Тамсилаҳои «инсони иқтисодӣ
Сирру асрори фаъолиятҳои бисёрҷабҳа, нақшу мақоми инсон дар ҷомеа, алалхусус ҷабҳаи иқтисод ҳамеша дар маркази диққати бузургони илму фарҳанг буд ва минбаъд боқӣ хоҳад монд. Рамзан метавон гуфт, ки иқтисод ба хумситон(зарф)-е шабоҳат дорад, ки дар тамоми фаъолияти инсонӣ таҷассум ва андӯхта мешавад.
Табиатан, инсон маҳсули кулли муносибатҳои иқтисодӣ буда, рушд ва фавқ(болорави)-и он аз сатҳ ва сирати қувваҳои истеҳсолкунанда вобаста аст. Зинаи камолоти онҳо мустақиман зина ва давраи рушди иҷтимоии инсонро дар марҳалаҳои гуногун муайян мекунад.
Аксарият ақида доранд, ки инсон худ натиҷаи меҳнат аст. Маҳз ба туфайли меҳнат дараҷаи шуури инсон баланд гардида, олоту асбоб эҳёву бунёд гашта, ҳаёти моддии он сирати воқеӣ мегирад. Инсон аз ҷаҳони ҳайвонӣ ва зинаи ваҳшигӣ озод гашта, ба зина ва давраи ба-ланди рушду камоли иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифату маданияти имрӯза ноил гардидааст.
Дар зинаи сарнахусти рушди иқтисодӣ — иқтисоди суннатӣ (қавмӣ, авлодӣ) ҷараёни нисбатан суст ва дунболадори ба вуҷуд овардани воситаҳои истеҳсолот, вобастагии пурраи инсон аз табиат, якҷоя (коллективона) таъсир расонидан ва азхуд намудани неъматҳои тайёри табиат бештар мушоҳида карда мешавад.
Инсон дар ин шароит нисбат ба ҷомеа мустақил нест. Доираи тақозо, қобилият, маҳорат, ҳиссиёт ва равиши кору бори инсон на аз ҷониби худи ӯ, балки коллектив муайян карда мешавад. Аз ин лиҳоз, раванди рушду камоли «инсони иқтисодӣ» (фаъолияти иқтисодии одамон) қарнҳои зиёд тӯл мекашад.
Минбаъд амиқ гаштани тақсими ҷомеавии меҳнат, тахсис, таҳаввули қувваҳои истеҳсолкунанда, мустаҳкам гардидани робитаи инсон бо табиат, тадриҷан озод шудан аз таъсири муносибатҳои қавмию авлодӣ, сабаби муҳимтарини бунёду такмил ёфтани фаъолияти меҳнатии инсон ва соҳиб шудан ба воситаҳои истеҳсолот мегардад.
Зинаи дигари рушди «инсони иқтисодӣ» ҳамчун омили пешрафти ҷомеа дар давраи ҷомеаи сармоядорӣ (иқтисоди бозорӣ) ташаккул ёфта, ба анҷом мерасад. Муносибатҳои бозорӣ инсонро аз тобеияти шахсӣ озод намуда, ба он имконияти инкишоф додани қобилияти инфи-родии меҳнатӣ медиҳад.
Ба ин амиқ гаштани ҷараёни умумигардонии истеҳсолот (кооператсияи оддӣ, мануфактура, истеҳсолоти калони мошинӣ), механикунонӣ ва автоматикунонии он, пайдо шудани ихтисосҳои нав ба нав, иттисол ва ба ҳам як шудани илму истеҳсолот таъсир мерасонад.
Ба воситаи инсон илм ҳамчун дониши умумиинсонӣ дар техника, технология ва предметҳои меҳнат таҷассум меёбад. Инсон ҳамчун ифодакунандаи ин дониш торафт мустақил шуда, нақшу мақоми он дар олами иқтисод, дарки қонунҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот афзун мегардад.
Дар ин ҷода нақши ангеза (мотиватсия) ва дургироии (дурсозии) меҳнат дар ташкили ҳавасмандии истеҳсолот бузург аст. Онҳо вобаста ба сирати иқтисодиву иҷтимоии низомҳои гуногуни иқтисодӣ (суннатӣ, бозорӣ, амрӣ, муштарак) ҳархела сурат мегиранд.
