ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКҲО

Назорати бонки дар чаҳон зиёда аз 100 сол ин чониб вучуд дорад ва пеш аз хама дар Иёлоти Муттахидаи Амрико ва Аврупо амали мегардид. Дар мамлакатҳое, ки акнун ру ба таракки оварда вориди иктисоди бозори гаштаанд ва инчунин кишварҳое, ки ба ин бозор дохил шуда истодаанд накши ин назорат дар низоми бонки ва иктисодиёт дарк гардида, рохҳои он такмил ва ин назорат пурзур карда истодаанд.

Назорати бонки ба маънои пуррааш низомест, ки Хукумат барои таъмини фаъолияти босуботи бонкҳо истифода мебарад.

Ин назорат бояд дар назди худ максадҳои муайянеро тавре гузорад, ки барои хамаи истифодакунандагон ва алалхусус кормандони идораҳое, ки сиёсати иктисодии мамлакатро муайян менамоянд ва ононе, ки назорати бонкиро дар амал татбик мекунанд фахмо бошад.

Дар назди тамоми низоми назорати бонки ду масъалаи асоси меистад:

-якум, гарави системаи бонкии босубот ва мусоидати бонкҳо барои рушди икгисоди мамлакат;

-дуюм, химояи амонатгузороне, ки маблагҳои пулии муваккатан озоди худро дар бонкҳо нигох медоранд. Аз ин ру масъала ба миён меояд, ки назорати бонки барои мамалакат ба кадом андоза зарур аст?

Дорандаи чоизаи Нобел Чон Хикс гуфтааст, ки «Пул механизм нест, балки яке аз институтҳои барчастаест, ки башарият ба вучуд овардааст». Аз он даврае, ки интишори пул ба зиммаи Бонкҳои милли (маркази) гузошта шудааст, онҳо дар идораи институти пули накши марказиро бози мекунанд. Бонки милли (маркази) масъалаҳои дарҳосту пешниҳод ба пул ва танзими фаъолияти бонкҳоро идора менамояд. Пул на танҳо омили хисобгири, фишанги мубодила (М-П-М) ё андозаи арзиш аст, балки ухдадориҳои молиявии системаи пулию карзи, монанди Бонкҳои милли (маркази) ва тичорати мебошад.

Зеро пул дар асл ин ухдадории пардохти маблагҳои хисоби муштариён мебошад ва дар сурати ба бонк мурочиат намудани муштари, бонк бояд маблаги дарҳостшударо бипардозад.

Дар хар сурат бонк бояд хангоми пардохти маблагҳои пули, ҳолати хисоби муросилотии худро устувор нигох дорад ва аз хисоб ба изофапардохт рох надихад. Бонки милли (маркази) дар навбати худ хисоби муросилотии бонкҳои тичоратиро назорат мекунад.

Бонкҳои тичорати дар чараёни фаъолияти худ пасандозҳои шахсони хукуки ва вокеиро чамъ ва барои додани карзҳо истифода мебаранд. Ин бонкҳо маблагҳои пулиро ба воситаи нашр ва фуруши когазҳои киматнок низ чамъ намуда ба муштариён кирзҳои дарозмуддат ва кутохмуддат медиханд. Бонки милли (маркази) дар чараёни назорати худ дурустии додану ситонидани ин карзҳоро назорат мекунад. Бо ин назорат корманди шуъбаи назоратии Бояки милли (маркази) самти истифодаи захираҳои карзии бонкҳои тичоратиро тафтиш намуда, сахми онҳоро дар рушди иктисодиёти мамлакат муайян менамояд.

Сабабҳои асосии зарурияти танзими фаъолияти бонкҳои тичорати иборат аз он аст, ки пардохтҳо дар ҳочагии халк, ба воситаи онҳо сурат мегирад ва онҳо механизми пардохтҳоро дар ҳочатии халк ташкил медиханд. Аз таъмини муътадили низоми пардохт, харакати маблагҳои пули ва суръати гардиши воситаҳои гардони корҳонаҳои сохаҳои ҳочагии халк вобастаги дорад. Суст шудани гардиши воситаҳои гардони корҳонаҳо боиси кам шудани мачмуи махсулоти чамъияти ва даромади милли мегардад ва ин такозо менамояд, ки фаъолияти бонкҳо танзим карда шавад.

Назорати бонки тамоми системаи бонкиро бояд дар бар гирад, зеро пешгири кардани норасоиҳо дар як бонк боиси фаъолияти муътадили бонкҳои дигар мегардад.

Умуман, системаи пардохтҳо бояд тавре ба рох монда шавад, ки ба осони танзим гардад, аз нуктаи назари иктисоди самаранок бошад ва дар шароити иктисоди бозори илочи ба зуди танзим карданро дошта бошад.

