Вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон, бонки марказии бароришгар (эмиссиягар) ва захиравии Чумхурии Тоҷикистон буда, барои нигох доштани кобилияти харидории пули милли – сомони чораҳои зарури меандешад. Ба ин максад, Бонки миллии Тоҷикистон барои ба таври мунтазам фаъолият намудани бозорҳои пули, карзи ва асъор шароити мусоид фарохам меоварад, системаи бонкии чумхуриро тавсеа дода, фаъолияти онҳоро танзим менамояд. Дар дохили чумхури ва берун аз он системаи пардохтҳоро ташкил ва танзим менамояд, Вазифаҳои асоситарини Бонки миллии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд: тахияи сиёсати пулию карзи ва асъори Чумхурии Тоҷикистон ва дар амал татбик намудани он; гузаронидани тахлили пули ва иктисоди ва ба Хукумати Чумхурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тадбирҳо оид ба танзими муомилоти пули ва рушди иктисодиёт; додани ичозатномаҳо барои фаъолияти бонкҳои нав таъсисёфта; додани карз ба бонкҳои саҳомию тиҷорати; таъмини самаранокии системаи пардохтҳои байнибонки ва дигар ташкилотҳо; ичро кардани ухдадориҳо ва амалиёте, ки аз иштироки Чумхурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналхалки дар сохаҳои бонки, карзи ва пули вобастаанд; тартиб додани тавозуни (баланси) пардохти давлат ва ғайра. Бонки миллии Тоҷикистон барои бонкҳои саҳомию тиҷорати ва дигар ташкилотҳои карзии ғайрибонки захираи пулии хатми муайян менамояд. Хамаи бонкҳои саҳомию тиҷорати ва дигар ташкилотҳои карзии ғайрибонки дар Бонки миллии Тоҷикистон бояд захираҳои пули дошта бошанд. Ба воситаи ин захираҳои пули Бонки миллии Тоҷикистон, аз як тараф микдори пули дар муомилот бударо танзим менамояд ва аз тарафи дигар дар вақти муфлис шудани бонкҳои саҳомию тиҷорати барои кисман ва ё пурра конеъ намудани талаботи амонатгузорон ва пасандоздорон истифода мебарад. Имруз меъёри захираи хатмй 20%-и ухдадориҳои бонкро ташкил медихад. Ин меъёр барои баъзе бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонки метавонад камтар бошад. Амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори озод ба он равона карда мешавад, ки дар вақтҳои зарури чихати танзими микдори пули дар муомилотбуда когазҳои киматноки дар бозорбударо бихарад ва ё когазҳои киматноки худро бифурушад. Дар баъзе ҳолатҳо Бонки миллии Тоҷикистон чихати танзими микдори пули дар муомилотбуда ва сатхи таваррум ба бонкҳои саҳомию тиҷорати махдудиятҳои микдори чори менамояд. Мафҳуми махдудсозиҳои микдори иборат аз он аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон хангоми дар муомилот зиёд шудани пул ва суръат гирифтани таварруми он ба бонкҳои саҳомию тиҷорати барои ба муштариён додани карз худуд муайян менамояд ва бонкҳо ин худудро хатман риоя мекунанд. Бонки миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳое, ки ба салохияташ дохил мешаванд, мувофики Конун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва дигар конунҳои Чумхурии Тоҷикистон, санадҳои меъёри тахия менамояд, ки ичрои онҳо барои идораҳои давлати ва ҳокимиятҳои ичроияи махалли, хамаи бонкҳо ташкилотҳои молиявии ғайрибонки, шахсони хуқуқи ва воқеи хатми мебошад.

281
Нет комментариев. Ваш будет первым!