дар хориҷаи кишвар бошед, як чизро бояд фаромуш накунед, ки мардум ба шумо нигоҳ, карда, дар шахси шумо ба миллат ва мардуми шумо баҳо медиҳанд. ҳар рафтори нодуруст ва ноҷои шумо метавонад дар фаҳмишу тасаввуроти онҳо нисбати халқу миллати шумо таъсири манфи расонад.
ҳар фард, пеш аз ҳама, рафтору гуфтор, одобу ахлоқи миллати худ ва таърихи халки хешро ҳамчун намояндаи он миллат инъикос кунад, он гоҳ, агар таваҷҷӯҳ намуда бошед, хамсӯҳбати хориҷиатон шуморо бештар ҳурмату эҳтаром мекунад.
ҳиссиёти тактикӣ (услуби) — ҳиссиёти интуитивии шахс, касро озод нишон медиҳад. ҳангоми сафар ва умуман, доимо хар шахс ҳурмату эҳтироми худро нисбати хулқу атвор ва рафтори дигар халқҳо бояд нишон диҳад. Дар мамолики хориҷа ҷавонон ва умуман мардум ба сиёсат шавқу рағбати кам доранд. Бинобар ин, зимни суҳбат бо ин мардум аз сиёсат гап кушодан ба мақсад мувофиқ, нест. Барои онҳо касби камол дар ҷодаи дониш, илму адаб, беш аз ҳама арзишманд аст. Чунончи ҳофизи Шерози кайд мекунад:
ҳофизо илму адаб варз, ки дар маҷлиси шоҳ,
ҳар киро нест адаб лоиқи суҳбат набувад.
Дар шароити ҳозира ба кордонҳо аз рӯи чор қоидаю рафтори зерин баҳо медиҳанд:
1.Рафтори ҳамида доштан;
2.Одди будан;
3.Соҳибэҳтиром будан;
4.Тарбияи хуб доштан.
Ба ақидаи мо, агар роҳбар чунин хислатҳоро дошта бошад, он гоҳ имкони пайдо кардани обрӯ ва пешрафти кории худро дар корхона дорад.
Чанд мулоҳизаҳо оид ба намуди зоҳирии шахси кордон-роҳбар:
Роҳбар- кордон аз намуди зохирӣ низ бояд фарқкунанда бошад. Мо чунин маслиҳат дода, назари хешро баён менамоем ва гуфтанинестем, ки ин нуқтаҳоро ҳатман чун қонуният қабул намоем.
Дар вақти кор барои ҳар роҳбар лозим аст, ки костюми на он қадар равшанранг, куртаи сафед, осмонранг зардчатоби борикхат пушад. Галстук хатман аз рӯи ҳолати кори шумо ба кадом вохӯри ё маҷлис меравед, дар идора мешинед интихоб шавад, инчунин бо костюм ва курта мувофиқат кунад.
Дар мамлакатҳои хориҷи ордену медал ва нишонаҳоро танҳо дар рӯзҳои махсус пеши бар овезон мекунанд. Аз ин рӯ, дар вақти вохӯри нишону орден овезон кардан шарт нест. ҳангоми вохӯри, ё гуфтушунид пеш аз он, ки костюмро кашед, аз занҳое, ки дар атроф ҳастанд, албатта иҷозат пурсед.
Дар вақти гуфтугӯ аз ҳама беҳтар он аст, ки аз рӯи унвонашон ном бигиреду муаррифи намоед. Мисол, ҷаноби доктор, ё ҷаноби вазир ва ғайра.
Дар саросари мамлакатҳои чаҳон миёни менеҷерон, кордонҳо, роҳбарон саривақт ба вохӯри омадан қабул гардида, онро ҳамчун нишонаи хуб мепазиранд. қафо мондан ба вохӯри то 15 дақиқа мумкин аст, лекин аз ин зиёд дермони беҳурмат нисбати шахси ба вохӯри даъватшуда ҳисоб меёбад. Ба вохӯрӣ аз вақти муқарраршуда хеле барвақт ҳозир шудан низ аз рӯи одоб нест. Эҳтимол дар ин маврид шахсе, ки шуморо даъват карда буд, ба ҳалли масъалаи дигар банд бошад ва барои ҳурмати шумо аз баҳри иҷрои он кор мебарояд ё нақшаашро тағйир медиҳад.
