Амалиёт бо қоғазҳои қиматнок дар бонкҳои тиҷоратӣ

Нақша:

1. Намуди фаъолияти бонкҳо дар бозори қоғазҳои қиматнок.

2. Барориши қоғазҳои қиматноки худӣ.

3. Амалиётҳои сармоягузории бонкҳои тиҷоратӣ бо қоғазҳои қиматнок

4. Амалиёти РЕПО.

1. Намуди фаъолияти бонкҳо дар бозори қоғазҳои қиматнок.

Бонкҳои тиҷоратӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок метавонанд, дар сифати эмитентҳои қоғазҳои қиматнок, миёнарави амалиёт бо қоғазҳои қиматнок ва инчунин дар нақши сармоягузор бо харидани қоғазҳои қиматнок аз ҳисоби худ баромад намоянд.

қоғазҳои қиматноке, ки бонкҳои тиҷоратӣ барориш менамоянд ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:

• саҳмия ва вомбаргҳо;

• тасдиқномаҳои амонатӣ ва пасандозӣ, васиқа.

Бо барориш ва фурӯши васиқа, тасдиқномаҳои амонатӣ ва пасандозӣ бонкҳои тиҷоратӣ яке аз нишондодҳои худро — ғункунии пулро амалӣ гардонида, воситаҳои пардохтиро ташкил мекунанд.

Бонкҳо имконияти бар ивази гарави қоғазҳои қиматнок метавонанд, маблағи қарзӣ пешниҳод намоянд. Тартиби гирифтани даромад ба қоғазҳои қиматнок дар давраи амали гарав дар шартномаи қарзие, ки байни қарздиҳанда ва бонк баста шудааст муайян карда мешавад.

Кори бонкҳои тиҷоратӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок бо тартиби оддӣ бо меъёри дар иҷозатнома нишон дода шуда амали карда мешавад. ҳамаи амалиётҳои бонкҳои тиҷоратӣ бо қоғазҳои қиматнок чунин тарз гурӯҳбандӣ карда мешавад:

1. Муомилаи худи бонкҳо бо қоғазҳои қиматнок:

а) сармоягузорӣ;

б) савдоӣ.

2. Амалиётҳои кафолатии бонкҳо.

Муомилаи худи бонкҳо бо қоғазҳои қиматнок аз ҳисоби бонк ва бо номи ӯ амали гардонида мешавад. Муомилаи худи бонкҳо бо қоғазҳои қиматнок ба сармоягузорӣ ва савдоӣ ҷудо мешавад.

Бонкҳо метавонанд воситаҳоро барои гирифтани даромад ба қоғазҳои қиматнок гузлоранд. Ин намуди фаъолияти бонкҳо нисбат ба қарздиҳӣ интихобӣ (алтернативӣ) ҳисобида мешавад.

Соҳаи асосии сармоягузории бонкҳо ин гузоштани маблағ ба қоғазҳои қиматноки фоизи устувор дошта, мебошад. қоғазҳои қиматнок яке аз шакли захираҳои бозоргирӣ бонк мебошад ва вобаста ба ин дар интихоби харидани қоғазҳои қиматнок назари асоси ба эътимодии он дода мешавад.

Бонки тиҷоратӣ метавонад, дар нақши тоҷирӣ мустақил бо харид ва фурӯши қоғазҳои қиматнок барои сабади худ баромад намояд. Амалиётҳои савдоии бонк бо гирифтани даромад аз фарқи қурбҳо дар бозорҳои гуногун ба як намуди қоғазҳои қиматнок вобастаги дорад.

Бонкҳои тиҷоратӣ дар нақши ширкатҳои сармоягузорӣ баромад намуда, метавонанд ба манфиати шахси сеюм кафолат барои ҷойгиркунии қоғазҳои қиматнок пешниҳод намоянд. Ин як намуди суғуртаи хавфи ширкатҳои сармоягузорӣ мебошад.

Бонкҳои кафолатдиҳанда дар барориши қоғазҳои қиматнок назди ширкатҳои сармоягузорӣ ӯҳдадор мешаванд, ки дар ҳолати ба пурраги ҷойгир ё нафурӯхтани қарзи вомбаргӣ онҳо ба ҳисоби худ бо қурби пешаки шартбаста онро харидори менамоянд. Бо ҷойгиркунии пурраи қарз ё саҳмия бонкҳо соҳиби маблағи комиссионӣ ва мукофот барои хавф мегиранд.

2. Барориши қоғазҳои қиматноки худӣ.

Бонкҳо чунин намудҳои қоғазҳои қиматнокро барориш карда метавонанд – саҳмия барои ташкили сармояи оинномавӣ, ӯҳдадориҳои қарзии худӣ: вомбарг, тасдиқномаҳои амонатӣ ва пасандозӣ, васиқа – барои ҷалби воситаҳои қарзии иловагӣ.