Таҷрибаи хоҷагидории сотсиалистӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки қадр ва ба мақсади муайян истифода карда натавонистани фишангҳои ҳавасмандӣ, манфиатҳои фардию гурӯҳҳои иҷтимоӣ, маҳдуд намудани озодии иқтисодӣ, мустақилият, ҷавобгарӣ ва худидоракунӣ, инкори нақши коллектив дар истеҳсолот, адолати иҷтимоию баробарҳуқуқӣ, идораю тарҳрезии мутамарказ, дурсозии инсон аз моликият, истифодаи услуби сармоягузории бақиявӣ барои ҳавзаи иҷтимоӣ ва ғайра доираи амалиёти «инсони иқтисоди»-ро торафт маҳдуд мегардонад.
Бояд дар назар дошт, ки илми назарияи иқтисод инсонро ҳамчун субъект ё худ намоянда(агент)-и иқтисодӣ, яъне шуғл, нақш ва мақоми инсон дар фаъолияти истеҳсолӣ оиди тарзу услуби истифодаи захираҳои маҳдуди иқтисодӣ ва қонеъ гардондани ниёзу эҳтиёҷи номаҳдуди он таҳлил менамояд.
Аз ин лиҳоз, тимсол(образ)-и «инсони иқтисодӣ» ба миён меояд ва он ҳамчун тамсила (модел)-и инсон дар иқтисод шарҳ дода мешавад (ниг. нақшаи 6).
Мувофиқи ақидаи баъзе аз иқтисоддонон тамсилаи инсон дар асоси ангеза ва меъёри гуногуни шавқу ҳавас нисбат ба фаъолияти истеҳсолӣ ташкил карда мешавад (6, боби 1).
Равияи аввали тамсилабандӣ аз ҷониби намояндагони мактаби классикии англис, марҷинализм ва классикони ҷадид пешниҳод шудааст.
А. Смит дар асоси таҳлили табиати инсон, алоқамандӣ ва таъсири мутақобилаи он ба ҷомеа назарияи ба ном «инсони иқтисоди»-ро пешкаш менамояд. Ба қавли А.Смит асоси ангезаи фаъолияти иқтисодии одамро манфиати шахсӣ ташкил медиҳад. Инсон манфиати худро фақат дар шароити мавҷуд будан ва муомилоти шахсии фаъолият, яъне тақсими меҳнат ба роҳ монда метавонад. Маҳз аз боиси манфиати шахсӣ шуда, одамон байни худ доду гирифт карда, талаби худро қонеъ мегардонанд. Манфиати шахсӣ, хоҳ но хоҳ, бо воситаи «дастҳои ноайён» (яъне қонунҳои объективии иқтисодӣ) бо манфиати ҷомеа пайваст шуда, рушду рифоҳи онро таъмин менамояд.
«Инсони иқтисодӣ» дар доираи низоми хоҷагидорие амал мекунад, ки асоси онро одоб(рафтор)-и оқилонаи инсон, сарфи ақали масраф, гирифтани даромади аксар ва фаъолияти имкониятҳои захираҳои маҳдуди иқтисодӣ ташкил медиҳанд.
Намояндагони мактаби марҷиналистӣ, иқтисоддонони мактаби Австрия — К. Менгер, Ф. Визер, Е. Баверк назарияи ҳадди судмандӣ ё худ ҳадди маҳсулнокии неъматҳоро кашф карданд. Мояи назарияи онҳоро таҳлили рӯҳии фарди ҷудогона, ки асосан ба фаъолияти хонадорӣ шуғл дорад ташкил медиҳад.
Ҳадди судмандии неъматҳо тибқи одоби иқтисодӣ ва салоҳдиди шахсони алоҳида оиди ҳалли масоилҳои — баҳра (фоида) гирифтан, зарар дидану қусур баровардан, иштирок кардану накардан, идома додану қатъ гардондани фаъолият, фурӯхтан ё нафурӯхтан ва ғайра муайян карда мешавад.
Назарияи одоби иқтисодӣ то кунун ҳангоми таҳлили омилҳои иқтисодӣ, тақозою арза, тарҳрези(планкаши) ю дурбинии равандҳои иқтисодӣ, тадқиқи сиёсати иҷтимоӣ ва танзими иқтисод истифода карда мешавад.
Равияи дуввӯми тамсилаи «инсони иқтисодӣ» бештар ба намояндагони мактаби Кейнс, институтсионализм, мактаби таърихӣ алоқаманд мебошад. Ҷонибдорони ин мактаб ақида доранд, ки ҷавҳари ангезишдиҳандаи шавқу ҳаваси инсонро нафақат неъматҳои моддӣ, пулдорию сарват, балки унсурҳои психологӣ ба монанди анъана, хайрия, эътиқод, мазҳаб, вақти холӣ ва ғайра муайян мекунад.
