Фаъолияти бонкӣ ва самтҳои асосии фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ
Нақша:
1.Моҳият ва нақши бонкҳои тиҷоратӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Вазифаҳои бонк ҳамчун категорияи иқтисодӣ
3. Амалиётҳои активию пассивии бонкҳои тиҷоратӣ. Амалиётҳои миёнаравии бонкҳои тиҷоратӣ.
Моҳият ва нақши бонкҳои тиҷоратӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зинаи дуюми низоми бонкии мамлакатро шумораи бештари бонкҳои тиҷоратӣ-саҳҳомӣ ташкил медиҳанд. Вобаста ба вазифаҳои номбаршудаи Бонки миллии тоҷикистон он ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ хизмат намерасонад. Аз ин хотир, бонкҳои тиҷоратӣ асосан бо мақсади хизматрасонӣ ба субъектҳои хоҷагидориву шахсони воқеӣ фаъолият менамоянд. Бонкҳои саҳҳомию тиҷоратӣ қисмати дуюми низоми бонкиро ташкил дода тақрибан 65-70%-и амалиёти бонкиро иҷро менамоянд. Бонкҳои тиҷоратӣ бо ташаҳҳуси муассисон – шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ташкил карда мешаванд ва онҳо тайёранд барои ҳиссагузорӣ ба сармояи ойинномаивии бонк саҳм бигиранд. Ба сифати саҳмдорони бонк шахсони ҳуқуқиву воқеие дохил мешаванд. Ки қонунҳои амалкунанда барои иштироки онҳо дар ташкили муассисаи қарзӣ иҷозат медиҳанд. Ҳиссаи иштироки ҳар муассис аз 65%-и сармояи ойинномавии бонки тиҷоратӣ зиёд буда наметавонад. Бонкҳои амалкунандаи тиҷоратӣ имрӯз мустақилияти иқтисодӣ дошта, озодона метавонанд ба амалиёти бонкии қонунӣ машғул шаванд ва ин омил яке аз шартҳои фаъолияти бонк ба ҳисоб меравад. Вобаста ба он, ки бонкҳои тиҷоратӣ мустақилияти ҷалб намудани амонатро доранду озодона дар бозори қарзӣ фаъолият менамоянд, барои натиҷаи фаъолияти иқтисодии худ масъулият дошта, тамоми таваккали бонкӣ ба дӯши онҳост. Бонки тиҷоратӣ – бо мафҳуми умумиаш шахси ҳуқуқиест, ки мақсади асосиаш гирифтани фоида аз фаъолияти муайяншуда мебошад. Бонкҳо метавонанд дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ бахш ва ё намояндагиҳои худро таъсис диҳанд. Бахш ё намояндагиҳои бонкҳои тиҷоратӣ шахси ҳуқуқӣ набуда, бо супориши бонки асосӣ амалиёти ҷудогонаро иҷро менамоянд. Дар зинаи дуюми системаи бонкии ҶТ мавқеи асосиро бонки тиҷоратӣ ишғол мекунад. Калимаи бонк аз забони итолиёвӣ гирифта шуда, маънояш стол мебошад. Соли 1707 дар майдонҳои калон, ки савдоҳои молу хӯрокворӣ савдо карда мешуд, столҳои калон гузошта мешуд. Дар рӯи он маблағҳои пулӣ гузошта мешуд. Дар шароити ҳозира мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» фаҳмиши бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъриф дода шудааст: Бонк – ин ташкилоти қарзие мебошад, ки барои ҷалб намудани маблағҳо, депозитҳо ва дигар маблағҳои пулӣ аз ин ҳисоб додани қарз аз рӯи принсипҳои бозгаштпазирӣ, музднокӣ ва мӯҳлатнокӣ инчунин барои ҳисобу китоб намудан бо мизоҷ ташкил карда мешавад. Бонк ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, мувофиқи иҷозатномаи Бонки Миллӣ фаъолият намуда дар асоси Конститутсияи ҶТ қонунҳо «Дар бораи бонк ва фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи Бонки Миллии ҶТ» ва «Дар бораи танзими асъорӣ ва назорати асъорӣ» ва инчунин нишондоду ҳуҷҷатҳои нормативии Бонки Миллӣ ва дар асоси оинномаи худ фаъолият мебарад. Бонкҳои тиҷоратӣ — ин чунин шакли бонкҳо мебошад, ки онҳо дар баробари хизматрасонидан ба мизоҷ, мақсади асосии онҳо ҳар чӣ бештар гирифтани фоидаи соф мебошад. Мувофиқи қонуниятҳои мавҷудаи ҶТ барои фаъолият бурдан ҳангоми аз қайди давлатӣ гузаштан ба таври ҳатмӣ аз тарафи Бонки Миллӣ иҷозатномаи махсус дода мешавад. Яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ дар вақти додани иҷозатнома ин мавҷуд будани сармояи уставии он набояд аз 5 млн$, ки мутаносибан ба пули миллӣ ҳисоб карда шудааст, кам бошад. Соли аввал бонкҳо ба шакли ҷамъияти саҳҳомии пӯшида ташкил карда мешавад. Агар бонки тиҷоратии ташкилшуда дар давоми 1 сол безарар фаъолият кунад ва меъёрҳои аз тарафи Бонки Миллӣ муқарар шударо риоя намояд, он гоҳ ба ин бонки тиҷоратӣ иҷозат дода мешавад, ба ҷамъияти саҳҳомии шакли кушода табдил ёфта, хизматрасонии худро васеъ намояд. Мақсади асосии ташкилкунандагон ва иштирокчиёни бонкҳои тиҷоратӣ аз инҳо иборат аст: соҳиби бонк – тараққӣ додани бонк. роҳбари садорати бонк – самарнок бурдани кори бонк. саҳмичиён – зиёд кардани даромади бонк коркунони бонк – зиёд кардани даромади музди меҳнат, мукофотпулӣ ва имтиёзҳо. саҳмгузорон – устувор ва мӯътадил кор кардани бонкҳо қарзгирандагон – кам шудани фоизҳои қарзӣ ва зиёд гирифтани қарзҳо. мизоҷон – беҳтар шудани сифати хизмат ва кам шудани қарзҳо. давлат – аз бонк риоя намудани қонуниятҳо ва фаъолияти устувори бонкҳо. Дар ҶТ дар зинаи дуюм бонкҳои шакли зерин мавҷуд мебошанд: бонкҳои тиҷоратӣ. Бонкҳои омехта(давлатӣ бо шахсӣ, бонкҳои тиҷоратӣ бо давлатӣ, бонкҳои тиҷоратӣ бо бонкҳои хориҷӣ). Намояндагии бонкҳои хориҷӣ. Бонкҳои омехта – аз ҳисоби маблағгузории давлат ва бо якҷоягии саҳмчиёни шахсони алоҳида ё корхонаҳо ташкил карда мешавад. Масалан: Агроинвестбонк, Ориёнбонк, Тоҷиксаноатбонк, Тоҷиксодиротбонк аввалан 100% бонки давлатӣ буданд, дар натиҷаи як қисми саҳмияи онҳоро мизоҷони доимӣ ва дигар саҳмчиён харидаанд ва бонки тиҷоратии омехта табдил ёфтааст. Ба иҷозати Б.М.Ҷ.Т. бонкҳои хориҷӣ метавонанд, дар ҳудуди ҶТ бахши бонкҳои худро ташкил кунанд. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, ҳоло дар шаҳри Душанбе бахши бонки тиҷоратии давлати Исломии Эрон мавҷуд мебошад. Сармояи уставии ин бонк ба санаи 1 сентябри соли 2008 18 млн 758 ҳазор 668 сомонӣ мебошад. Ба ғайр аз бонкҳои тиҷоратӣ инчунин ҳафто ҷамъияти қарзӣ ва шашто ҷамъияти молиявии ғайрибонкӣ ва қариб 30 адад фондҳои қарзии хурд диҳанда мавҷуд мебошад. Ташкилотҳои қарзӣ ва молиявии ғайрибонкӣ инчунин фондҳои хурди қарздиҳанда асосан ба аҳолии ҶТ қарзҳои хурд медиҳад. Бонки рушду тараққиёти Европа, Бонки Рушди Осиё, Бонки Исломӣ, Бонки Ҷумҳурии халқии Хитой, ин ташкилотҳоро бо маблағҳои зарурӣ барои қарз додан аҳолии ҶТ таъмин менамоянд. 