Тамсилаҳои кунунии истеҳсолоти молӣ (бозорӣ)
Дар шароити ҳозираи истеҳсолоти молии капиталистӣ, дар кулли ҳавзаҳои иқтисод, дар шаклу намудҳои гуногун — картел, синдикат, трест, консерн, ширкатҳову корпоратсияҳо, конгломератҳову ширкатҳои саҳҳомию фаромиллатӣ ташкил ёфта, самт ва равиши рушди иқтисоди мамлакатро муайян месозанд.
Бояд иқрор шуд, ки ин тарзу услуби марксистии тафриқа-созии истеҳсолоти молии капиталистӣ барои капитализми клас-сикӣ (капитализми томонополистӣ) мувофиқтар мебошад. Аз ин лиҳоз, он дар байни иқтисоддонони муосири Ғарб начандон дастгирӣ меёбад.
Қисме аз донишмандони соҳаи иқтисод таҳлили истеҳсо-лоти молиро дар мояи иқтисоди бозорӣ қарор дода, шакл ва тамсилаҳои навтарини онро пешниҳод менамоянд. Тибқи ақи-даи баъзе аз онҳо, ба ҳар як шакли бозор шакли мушаххасу мусоидтарини истеҳсолоти молӣ бояд мувофиқ бошад. Аз ин ҷиҳат онҳо чунин шаклҳои бозорро пешбарӣ менамоянд: бозори сустбунёд (инкишофнаёфта), бозори озод, бозори мураттаб (танзим-шуда), бозори номураттаб (матруқ, деформатсияшуда) (2, 34-38).
Муаллифон ба ҳар як навъи бозор чунин тамсилаҳои махсуси истеҳсолоти молиро тавсия мекунанд (ниг. нақшаи 11):
1.Таҳти истеҳсолоти молии бозори сустбунёд, асосан истеҳ-солоти оддии молӣ фаҳмида мешавад (хусусиятҳои он дар боло ба таври возеҳ шарҳу эзоҳ дода шудаанд).
Истеҳсолоти молии бозори озод ё худ истеҳсолоти молии равнақёфта дар асл ба иқтисоди бозорӣ мусоидат намуда, тибқи қонуну қонуният ва механизмҳои он амал мекунад. Дар ин маар-ҳала ҳамаи маҳсулоти меҳнат, омилҳои истеҳсолот, алалхусус, қувваи коргарии инсон ба мол табдил меёбад. Ба ҷои меҳнати шахсии молистеҳсолкунанда меҳнати кироя истифода шуда, қисми зиёди маҳсулот на барои қонеъ гардонидани талаби худ, балки барои бозор — хариду фурӯш пешниҳод карда мешавад.
Ба ин марҳала рақобати озод хос мебошад, ки ба давраи капитализми рақобати озод, ё худ «иқтисоди озод» мусоидат менамояд. Он бидуни дахолати давлат сурат мегирад ва аз ин ҷиҳат баъзан онро капитализми соф меноманд.
Густариши ҳамаҷонибаи низоми бозор ва нарх, ба эътидол даровардани фаъолияти хоҷагидорӣ — хусусияти ин марҳала мебошад. Иқтисоди бозорӣ таърихан дар давраи истеҳсолоти мошинӣ эҳё ва густариш меёбад. То ин давра истеҳсолоти молӣ бидуни иқтисодиёти бозорӣ ташаккул меёфт.
- Истеҳсолоти молии бозори мураттаб — иқтисоди ин давра аз сектори хусусию давлатӣ иборат буда, вазни қиёсии онҳо дар истеҳсол, тақсим, мубодила ва истеъмоли захираҳову неъматҳои моддӣ дар мамлакат баланд мебошад. Нақши давлат дар иқти-сод намоён буда, ба раванди бозор халал намерасонад. Бозор дар чорчӯбаи «дастҳои ноайён» фаъолият мебарад. Бозори мураттаб феълан дар шароити монополикунонии (инҳисороти) иқтисод ташаккул меёбад. Давлат ғайримустақим, бо воситаи қонунгузориҳои зидди монополӣ ё худ танзими раванди молия, андоз, буҷа, яъне сиёсати хазинадорӣ (фискалӣ) ба ҷараёни бозори мураттаб таъсир мерасонад.