Вазифаи дигари назорати бонки он аст, ки байни бонкҳо ракобат ташкил дихад, то ки маблагҳои пули ва кудрати иктисоди дар дасти як ё ду бонк чамъ нагардад.

Вазифаи навбатии назорати бонки баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бонкист. Аз самаранокии ин фаъолият сатхи болоравии иктисодиёти мамлакат вобастагии зиёд дорад,

Назорати бонки боз бояд ба он равона карда шавад, ки риоя намудани дастуруламалҳои меъёриро хаматарафа санчад, то ки онҳоро бонкҳои тичорати дар чараёни фаъолияти худ истифода ва риоя намоянд.

Харчанд дар ин мавзуъ мо мафҳуми «назорати бонкиро» истифода намудем, дар ин чо тамоми назорати пули ва молияви дар назар дошта мешавад.

Ташкили назорати бонки дар хар мамлакат мувофик ба сиёсати иктисоди ва пулию карзие, ки дар он мамлакат амал мекунад, сурат мегирад. Дар аксарияти мамлакатҳо назорат тахти рохбарии Бонки милли (маркази), дар баъзе давлатҳо тахти рохбарии Вазорати молия ё ки бо рохбарии як ташкилоти назоратии мустакил амали мегардад.

Бонки милли (маркази) ҳастаи (ядрои) асосии системаи молияви ба шумор меравад ва конунҳои мавчудае, ки ба фаъолияти вай тааллук доранд, уро водор месозанд, ки аз болои фаъолияти бонкҳо назорати доими барад, аз ин ру ин назорат яке аз вазифаҳои бевоситаи он мебошад.

Дар баъзе мамлакатҳо Вазорати молия барои назорати низоми молияви ва бонки таваччухи зиёд зохир мекунад ва ҳоҳони он аст, ки тамоми назоратро тахти ихтиёри худ гирад. Аммо ин тамоман нодуруст аст, зеро бонк муассисаест, ки чараёни фаъолияташ хусусияти ҳос дорад ва кормандони Вазорати молия барои тафтиши фаъолияти бонк ба мушкилиҳои зиёде дучор меоянд. Бинобар ин, дар мамлакатҳои мутаракки назорат аз болои фаъолияти бонкҳоро Бонки милли (маркази) анчом медихад.

Ташкилоти мустакими назорати яке аз хамохангсози назорати бонки буда, на танҳо системаи бонки, балки системаи молиявиро низ назорат карда метавонад. Ин гуна ташкилот бояд дар назди Президент ё Парламенти мамлакат созмон дода шавад.

Тачрибаи мамлакатҳои чаҳон нишон медихад, ки тафтиши фаъолияти системаи бонкиро Бонки милли (маркази) бехтар ва самараноктар мегузаронад. Зеро фаъолияти бонкро корманди бонк бехтар медонад ва назорат низ амиктар ва пурмахсултар мегардад.

Дар ҳолате, ки назорат аз тарафи Бонки милли (маркази) сурат мегирад ин амал ба ухдаи яке аз мудириятҳои бонк гузошта мешавад, ки вай назоратро бо дастури Раис ё Раёсати Бонки милли (маркази) анчом медихад.

Бояд гуфт, ки мудирияти Бонки милли (маркази), ки чунин назорат мебарад бояд дорои хукукҳое бошад, ки аз натичаҳои назорат чораҳои зарури андешида тавонад. Имруз додани ичозатнома (литсензия) барои гузаронидани амалиёт ба бонкҳои тичорати тавассути ин мудирият сурат мегирад ва ин мудирият дар ҳолати муайян намудани норасоиҳо дар фаъолияти бонкҳои тичорати ичозатномаро баргардонида мегирад ва ба ин бонки тичорати барои бартараф намудани норасоиҳои мавчуда мухлат муайян менамояд. Баъди ислохи норасоиҳо ба бонки тичорати ичозатномаро дубора бармегардонад.

Мудирияти назорати бонки боз бояд дорои хукукҳое бошад, ки вазифаи назоратро бемамониат ичро карда тавонад.

Назорати бонки аз тарафи Хукумат ба он равона мегардад, ки амалиёти бонкҳоро каме хам бошад танзим намояд. Ин тавассути додани ичозатнома; талабот ба сармояи кофи; назорати тавонои; захираҳои хатми дар Бонки милли (маркази); риоя намудани меъёрҳо ва ниҳоят гузаронидани назорати бонки сурат мегирад.

Корманди Бонки милли (маркази), ки аз руи фаъолияти бонки тичорати назорат мебарад ичрои талаботи дар боло зикршударо тафтиш менамояд.