Бояд иқрор шуд, ки ба ҳисоб гирифтани ин омилҳо аз ҷиҳати имконнопазирии маълумот ва сирати зоҳирӣ надоштани онҳо нисбатан душвор аст. Аз ин сабаб ҳар як субъекти хоҷагидорӣ дар шароити рақобати озод ба мақсади ниҳоии худ расида наметавонад. Он фақат дар доираи манфиатҳои гурӯҳӣ (ҷомеавӣ) бартараф кардани монеъгариҳо ва эгоизми иқтисодӣ дар асоси услубҳои худтаъминкунӣ ташкил меёбад. Аз ин сабаб тамсилаи инсон дар шароити мувозинӣ ва танзими давлатии иқтисод эҳё ва бунёд мегардад. Охирон, ҳамчун кулли муносибатҳо оиди танзими нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ — маҳсулоти умумии миллӣ, сармоягузорӣ, пасандоз, истеъмол, андӯхт ва ғайра сурат мегирад, ки ин бо номи назарияи Кейнс (шуғли аҳолӣ) бештар маълуму машҳур гардидааст.
Равияи саввӯм — дар асоси тамсилаи инсони иҷтимоӣ қарор мегирад. Ин тамсила асосан ба давраи таҳаввули саноатию иттилоотии капитализм мусоидат мекунад. Инсони ин марбут тамсила таҳти таъсири инқилоби илму техника такмил ёфта, афзалиятан бо воситаҳои алоқа ва иттилоот таъмин мебошад. Барои он озодии иқтисодӣ — худидоракунӣ ва таъминкунӣ, худкифоии маданӣ, маънавӣ ва сиёсӣ бештар заруру кофӣ мебошад.
Сирати хосаи ин тамсиларо мавҷуд будани ҷомеаи демократӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, равобити муташаккили байни синфу табақаҳои иқтисодӣ, озодии ҳуқуқ, наздикшавии синфу табақаҳо, омезишу як шудани онҳо, ҷой надоштани нажодпарастӣ ва ғайра ташкил медиҳад.
Равияи чорӯм — ҳамчун тамсилаи инсони иқтисодии коммунистӣ (шӯравӣ) бештар маълум аст.
Тибқи ақоиди иқтисоди сиёсии марксистӣ инсон дар шароити капитализм аз ҳамагуна озодии иқтисодӣ, ҳуқуқию иҷтимоӣ маҳрум аст. Асоси ин назарияро назарияи моликияти хусусӣ, дургироӣ аз моликият, истисмори қувваи коргарӣ (арзиши изофа), фоидаҷӯӣ ва ғайра ташкил медиҳад.
Тамсилаи инсони иқтисодии шӯравӣ ҳамчун амсоли баръакси тамсилаи сармоядорӣ тасаввур карда мешавад.
Тамсилаи инсони шӯравиро бештар ба тамсилаи кунунии ҷомеаи сармоядорӣ шабоҳат додан мумкин аст. Он дар асоси услуби меҳнати умумӣ, ҷамъиятӣ, беҳбудии ҷомеа, тақсими адолатхоҳонаи неъматҳо, моликияти умумӣ (ҷомеавӣ), манфиати ҷомеавӣ ва ғайра, ки онҳо ба ном дигару дар асл ба ҳамдигар яканд, сурат мегирад.
Инсони шӯравӣ таҳти шиорҳои хушку холии партияи коммунистӣ баҳри манфиати давлат кор мекард. Ба ивази меҳнаташ мукофотҳои ғайримоддӣ (раҳматнома, фахрнома, унвон, медалу орденҳо…) гирифта, бехонаю дар, нимсеру нимбараҳна зиндагӣ мекард. Ҷомеа ба табақаи «элита» — партиявиёни мансабдор ва табақаҳои «люмпен» — коммунистону бепартиявиёни қаторӣ тафриқабандӣ карда шуда буд. Таҳти манфиати шахсӣ манфиати ҷамъиятӣ дар назар дошта мешуд. На инсон худ ба худ, балки давлат нақшаи инсони иқтисоди(фаъолияти иқтисоди)-ро муайян менамуд. Моликияти ҷамъиятӣ инсонро аз ҳавасмандию ҷавобгарии иқтисодӣ дур сохта, онро тобеи истеҳсолот гардонда буд. Инсон на тибқи дархост ва имконияти худ, балки таҳти нуфузи «плонҳо» рақс менамуд, санъати танбалӣ, тайёрхӯрӣ, дуздӣ ва ташкили «иқтисоди ниҳоӣ(мавқуф)»-ро ботадриҷ аз худ менамуд, ки он то ҳол дар мамлакати мо идома дорад.