Моликият — ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ. Субъект ва объекти моликият

Дар ҳаёти муқаррарӣ, инсон бидуни донишҳои иқтисодӣ, вожаҳои молу мулк, мулкдорӣ, чиз, неъмат, соҳибмулк (молик) ва ғайраро дар як қатор гузошта, онҳоро чун моликият тасаввур мекунад.

Моликият инсонро ба равандҳои аслию воқеӣ, табии манфиатнок будан, нисбат ба чизҳову ҳодисаҳо ҳавасманд мегардонад. Он дорои мазмуни моддӣ буда, дар доираи муайяни муносибатҳои иқтисодӣ — азонихудкунӣ ва соҳибӣ кардани неъматҳои моддӣ ва маънавӣ сурат мегирад.

Агар чиз (мол, маҳсулот, неъмат, захира…) дар ҳолати харҷу марҷ, яъне бесарусомонӣ ва табиию воқеии худ боқӣ монда, аз ҷониби одамон (субъектҳои иқтисодӣ) истифода карда нашавад, он гоҳ он ҳамчун моликият эътироф карда намешавад. Аз ин ҷо бармеояд, ки моликият, пеш аз ҳама муносибат мебошад.

Ин муносибатҳо ҳамчун муносибатҳои доимию устувор ва такроршаванда оиди соҳибӣ ва азони худ кардани захираҳои маҳдуди ҷомеа ба амал бароварда мешаванд. Аз ин лиҳоз, дар адабиёти иқтисодӣ он алоқамандӣ ҳамчун қонун эътироф карда шуда, мафҳумҳои соҳибӣ, истифода, азони худкунӣ, дурсозӣ ва ғайра ба ҳайси қонунҳои иқтисодӣ пешбарӣ карда мешаванд.

Инсон, дар олами иқтисод нисбат ба ҳодиса ва чизҳо, ҳамеша вобастагӣ ва алоқамандӣ ҳис намуда, оиди нигоҳ доштан ва оқилона истифода кардани онҳо андеша мекунад. Ин ҳамбастагии байни инсону табиат, инсону ҷомеа, инсон ба инсон дар аснои аз ҳам ҷудо будан, дур сохтани чизҳо ҳамчун молик, муносибатҳои хунукназарона рафтор кардан ё худ хӯҷаин ва соҳиб (молик) буданро нисбат ба онҳо ба миён меоварад.

Ин тариқи рафтор нисбат ба олами неъматҳову захираҳои иқтисодӣ, хусусиятҳои бунёд ва ташаккули низомҳои иқтисодиро муайян мекунад. Бо ифодаи дигар шакл, намуд, характери муомила (муносибат) ва сирати субъектҳои ҳуқуқии моликият, хусусиятҳои зоҳирӣ ва фарқкунандаи низомҳои иқтисодиро муайян мекунанд. Аз ин лиҳоз моликият, мояи ғизодиҳанда ва шоҳсутуни низоми иқтисодӣ ҳисобида мешавад.

Моликият ҳамчун зуҳури кулли муносибатҳои истеҳсолӣ ва субъекти ҳуқуқ, аз замони Ҳазрати Одам то кунун арзи вуҷуд дорад. Он пеш аз ташаккули илми иқтисод, алалхусус назарияи иқтисод ба миён омадааст.

Моликият ҳамчун мафҳум ҳанӯз дар давраи иқтисоди суннатӣ (общинаи ибтидоӣ) истифода шудааст. Сароғоз, он ҳамчун объекти ҳуқуқ оиди истифодаю азхудкунӣ ва соҳибӣ кардани чизҳо дар қонунҳои давлати Руми Қадим ба чашм мерасад.

Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки таи ҳазорсолаҳо муносибатҳои ҳуқуқии моликият нисбат ба муносибатҳои иқтисодӣ бартарӣ доштанд. Зеро заминаи айнии (объективии) иқтисод (соҳа ва ҳавзаҳои алоҳидаи он) ва дараҷаи ҷамъиятигардонии он нисбатан паст буд.

Маҳз, таҳаввули шаклҳои моликият дар шароити саноатгардонии даврони сармоядорӣ, яъне инкишофу пешрафти шаклҳои моликияти хусусӣ, ташаккули фаъолияти хоҷагидорӣ, густариши шакл ва намудҳои гуногуни соҳибкорию бизнес, амиқ гаштани раванди тақсимоти капиталистии меҳнат, тахсис, кооператсияи меҳнат, истеҳсолоти калони мошинӣ дар ҷаҳони капитализм имкон дод, ки мазмун ва мундариҷаи муносибатҳои иқтисодии моликият ба қатори муносибатҳои ҳуқуқӣ ба саҳнаи “рақобат” бароянд ва минбаъд мустақилу мустаҳкам гарданд.

Аз ҳамин давра сар карда, байни иқтисоддонону ҳуқуқши-носон оиди ҷанбаҳои умдаи он баҳсу мунозира идома дорад.

Таҳлилу тадқиқ нишон медиҳад, ки тазоди байни онҳо, асосан оиди масоили субъект ва объекти ҳуқуқи моликият қарор дорад.

Ба сифати субъекти моликият — на фақат шахсиятҳову ташкилотҳои мутасаддӣ, балки субъектҳои номуайян низ номбар карда мешаванд. Масалан, давлат, ё худ ҷомеа ва ғайра. Дар асл ҷизҳоро на давлату ҷомеа, балки аз номи онҳо ташкилотҳо, вазоратҳо ва ашхосони алоҳида, бевосита соҳибӣ ва азони худ мекунанд. Бо ибораи дигар, субъектҳои моликият онҳое бояд бошанд, ки қобилият ва нерӯи объектҳои иқтисодиро соҳибӣ кардан дошта бошанд.

Мувофиқи низомнома, дастурамал ва қонунҳои ҳуқуқии мавҷуда, чунин ҷузъиятҳои субъекти моликият номбар карда мешаванд: фард (шахс), шаҳрванд (гражданҳо), оила, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, коллективҳои истеҳсолӣ, халқ (мардум), ташкилоту вазоратҳои идоракунанда ва ғайра. Маҳз, инҳо қодиранд дар ҷомеа ҷанбаҳои ҳуқуқии моликиятро нисбат ба объекти моликият амалӣ гардонанд.

Объекти моликият — чиз ва воситаҳое мебошанд, ки мустақим ё ғайри мустақим аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ аз худ карда мешаванд. Ба ҷумлаи онҳо предмет ва воситаҳои меҳнат — замин, захираҳои табиат, ашё, материал (мавод), қувваи барқ, иттилоот, молу мулк, пул, қоғазҳои қимматнок, қувваи коргарӣ, маҳсули маънавӣ ва мадании инсон… дохил карда мешавад.

Дар асоси хусусиятҳои иттисоли субъект ва объекти моликият метавон моҳият ва мазмуни иқтисодии худи моликиятро муайян намуд.

553
Нет комментариев. Ваш будет первым!