​Даромади бучети

Даромадхои бучети раванди инъикоскунандаи муносибатхои иктисодии баини давлату корхона, ташкилот ва шахрвандон дар чараёни фарохамоварии фондхои бучетии мамлакат мебошанд. Ин муносибатхои иктисоди пардохтхои гуногунеро, ки корхонахо, ташкилотхо ва шахрвандон ба бучет интикол медиханд, ифода менамоянд. Манбахои молиявии дар бучет андухташуда аз чихати модди ифодакунандаи он муносибатхои иктисоди мебошанд.

Даромадхои бучети дар натичаи таксими арзиши мачмуи махсулоти милли дар баини иштирокдорони гуногуни чараёни такрористехсол ва воситаи минбаъдаи таксими арзиши дар ихтиёри дав лат буда сурат мегирад, ки барои фарохамоварии фондхои бучетии кишвар, соха ва фондхои таъиноти максаднок истифода мегарданд.

Номгуи, сохти таркиби, меъёр ва тарзи сафарбар намудани даромадхои бучети аз сохтори чамъияти, тамсилахои (модель) иктисоди бозории интихобшуда ва халли вазифахои мушаххаси иктисоди вобаста мебошанд.

Хачм ва микдори манбахои молиявие, ки аз шахсони хукукию вокеи руёнида мешаванд, бояд имконияти амали намудани ухдадорихои иктисодию ичтимоии давлатро таъмин намоянд. Манбахои молиявие, ки дар ихтиёри шахсони хукукя боки мемонанд, бояд имконияти онхоро барои ба амал баровардани такрористехсоли васеъ, ракобатпазири, пардохтпазирию хифзи ичтимоии онхоро таъмин намоянд.

Меъёрхое, ки мувофики онхо аз шахсони хукуки манбахои молияви ситонида мешаванд, бояд дар асоси даромаднокии миёнаи доирахои амал муаиян шуда бошад.

Муносибатхои иктисодии баини субъектхои моликиятро конунхои хукукию иктисодие, ки Мачлиси намояндагон кабул менамояд, ташкил медиханд.

Дар шароити бозор даромади бучетхо асосан аз хисоби ду манбаъ: андоз ва пардохтхо таъмин мегардад.

Дар кисми даромади бучети имрузаи Точикистон вазни киёсии андозхо 80-90 фоиз ва пардохтхо 10-20 фоизро ташкил медиханд.

Табиати иктисодии андозхоро муносибатхои пулие, ки баини давлату шахсони хукукию вокеи чои доранд, тасниф менамоянд.

Муносибатхои пулии дар баини субъектхои иктисоди чоидошта, объективи буда, таъиноти махсуси чамъияти доранд, ки мохияти онро сафарбарнамоии маблагхои пули ба ихтиёри давлат ташкил медихад. Бинобар ин, андоз хамчун мафхуми иктисодии дорои вазифахои хазинадорию иктисоди тахлил карда мешавад. Бо ёрии вазифаи молияви (фискали) фондхои бучети бунёд меёбанд.

Вазифаи иктисодии андоз ва истифодаи ваи ба давлат имкон медихад, ки суръати такрористехсол ва инкишофро тезонад ва ё онро сует намояд, андухти сармояро кувват дихад ва ё кам намояд, кобилияти харидории ахолиро васеъ ва ё махдуд созад.

Намудхои пардохти андоз, шаклхои мушаххаси зохиршавии андоз хамчун категорияи иктисоди мебошанд, ки онро макоми конунбарории давлат муаиян намудааст ва кабули Кодекси андози Чумхурии Точикистон исботи он аст.

Аз нигохи ташкилию хукуки андоз пардохти хатмист, ки бо меъёр ва хачми муаияншуда дар мухлати дакикшуда ба бучет супорида мешавад.

Шакл ва навъхои андоз дар ягонаги бо принсипхои бунёд ва метод хои хисобкуни системаи андозро ташкил медиханд.