Маълумоти мудирияти назорати бонки бояд доимо ба иттилои Раис ва раёсати Бонки милли (маркази) расонида шавад, то ки аз натичаҳои он хулосаҳои даркори бароварда, барои бехтар намудани фаъолияти бонкҳои чудогона чораҳои зарури биандешанд. Агар зарур бошад барои танзими фаъолияти системаи бонки дастуруламалҳо тартиб диханд ва ба бонкҳо фиристанд, то ки онҳо дар чараёни фаъолияташон мувофики ин дастуруламалҳо амалиёт гузаронанд ва камбудиҳои мавчударо ислох намоянд.

Назорати бонки дорои усулҳои ҳоси худ аст. Назорати бонкиро дар асоси маълумоти бонк низ мегузаронанд. Бонкҳои тичорати хисоботҳои молиявии худро, ки ширкати аудитори санчидааст, хар сол тавассути васоити ахбори умум нашр карда, аз натичаҳои дар давоми сол ба даст омада, сахмдорон ва амонатгузоронро шинос менамоянд. Ин хам як шакли назорат аст, зеро мутахассисон ва олимон ин нишондодҳоро омухта ба кори бонк баҳо медиханд ва чихати бехтар намудани фаъолияти бонк маслихатҳо пешниҳод менамоянд.

Хар бонк худаш бояд аз болои фаъолияти шуъбаҳои худ назорати бонки барад ё аудиторҳоро ба ин кор сафарбар намояд. Дар ҳолати тавассути аудиторҳо гузаронидани тафтиш бояд сирри дохилии бонк хифз гардад.

Дар масъалаи гузаронидани назорати бонки доштани ваколати пурра яке аз масъалаҳои асоси ба шумор меравад, яъне Бонки милли (маркази) бояд ба кадом андоза аз болои низоми бонки назорат анчом бидихад. Дар бораи гузаронидани назорати бонки аз тарафи Бонки милли (маркази) ду назария вучуд дорад. Мувофики назарияи якум, назорат факат аз болои фаъолияти бонкҳое сурат мегирад, ки ба воситаи онҳо хар хел пардохтҳо анчом дода мешавад. Мувофики назарияи дуюм, Бонки милли (маркази) бояд хамаи тарафҳои фаъолияти системаи молиявии бонкҳои саҳомию тичорати, аз чумла бозори ҳоричи, бозорҳои сармоя, инчунин интишор ва фуруши когазҳои киматнокро назорат намояд.

Истифодаи назарияҳои зикршуда дар мамлакати чудогона вобаста ба фалсафаи назорати бонки дар ин мамлакат сурат мегирад ва ба малакаи кормандони умури назорати бонкии Бонки миллии (марказии) он вобастаги дорад.

Дар Чумхурии Тоҷикистон мувофики Конун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», назорати бонки ба ухдаи Бонки миллии Тоҷикистон гузошта шудааст. Мувофики ин Конун Бонки миллии Тоҷикистон барои амали намудани вазифаҳои худ дар сохаи танзим ва назорати бонки, тафтиши бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии гайрибонки ва бахшҳои онҳоро анчом медихад, ба онҳо оид ба бартарафсозии норасоиҳои дар фаъолияташон ошкор кардашуда дастурҳои ичроишашон хатми медихад ва нисбат ба вайронкунандагони коидаҳою конунгузории мамалакат табирҳо меандешад.

Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ё бо супориши он ширкати аудитории мустакил назорати бонки мегузаронад, ки вай хукук дорад хисоботи молияви ва дигар асноди бонкиро тафтиш намояд ва дар ҳолатҳои зарури нусхаи хуччатҳои дахлдорро бигирад.

Дар сурате, ки бонк ё дигар ташкилоти молиявии гайрибонки талаботи конунҳои чумхури, санадҳои меъёри ва амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро риоя намекунад ва дар мухлатҳои мукарраршуда, ахбор пешниҳод намесозад, ахбори нопурра ва носахех пешниҳод менамояд, Бонки миллии Тоҷикистон хукук дорад аз бонк ё дигар ташкилоти карзии гайрибонки бартараф намудани норасоиҳои ошкоршударо талаб кунад, ба микдори то як фоиз аз андозаи сармояи оинномавии хадди акалли он чарима ситонад, ё гузаронидани амалиёти чудогонаро ба мухлати то шаш мох ё дигар мухлат махдуд созад.

То бархам додани бонки саҳомию тичорати, Бонки милли (маркази) чораҳои заруриро оид ба ислох кардани фаъолияти ин бонк ё ташкилоти молиявии гайрибонки меандешад. Яке аз ин чорачуиҳо таъин намудани маъмурияти муваккатй (мудири муваккати) аст. Мудири муваккати барои идора намудани бонк ва ихтиёрдории амволи он дар сурати мавчуд будани як ё якчанд ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:

Дар ҳолате, ки бонк гайри кобили пардохт бошад, яъне бонк аз ухдаи ичрои талаботи амонатгузорон ё пардохти ухдадориҳои худ баромада натавонад, арзиши пассивҳои он аз арзиши активҳояш зиёд бошад;

Бонк ба таври дигар, дар ҳолатҳои хатарнок ё гайри муътадил карор дорад.

