Марҳалаҳои ташаккул, густариши ҳикмат ва андешаҳои иқтисодӣ

Тафаккури иқтисодӣ ҳамсолу ҳаммаслаки ҷомеаи инсонӣ буда, баробари эҳё ва ташаккули воситаҳои меҳнат, зина ба зина тӯли қарнҳои зиёд инкишофу таҳаввул ёфтааст. Афкори иқтисодӣ, дар ибтидо, ҳамчун падидахои алоҳидаи ҳикмат ва андешаҳои гусаста ташаккул ёфта, аз ҷониби донишмандон ва мутафаккирон аҳёнан собит карда шудаанд ва онҳоро дар шакли том муттаҳид кардан номумкин аст.

Азбаски «афкори иқтисодӣ» ва «таърихи иқтисод» ҳамчун фанни таълимию тахассусӣ дар мактабҳои олӣ омӯхта мешаванд, мо барои муайян кардани нақш ва мақоми «назарияи иқ-тисод» дар олами илми иқтисод, фақат бо роҳу равиши эҳёву инкишоф, қонуну қонуниятҳои таҳаввули ҷараёнҳову ҳодиса-ҳои мавҷудаи иқтисодӣ, робитаи мутақобилаи онҳо дар Зина-ҳои гуногуни рушди ҷамъият таваққуф кардем. Аз ин лиҳоз, зарурат ба таҳлилу тадқиқи он аз диди маҳдуди таърих ва имрӯз ба миён омад, ки ба чанде аз онҳо муроҷиат хоҳем кард.

Юнони Бостон. Тибқи назардошти мутафаккирон, заминаҳои ибтидоии афкори иқтисодӣ ҳанӯз дар Юнони Қадим, дар достонҳои Ҳомер «Одиссея» ва «Иллиада» (асри X-VIII пеш аз милод) пазируфта шудаанд. Дар онҳо асосан хусусиятҳои хоҷагидории муқаррарӣ (натуралӣ), бозор, пулу сарват, тиҷо-рат, деҳқонию ҳунармандӣ, тавсифи сохти ғуломдорию идораи он, гузаронидани ислоҳотҳои хоҷагӣ ва ғайра ситоиш ёфтаанд.

Минбаъд, андеша ва ҳикматҳои иқтисодӣ, мушаххасан, аз ҷониби Ксенофонт, Платон ва Аристотел ҳидоят карда шудаанд.

Ксенофонт. Дастуреро бо номи “Истеҳком” ё худ “Экономикс” оиди идора кардани фаъолиятҳои хоҷагидорию хонаводаи ғулому ғуломдор пешкаш кардааст. Он ҳамчун санъат (қо-нун) перомуни танзим ва тарзу услуби идораи фаъолияти хоҷа-гидорӣ дар доираи оила (хона, хоҷагӣ) тавсиф карда мешавад.

Мувофиқи ақидаи Ксенофонт, хонадорӣ ва афзунгардонии он дар асоси услубҳои манфиатнокӣ, ҳавасмандӣ ва маҳорати ғулом асос меёбад. Асоси рушди ҷомеаро соҳаи кишоварз, меҳнати ғулом ва сарват (андӯхт) ташкил медиҳад.

Платон (Афлотун). Дар рисолаи худ “Давлат” ва “Қонунҳо” таҳлили амиқи тақсими меҳнат, моликияти хусусӣ, мубодилаи хусусӣ, тафриқабандии синфҳо, хоҷагиву хоҷагидорӣ, муносибатҳои пулию молиявӣ ва дар ин асос ташкил шудани давлат, идора ва танзими онро тавсиф медиҳад.

Тибқи ақоиди ӯ асоси ташкили шаҳру давлатро талабот (хӯрока, сару либос, хонаю ҷой) ташкил медиҳад. Давлат тамоми фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро муайян мекунад. асоси истиқрорро “мадинаи фазилатҳои” муайян (озодии инсон, истиқрори давлати ғуломдорӣ, истеъмоли коллективӣ ва зиндагӣ кардан дар лагерҳо ва ғайра) ташкил медиҳад.

Вай тарафдори тақсимоти баробар, доштани сарвати баробар, зану кӯдакони умумӣ, моликияти хусусӣ, тарзи абадан нигоҳ доштани ғуломию ғуломдорӣ мебошад.

Дар ҷомеаи нисбатан хаёлии пешниҳодкардаи ӯ, ҳар кас бояд мувофиқи табъ, истеъдоди табии худ ба коре шуғл варзад.

Аристотел (Арасту). Дар китоби худ “Сиёсат ва илми ахлоқ”, ба тарзу услуби идораи мамлакат, навъи мамлакат, навъи ҳукумат, хусусиятҳои молу пул аҳамияти хосае додааст.

Мувофиқи ақидаи ӯ, ғуломдорӣ табиатан бояд вуҷуд дошта бошад. Он аз ғулому ғуломдор, шаҳрвандон, сарбозону канизон, ҳукмронон ва кишоварзон иборат буда, аз ҷониби табақаҳои мутавассит (миёна) идора карда мешавад.

