Банақшагири вақти кории робари ва санъати менечмент
Банақшагири вақти кории робарӣ ва санъати менеҷмент
Нақша:
1.Инкишофи иқтисоди масъулият
2.Идоракунии вақт
3.Банақшагирии вақти фардии роҳбар
1.Инкишофи иқтисоди масъулият
Дар шароити имрӯзаи инкишофи иқтисодӣ масъулият ва мақоми роҳбар торафт меафзояд. Чунин як зарурият сабабҳои зеринро доро мебошад:
1.Мураккабшавии қабули қарори идоракунӣ.
2.Баландшавии масъулият барои қабули қарори роҳбарӣ, иҷроиш ва назорати он.
3.Суръати баланди инкишофи иқтисодӣ ва болоравии моҳияти масоили иқтисодию экологӣ.
4.Васъешавии мустақилияти тамоми звенаҳои роҳбарӣ.
5.ҷаҳонишавии иқтисодиёт.
Дар чунин шароит самаранокии истифодаи вақт мақоми арзанда дорад. Бинобар ин, чунин як ҷараён бояд идора карда шавад. Ба низом даровардани истифодаи вақт вазифаи хело ҳам мушкил буда, меҳнати зиёду қавиродагии бузургро талаб менамояд.
Барои он ки ҳар як роҳбар дарк намояд, ки то чӣ андоза функсияи худро иҷро ва ба мақсад мувофиқ, меҳнат карда истиодааст ва бояд бидонад, ки буҷаи вақти ӯ хело ҳам маҳдуд мебошад.
Банақшагирии вақти кори роҳбар лоиҳае мебошад, ки дар он ҷараёни меҳнат дар давраи аниқи вақт ҷой карда мешавад.
Роҳбар на фақат мақсадҳои касбӣ ва инфиродии худро ба нақша мегирад, балки корҳои ҷориро низ ба нақша мегирад, ки иҷрои қарори роҳбариро таъмин намоянд. Банақшагирии хуб бояд пеш аз ҳама истифодаи самаранокии вақтро таъмин карда тавонад.
ҳар қадар роҳбар вазифа ё худ кори аниқеро иҷро накунад ҳам, доираи иҷрои вазифаҳо ва корҳо ва корҳои ӯ хеле гуногун мебошад. Яъне садҳо корҳои хурду миёна, зарури нозарур, таъҷилӣ ва ғайритаъҷилиеро дар кори роҳбарӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба кори роҳбарӣ таъсири манфӣ мерасонанд, ё худ барои муайян кардани истифодаи самараноки вақти роҳбар халал мерасонанд. Банобар ин, хуб мебуд ҳар як роҳбар вақти худро ба нақша гирад иҷрои онро назорат намояд.
2.Идоракунии вақт
Идоракунии вақтро чунин ба роҳ мондан мумкин аст:
1.Банақшагирӣ – ин асоси тамоми фаъолиятҳои роҳбар мебошад, яъне вобаста аз мақсад вазифа ва ӯҳдадориҳо ҳар як роҳбар нақшаи ҷорӣ, солона, миёнамӯҳлат ва стратегии дарозмӯҳлати худро тартиб диҳад. Аслан чунин нақшаҳо ду хел мешаванд. 1. Нақшаи фардии роҳбар 2. Нақшаи умумии менеҷменти ташкилот.
2.Амалигардонии нақша. Маҳз қадами дуввум қабули қарори дурусти роҳбариро талаб мекунад, яъне кадом корҳоро?, кадом вақт, бо кадом роҳи усул? иҷро мекунад, таъмини самараноки вақт дар ҳар ҳолат талаботи асосӣ бояд бошад.
3.Назорат ва маҳдудиятҳо. ҳар як фаъолият дар доира вақти сарфакардашуда бояд самаранокии ҷараёни истеҳсолотро таъмин намояд ва натиҷаи баландтарин ба даст оварда шавад. Бинобар ин, аз рафти иҷрои корҳо бояд доимо ахборот шунида, тафтиш карда шаванд ва монеаю камбудиҳо бартараф карда шаванд.