3. Амалиётҳои бонки тиҷоратӣ. Мувофиқи қонунҳои дар боло зикр шуда, бонкҳои тиҷоратӣ амалиётҳои зеринро иҷро мекунанд: Қабули депозитҳои шахсони ҳуқуқӣ. Қабули депозитҳои шахсони воқеӣ. Барои мизоҷон кушодани суратҳисобҳо ва бурдани амалиётҳо. Барои дигар бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ кушодани суратҳисобҳои кореспандентӣ. Амалиётҳои хазинавӣ. Қабул, шуморидан, ивазнамудан, нигоҳ доштан ва ҷой ба ҷой намудани пулҳои қоғазин ва тангаҳо. Амалиётҳои маблағгузаронӣ, яъне бо супоридани шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ гузаронидани маблағҳои пулӣ. Амалиётҳои ҳисобу китоб, аз он ҷумла ҳисобу китоб кардани арзишҳои векселҳо ва дигар ӯҳдадориҳои қарзии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ. Амалиётҳои қарзӣ, яъне ба шакли пулӣ додани қарзҳо. Маблағгузории молиявии объектҳои сохтмон. Амалиётҳои трастӣ, яъне бо супориши шахси боварикунанда маблағҳои пулӣ ва қоғазҳои қимматноки ӯро ба манфиати шахси боварикунанда идора кардан. Амалиётҳои клирингӣ, яъне ҷамъ намудан, ба тартиб андохтан, санҷидан ва тасдиқ намудани воридшавии маблағҳои байни ҳамдигар ҳисоб шаванда. Амалиётҳои сейфӣ, яъне хизматрасонӣ барои нигоҳ доштани қоғазҳои қимматнок ҳуҷҷатҳои пулӣ ва ба иҷора додани сейфҳо ба мизоҷон. Амалиётҳои ломбардӣ, яъне додани қарзҳои кӯтоҳмуддат ба гарав мондани қоғазҳои қиммтанок ва металҳои қимматбаҳо. Барои актсепт ва ба тариқи инкасавӣ қабул намудани ҳуҷҷатҳои пулӣ аз он ҷумла аккредитивҳо. Барориши карточкаи маблағпардохткунанда. Инкасатсия ва ба дигар бонкҳо ва мизоҷ фиристодани маблағҳои пули қоғазин тангаҳои нақд ва дигар ашёҳои қимматбаҳо. Ташкил ва иваз намудани асъор. Амалиётҳои активии бонкҳои тиҷоратӣ – ин чунин амалиётҳое мебошанд, ки бонкҳои тиҷорати маблағҳои пули худро барои гирифтани фоидаи соф ба дигар бонкҳо ва мизоҷон медоданд. Амалиётҳои активӣ ба чунин гурӯҳ ҷудо мешавад: амалиётҳои қарзӣ – ин муносибатҳои байни қарздиҳанда ва қарзгиранда мебошад, ки аз рӯи шартҳои мӯҳлатнокӣ, бозгаштпазирӣ, таъминотӣ ва музднокӣ дода мешавад. амалиётҳои ҳисобу китобӣ – ин амалиётҳо оид ба суратҳисоб қабул намудани пули мизоҷ ва аз ҳисоби пули ӯ ва бо супориши ӯ гузаронидани маблағҳои ӯ мебошад. амалиётҳои хазинавӣ – ин амалиётҳо оиди қабул ва додани пули нақд ба мизоҷ мебошад. амалиётҳои маблағгузорӣ – ин чунин амалиётҳое мебошад, ки бонкҳои тиҷоратӣ бо маблағҳои худ қоғазҳои қимматноки дигар ташкилотҳои ғайрибонкӣ ва ё коорпоратсия ширкатҳоро мехаронад. амалиётҳои гаравӣ, кафолатдиҳӣ – ин чунин амалиётҳое мебошанд, ки бонкҳои тиҷоратӣ дар назди шахсони сеюм барои қарзи гирифтаи онҳо кафолат медиҳанд. Ба амалиётҳои пассивии бонки тиҷоратӣ он амалиётҳое дохил мешаванд, ки бо воситаи онҳо бонкҳо захираҳои моли худро ташкил мекунад. Захираҳои