Пеш аз сафар ҳатман мавҷудияти ҳамаи хуҷҷатҳои лозимиро, аз шиноснома сар карда, то даъватнома санҷида, ҳатто бояд нусхаи онҳо тайёр карда шаванд, то ин ки ҳангоми гум шудан аз нав барқарор кардан мумкин бошад. Гирифтани якчанд дона муаррифномаи худро низ ҳангоми сафар фаромӯш набояд кард.
1.Меҳнати фикрӣва роҳҳои дурусти истифодаи он
Дар тамаддуни башари ҳар мафҳум ва нуқта маъно ва мавқеи худро дорад. Истилоҳи меҳнат низ аз ҳамин зумра аст. Воқеан, аз нигоҳи таърих ва иҷтимои ичунин сурат гирифта, ки меҳнат ба ду қисм ҷудо мешаванд:
1.меҳнати фикрӣ;
2.меҳнати ҷисмонӣ;
шуда, ҳар ду бахш ҳам аз инсон заҳмати зиёдеро мехоҳанд. Аз ин рӯ инсоният ҳам тули мавҷудияти худ барои сабук кардани кор роҳҳо ва тарзи осон намудани меҳнатро ҷустуҷӯ менамояд.
Мақсади мо низ дар ин бахш аз ҳамин иборат аст, ки роҳҳои дурусти меҳнат, бахусус меҳнати фикриро, аз нигоҳи хеш дар асоси омӯзиши баъзе сарчашма ва таҷрибаву мушоҳидаҳо зикр намоем.
Нахуст, нишонаҳои ташкили дурусти меҳнати фикрӣ,ки аз инҳо иборатанд:
1. ҳар амалиёт қаблан бояд фикр карда шуда бошад. Зеро, ки иҷрои он аз дигарон талаб карда мешавад.
2. Аксари коргарон хело ҳам хурсанд мешаванд, агар барои кори муайян ҷавобгуй бошанд ва онро танҳо худашон мустақилона иҷро кунанд.
3. ҳар коргар дар ҷои кори худ ба он ҳаракат мекунад, то нишон диҳад чӣ қобилияте дораду ба чӣ қодир аст. Вай кушиш менамояд, доир ба масъалаҳое, ки масъулашон мебошад, бе иштироки ӯ қарор қабул накунанд.
4. ҳар фард доир ба беҳтар кардани кори худташкилӣ аз нигоҳи хеш нуқтаи назари дурусти онро дорад.
5. ҳар коргар бояд фаҳмад, ки меҳнати ӯ барои дигарон шарти зарурӣ мебошад.
6.ҳар фард ҳаракат мекунад, ки ба комёбӣ ноил гардад. Зеро комёби ин амалӣ шудани мақсад дар ҳаёт аст.
7. Комёбие, ки коргарро ҳавасманд намекунад, ба сустшавии кор, пастшавии сифати он оварда мерасонад. Коргари хуб ҳам аз нигоҳи моддӣ ва ҳам маънавӣ барои кори пурмаҳсулу хушсифаташ мукофотонида мешавад.
8. Чизи зарурӣ дар ташкили меҳнати фикрӣ ин тарзи гирифтани ахбор аст. Аз куҷо, чӣ тавр, аз кӣ гирифтани ахбор барои иҷрои супориш нақши калон мебозад. Агар ахбор аз шахси дигар дар сари вақт нарасад, иҷрои он ғайриимкон, ё дар гумон аст.
9.ҳар коргар мехоҳад, ки барои таъмини сифати хуби кори ӯ ҳамеша ахбор вуҷуд дошта бошад.
10.Барои ҳар коргар назорати шахси ғайримасъул писанд намеояд. ҳар кор аз ҷониби коргарон дар он сурат хуб иҷро мешавад, агар дар корхона худназзораткунӣ бошад.
12.Аксари коргарон мехоҳанд, ки доир ба ихтисоси худ малакаю дониши касбиашонро баланд бардоранд.
Дуюм, чанд таклифотро доир ба ташкили дурусти меҳнати фикрӣ пешниҳод кардан мумкин аст. қабл аз фикри онҳо бояд гуфт, ки тартиби истифодаи вақти кориро хеҷ, кас дуруст чори карда наметавонад, агар то қалам ба даст гирифта, онро рӯи коғаз нанависад.
қадами аввал — бақайдгирии корҳои асосӣ;
қадами дуюм — тартиб додани реҷаи корӣ.
қадами сеюм ва чорум — кӯшиш ва ҷидду ҷахди баҳри иҷрои он.