4.Бо дигар кормандон ва мутахассисон машварат кардан. Ин намуди фаъолияти роҳбариро на ҳама роҳбарон доро мебошанд. Аксар маврид мо гумон мекунем, ки гуё аз мо дида кореро касе хубтар намедонад, аммо дар асл ин хатои бузург мебошад. ҳар як роҳбар вазифадор мебошад, ки бо дигар роҳбарон, мутахассисон машварат карда хулосаҳои пухта ва заруриро бароранд. Вохӯриҳо дар шакли сӯҳбати телефонии як бо як, сменарҳо, машварат ва конфронсияҳо сурат мегирад.
Натиҷаи аниқи фаъолият ин нишондиҳандаи олии самаранокии меҳнат, пеш аз ҳама истифодаи вақт мебошад.
Таҳлили фаъолияти аксари роҳбарони ташкилотҳои ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳанд, ки зиёда аз 50%-и вақташонро барои корҳои ғайризарурӣ сарф мекунанд. Бинобар ин, хуб мебуд агар роҳбарон вақти худро хуб ба нақша гирифта самаранокии истифодаи онро таъмин намоянд.
Банақшагирии меҳнати фардии ҳар як роҳбар аз мақсадҳои ӯ мебарояд.
Мақсадҳои шахсӣ аз инҳо иборатанд:
1.Мақсадҳои дарозмуддат.
2.Мақсадҳои миёнамӯҳлат.
3.Мақсадҳои кӯтоҳмуддат.
4.Мақсадҳои фаврӣ.
Вобаста аз мақсадҳо нақшаи вақти фардии роҳбарӣ чунин тартиб дода мешавад:
3.Банақшагирии вақти фардии роҳбар
Вақти кориро ба нақша гирифта ҳар роҳбар бояд ба саволҳои зерин ҷавоб гӯяд:
v ман ба чӣ ноил гаштам? – баҳодиҳии ҳолатҳо:
v ман чӣ мехоҳам? – мақсадгузорӣ;
v ман чӣ хел ба мақсад мерасам? – нақшаи фаъолит.
Барои он ки вақти зиёдро сарф накунем, бояд ҳар рӯз нақшаи кори худро дошта бошем. Мо бояд муайян намоем, ки вақти худро барои кадом кор сарф карда истодаем ва шояд аз ин ҳам дида хубтар вақти азизи умри худро гузаронида тавонем. Албатта, хуб мебуд агар мо ҳар як дақиқаю сонияи вақти умри азизи худро ба он коре равона месохтем, ки самарааш, на танҳо имрӯз, фардо ва ё пасфардо, балки 100 солаҳо ва 1000 солаҳо манфиат оварад. Агар шумо чунин ҷадвали корҳоро дошта бошед, хоҳ нохоҳ бурд менамоед. Барои вақти худро дуруст истифода карда тавонистан ба ҳар як шахс Худо имконот додаст.
Ташкили системавии истифодаи вақти хеш барои ҳар як роҳбар, соҳибкор, хоҷагиро ва шахсони алоҳида шарти зарурӣ мебошад, яъне ҷудо карда тавонистани вақт барои корҳои асосӣ ва дуюмдараҷа, инчунин самаранокии истифодаи онро мо бояд биомӯзем ва дар амалия истифода барем.
Яке аз шаклҳои системабандӣ махсусан, барои роҳбарон ин банақшагирӣ мебошад. То вақте, ки роҳбар нақшаи истифодаи вақти худро пурра аниқ намесозад, аз куҷо ва чӣ тавр шурӯъ кардани кор ва ба мақсад расиданро намедонад.
Дар ҳаёти соҳибкорӣ асосан нақшаҳои дарозмуддат, ё худ мақсадҳои глобалии бисёрсола, мақсадҳои миёнамӯҳлат ва ҷорӣ мақоми хос доранд.