Системаи андоз вазифахои заилро ичро мекунад:

— васеъ, ё худ махдудгардонии фаъолияти сохибкори;

— таъмини рушди иктисодиёт, ё худ боздории чараёни он;

— танзими иктисодиёт, ё худ бесарусомони;

— ракобатпазири, ё худ аздастдихии сегментхои бозор;

— ташкили сохахои нави мехнати, ё худ ваиронсозии сохахои иктисодиёти амалкунанда;

— таъмини кобилияти хисоббаробаркуни бо дигарон, ё надоштани он;

— таъмини сатхи баланди зиндаги барои аксарият, ё дучор шудан ба кашшокии саросари;

— таъмин бо чои кор, ё зиёд шудани сатхи бекори;

— таъмини барзиёдии бучет, ё касри он;

— таъмини холати солимии иктисодиёт;

— карздоршавии давлат ё даромади иловаги аз хисоби карзи давлати.

Дар олами тамаддун вобаста ба инкишофи куввахои истехсолкунанда системаи андоз равнаку ривоч меёбад.

Системаи андоз дорои чунин принсипхои хос мебошад:

алокамандии окилонаи андозхои мустаким ва гаиримустаким;

истифодаи навъхои гуногуни андоз дар асоси бахисобгирии холати амволдории андозсупоранда ва даромадхое, ки аз сохибкори ба даст оварда мешаванд;

— истифодаи микдори зиёди андоз бо меъёрхои пасти андозситони дар холати тезутундшавии вазъи бУхрони;

— имконияти баркарор намудани окибатхои бади бухрони дошта;

— андоз ва андозбанди: щакл ва навъхои он то рафт амик гашта, зарурият ба фарогирии куллии он меафзояд. Фарогирии кулли андозбанди бояд ба чунин талабот чавобгуи бошад:

1. Талаби якхела доштан барои хамаи табакахои андозсупор новобаста аз шакли моликият, тарзи ташкили хукуки ва самаранокии истехсолот;

2. Муносибати якхела доштан бо андозсупор, новобаста аз хачми андози супоридааш;

3. Як амалиётро нисбат ба андозситон як маротиба истифода кардан;

4. Меъёрхои андози барои иктисод чори гардида, аз чихати илми асоснок карда туда, ба сохибкору давлат имконияти инкишофро бояд таъмин намоянд;

5. Меъёрхои андоз вобаста ба сатхи даромаднокии миёнаи сохави тафрика карда шуда, ба талаботи бозор чавобгуи бошанд;

6. Меъёрхои андоз бояд хислати устувор ва тарзи соддаи хисоб намуданро дошта бошанд.

7. Имтиёз ва меъёрхои онхо бояд аз чихати илми асоснок карда шуда, хавасманди оид ба сармоягузори, сохибкори, кафолат ва адолати хифзи ичтимоиро таъмин карда тавонанд. Имтиёз на танхо барои сохибкории алохида, балки барои Хамаи сохибкорон чори шуда бошад.

8. Андозхо вобаста бо сатхи идораи давлати бояд таксим шуда (чумхурияви ва махалли) бошанд.

Принсипхои номбаршуда кисман дар Кодекси андози Чумхурии Точикистон, ки бо Карори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон «Дар бораи кабул намудани Кодекси андози ЧТ ва мавриди амал карор додани он», № 572 аз 25 ноябри соли 2004 тасдик карда шудааст, инъикоси худро ёфтаанд.

Дар Кодекси андози кабулшуда андозхои мустаким ва гаиримустаким мувофика карда шудаанд. Андозхои мустаким нисбат ба даромад ва ё амволи андозсупоранда мукаррар карда шудаанд.

Андозхои гаиримустаким мувофики коида ба болои нарх ва ё меъёр илова карда шуда, аз хисоби истеъмолкунандагон пардохта мешаванд.

Андозбандии мустаким муносибатхои пулии баини давлату андозсупоранда ва интиколи онро ба бучет ифода мекунад.

Дар холати андозбандии гаиримустаким бошад фурушандаи молу хизматрасони субъекти андоз буда, баини давлату андозсупоранда хамчун миёнарав амал мекунад.

Дар системаи андозхои дар мамлакат чоидошта андозхое хастанд, ки танхо шахсони хукуки ва баъзеи дигарашонро шахсони вокеи ва як кисми онхоро хам шахсони хукуки ва хам вокеи дар якчояги месупоранд.

Таносубу микдор, меъёру мухлат ва имтиёзхо бояд мунтазамиятро дар воридшавии маблаг ба бучет таъмин — намоянд.

