Такрористеҳсоли инфиродӣ, нақш ва мақоми он дар низоми иқтисод

Аз мазмуну мундариҷаи саволҳои пештара бар меояд, ки фаъолияти соҳибкорӣ, тиҷоратӣ ва фаъолияти бизнес бидуни фаъолияти истеҳсолӣ имконнопазир аст. Охирон, унсури муҳимтарини фаъолияти хоҷагиҳои инфиродӣ, коллективӣ, хоҷагиҳои рафиқона ва ғайра мебошад. Фаъолияти шакл ва намудҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ дар чорчӯбаи истифодаи омилҳои истеҳсолот (сармоя, меҳнат, замин, соҳибкорӣ, иттилоот…) сурат мегирад. Истифодаи охирон амалиёти яклаҳзагӣ набуда, он ба таври доимӣ ва мунтазам ташкил ва аз нав ташкил карда мешавад. Ин ҷараён зина ва давраҳои мураккаб ва пурпечутоби фаъолияти бизнесро дарбар мегирад.

Раванди ташкили истеҳсолот сирати айнӣ (объективӣ) дошта, тибқи тақозои “дастҳои ноаён” (қонунҳои иқтисодӣ) ба роҳ монда мешавад. Ин ҷараён дар доираи ҳар як субъекти иқтисодӣ (фирма, корхона, ширкат…) бо таври инфиродӣ (индивидуалӣ) таҷдид карда мешавад.

Изображение

Ҷараёни паи ҳам, доимӣ ва мунтазам ташкил карда шудани тавлидот дар доираи фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ, яъне раванди бомаҳсул бо ҳам пайваст ва истифода карда шудани омилҳои истеҳсолот, ба мақсади тавлиди неъматҳову хадамот, гирифтани даромад ва дар ин асос қонеъ гардондани тақозои инсонро — такрористеҳсоли инфиродии корхона меноманд.

Азбаски тақозои инсон ба чизҳои истеъмолӣ ва тақозои агентҳои иқтисодӣ нисбат ба воситаҳои истеҳсолот интиҳо надорад, бинобар ин раванди инфиродии такрористеҳсол аз нав эҳё ва густариш дода мешавад. Ин тарзи оддии таҷдиди истеҳсолот, асосан барои низомҳои суннатӣ ва давраи рушди тоиндустриалӣ хос мебошад. Барои низоми иқтисоди бозорӣ (капитализм) такрористеҳсоли васеъ хос аст.

Такрористеҳсоли васеъ натанҳо аз нав таҷдид гардидани воситаҳои истеҳсолот (сармоя) ва қувваи коргариро дар шакли пештара балки раванди аз нав тақсимшавии фоида ва ба мақсади ба даст овардани сармояи илова ва қувваи коргарии иловаро тақозо менамояд.

Аз ин нигаҳ, раванди доимию паи ҳам такроршавӣ ва нисбат ба ҳаҷми пештара афзояндаи доираи истеҳсолотро такрорис-теҳсоли васеъ меноманд. Охирон, хислати хоси иқтисоди бозорӣ ва мақсади ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Мавҷуд будани шакл ва намудҳои корхона ва фаъолияти соҳибкорию бизнес маҳз аз мавҷуд будани раванди такрористеҳсоли васеъ шаҳодат медиҳад.

Фирма барои ташкил кардани раванди тавлиди неъматҳову хадамот, дар ихтиёри худ як миқдори муайяни сармояи ибтидоӣ бояд дошта бошад. Ин сармоя, одатан дар ду шакл: 1) шакли моддӣ (натуралӣ) ва 2) шакли пулӣ мавҷуд буда метавонад.

1) Дар шакли моддӣ, сармоя ҳамчун воҳидҳои асосии омилҳои истеҳсолот — дастгоҳ, таҷҳизот, бино, иншоот, ашё, материал, нимфабрикат ва ғайра ташкил карда мешавад. Онҳо, бевосита дар бозори сармоя таҳти тақозо ва арзаи бозорӣ ба даст оварда мешаванд.

Дар шароити бозор захираҳои молиявии корхона, сарчаш-маҳои сармоягузорӣ ва дигар воситаҳои пулию қарзии корхона, ки онҳо дар бозори молия ҳамчун сармояи пулӣ маълуманд, ба сифати сармоя эътироф карда мешаванд.