Банақшагирии вақти инфиродӣ низ давраҳои тайёрӣ, омӯзиш ва қабули худро доранд, яъне омӯзиш ва таҳлили пешакии ҳолатҳое, ки роҳбар дар он кор мекунад. ҳар қадар мо вақти худро дуруст тақсим намоем, ҳамон банақшагирии ҳаррӯзаи вақти корӣ ба мақсадҳои дарозмуддат, ё стратегии худ расодан мебошад.
Дар таҷрибаи роҳбарон тартиб додани реҷаи истифодаи вақти рӯз, ҳафта ва моҳ ё худ рӯзи муайяни ҳафта вуҷуд дорад. Чунин тартибот на фақат истифодаи вақт, балки низом ва раванди фаъолияти роҳбарро таъмин сохта, обрӯ ва эътибори ӯро дар назди коллектив ва мардум баланд мебардорад.
Масалан, доимо соати муайяни қабули мизоҷон доштани роҳбар ва риояи он аз ин рафторҳо мебошад. Ё ин ки рӯзи муайяни гузаронидани машварат дар ҳафта ё моҳва риояи он низ хислати хуби роҳбарӣ мебошад.
Агар робаре, ки ташкилоти калонро идора менамояд, ҳар рӯз намуди муайяни фаъолиятро ба нақша гирад, беҳтар мебуд. Мисол:
Ø рӯзи душанбе оид ба фурӯши сол;
Ø рӯзи сешанбе оид ба таъминот;
Ø рӯзи чоршанбе оид ба истеьсолот;
Ø рӯзи панҷшанбе оид ба сифати мол;
Ø рӯзи ҷумъа оид ба бозори мол;
Ø рӯзи шанбе оид ба корҳои хоҷагӣ ва кадрҳо.
Агар робаре, ки хоҳад вақти худро ҷиддӣба низом дароварад, бояд тартиботи зеринро риоя намояд:
v таҳлили буҷаи вақти корӣ;
v тартиб додани нақшаи корҳо;
v муайян кардани хароҷоти вақт барои ҳар як кор;
v муқоиса вақт ва имконоти иҷрои корҳо;
v истифодаи иқтидори зеҳнии дигар кормандон;
v тартиб додани номгӯи солонаи корҳо ва мақсадҳо;
v тартиб додани нақшаи фаъолият барои моҳ ва ҳафта.
Бояд қайд кард, ки дар нақшаи рӯзона, моҳона ва солонаи роҳбар барои ташаккул ва баландбардории ихтисос ҳатман вақт ҷудо карда шавад. Мисол, барои мардуми ҷопон барои ин мақсад ҳафтае 8 то 10 соат вақт ҷудо карда мешавад.
Барои назорат ва иҷрои саривақтии корҳо роҳбарон боядба воситаҳои хотиротӣ ва қайдкунӣ истифода намоянд. Ин воситаҳо чунин мебошанд:
1.Компютери фардӣ
2.Календари саҳифагардонии рӯимизӣ.
3.Китоби қайди шахсӣ.
4.Телефонии дастӣ бо қайди вохӯриҳо ва хабари ощозу анҷоми вақт.
Бояд қайд кард, ки ҳар як роҳбар, ҳар рӯз баъди анҷоми рӯзи корӣ бояд таҳлил намояд, ки корҳо ва вазифаҳое, ки ба нақша гирифта буд, иҷро намудааст, ё не. Агар иҷро нашуда бошад ва ин аз худи ӯ вобаста бошад, рӯзи оянда барвақтар ба кор рафта, ҳатман то саршавии рӯзи кори нав онро ба анҷом расонад. Чунки агар ҳар рӯз коре иҷро нашуда истад, дар давоми ҳафта, моҳ ва сол аллакай ба миқдоре мерасад, ки Шумо аз ӯҳдааш баромада наметавонед.
Дар ҳаёт ҳолатҳое вомехӯранд, ки новобаста аз хоҳиш ва кӯшиши роҳбар барои иҷрои корҳои банақшагирифташуда халал мерасонанд ё бо сабабҳои дигар иҷро намешаванд. Бинобар ин, корҳоро вобаста аз зарурият ва моҳияташон ба 3 гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст.