Аристотел таҳти иқтисод муносибатҳои одамонро оиди нафнокии чизҳо, истифодаи сарват ва мубодила мефаҳмад. Вай аз ҷумлаи олимоне мебошад, ки якумин шуда оиди хусусиятҳои духелаи мол (арзиши истеъмолӣ, арзиш), ягонагии молу маҳсулот ва арзиши мубодилавии онҳо маълумот додааст.

Чини Бостон. Чин яке аз кишварҳои мутамаддини дунё аст, ки ба оламиён ихтироотҳои қутбнамо, нақшаҳои ҷуғрофӣ, борут (шӯраи таркандаи гӯгирд ва ангишт), қоғаз ва ғайра додааст, ки бешубҳа мояи рушду камоли иқтисод мебошанд.

Равияҳои иқтисодии ин диёр ҳамчун ҷанба ва рукнҳои мактаби Конфусиюс, легизм, даосизм ва ғайра (VI — III то қарни мо) ташаккул ёфтааст. Ақоид ва ҳикматҳои мактабҳои мавҷуда одатан ба такмил ва рушди манбаҳои моддию ахлоқии (қоидаву қонунҳои) ҳаёти инсонӣ, рушди маънавии инсон, тақсими одилонаи неъматҳои моддӣ, танзими давлатии иқтисод ва ғайра бахшида шудаанд.

Тибқи ақоиди онҳо, асоси идораи давлатро ақлу заковат, хирад, иззату эҳтиром, ҳурмат нисбат ба калонсолон, дӯстӣ ва рафоқат ташкил медиҳад. Давлат ҳамчун оилаи бузург ва ҳукуматдорон «падари халқ» тасаввур карда мешавад. Халқ қувваи асосии давлат буда, ҳадафи он хӯрондан ва пӯшондани табақаҳои болоӣ мебошад. Сиёсати иқтисодии давлат ба услуби сегона — сарфакорӣ, пурра таъмин кардани талаботи аҳолӣ ва ташкили истифодаи оқилонаи захираҳо асос меёбад.

Ҳиндустони қадим. Афкори иктисодӣ дар ин диёр, чун ақоид ва рукнҳои гуногуни динию фалсафавӣ ва илми дар достону ёдгориҳои таърихӣ, хусусан “Архашастра”, динҳои Брахма, Буддо, китоби “Веда” ва назарияҳои мухталифи илмию фалсафавии Веданта, Няя, Вешешика, Санхия ва ғайра ифшо шудаанд.

Ақидаҳои иқтисодӣ бештар дар «Архашастра» назаррас мебошад. Он ҳамчун илм дар бораи манфиат, ҳаёти муқар-рарию таҷрибавии одамон, масоили танзим ва идораи давлат, нақш ва мақоми маъмурият, ҳавзаҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ, сиёсати дохилию бурунмарзӣ, тарзу услуби ташкил ва пеш бурдани хоҷагиҳои шахсӣ, андозу андозбандӣ, нақши молия дар ташаккули хазинаи давлат, назорату истифодаи он, сармоягузорию самараи он ва ғайра баҳс мекунанд.

Кишварҳои Шарқ. Дар мамлакатҳои Шарқ (Арабистон, Миср, Ирон,), гарчанде мактабҳои махсуси иқтисодӣ вуҷуд надошта бошанд ҳам андеша ва ҳикматҳои иқтисодӣ дар шакли пароканда ва гусаста дар ёдгориҳои таърихӣ, пандномаҳову достонҳои афсонавӣ арзи вуҷуд доштанд. Дар онҳо падидаҳои мухталиф оиди сохти давлатдорӣ, хонадорӣ, танзими тавлиду истеъмол, сарват, молиёт, бозор, ҳаёти иҷтимоӣ ва ғайра андӯхта шудаанд.

Яке аз мутафаккирони барҷастае, ки дар ҷодаи ҷанбаҳои муҳимтарини иқтисод ҷонбозиҳо кардааст, Ибн-Ҳалдун мебошад. Шоҳкориҳои илмию адабии вай дар рисола оиди “Китоб-ул-ибар” (китоби мисолҳои ибратомез), китоби “Муқаддима” ва ғайра маъзури мо гаштаанд. Хушбахтона, тавсифи илмии “Му-қаддима” аз ҷониби профессор Б. Исоматов дар китобчае бо номи “Ибн-Ҳалдун оиди асосҳои иҷтимоию иқтисодии равнақи тамаддун”1 дастраси хонандагон гаштааст. Дар ин асар, Ибн Ҳалдун оиди зинаҳои рушди иқтисод (давраи ваҳшигӣ ва тамаддун), ҷанбаҳои аз тарафи одамон азхуд кардани ҳаёт, хислатҳои табиии ҷохилия ва тамаддун, эҳёи давлату иқтидори он, гирдовардии андозҳову омилҳои муайянкунандаи он, тақсими меҳнат ва маҳсулнокии он, нархҳо, арзиши меҳнату андӯхт, даромаду музди меҳнат ва ғайра фикрронӣ кардааст.