Барои дуруст ташкил кардани меҳнати фикрӣ сари вақт қайд кардани фикр, ахбор, ё коре, ки шумо бояд имрӯз, дар давоми ҳафта, моҳ, ва сол иҷро кунед, нақши муҳим мебозад.
Баробари ин аз болои иҷро шудан, ё нашудан ва сабабҳои он назорати қатъи чорӣ намоед.
Инак, чанд маслиҳат доир ба дуруст ташкил кардани меҳнати фикрӣ:
1.Агар шумо ҳис кардед, ки дар соати аввали корӣ нағз кор мекунед, диққат диҳед, ки ин низом то чанд ваққт идома меёбад.
2.Агар дар соати аввал масъаларо пурра аз худ мекунед ва барои шумо ин саҳл аст, кушиш намоед, ки чунин имконият тамоми рӯз дастрас бошад.
3.Агар, шумо донед, ки қобилияти кории шумо пасттар буда, шумо тез хаста мешавед, чунин маслиҳат дода мешавад:
аввал кори мушкилро ҳал кунед;
аз аввали кор сар карда ягон дақиқаро беҳуда сарф накунед;
ғайр аз кори асосӣ ба дигар чиз диққат надиҳед. Унсурҳои заруриробарвақт тайёр кунед.
пайдарпай аз кори мушкил ба кори осон. Аз кори мушкилфаҳм ба осонфаҳм, аз норавшану дилгиркунанда ба шавқовар гузаред.
Инчунин як қатор маслиҳатҳои умумӣ
1.Меҳнату истироҳатро дар алоқамандии якдигар ташкил кардан муҳим аст.
2.Худро бисёр маҷбур насозед.
3.Меҳнати фикрӣ ва ҷиисмонии худро дуруст тақсим намоед.
4.ҳамеша бо корҳои гуногун машғул шавед ва кушиш намоед, ки машғулияти шумо якранг набошад.
5.ҳамон вақт корро сар кунед, ки барои шумо фоидаовар бошад.
6.Кӯшиш кунед, ки ҳарорати утоқи кориатон аз 14-15°С зиёд набошад.
7.Хӯроки хуб ва дуруст истеъмол кунед ва нисбати саломатиатон бепарво набошед.
3.Худшиноси дар рафтори роҳбар менеҷер
Донистани кор, шакл ва роҳҳои ташкили он вазифаи муҳими роҳбар мебошад. Барои иҷрои коре бояд донист, ки таҷрибан ҳаҷму миқдораш чӣ гуна аст, чӣ тавр метавон онро анҷом дод, бо кадом роҳу усул ва барои иҷрои он чӣ қадар куввату маблағ сарф мешавад. Он гоҳ, метавон корро базуди ба даст овардани мақсади дарпешгузошта дуруст ташкил намуд. ҳар як роҳбар -менеҷер қабл аз он, ки ба кор оғоз намояд, бояд нерӯ, дониш, қобилият ва имконияти худро ба таври воқеи донад ва танҳо. Дар он сурат метавонад, меҳнати хешро дурусту муфид ташкил бикунад.
Аксари олимон чунин меҳисобиданд, ки роҳбари кардан ин қобилияти модарзодист, аслан чунин қобилият дар раванди фаъолият зина ба зина инкишоф меёбад ва мо барои ба ин зина расидан бояд, ки таҷриба андузем ва бар ин санъати роҳбариро аз худ намоем.
Ба ин манзур, роҳбарон-менеҷероне, ки дар корхона нерӯи пешбарандаи асосии фаъолияти истеҳсолот мебошанд, зиёд меомӯзанд, то ки мутобиқишароити бозор амал бикунанд. Бинобар ин, дар шароити ҳозира менеҷер бояд шаш сифати асосиро дошта бошад:
1.Унсури зарурӣ — тасаввур карда тавонистан. Агар масъалаи асоси чизе сохтан, ташкил кардан, ё аз байн бурдан бошад, он гоҳ роҳбарро зарур аст, ба таври мушаххас тасаввур намояд, ки ин амал дар охир чӣ гуна натиҷа медиҳад.
2.Дониши зарури доштан. Барои роҳбар маҳз дониши мустаҳкам зарур аст. Бояд роҳбар, менеҷер донад, кӣ чи тарз ҳарф мезанад ва дар бораи чӣ сухан меравад.