1.Гурӯҳи корҳои А – корҳое, ки ба иҷроиши онҳо бояд кассе халал нарасонад.
2.Гурӯҳи корҳои Б – корҳое, ки дар дигар вақт ҳам иҷро кардан мумкин аст.
3.Гурӯҳи корҳои В – корҳое, киба дигар шахсон вогузор кардан мумкин аст.
Дар ҳолате, ки роҳбар корҳоро ба чунин гурӯҳҳо тақсим мекунад, метавонад, ки вақти худро самаранок истифода барад. Махсусан барои иҷрои корҳои гурӯҳи А бояд хеҷ кас ва хеҷ чиз халал нарасонида, яъне онҳо ҳатман иҷро шаванд. Маҳз раванднокии роҳбар дар он зоҳир мегардад, ки қобилияте дошта бошад ва нагузарад, ки қувваҳои беруна ва дигарон ба ӯ халал расонанд, яъне вақти ӯро дигаранд.
Аксар мутахассисон дар чунин ақида мебошанд, ки бо ҳисоби миёна то 6 соати ва аниқу ҳатмӣ 3 то 4 соат дар як шабонарӯз бояд ба нақша гиранд.
Барои роҳбарони ташкилотҳои калон, ки вақти зиёдашонро имзои ҳуҷҷатҳо ва сӯҳбатҳои телефонӣ мегирад, хуб мебуд хизмати ёвар истифода карда шавад, яъне ҳуҷҷатҳоро тамоми рӯзи кори ёрдамчӣ, ё китоб ҷамъ ва ба низом оварда дар охири рӯзи корӣ ба болои мизи кори роҳбар гузорад. Роҳбар пагоҳӣ то як соат пеш аз саршавии вақти корӣ онҳоро пурра аз назар гузаронида имзо менамояд. Сӯҳбати телефониро котибот метавонад дар вақти холӣ будани роҳбар ташкил намояд. Барои ин котибот бояд аз муштарӣ наму насаб ва бокадом масъала муроҷиат карданашанро бипурсанд. Шояд мизоҷон оид ба масъалае пурсон шаванд, ки ба дигар менеҷерон тааллуқ дошта бошад. Дар ин ҳолат котибот метавонад, ки ба муштарӣ менеҷери заруриро пайваст намояд. Ё худ агар ягон хабар бошад, котибот метавонад дар шакли телефонограмма қабул намуда, ба роҳбар пешниҳод намояд.
Баъд аз имзо ҳуҷҷатҳо, ба хондани почтаи электиронии хеш ва ахбори нави аз тариҳи «интернет» машғул гардед, ки ин низ тахминан то як соат вақтро мегирад.
Баъд ҳар як 2 соати корӣ хуб мебуд то 10 дақиқа истироҳат намоед, яъне ба ҳавои тоза бароед ё мусиқӣ гӯш кунед то асабатон каме дам гирад. Аслан барои аксари роҳбарони идоравӣ истифодаи вақти корӣ ва корҳо бояд ба 2 қисм, яъне то нисфирӯзӣ ва баъдинисфирӯзӣ тақсим карда шавад. Дар нимаи аввали рӯз, аслан ба ҳуҷҷатҳо ва корҳои меъёрию ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва ахборӣ сару кор дошта, дар нимаи дуюм ба корҳо ва ҳуҷҷатҳои ҷамъбастӣ ва натиҷавӣ, бурду бохт, таҳлил рӯзи ва вазифаҳо барои рӯзи оянда машғул шавед. Мутахассисон доимо таъкид месозанд, ки шиддатнокии кори роҳбарӣ бояд мӯътадил бошад. Яъне роҳбар ҳеҷ гоҳ саросема, ҳамкора ва аз меъёр зиёд (10-12-15 соат) кор накунад.