Бо максади таъмини воридоти мунтазам Кодекси андоз чунин номгуи андозхои умумидавлати ва ё чумхурияви ва махаллиро чори намудааст.

<st1:place>I.</st1:place> Ба андозхои умумидавлати инхо дохил мешаванд:

1) андози даромад аз шахсони вокеи;

2) андоз аз фоидаи шахсони хукуки;

3) андоз аз арзиши иловашуда;

4) аксизхо;

3) андози ичтимои;

6) андози замин;

7) андозхо аз истифодабарандагони каъри замин;

8) андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард;

9) андозе, ки гибки низоми соддакардашуда пардохта мешавад;

10) андози ягона барои истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи;

11) бочи гумруки ва дигар пардохтхои гумруки;

12) бочхои давлати;

13) андоз аз фуруш (нахи пахта ва алюминияи аввалия);

14) андози хадди акал аз даромади корхонахо;

15) дигар пардохтхои хатмии умумичумхурияви.

II. Ба андозхои махалли инхо дохил мешаванд:

1) андоз аз амволи гаириманкул;

2) андоз аз сохибони воситахои наклиёт;

3) андоз аз фуруши чакана;

4) дигар пардохтхои хатмии махалли.

Ба гаир аз андозхо ба бучет даромадхои гаириандози низ супорида мешаванд.

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи молияи давлатии Чумхурии Точикистон», ки аз 28.06. соли 2002 зери раками 684 кабул карда шудааст, чунин номгуи даромадхои гаириандозии ба бучет воридшавандаро пешниход намудааст;

— даромад аз хизматхои пулаки, ки аз чониби макомоти Хокимияти давлати ва ташкилотхои бучетии тобеи макомоти мазкур расонида мешавад;

— фоидаи Бонки миллии Точикистон тибки меъёрхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст;

— даромад аз фуруши захираву пасандозхои давлати, фоизи сармоягузории давлати, суд (дивиденд)-и сахмия аз дороии молияви;

— грант ва дигар маблагхое, ки аз шахсони вокеи, хукуки, ташкилотхои баиналмилали, хукуматхои кишвархои хоричи ворид мешаванд;

— маблаге, ки дар натичаи хисоббаробаркунихо баини бучетхои чумхурияви ва махалли ба вучуд меояд;

— маблагхое, ки аз истифода ва фуруши амвол ворид мешаванд, хамчун карзгирии давлатии дохили ва беруни, ки дар бучети чумхурияви берун аз даромад хамчун манбаи маблаггузории касри бучет истифода мешаванд;

— боч ва пардохтхои маъмури;

— даромад аз чарима ва чорахои чазо;

хакгузори ба фонди нафакаи давлати ва фонди хифзи ичтимои.

Даромадхои гаириандози дар даромади бучет то 10 фоизро ташкил мекунанд.

Андозхо ва пардохтхои гаириандозии ба бучет воридшаванда хамчун манбаи иловагии даромад муаияншуда аз нигохи иктисоди хусусияти сехела доранд.

Даромади бучет хамчун нишондихандаи макроиктисоди сатху дарачаи инкишоф ва аз чихати илми асоснок будан ё набудани меъёрхою манбахои даромади бучетро инъикос менамояд.

Меъёрхои муаиянкардашуда яке аз воситахои 6о хам алокаманднамои ва инъикоси талаботи макроиктисоди нисбат ба микроиктисод мебошад. Вобаста ба он меъёрхо давлат сатхи ракобат ва имконияти танзими холати молиявии корхона ва бучетро муаиян менамояд. Хамаи ин тадбир ва амалиётхо воситахои маъмурию молиявии танзими давлатии иктисодиётро ташкил медиханд.

Бучети давлати, карзи давлати, фондхои гаирибучети ва фондхои махсус фишанги бахампаивасткунии хавзаи микроиктисод бо макроиктисод буда, хамчун механизми молиявие, ки ба ёрии ваи танзими иктисодиёт таъмин мегардад баромад мекунанд.

Даромади бучет вобаста ба даврахои такрористехсол тагиир ёфта, хачми такозо ва арзаи бозориро муаиян ва истикрори иктисодро таъмин менамояд.

1.93K
Нет комментариев. Ваш будет первым!