Баробари ин бояд тазаккур дод, ки фаҳмиши сармоя (ҳамчун манобеъи муҳимтарини такрористеҳсоли васеъ) нисбатан мураккаб буда, оиди он дар адабиёти иқтисодӣ ҳамдигар-фаҳмӣ дида намешавад. Масалан, аз диди иқтисоди сиёсии марксистӣ таҳти “сармоя”-омилҳои моддии истеҳсолот тасаввур карда мешавад. Он воситаест, ки капиталист бо ёрии он синфи коргарро истисмор намуда, арзиши изофа ба даст меорад. Ба он ҳамчун омили асосии истеҳсолот ҳамаи захираҳои истеҳсолот: завод, таҷҳизот, дастгоҳ, роҳҳо, ашё, материал, стансияҳои барқӣ ва ғайраро ворид мекунанд. Маҳз ин захираҳо захираҳои сармоягузорӣ (инвеститсионӣ) ба ҳисоб мераванд, ки раванди такрористеҳсоли инфиродиро ба ҳаракат медароранд.

Талабот ба сармоя дар бозори омилҳои истеҳсолот, ҳамчун тақозои имконпазири фирма, ба сармояи воқеӣ сурат мегирад. Охирон, аз ҳаҷм ва таркиби воситаҳои инвеститсиони(сармоягузори)-и фирма вобаста мебошад.

Тақозо ба сармоя ҳамчун тақозо ба воситаҳои сармоягузорӣ барои харидани воситаҳои асосӣ зуҳур мегарданд. Сармояи ибтидоӣ барои ба қайд гирифтани корхона, кушодани сарҳисоб дар бонкҳо, харидани биною иншоотҳо, ё худ истифодаи онҳо ба ҳайси иҷора, таъмир, азнавсозӣ ва пардози онҳо, харидани воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот, асбобу анҷом, патенту литсензияҳо, навоварию ихтироотҳо ва ғайра истифода карда мешавад.

Ба ғайр аз масрифоти асосӣ, корхона ба мақсади рӯпӯш кардани хароҷотҳои ҷорӣ: харидани ашё, материал, сӯзишворӣ, қувваи барқ, иҷорапулӣ, ҳаққи меҳнат, ҳиссаҷудокунӣ ба фонд-ҳои иҷтимоӣ, суғурта, нафақа ва ғайра маблағ ҷудо мекунад.

Аз ин ҷо хулоса бар меояд, ки сармояи дар ибтидо масрафшавандаи корхона, бояд талаботи соҳибкорро дар хусуси сармояи асосӣ ва сармояи гардон, яъне подош кардани фондҳои истеҳсолӣ, музди кор ва хароҷот барои идора ва дигар хароҷотҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ қонеъ гардонад.

Воситаҳои дар ихтиёри корхона мавҷуд бударо бо таври схема чунин тасвир кардан мумкин аст:

Изображение
Нақшаи 40. Воситаҳои корхона

Сарчашмаҳои барқарор гардонии сармояи дар навбати аввал гузошта шудаи соҳибкор метавонад аз ҳисоби воситаҳои дохилӣ ё воситаҳои берунӣ яъне қарзгирифта сурат гирад.

Таносуби оқилона истифода шудани онҳо аз шакли ташкилию ҳуқуқии соҳибкорӣ, дархосту тақозои хоҷагӣ ва бозор, вазъ ва инкишофи иқтисоди бозорӣ (омилҳои объективӣ (айнӣ) ва қобилияти соҳибкорӣ, имконияти шахсӣ ва вазъи аҳволи соҳибкорон (омилҳои субъективӣ) вобаста мебошад.

Сарчашмаҳои дохилӣ аз ҳисоби: фоида аз фаъолияти соҳибкорӣ, фоида аз амалиётҳои молиявӣ (хариду фурӯши қоғазҳои қимматнок), даромадҳои дигар, фонди уставӣ, амортизатсия (истеҳлок) ва ғайра ташкил меёбад.

Сарчашмаҳои берунӣ, ҳамчун воситаҳои қарзӣ, яъне кредит (қарз), қарзҳои кредиторӣ ва ғайра сурат мегирад.

Вобаста ба ҳаҷм, меъёр ва хусусияти ташкил сарчашмаҳои инвеститсионӣ метавонанд ба ҷараён ва суръати гирдгардиши сармоя ҳархела таъсир расонанд. Гардиши онро тез ё суст гарданд, рушду нумӯи корхонаро таъмин намоянд ё худ ба касодию муфлисшавӣ бурда расонанд.


320
Нет комментариев. Ваш будет первым!