Барои ин бояд дар ташкилот як системаи дурусти маъмурию ташкилиеро ҷорӣ намояд, ки ҳар як корманд ҳақиқӣ вазифа ва кори донад ва ҳуҷҷатҳо, корхо сарчашма, роҳ ва иҷрокунандаи худро дурусти аниқ дошта дар ягон нуқта монеагӣ бояд набошад. Дар натиҷа роҳбар низ мӯътадил метавонад кор кунад. Аксар маврид дар ташкилотҳо чунин ҳодисаҳоро дидан мумкин аст, ки роҳбар мехоҳад ҳамаи корҳоро худаш иҷро намояд. Дар натиҷа то 12-15 соат дар кабинет нишаста, аз ӯҳдаи иҷрои он намебарояд ва доимо саросема буда, ягон корро дуруст хал наменамояд. Дар ҳолати дар ташкилот набудан, дар сафар ё худ бемор будани ӯ кассе аз ӯҳдаи кор набаромада, ташкилот аз фаъолият боз мемонад. Албатта, чунин рафтори роҳбар ба талабот ҷавобгӯ набуда, самаранокии кори роҳбариро хеле паст менамоянд. Ташкили роҳбарӣ бояд чунин бошад, ки раванди «Боварӣ»-ро дар ҳама звенаҳо ва то шахсони алоҳидаи коллектив таъмин созанд.
МАВЗӯИ СЕМИНАР: Тақсимоти вақти кори дар ҷараёни меҳнат
Тақсимоти вақти корӣ дар фаъолияти кори ташкилот
Мо бояд муайян намоем, ки вақти худро барои кадом кор сарф карда истодаем ва шояд аз инҳам дида хубтар вақти азизи умри худро гузаронида тавонем.
Барои ин, дар шахсияти роҳбарӣ ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Конибодом» Усмонов Абдурашид Абдуғаниевич ба ҳисоби вақти кории якрӯза хранометраж гузаронида шуд. Он рӯз истифодаи вақти кори роҳбар чунин ҷараён гирифт.
№ | Вақти корӣ | Намуди кор |
1 | 8:00-8:20 | Пурсиш аз рафти кор дар бастҳо ё худ ҷараёни истеҳсолот. |
2 | 8:20-9:00 | Гуфтугӯи телефони панҷ (5) маротиба бо ҳамкорони хориҷи оиди масоили фурӯши маҳсулотҳои тайёр. Инчунин пардохти маблағ аз фуруш аз ҷониби мизоҷон, ё худ натиҷагирии молиявӣ. |
3 | 9:00-9:30 | Таҳлили истеҳсолот ва рафти иҷроиши нақшаҳои ҷори ва солонаи корхона ва инчунин масъалаҳои хариду фурӯш. |
4 | 9:31-10:00 | қабули шахсони масъули корхона ва додани супоришоти навбати. |
5 | 10:00-10:30 | қабули мизоҷон ва бастани шартномаҳои хариду фурӯш. |
6 | 10:30-11:50 | Намояндаги дар бонк, оиди ҳамкории молиявӣ |
7 | -00:10 | ҳаракат бо нақлиёт дар роҳ (сарфаи вақт барои роҳ) |
8 | 12:00-13:00 | Истеъмоли хуроки нисфирӯзӣ |
9 | 13:00-15:00 | Боздид аз ҷараёни истеҳсолот ва сӯҳбат бо кормандон. |
10 | 15:00-16:00 | Сӯҳбат ва ҳалли муаммоҳо бо шахсони масъули корхона, барои иҷроиши нақшаҳо, назорати истеҳсолот ва ба таври мунтазам кам кардани талафоти маҳсулот. |
11 | 16:00-17:00 | Натиҷагирии фаъолият аз сарфаи вақт ва тартиби нақшаи кори барои рӯзи оянда. |
Бояд иброз дошт, ки рӯзи кории роҳбарӣ дар боло зикр шуда, хело самаранок ва хуб гузаронида шуд. Масалан, барои корҳои аввалиндараҷа, чаҳор соату даҳ дақиқаи (4:10) вақти кориро сарф намудааст, барои кори дуюмдараҷа бошад, се соату панҷоҳ (3:50) дақиқаро сарфа намудааст, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин мебошад. Боиси қайд аст, ки роҳбар инчунин, дар як ҳафта се маротиба бо роҳбарони хочагиҳо мулоқот намуда дар рафти фаъолияти онон бохабар мешавад ва як маротиба бо кормандон.
