Бозор, шароит ва принсипҳои ташкили он
Башарият то бунёд ва ташаккул ёфтани бозор, таи ҳазор-солаҳо дар иҳотаи хоҷагидории инфиродӣ (натуралӣ) ҳаёт ба сар бурдааст. Дар доираи ин тамсилаи хоҷагидорӣ, маҳсулот ва неъматҳо барои қонеъ гардондани талаботи дохилихоҷагӣ, дар асоси тақсими мутавасит (баробари) маҳсулоти истехсолкардашуда сурат мегирифт. Ин низоми хоҷагидорӣ асоси пасти рушди иқтисод, бенавоӣ ва камбағалӣ буда, аз дараҷаи маҳдуди истифодаи муносибатҳои иқтисодӣ дарак медиҳад.
Гузариш аз хоҷагиҳои натуралӣ ба хоҷагиҳои молӣ, муста-қиман ба мустақилияти молиистехсолкунандагон, ба даст овардани озодии нисбии субъектҳои бозор, баланд гардидани ҳавас-мандии шахсӣ оварда расонд ва он пайваста пеш рафта воқеӣ гардид.
Ҷавҳари бозорро истеҳсолоти молӣ ташкил медиҳад. Сабаб ва шароитҳои бунёд гардидани истеҳсолоти молию бозор аз як сарчашма ғизо мегиранд. Бинобар ин бозорро ҳамчун тарафи мутақобили (чаппаи) истеҳсолоти молӣ қадр мекунанд.
Мафҳуми бозор яке аз истилоҳи маъмултарину серистеъмоли илми иқтисод мебошад. Баробари таҳаввули низомҳои иқти-содӣ, мазмун ва мундариҷаи он низ таносубан, дигар мешавад. Аз ин лиҳоз, онро дар ҷаҳони сотсиализм ва капитализм ҳархела маънидод ва шарҳу эзоҳ медиҳанд. Масалан, дар СССР зери мафҳуми бозор фақат бозори маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, бозори колхозӣ фаҳмида мешуд. То ҳатто мағозаҳо ва дуконҳои чизҳои истеъмолӣ ва асбобу анҷоми рӯзғор ба сифати бозор эътироф ҳам карда намешуд.
Бояд тазаккур дод, ки бозор ва маънидодкунии моҳияту мазмун, зарурати пайдоиш на таркиби он аз ҷониби иқтисод-донон якхела қабул карда намешавад.
Агар, сароғоз тақсими ҷамъиятии меҳнат, амиқ гаштани тахассус, кооператсия ва аз ҳам ҷудо гаштани молистеҳсолку-нандагон боиси эҳё ва ташаккули хоҷагиҳои молӣ (бозорӣ) гашта бошанд, тараққии минбаъдаи иқтисод, ба вуҷуд омадани шакл ва намудҳои гуногуни моликият, вусъат ёфтани алоқаи байни давлатҳову густариши савдо, зарурати аз доираи давлати миллӣ баромадан ва қадам ниҳодан ба фазои хоҷагии ҷаҳонӣ раванди ташаккули онро (бозорро) боз ҳам густариш дод.
Вобаста ба ин, фаҳмиши бозор аз бозори қади кӯча, то ба бозори ташаккулёфтаи муосир сабзида расид.
Дар ҳаёти муқаррарӣ таҳти бозор ҷое дар назар дошта мешавад, ки дар он одамон ба сифати фурӯшандагону харидорон ҳамдигаррро меёбанд, дар он ҷо хариду фурӯш дар асоси тақозою арза ва теъдоди бешумори тавлидгару истеъмолкунандагон ба амал бароварда мешавад.
Иқтисоддон ва риёзиётшиноси франсуз О. Курно (1801-1877с.) ва иқтисоддони англис, дорандаи ҷоизаи Нобелӣ А. Маршалл (1842-1924 с.) ақида доранд, ки таҳти бозор на ҳама-гуна майдони мушаххаси бозорӣ, ки хариду фурӯш ба амал бароварда мешавад, балки дар шакли том, ҳамагуна мавзеъ (ҷой), ки дар он фурӯшанда ва харидор озодона амал карда, нархҳо ба осонӣ ва ба зуддӣ ба ҳам баробар шуда тавонанд, фаҳмида мешавад. Дар ин гузориш, бозор аз нуқтаи назари мубодила ва нархмуқарраркунии озод тавсиф карда мешавад (62, 94).