моли бонкҳои тиҷоратӣ аз 2 манбаъ иборат мебошанд: манбаҳои моли худӣ; манбаҳои моли ҷалбшуда; Ба манбаҳои молии худӣ инҳо дохил мешаванд: сармояи уставии бонк; сармояи захиравии бонк; фоидаи софи бонк; Сармояи уставии бонк ҳангоми ташкилкарда ва аз қайди давлатӣ гузаронидани бонкҳои тиҷоратӣ аз тарафи саҳмчиёни он ба тариқи пулӣ ва натуралӣ саҳмгузорӣ карда мешавад. Сармояи захиравии бонки тиҷоратӣ ҳангоми фаъолияти якчанд солаи бонкҳои тиҷоратӣ аз ҳисоби фоидаи соф ба фоидаи тақсимнашудаи бонк барои ҳолатҳои фавқулода сармояи захиравӣ ташкил карда мешавад. Ҳар як бонки тиҷоратӣ мақсади асосӣ дорад, ки он ҳам бошад фоидаи софи зиёд гирифтан баъди он, ки аз фоидаи соф ба буҷети давлатӣ андоз супорида шуда, дар асоси қарори маҷлиси саҳмчиён дивидентҳо (ҳақулсаҳм) ба аъзоёни бонк, яъне саҳмичиён тақсим карда мешавад, фоидаи боқимондаи тақсимношуда, ҳамчун манбаи молиявии худи бонк баромад мекунад. Ба манбаҳои молии ҷалбшаванда инҳо дохил мешавад: маблағҳои пули дар суратҳисобҳои депозитивии дархостшавандаи мизоҷон мавҷуд буд. маблағҳои пули қарзӣ, ки аз Бонки Миллӣ, дигар бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ва бонкҳои байналхалқӣ гирифта шуда. аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ баровардани қоғазҳои қимматнок ба монанди саҳмияҳо, сертификатҳои депозитивӣ, векселҳо ва дигар қоғазҳои қимматнок. Асосан бонки тиҷоратӣ зиёда аз 90% бо маблағҳои ҷамъшуда фаъолият мебарад. Масалан, мувофиқи маълумотҳои Бонки Миллии ҶТ ба санаи 1 октябри соли 2006 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ дар суратҳисобҳо ба маблағи 863 млн сомонӣ маблағ гузошта шудааст, аз он ба асъори миллӣ 253 млн сомонӣ бо асъори хориҷӣ 603 млн сомон, аз ин маблағҳо аз тарафи шахсони ҳуқуқии корхонаҳо 602 млн сомонӣ аз он бо асъори хориҷӣ 311 млн. Аз тарафи шахсони инфиродӣ 253 млн аз он бо асъори миллӣ 41 млн ва асъори хориҷӣ 212 млн. Бонкҳои тиҷоратӣ барои ба мизоҷон қарз додан аз Бонки Миллӣ, бонкҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ бо фоизҳои кам қарз гирифта ҳаққи хизмати худро алоҳида гирифта ин чунин бо назардошти фоидаи софи худ ба мизоҷ қарз медиҳад, ҳисоби миёнаи фоизи қарзи бонкҳо дар ҶТ 2,5-3% — и моҳона 30-36% — солона мебошад. Агроинвестбонк, Ориёнбонк, Содиротбонк ва Бонки Эсхата аз тарафи ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ эътироф карда шуда, ба онҳо барои ба мизоҷон додан ба маблағи зиёда аз 15 млн $ бо фоизҳои паст захираҳои қарзӣ ҷудо карда шудааст. Ба амалиётҳои комиссионии бонки тиҷоратӣ инҳо дохил мешаванд: амалиётҳо оид ба хизматрасонии суратҳисобӣ ва хазинавӣ. амалиётҳои арзӣ ва суратҳисобҳои арзӣ. амалиётҳо бо қоғазҳои қимматнок, бонкҳо ва дигар корхонаҳо. амалиётҳои трастӣ ё, ки боварикунанда. амалиётҳои хизматрасонии сейфӣ ва ломбардӣ. амалиётҳои барориши чекҳо, кортҳои пластикӣ ва дигар намудҳои хизматҳо амалиётҳои лизингӣ ва факторингӣ.