Ташкили системавии истифодаи вақти хеш барои ҳар як роҳбар, соҳибкор, хоҷагидор ва шахсони алоҳида шарти зарурӣ мебошад, яъне ҷудо карда тавонистани вақт барои корҳои асосӣ ва дуюмдараҷа, инчунин самаранокии истифодаи онро мо бояд биомӯзем ва дар амалия истифода барем.
МАВЗӯИ КМРУ-и 1:ҳАЛЛИ МАСЪАЛАҳОИ ҳОЛАТӣ
Вазъият.
Роҳбаратон бевоситаи Шумо ба зердастатон, ки бо иҷроиши супориши масъулатон машғуласт, супориши фаврӣ медиҳад. Шумо ва роҳбаратон супоришҳоро таъҷилӣ меҳисобед. Варианти ҳалли ба худ маъқулро интихоб кунед:
а) супориши роҳбарро муҳокима нанамуда ба тобеъ пешниҳод мекунам, ки супориши маро баъди иҷроиши супориши роҳбар иҷро намояд;
б) ҳамааш аз обрӯи дар назди ман доштаи роҳбар вобаста аст;
в) ба зердастам норозигии худро баён намуда мегӯям, ки минбаъд дар чунин ҳолатҳо супориши берозигии ман додашудаи роҳбарро беко рмекунам;
г) ба нафъикор (в интересах дела) ба тобеам давомдодани кори оғоз намудаашро пешниҳод мекунам.
Ҳалли вазъияти идоравӣ.
Агар имконият бошад иҷроиши паралелии ин корҳоро пешниҳод мекунам. Агар имконият набошад, ба нафъикор (в интересах дела) ба тобеам давомдодани кори оғоз намудаашро пешниҳод мекунам. Барои он ки ҳар гуна якдигар нофаҳмӣ ва ҷанҷолҳо дар гурӯҳ маҳсулнокиро паст менамояд.
МАВЗӯИ КМРУ-и 2: Кори мустақилона: Дар мисоли вақти тақсим намудаи донишҷӯ
Супориш барои кори мустақилона:
1.Принсипҳои ташкилот
2.Мақоми менеҷмент дар ташкилот
3.Мазмун ва қоидаҳои асосии банақшагирӣ
4.Мазмун ва қоидаҳои асосии банақшагирӣ
5.Корҳоро вобаста аз зарурият ва моҳияташон ба чанд гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст.
Тестҳо:
1 Идоракунии вақтро чӣ гуна ба роҳ мондан мумкин аст?
а)Ба таври банақшагирӣ
б)ҷавобҳои а) ва б) дурустанд
в)Ба таври ҳисоб намудани соатҳо
г)Ба таври назорат ва маҳдудият
2.Мақсадҳои шахси аз чӣ иборатанд?
а)Мақсадҳои дарозмуддат
б)ҳама ҷавобҳо дурустанд
в)Мақсадҳои кутоҳмуддат ва фаврӣ
г)Мақсадҳои миёнамӯҳлат
3.Вақти кориро ба нақша гирифта ҳар як роҳбар бояд ба кадом саволҳо ҷавоб гӯяд?
а)Ман ба чӣ ноил гаштам
б)Ман чӣ мехоҳам
в)ҳама ҷавобҳо дурустанд
г)Ман ба чӣ мақсад мерасам
4. Вобаста аз шакли моликиятдорӣ ташкилотҳо чигуна мешаванд?
а)Тиҷорати ва ғайритиҷорати
б)Иқтисоди, сиёсӣ, иҷтимоӣ
в)Хусусӣ, давлатӣ, мунитсипиалӣ, омехта
г)Шахси ва давлати