3.Иҷро карда тавонистан, ё маҳорату санъат. Усто корро чолокона ба зуди ва хело ҳам босифат иҷро мекунад. Шахсе, ки қобилият, маҳорату санъати хуби кордони дорад, бо хароҷоти ками пулию моли ва вақти начандон зиёд аз ӯҳдаи иҷрои кор мебарояд. Дар ин ҳолат коргар вобаста аз рӯи қобилият, имконият ва кордониву таҷрибаи худ вазифаи муайяне гирифта, онро ба субут мерасонад. Дар ҷаҳон нобиғаҳо ба дунё меоянд, вале ниҳоят каму ангуштшуморанд.
4.Сифати устувор — дорои хислаташ фаъолона амал кардан ва ҳал кардан ин сифати менеҷер ба 3 ,қисм ҷудо мешавад:
5.А.Бояд донад, ки вазифаи дар пеши одамон мондаро ба воситаи кадом қувва иҷро менамояд.
6.Б. Бовариба муваффақият.
7.В. Имкону захира барои иҷрои ин вазифа.
8.Раҳмдил набудан – роҳбар — менеҷер бояд нисбат ба танбалону коргурезон ва ҳаромкорон разҳмдил набошад. Вагарна тамоми вазнинии кор ба души коргарони оддӣ меафтад.
9.Диққатҷалбкунанда – Роҳбар — менеҷер барои дигарон бояд пеш аз ҳама ҳамчун оҳанрабо бошад. Дар ҳама гуна шароит мувозинатро нигоҳ, дорад. Дар набуданаш танҳо аз хусуси кору гуфтору рафтори хуб ва кордонии ӯ сухан гӯянд.
10.Роҳбари қобилиятнок доимо ҳамаи он захира ва воситаҳое, ки дар даст дорад, ба манфиати корхонаю коллектив истифода мекунад. Ба ин васила агар, аз як тараф, обрӯ гирад, аз ҷониби дигар, корхонааш мустаҳкаму даромаднок гардида, кораш пешрав мешавад. ҳангоми бо мардум ва молу мавод сару кор доштан ҳамеша ба он тайёр бошад, ки ба ҳама гуна саволҳо ҷавоб гардонад.
Хулоса, ҳар роҳбар барои он ки қобилият ва рафти иҷрои кори худро аск менамояд, ҳамеша ба худ савол гузорад, ки «Ман кистам?» Баъди ҷавоби муфассал ба ин савол метавонад кори худро созмон бидиҳад. Чуноне, ки ҳамеша Хайём дар асари бузурги худ «Наврӯзнома» навиштааст: «Маро» душманамом файласуф мегуянд. Аммо, Худо мебинад, ки онҳо хато мегуянд, маълум нест, ки ман кистам ва барои чӣ ин ҷой ҳастам».
МАВЗӯИ СЕМИНАР:
Худшиносӣ ва дар рафтори роҳбар-менеҷер.
Худшиносӣ дар мақоми роҳбар нақши аввалиндараҷа дорад. Модоме, ки худро шиносӣ дигаронро низ метавони шинохт омадааст дар назарияи миллии тоҷикон. Роҳбар, ки дар фаъолияти ташкилот нақши калидии худро дорад он метавонад бо худшиносӣ ва хирадмандиву кордонии худ байнии ҳамкорон обрӯву манзалати худро касб намояд. Назарияи муосири идоракунӣ маҳз ба туфайли худшиносии роҳбарон метавонад коллективро ба самти муайян равона созад.