Иқтисодчии англис У. Ҷевонс ба сифати меъёри асосии муайянкунандаи бозор “ҷавсии” равобити байни фурӯшандагон ва харидоронро тавсиф менамояд. Бозор аз нигоҳи он ҳамчун муносибати мустаҳкамтарини байни гурӯҳи одамон оиди муомилаи ҳархела ба роҳ монда мешавад (62, 94).
Дар адабиёти марксистӣ бозор ҳамчун шакли муомилоти молӣ ва мубодилаи молию пулӣ тасаввур карда мешавад. Масалан, дар китоби дарсии “Иқтисоди сиёсӣ” қайд карда мешавад, ки бозор шакли мубодилае мебошад, ки тибқи қонунҳои истеҳ-солоти молӣ ва муомилоти пулӣ ташкил карда мешавад[1]. Дар луғатномаҳо бозор дар маънои савдои бозорӣ ва ҳавзаи мубоди-лаи молӣ тавсия карда мешавад. Дар ин қабил таърифҳо, доираи бозор нисбатан маҳдуд тасвир мешавад, чунки бозор на фақат доираи мубодила, балки истеҳсолот, тақсимот ва муомилотро низ дарбар мегирад. Ба доираи он муомилоти пул аз он ҷумла бозори қоғазҳои қимматнок низ дохил мегардад.
Бо пайдо шудани “қувваи коргарӣ” ҳамчун мол, бозор сирати умумӣ мегирад ва ба раванди истеҳсолот амиқтар ворид мегардад. Харидани қувваи коргарӣ ҳамчун шарти зарурии истеҳсолот баромад мекунад.
Бозор ба унсури такрористеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти ҷамъ-иятӣ табдил ёфта, тамоми ҷузъиятҳои он — истеҳсолот, тақсим, азнавтақсимшавӣ, мубодила, истеъмолро фаро мегирад.
Имрӯз дар мамлакатҳои фавқулинкишофёфтаи иқтисоди бо-зорӣ, кулли ҳавзаҳои иқтисод ба маҷрои бозор ҷалб карда шудаанд. Фаъолияти хоҷагидорӣ саросар ба “касалии” бозор гирифтор шуда, бо воситаи фишангҳои нарх, рақобат, тақозо, арза, молия ”муолиҷа” карда мешавад.
Бозор бидуни омилҳои берунӣ (дахолати давлат) дар асоси услуби фазои озоди иқтисодӣ ташкил ёфта, тибқи қонунҳои ҳу-қуқӣ танзим карда мешавад. Охирон, имкон медиҳад, ки субъ-ектҳои иқтисодӣ, ихтиёран ба намудҳои дилхоҳи фаъолияти иқ-тисодӣ(тавлиди неъматҳои иқтисодию ғайрииқтисодӣ, фаъоли-яти тиҷоратию миёнаравӣ, молиявию қарзӣ…) шуғл варзанд.
Бозори муосир сирати умумӣ дорад. Ба меҳвари он мубодилаи захираҳои иқтисодӣ, сармоя, замин, меҳнат, корхона, муассиса, таҷҳизот, мошин, электростансия, пул, асъор, қоғазҳои қимматнок, маҳсули фаъолияти ақлонӣ ва ғ. кашида мешавад.
Бозор имкон медиҳад, ки ҳар як субъекти иқтисодӣ, тибқи имкон ва дархост худро ба ҷаҳони иқтисоди бозорӣ пешбарӣ намояд. Касе ва чизе садди роҳи он намегардад. Бозор озодии иқтисодӣ, ҳаққу ҳуқуқи якхелаи ба ҳам фаъолият бурдани субъектҳои иқтисодиро бо шаклу намудҳои гуногуни моликият таъмин менамояд.
Он дар шароити нархмуқарраркунии озод густариш меёбад. Дар он нархҳо озодона бидуни дахолати давлат бо воситаи “дастҳои ноайён” таҳти таъсири қонуни тақозо ва арза, рақобат… ташкил мегардад.
Бозор ва муносибатҳои бозорӣ дар шароити худтанзимкунии фаъолияти хоҷагидорӣ ба роҳ монда мешавад. Охирон, дар шароити низоми иқтисоди амрӣ ҳамчун ҳисоби хоҷагӣ ва шароити низоми иқтисоди бозорӣ, ҳамчун ҳисоби тиҷоратӣ ташкил меёбад.