Истеҳсолоти молии бозори мураттаб дар навбати худ ҳам-чун тамсилаҳои: бозори хоҷагиҳои иҷтимоӣ, иқтисоди мухталат, иқтисоди корпоративӣ ва ғайра сурат мегирад. Онҳо аз нуқтаи назари ҳаллу фасл ва дахолати давлат ба раванду фаъолияти иқтисод аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Дар хоҷагиҳои иҷтимоӣ (иқтисодиёте, ки ба ҳаллу фасли ҳаёти иҷтимоӣ афзалиятан нигаронида шудааст) — мақсади асосӣ ҳамчун ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон (иқтисодиёти Олмон); дар иқтисодиёти мухталат — ба вуҷуд овардани шароитҳои муфид барои фаъолияти соҳибкорию бизнес (ИМА); дар иқтисодиёти корпоративӣ — ҳимояи манфиатҳои бизнеси калон (Япония, Шветсия) истифода карда мешавад.
- Истеҳсолоти молии бозори номураттаб — хусусияти хоси иқтисоди амрию маъмурӣ, барномавию мутамарказ буда, дар мояи тақсимоти баланди ҷомеавии меҳнат, истеҳсолоти калони мошинӣ, танзими муозини иқтисоди миллӣ, маҳдудгардонии муносибатҳои озоди бозорӣ сурат мегирад.
Ин шакли хоҷагии молӣ дар асл яке аз шаклҳои хоҷагиҳои бозорӣ мебошад, чунки алоқаҳои байни истеҳсолу истеъмол, тавлидгару истеъмолгар муносибатҳои мубодила — савдо, хариду фурӯш, бозорҳои давлатӣ, колхозию кооперативӣ ва ғайра боқӣ мемонанд. Фақат ин муносибатҳо беҳудуд аз ҷониби ташкилот-ҳои давлатӣ зери назорат гирифта шуда, маҳдуд гардонда шудаанд. Муносибатҳои молию пулӣ бо воситаи фармонҳо, қарорҳои директивии ҳукумат, ташкилотҳои маъмурӣ бо пешниҳод намудани барномаҳо, нормативҳо ва ғайра ба роҳ монда мешаванд.
Масъалаҳои умдаи иқтисод: чӣ?, чӣ қадар?, барои кӣ?, чӣ хел?, ба куҷо?, аз куҷо? ва ғайра бевосита аз ҷониби ташкилот-ҳои давлатӣ, ҳукуматӣ, ҳизбӣ ва ғайра ҳал карда мешаванд. Дар адабиёти муосири иқтисодӣ асосан ду тамсилаи истеҳсолоти молии бозори номураттаб: 1) тамсилаи низоми барномавию маъ-мурӣ, ва 2) тамсилаи барномавии меъёрӣ фарқ карда мешавад. Ҳар ду тамсила инъикоси як ҷараён — иқтисоди бошуурона, ни-ҳоятан сахт танзимшаванда буда, дар асоси нишондиҳандаҳо ва нормативҳои планӣ ташкил мегарданд. Дар ҳар ду ҳолат мустақилияти тавлидгарон ба ин ё он дараҷа маҳдуд карда мешавад. Натиҷаи хоҷагидорӣ дар мояи иҷроиши планҳо ва нормативҳо баҳо дода мешавад.
Хусусияти ин ҳар ду тамсилаҳо дар он ифода меёбад, ки дар ҳолати якӯм — пурра марказонидани фаъолияти хоҷагидорӣ, тақ-сими захираҳо, муқарраркунии нархҳо…, ва дар ҳолати дуввӯм — гузашткуниҳо ба манфиати тавлидгарон (ислоҳотҳои иқтисодии солҳои 1965, 1979, 1990), васеъгардонии мустақилият, худидора-кунӣ, худтаъминкунӣ, пешниҳод намудани нормативҳо ва ғайра мушоҳида карда мешаванд.
Бояд иқрор шуд, ки тамсилаи кунунии иқтисоди миллии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои СНГ(ДММ) — давраи гузариш аз тамсилаи иқтисоди маъмурию амрӣ ва меъёрӣ ба иқтисоди бозорӣ мебошад, ки он бештар дар асоси меъёри дахолати давлат ба иқтисод ва танзими он муайян карда мешавад.