МАВЗӯИ КМРУ-и 1: Муайян ва баҳо додани мизоҷи шахс
Дар таркиби сифатҳои одамон хислатҳои мизоҷҳо дар алоҳидагӣ кам вомехӯранд. Бинобар ин, дар амал мизоҷи одамонро аз рӯи хислатҳои бештар ба ин ё он мизоҷ хосбуда муайян менамоянд. Омӯхтан ва азхуд намудани мизоҷҳои коргарон дар ҳаёт ва фаъолияти ташкилот дар ташаккули гурӯҳҳои меҳнатӣ, идоракунии онҳо ва муоширати байнишахсии кормандон аҳамияти муҳим дорад. Масалан, роҳбар дар муносибат нисбати одами мизоҷи холерикӣ дошта бояд пуртоқат ва сипоҳ бошад. Роҳбар агар ба ин гуна шахсон ягон хел айб гузорад, албатта, аз тарафи онҳо ҷавоби аксуламали пуршиддати эҳсосотӣ мешунавад, ки дар натиҷа дар бисёр маврид низои байнишахсӣ ба миён меояд. Холерикҳо барои иҷрои корҳои якхелаи суръатнокии суст завқ надоранд. Роҳбар дар рафти муошират бо меланхоликон бояд эҳтиёткор бошад, ба шахсияти онҳо нарасад. Одамони ин гуна мизоҷ дошта бисёр нозук мебошанд, ба эҳсосот дода мешаванд ва оқибат гиряву нола мекунанд. Барои ҳавасмандӣ ва фаъолнокии одамони мизоҷашон сангвиникӣ вобаста намудани вазифаҳои нави мураккаб зарур аст. Ба флегматикҳо бошад, баръакс, корҳои диққаталабро вобаста намудан лозим аст. Онҳо қобилияти баланди пуртоқатӣ доранд ва метавонанд, дар як ҷо нишаста, дар давоми рӯз кор кунанд ва эҳтиёткор ҳам бошанд. Дар вақти интихоби мутахассисони ҷавон ва ҷобаҷогузории онҳо мувофиқи талаботи вазифаномаҳои тахассусии кормандони савдо ба назар гирифтани хусусиятҳои мизоҷии онҳо аҳамияти калон дорад.
МАВЗӯИ КМРУ-и 2: Кори мустақилона: тестҳо
Супориш барои кори мустақилона:
1.Вазифа ва мақоми менеҷер дар корхона аз чӣ иборат аст?
2.Менеҷер кист? Назарияи А. Файол оиди функсияҳои асосии менеҷер.
3.Кадом рафторҳои асосиро бояд менеҷер дошта бошад?
4.Рафтори менеҷерро дар истеҳсолот, дар вохӯри ва сухангӯи шарҳ диҳед.
5.Меҳнати фикрӣ ва мақоми онро дар корхона шарҳ диҳед.
6.Алоқамандии намуди зоҳири ва самаранокии кори менеҷментро дар чӣ мебинед?
7.Худшиносй гуфта чиро мегӯянд
ҳалли тестҳо:
1.Яке аз усулҳои худшиносиро интихоб намоед.
а) сахтгирӣ
б) адолатпарастӣ
в) дуруғгӯи
г) меҳнатдӯстӣ
2.Дар ташкили сифатҳоихудшиносӣ, худбаҳодиҳӣ ва худэҳтиромӣ дар инсон киҳо таъсир мерасонад?
а) муносибати волидайн
б) муносибати устодон
в) муносибати аҳлидеҳа
г) ҳамаиҷавобҳодурустанд
3.Меҳнат ба чанд қисм тақсим мешавад ва кадомҳоянд?
а) ба 1-қисм–ҷисмонӣ
б) ба 2 қисм ҷисмонӣ ва фикрӣ
в) танҳо меҳнати ҷисмонӣ
г) меҳнатро ба қисмҳо тақсим намекунанд
4.Яке аз нишонаҳои ташкили дурусти меҳнати фикриро, интихоб намоед
а).ҳар амалиёт бояд қаблан фикр кардашуда бошад. Зеро, ки иҷрои он аздигарон талаб карда мешавад.
б).ҳар коргар бояд фаҳмад, ки меҳнати ӯ барои дигарон шарти зарури мебошад
в).аксари коргарон мехоҳанд, ки доир ба ихтисоси худ малакаю дониши касбиашонро баланд бардоранд
г).ҳамаи ҷавобҳо дурустанд
5. Оё меҳнати фикрӣ аз меҳнати ҷисмонӣ фарқдорад ё не?
а) кулан фарқдорад, яъне аз рӯи иҷрои амал ба яке ҷисман ва бадигаре маънаван
б) фарқ надорад, яъне дар ҳарду меҳнат менамоем
в) наонқадар, ба яке зиёдтар ва ба дигаре камтар
г) ҷавоби дуруст надорад
Масъалаи ҳолати:
Як корманди шӯъбае, ки Шумо ҳамчун роҳбар фаъолият менамоед доимо худро чунон нишон медиҳад, ки тамоми супоришҳое, ки ба ӯ дода будед нисбат ба дигар кормандон бо сифат ва қадре пештар иҷро намудааст. Вале дар асл чунин нест. Шумо ӯро ба утоқи кории хеш даъват чунин мегӯед.
Дар ин ҳолат Шумо ба ин кормандатон чӣ мегӯед?