Азбаски иқтисоди бозорӣ иктисоди инкишофёфтаи муноси-батҳои молию пулӣ мебошад, бинобар ин онро ҳамчун иқтисоди густаришёфтаи муносибатҳои шартномавӣ ҳисобидан мумкин аст.
Дар шароити иқтисоди амрӣ муносибатҳои байни субъект-ҳои иқтисодӣ, тибқи нақша, директиваҳо, қонуну низомномаҳо дар асоси муносибатҳои “боло ба поён” ва иқтисоди бозорӣ — муносибатҳои бидуни амрӣ, дар чорчӯбаи шартномаҳо, қарор-додҳо, ҳавасмандию манфиатнокии шахсӣ қарор мегирад.
Бозори фаъолияти ҷавобгарии моддӣ ва худмаблағгузорию худтаъминкунии субъектҳои иқтисодиро нисбат ба объектҳои иқтисодӣ (захира, восита ва предметҳои меҳнат, омилҳои истеҳсолот…) баланд мебардорад.
Муносибатҳои бозорӣ дар шароити танзими худ ба худ ва танзими давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Дар асоси ҷой надоштан, ё истиқрору муозин набудани танзими давлатӣ, иқтисодиёт аз ҷониби механизми танзими соҳибкорону савдогарони қаллоб — мафия, рекет, буққаҳову буққазодаҳо, яъне иқтисоди ниҳон (мавқуф) худсарона идора карда мешавад. Идораи ғайримута-марказ бидуни тарҳрезию маслиҳат ва тавсиаҳои пешакӣ ба роҳ монда мешавад.
Аз гуфтаҳои боло хулоса бар меояд, ки бозор дар асоси қонун ва услуб(принсип)-ҳои махсуси иқтисоди бозорӣ ташкил мегардад (ниг. нақшаи 13)
Дар шакли мукаммал бозор ва иқтисоди бозорӣ дар як маъно тасаввур карда мешаванд. Бозор ҳамчун ҷузъи мушаххас дар ташаккул ва густариши иқтисоди бозорӣ нақш ва мақоми бузург дорад. Кулли муносибатҳои бозорӣ низоми иқтисоди бозориро ташкил медиҳад.
Бозор имкон медиҳад, ки чандирӣ ва мутобиқсозии фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ таъмин карда шавад. Сари вақт техникаю технологияи навтарин ва иттилоот ба ҷараёни истеҳсолот ба мақсади кам кардани хароҷот ва баланд бардоштани самаранокии он истифода шавад. Талаботҳои гуногуни субъектҳои иқтисодӣ бо миқдор ва сифатҳои гуногун таъмин карда шавад.
Дар асл, бозор ҳамчун низоми муносибатҳои истеҳсолии байни одамон, корхона ва давлат баромад мекунад. Он ҳамчун ягонагии се субъекти иқтисодӣ: давлат (ҳукумат), бизнес (корхона) ва хоҷагиҳои хонавода сурат мегирад.
Давлат ҳамчун субъекти хоҷагии бозорӣ (ба сифати харидор) бо воситаи муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои буҷавӣ, ки вазифаи танзими давлатии иқтисодро ба зимма доранд амал мекунанд. Давлат дар шахсияти ҳукумат молу маҳсулотҳои гуногун, аз ҷумла: дар бозори меҳнат — қувваи коргарӣ барои адои хизмат дар ташкилотҳои давлатӣ (ҳукумат, вазорат, кумитаҳо); аз бозори воситаҳои истеҳсолот — мошин, дастгоҳ, ашё, яроқу аслиҳа; аз бозори предметҳои истеъмолӣ — неъматҳову ҳадамот; аз бозори иттилоот ва бозори ақлонӣ — тадкиқотҳои илмӣ, ихтироотҳо, коркарди илмӣ ва ғайраро харида гирифта, ба манфиати баланд бардоштани сатҳи инкишофи иқтисод ва рифоҳи ҷомеа истифода мекунад.
Ба сифати фурӯшанда давлат ҳамчун фурӯшандаи хадамот, замин, захираҳои табиат, ашё, манзил, маҳсулоти корхонаҳои давлатӣ ва ғайра баромад мекунад. Одатан, вазни қиёсии хариди давлатӣ нисбат ба фурӯши молу маҳсулот зиёдтар мебошад. Даромади давлат, аслан на аз ҳисоби фурӯш ва пешкаш кардани ҳадамот, балки ҷамъоварии андозҳо андӯхта мешавад.