Ба мудири муваккати хамаи ваколатҳо, аз чумла нисбати активҳои он, ки раиси бонк ва мудирон доранд, дода мешавад ва хамаи ваколатҳои онҳо худ аз худ боз дошта шуда, ба тартиби мукарраркардаи Конун ба мудири муваккати дода мешавад.

Мудири муваккати баъди таъин шуданаш фавран бояд чунин тадбирҳо андешад:

а) дар хамаи утокҳои кории бонк оид ба мукаррар шудани маъмурияти муваккати бо зикри таърих ва вакти таъин шудани ин маъмурият эълонҳо овезад;

б) хамин гуна эълонҳоро дар махалли мавчудияти бонк бо воситаи ахбор ё дигар навъи муҳобирот ба иттилои муштариёни бонк расонад:

в) ба Бонки милли (маркази) аз ичрои ин корҳо дар мухлати се руз хабар дихад.

Баъд аз анчоми ин корҳо мудири муваккати оид ба идора кардани бонк чанд кори дигарро низ бояд ба анчом расонад, яъне баъзе аз рохбарони бонк ё кормандони онро аз кори бонк барканор созад. Хамаи кулфҳоро иваз намояд, коди компютерҳоро тагйир дихад ва дигар корҳои заруриро барои бемамониат ичро намудани вазифааш анчом дихад.

Мудири муваккати баъди таъин шуданаш дар давоми панч руз оид ба вазъи молияви ва пешомади бонк ба Раёсати Бонки милли (маркази) хисоботи хатти пешниҳод мекунад. Дар рафти тахдили пешомади бонк мудири муваккати тавозунҳои (балансҳои) намунави тайёр намуда, руйхати норасоиҳои мавчударо тартиб медих.ад.

Баъди гирифтани хисоботи мудири муваккати Раёсати Бонки милли (маркази) яке аз карорҳои зеринро кабул мекунад:

а) агар хисоботи мудири муваккати бозҳонда гирифтани ичозатномаи (литсензияи) бонкиро тавсия кунад, Бонки милли (маркази) ичозатномаи бонкиро бозҳонда мегирад, мудири бархамдихии бонкро таъин мекунад ва дар бораи бархамдихии бонк амр медихад;

б) агар хисоботи мудири муваккати накшаи баркарор кардан ё дигаргунсозии сохтори бонкро талаб кунад, мувофики тартиботи муайяншуда Бонки милли (маркази) ё накшаи пешниҳодшударо рад карда, сабабҳои бад шудани онро нишон медихад ва ё накшаи пешниҳодшударо бо тагйироту иловаҳо аз руи салохдиди Раёсат тасдик мекунад ва ба мудири муваккати ичро намудани накшаро супориш медихад.

Агар Раёсати Бонки милли (маркази) ба бархамдихии бонк амр дихад, мудири бархамдихи таъин мекунад. Мудири бархамдихи:

1. Баъди таъин шуданаш якбора вориси хамаи хукукҳои мудири муваккати мешавад ва хамаи амалиёти бонкиро катъ мекунад;

2. Хамаи чораҳои заруриро барои ошкор кардани тамоми активҳо ва амволи бонк меандешад.

Ин гуна чорабиниҳо инҳоянд:

а) тахияи руйхати активҳо ва амволи бонк, ки кобили бархамдихи мебошанд ва тайёр намудани нусхаҳои чунин руйхат барои шинос намудани ахли чамъият;

б) баъди як муддати муайяни шинос шудани ахли чамъият бо ин руйхат, ба фуруш ва ё таксимоти активҳо ва амволи бонк шуруъ мекунад;

в) ба хар муштари, ки моликияти вай дар ихтиёри бонк карор дорад, барои баргардонида гирифтани он хабар медихад ва талаботи онҳоро мувофики дастуруламалҳои мавчуда конеъ мегардонад ва гайра.

Мудири бархамдихи, дар давоми се хафта пай дар пай дар рузномаҳои ба хамаи махалҳои аҳолинишин пахншаванда, ки дар он чо шуъбаҳои бонк амал мекарданд, дар бораи бархамдихии бонк огахинома чоп мекунад. Баъд аз он тартиб ва навбати пардохти талаботи муштариёни бонкро омода сохта, аз хисоби захираҳо ва фуруши амволи бонк талаботи муштариёнро конеъ мегардонад.

1.09K
Нет комментариев. Ваш будет первым!