Бояд тазаккур дод, ки тадқиқотҳои ӯ дар хусуси давраҳои рушди иқтисод, тақсими ҷамъиятии меҳнат, хусусиятҳои молу маҳсулот, «оид ба давлат, ҳаёти одамон (айш, маишат), молияву андоз, арзишу нарх, меҳнат, инкишофи истеҳсолоту истемолот, тиҷорат ва амсоли онҳо ба ақидаҳои марксистии дар асрҳои XIX-XX комилан паҳнгашта мувофиқат карда, комёбиҳои илмиаш нисбати илмҳои ҷомеашиносии Европоӣ 300-400 сол пештар пешниҳод шудаанд»1.

Қуръони Шариф. Қуръон соф китоби иқтисодӣ нест. Масоили иқтисодӣ ва иҷтимоиёт дар сура ва оятҳои он, бо таври кандаю пароканда, ҳамчун панду ҳикмат ё худ дастурамал баррасӣ шудаанд. Таҳлил ва тафсири сураю оёт, ҳадисҳои пайғамбар ва дигар махзанҳои мавҷудаи ислом аз он дарак медиҳад, ки масоилҳои иқтисодию иҷтимоӣ мустақиман тибқи хости худованд сурат мегиранд. Тавдид (истеҳсол), тавзеҳ (тақсим), масраф(хароҷот)-и неъматҳову сарват бояд мувофиқи меъёр ва услубҳои муайян таҳсис ёбанд. Сарватҳои иқтисодӣ, ки асоси ҳастии инсонианд, офарида ва амонати худованд мебошанд ва инсон ҳақ надорад онҳоро ғайри маврид бо ҳавою ҳаваси худ истифода кунад. Сарват бояд фақат аз роҳҳои шаръӣ ва ҳалол ба даст оварда шавад ва ҳар гуна равишҳои ҳаром тарк карда шаванд. Марзи ҳалолу ҳаромро танҳо Оллоҳ таоло ва Расули ӯ муайян мекунанд.

Ислом корро мӯҳтарам мешуморад, касеро, ки аз дастранҷи худаш ғизо мегирад ситоиш менамояд ва ба ӯ иҷозати соҳибӣ кардан ба дастмуздии худ медиҳад. Аз назари Пайғамбари ислом беҳтарин таом таомест, ки аз дастранҷи худи инсон ба вуҷуд омада бошад.

Пайғамбар беҳтарин бандаи худовандро касе медонад, ки дорои ҳунаре бошад, то ки битавонад дар натиҷаи арзаи он ба ҷомеа дастмузде биоварад ва онро дар роҳи таъмини сарфи зиндагии худ ба кор барад. Зеро дар ин сурат ҳам ба ҳоли худ ва ҳам ба ҳоли ҷомеа ҳарду нафъе мерасад. «Он ки маоши шарофатмандона дорад, маҳбуби худост».

Ислом касонеро, ки аз пардохти ҳаққи коргар худдорӣ мекунанд душмани худо медонад. Чуноне, ки Пайғамбари ислом фармудааст: «Касе, ки дар музди коргаре зулм кунад, худованд амали ӯро нобуд хоҳад кард ва бӯи биҳиштро бар ӯ ҳаром хоҳад намуд». Худованд, тибқи ҳадиси Пайғамбар, се касро душмани худ медонад: касе, ки ба ҷои некӣ душманӣ барангезад; шахсе, ки аз пули фурӯши афроди озод истифода намояд; касе, ки музди коргари худро надиҳад. То ҳатто таъкид шудааст, ки «музди коргарро пеш аз он ки арақи ӯ хушк шавад, бипардозед».

Ҳам дар Қуръон ва ҳам дигар махзанҳои ҳуқуқшиносии ислом тибқи ҳодисаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ривоятҳои зиёде мавҷуданд, ки онҳо ҳадду ҳудуд, услуб ва роҳҳои истеҳсолу мубодилаи мол, сирату афзоиши он, тақсиму истеъмол, масрафу даромад, закот ва ғайраро муайян мекунанд (15, 21).

Дар Қуръони маҷид оиди тиҷорат ва касби ҳалол, эҳтиёҷ, ниёзмандӣ, закот, порахӯрӣ, дороию бенавоӣ, андӯхту сарват, масрафу даромад, моликият, муомилоту бозор, андозу андозгирӣ ва ғайра тавсияҳои зиёде дода шудааст.


1 Б. Исоматов. Ибн-Ҳалдун оиди асосҳои иҷтимоию иқтисодии равнақи тамаддун. Душанбе, 1999, с. 23.

1 Ҳамин ҷо.

292
Нет комментариев. Ваш будет первым!