Қонун ва каҷхати арза

Арза ҳамчун кулли молу хадамоте, ки бизнес (со-ҳибкорон), хоҷагиҳои хонадорӣ ва давлат метавонанд ё худ имконият доранд ба бозор тибқи нархҳои муайян пешкаш намоянд ташкил меёбад.

Мавқеи асосиро дар таҳлили назарияи тақозо нарх мебозад. Нарх ба сифати фишанги ҳавасмандгардонӣ аз он дарак медиҳад, ки дар кадом ҳолат ва дар кадом вақт маҳсулот зиёдтар ё худ камтар истеҳсол ва дар кадом миқдор (ҳаҷм) пешкаши харидор гардондан имконпазир мебошад.

Муайян карда шудааст, ки байни арза ва нарх чунин қонуният вуҷуд дорад: чӣ қадаре ки нархҳо баланд шаванд, ҳамон қадар арзаи молу хадамот афзоиш меёбад; бо паст шудани нарх арзаи онҳо низ камтар мешавад; чӣ қадаре арза бештар бошад, мувофиқан нарх ҳам пасттар мегардад ва имконияти зиёдтар харидану қонеъ гардондани талабот пайдо мешавад; ҳар чӣ қадаре, ки миқдори арза афзудан гирад, ҳамон қадар захираҳои он аз ҷониби харидорон зиёд гашта, талаботи навбатиро ба он камтар мекунад.

Мавҷуд будани ин қонуниятҳо далел аз он аст, ки байни унсурҳои тақозою арза ва нарх алоқаи доимию устувор вуҷуд дорад ва он ҳамчун қонуни арза ташкил меёбад.

Қонуни арза дар шароити бозор талаб мекунад, ки: ҳар як тавлидгар барои зиёдтар ба бозор баровардани мол бояд ҳавасманд бошад; онро мувофиқи нархҳои баланд мубодила кунад, аз бо нархи арзон фурӯхтани молу хадамот худдорӣ намояд.

Аз дигар тараф, харидор ба он манфиатнок аст, ки ҳарчи зиёдтар бо нархи пасттар теъдоди зиёди чизҳоро ба даст орад. Ин ҷараён, хоҳ нохоҳ, ҳамчун омили боздорандаи фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ, ҳамчун тавлидгарону пешниҳодгарони неъматҳо мегардад. Ҳамин тавр, қонуни арза ва қонуни тақозо ҳамчун муҳаррики ба ҳаракат дароварандаи истеҳсолот ва бозор ташкил меёбад.

Одатан, дар адабиёти муосири иқтисодӣ вобастагии арзаро бо воситаи графика ва каҷхат ифода мекунанд, ки он чунин намуд дорад.

Аз нигаҳ ба ин графика бо осонӣ дарк кардан мумкин аст, ки чӣ қадаре ки нарх баландтар (6,7,8) бошад, ҳамон қадар миқдори зиёди молҳо фурӯхта, ё худ пешниҳод карда мешавад (80,100). Аз дараҷаи нарх, ҳаҷми даромад, фоида ва нафънокию самаранокии фаъолияти хоҷагиҳои хонадорӣ, бизнес ва давлат вобаста мебошад ва баръакс.

Барои таъмин ва истиқрори фаъолияти корхона ва муозину эътидол нигоҳ доштани фаъолияти бозор ба соҳибкор зарур меояд, ки он бештар ба корҳои таваккалӣ, навоварӣ, ихтироъкорӣ, навкунии техникаю технология ва ғайра машғул шавад, то ин ки масрифоти худро нисбати нархҳои бозорӣ ба қадри имкон пасттар намуда, фоидаи бештар ба даст орад. Амалӣ гаштани ин вазифаю мақсад дар чорчӯбаи чандирӣ ва эътидолии тақозою арза ба миён меояд.

Таҳти таъсири тақозо ва омилҳои муайянкунандаи он ва инчунин шароитҳою омилҳои айнии истеҳсолоту бозор, арза ва нарх, хати каҷи арза (SS) метавонад ё ба тарафи рост (S1S1) ё ба тарафи чап (S2S2) майл кунад.

Изображение
Нақшаи 21. Графикаи майли каҷхати арза

Аз таҳлили графикаи тақозо ва арза бармеояд, ки онҳо таҳ-ти омилҳои нархӣ тағйир ёфта, мустақиман раванди истеҳсолот ва бозорро ба тартиб медароранд. Алоқаи доимию устувори он-ҳо ҳамчун муносибатҳои “дастҳои ноайён” сурат мегирад. Та-қозо бидуни арза ва арза бидуни тақозо вуҷуд дошта наметавонад. Муносибатҳои доимию устувори байни онҳо ҳамчун қонуни ягонаи тақозо ва арза сурат мегирад. Охирон, мустақиман раванди ташкил ва ташаккули муносибатҳои бозориро муайян менамояд.


371
Нет комментариев. Ваш будет первым!