Қурби асъор Масъалаи табодулпазирии асъор
Яке аз масъалаҳои асосии ҳамагуна низоми асъорӣ ин қурби асъор мебошад. Қурби асъор гуфта инъикоси нархи асъори як мамлакатро бо асъори дигар мамлакат меноманд. Асоси ҳар гуна қурби асъорро бошад – ҳампоягии (паритет) асъорӣ ташкил мекунад. Ҳампоягии асъорӣ гуфта муносибати байни ду асъорро меноманд, ки тавассути қонунгузорӣ муайян карда шудааст. Ҳампоягии асъорӣ ба воситаи сиёсати девалватсионӣ ва ревалватсионӣ тағир дода мешавад. Девалватсия – расман паст кардани қурби асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ё тилло мебошад. Ревалватсия гуфта расман баланд кардани қурби асъори миллиро нисбат ба асъори хориҷӣ ё тилло меноманд. Вазифаи асосии қурби асъор дар он ифода меёбад, ки қурби асъор меъёри асосии самаранокии мубодилаи берунӣ-иқтисодӣ мебошад. Ҳамчун воситаи муқоисаи хароҷотҳои истеҳсолоти дохилию берунӣ, қурби асъор имконият медиҳад, муайян намоем, ки кадом молҳоро дар дохили кишвар истеҳсол кунем, кадом молҳоро содирот намоем ва кадом молҳоро аз беруни кишвар ворид намоем. Ҳамин тавр қурби асъор ба ҳаҷми истеҳсолоти ҷамъиятӣ таъсир мерасонад. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ се шакли тартиботи муқаррар намудани қурби асъор вуҷуд дорад: дар асоси ҳампоягӣ бо тилло (ҳангоми стандарти тиллоӣ); дар асоси низоми мустаҳками қурби асъор; дар асоси низоми қурби шинокунандаи асъор. Ҳангоми стандарти тиллоӣ, қурби мустаҳками асъор, ки дар ҳампоягӣ бо тилло асос меёфт, вуҷуд дошт. Воҳиди ченаки тилло унсияи тройскӣ буд, ки ба 31,1 грамм тилло баробар буд. Масалан, агар таркиби тиллоии фунт-стерлинг 1/4 унсияи тилло ва доллари амрикоӣ 1/20 унсияи тиллоро ташкил медод, пас қурби асъор 1/5-ро ташкил медод, яъне 1 фунт-стерлинг ба 5 доллар баробар мешуд. Ҳангоми ҷой доштани низоми мустаҳкам қурби асъор вобаста ба таркиби тиллоиаш ва вобаста ба доллари амрикоӣ муқаррар карда мешуд. Маслан аз соли 1961 то соли 1991 1 рубли собиқ шӯравӣ ба 0,987672 грамм тилло ва 1 доллари амрикоӣ ба 0,888571 грамм тилло баробар буд. Қурби доллар нисбат ба рубли шӯравӣ чунин буд: 1$( доллар)=0,8996 рубли шӯравӣ. Баъд аз соли 1976, ҳангоме, ки низоми қурби шинокунандаи асъор ба вуҷуд омад, қурби асъор дар асоси арзаю тақозо муайян карда мешавад. Андозаи тақозо ба асъори хориҷӣ аз талаботи мамлакат ба воридоти молу хизматҳо ва хароҷоти сайёҳон вобаста мебошад. Арзаи асъорро бошад, ҳаҷми содирот ва қарзҳо муайян мекунанд. Ба қурби асъор омилҳои гуногун таъсир мекунанд, ки онҳоро шартан ба омилҳои дарозмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва кӯтоҳмӯҳлат тақсим мекунанд. Ба омилҳои дарозмӯҳлат – дараҷаи ҳосилнокии меҳнат дар ин ё он мамлакат, суръати афзоиши МММ ва мавқеи кишвар дар савдои берунӣ дохил мешаванд. Ба омилҳои миёнамӯҳлат – дараҷаи фоизи қарз ба депозитҳо, вазъи тавозуни пардохт бо амалиётҳои ҷорӣ, афзоиши нархҳо дар кишварҳои гуногун дохил мешаванд. Ба омилҳои кӯтоҳмӯҳлат – пеш аз ҳама омилҳои психологӣ дохил мешаванд. Масалан, ақидаи бонкирҳои калон, дилерҳои биржаи асъор ва идоракунандагони амалиётҳои асъории ширкатҳои калон дар бораи ояндаи қурби асъор. Ба қурби пули миллии Тоҷикистон пеш аз ҳама мудохилаи асъории (валютная интервенция) ҳукумат таъсир мерасонад. Моҳияти мудохилаи асъорӣ дар он ифода меёбад, ки Ҳукумат тавассути хариду фурӯши асъор қурби пули миллиро мехоҳад нигоҳ дорад. Барои ин Бонки миллӣ дар биржаи асъор қисмати зиёди асъорро мехарад, ё ин ки мефурӯшад. Ҳаногме, ки Бонкм миллӣ асъорро мехарад қурби пули миллӣ (сомонӣ) паст мешавад ва баръакс ҳангоме, ки Бонки миллӣ асъори хориҷӣ (доллар, евро ва ғайраҳо) мефурӯшад, қурби пули миллӣ баланд мешавад. Мувофиқи таълимоти назарияи иқтисодӣ, шарти асосии пайвастшавии иқтисоди миллӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ин қобили табдил будани арзи миллӣ мебошад. Қобили табдил будани арз – ин қобилияти ивазшавии озоди арзи миллӣ ба арзи дигар давлатҳо мебошад. Асосан шаклҳои зерини қобили табдил будани арзро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Қобили табдили пурра, қобили табдили нопурра, қобили табдили дохилӣ ва қобили табдили берунӣ. Қобили табдили пурра мавҷуд набудани ягон монеаҳоро барои соҳибони дохилию хориҷии арз, ҳангоми содироту воридоти он дар вақти дилхоҳ меноманд. Қобили табдили нопурра гуфта мавҷуд будани монеаҳои гуногунро меноманд, ки ба субъектҳо, объектҳо ва минтақаи гардиши арз дахл доранд. Қобили табдил будани дохилӣ – ин озодона содироту воридот намудан, инчунин гузаронидани маблағҳоро ба хориҷа ва харидани арзи хориҷиро бе монеа, аз ҷониби шаҳрвандони хориҷи кишвар ифода мекунад. Қобили табдили берунӣ – ин озодона соироту воридот намудан, инчунин гузаронидани маблағҳоро ба хориҷа ва хариду фурӯши арзи хориҷиро бе монеа аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ифода мекунад. Имрӯзҳо асъорҳои қобили табдили пурра асосан долларҳои ИМА ва Канада, фунт-стерлинги англисӣ, маркаи олмонӣ, йени ҷопонӣ ва франки Швейтсария ба ҳисоб мераванд.