Фирма, аз нигоҳи субъекти иқтисодӣ, ҳам ба сифати тавлидгар ва ҳам харидору фурӯшанда баромад мекунад. Барои ташкил кардани раванди истеҳсолот он ба бозор сармояи асосию гардон, қувваи коргари харида, хароҷотро бо даромад қиёс намуда, охиронро бо ташкилотҳои давлатӣ тақсим менамояд, чизҳои қимматдор ё худ зиёдатиро мефурӯшад, захираҳои табиатро ба даст меорад, ба коргарон музди меҳнат медиҳад, қарз гирифтаю онро бармегардонад.
Хоҷагиҳои хонавода, як ё якчанд воҳидҳои иқтисодие мебошанд, ки дар ҳавзаи истеъмолӣ шуғл меварзанд. Онҳо ҳамчун харидор молу ҳадамот, ашё ва захираҳои табиатро барои қонеъ гардондани талаботи шахсӣ ё худ аз онҳо истеҳсол кардани неъматҳо истифода мекунанд. Ҳамчун фурӯшанда — молу маҳсулоти шахсӣ, меҳнати худ ҳамчун коргари кироя, замин ва сармояи дар ихтиёр доштаи худро метавонанд ба муомилот (фурӯш) бароранд.
Ҳамин тавр, бозор ҳамчун ягонагии ду қутби ба ҳам зид — фурӯшанда ҳамчун тавлидгари неъматҳои иқтисодӣ ва пешни-ҳодкунандаи молу маҳсулот ва хизматҳо ва харидор ҳамчун пешниҳодгари пул барои адои хизмат ташаккул меёбад.
Баъзе аз донишмандони илми иқтисод бозорро ба “фариштаи беозор” ташбеҳ дода, исбот карданӣ мешаванд, ки ҳама чиз дар ҷаҳон харидаю фурӯхта мешавад. Охирон, бидуни маҷбурӣ бо таври озод сурат мегирад. Маҳз, бозор рушд ва рифоҳи оммаи меҳнаткашро таъмин карда метавонад. Ҳақиқатро инкор намудан душвор аст. Вале ҳаёт гувоҳӣ он аст, ки хариду фурӯш ва муомилот (бозор) роҳи ягона ва мутлақи ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоӣ нест. Бозор мушкилкушо ва шифобахшандаи кулли “дардҳо”-и иқтисод намебошад.
Бозор бидуни ҳалли масоили ҳавзаи иҷтимоиёт амал мекунад. Он барои ба кор таъмин кардани одамон, алалхусус бекорон, хонондану маълумот додан, табобату муолиҷаи бепул, таъ-мин кардан бо нафақа, манзил, хӯрондану пӯшондани табақаҳои “люмпен-пролетариат” ҷавобгар ва ҳавасманд нест. Бозор бена-воӣ, қашшоқии мардум ва беадолатии иҷтимоиро қудрати пурра бартараф кардан надорад. Бозор ба нигоҳ доштани соҳаҳои ғай-риистеҳсолӣ (маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, мудофиа, идора…) умуман ҳавасманд нест, барои подошти онҳо неъмат ва во-ситаҳои хизмат истеҳсол намекунад. Бозор на барои қонеъ гардондани эҳтиёҷу ниёзи мардум, балки барои ашхосоне, ки пул, сарват, дороӣ доранд кор мекунад. Бенавою нотавонро муфлис ва дорою тавоноро сарватмандтар мегардонад1. Бартараф кардани ин гурӯҳ норасоиҳову камбудиҳо ба зиммаи давлат гузошта мешавад. Барои танзим ва ташаккули низоми иқтисоди бозорӣ сохтори мукаммали қаввӣ бояд вуҷуд дошта бошад. Барои мамлакатҳои фавқулинкишофёфтаи бозории ғарб, барои ба вуҷуд овардан ва ба дараҷаи баланди бозори мукаммал расидан зиёда аз 500 сол зарур шудааст. Ин низом дар сатҳи микро-иқтисод аз тарафи давлат густариш ва инкишоф дода мешавад. Дар ин низом “қоидаи бозӣ”, асосан аз ҷониби институтҳои макроиқтисодӣ муайян карда мешавад.
1 Маҳз дар ҳамин асос сотсиализм бозор ва дар симои он сохти сармоядориро барҳам дода буд.
[1] Политэкономия. Учебник. М., 1988.-с. 511
БОЗОР, МОҲИЯТ, ВАЗИФА ВА ТАРКИБИ ОН