Тартиби барориши саҳмия ва вомбаргҳои бонкҳои тиҷоратӣ бо ҳуҷҷатҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

Бонкҳои тиҷоратӣ бо мақсади ташкили сармояи худӣ ба шакли сармояи оинномавӣ ва дар оянда барои зиёд гардонидани сармояи оинномавӣ қоғазҳои қиматнок барориш мекунанд.

ҳамаи қоғазҳои қиматноки бароришшуда новобаста аз андозаи барориш ва миқдори сармоягузорон бояд ҳатми дар БМТ ба қайд гирифта мешавад. Бо муқаррароти қонунгузории ҷТ саҳмияҳои бонкҳо пешниҳодӣ ва исмӣ барориш карда мешавад. Саҳмия он вақт исмӣ ба ҳисоб меравад, агар дар он ахборот оид ба дорандаи намуди қоғазҳои қиматнок сабт карда шуда, дар китоби бақайдгирӣ навиштаҷот бошад.

Арзиши номиналии саҳмияҳои бонк бо сомонӣ муайян карда мешавад.

ҳамаи саҳмияҳои бонк новобаста аз тартиби рақамгузорӣ ва вақти барориш, агар овози иштирок дар маҷлиси саҳҳомон ба назар гирифта шуда бошад, бояд арзиши якхела дошта бошад.

Барориши аввали саҳмия бояд танҳо аз саҳмияҳои исмии оддӣ иборат бошад. Ба барориши саҳмияҳои имтиёзнок иҷозат дода на мешавад. Ин ҳолат бо он алоқаманди дорад, ки бонкҳо дар соли аввали фаъолият имконияти пардохти дивидендҳо барои саҳмияҳои имтиёзнокро надоранд (ҳаҷми умумии барориши аввал ва ояндаи саҳмияҳои имтиёзнок на бояд аз 50 000 андозаи музди меҳнати муқаррар гардида зиёд бошад).

Бо зиёд намудани андозаи сармояи оинномавӣ бонкҳо метавонанд, саҳмияҳои оддӣ ва имтиёзнок бароирш намоянд. Саҳмияҳои имтиёзнокро бонкҳо бо арзиши гуногун мувофиқи ҳуҷҷати оинномавии бонк барориш мекунанд.

Бо мақсади ҷалби иловагии воситаҳои пулӣ барои иҷроиши амалиётҳои активӣ бонкҳои тиҷоратӣ вомбарг барориш менамоянд. Шарти асоси барои баририши вомбарг дар он аст, ки бонкҳои тиҷоратӣ пеш аз барориш намудани он бояд пардохти саҳмияҳои пеш барориш шударо гузаронанд. Бо қонунгузории ҷории амалкунанда бонкҳо имконияти як вақта барориши саҳмия ва вомбаргро надоранд.

Вомбаргҳо ҳам исмӣ ва ҳам ба пешниҳодкунанда дар шакли ғайринақдӣ ва қоғазӣ барориш карда мешавад. Бонкҳо дар қаламравӣ Тоҷикистон вомбаргро бо асъори миллӣ бояд барориш кунанд ва барои барориш бо асъори хориҷӣ ҳуқуқ надоранд. Бақайдгарии вомбарг монанди саҳмия амали мегардад. Мӯҳлати гардиши вомбарг як сол аст. Бо як барориш вомбаргҳо бо арзиши гуногун барориш мешавад.

Бонкҳо вомбаргро бо арзиши номиналӣ ва бо тахфиф фурӯхта метавонанд.

Ба дигар намудҳои қоғазҳои қиматноке, ки бонкҳои тиҷоратӣ барориш менамоянд, инчунин тасдиқномаҳои амонатӣ ва пасандозӣ дохил мешавад.

Тасдиқнома

а) ҳуҷҷате, ки амалиёти хоҷагии анҷомдодашуда, доштани ҳуқуқ, ҳомили моддаи қоғази қиматнок ва монанди инҳо буданро тасдиқ мекунад;

б) шаҳодатномаи хаттии моликият ба қоғази қиматноке, ки эмитнт мебарорад.

Тасдиқномаи амонатӣ – қоғази қиматнок (вомбарг), ки ҳангоми гирифтани қарзҳои фоиздор истифода мешавад ва метавонад ҳамчун вомбарги кӯтоҳмуддат арзиши бирҷавӣ дошта бошад.

Тасдиқномаи пасандозӣ (амонатӣ) – навъҳои суратҳисоби фаврӣ, пеш аз мӯҳлат гирифтани маблағҳо танҳо бо пардохти ҷарима, одатан хусусияти кӯтоҳмуддат дорад (90 рӯз), бо номинали хурд барои тақсим гардидан байни шахсони воқеӣ бароварда мешавад.

Тасдиқномаи амонатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва тасдиқномаи пасандозӣ (амонатӣ) ба шахсони воқеӣ фурӯхта мешавад. Тасдиқномаи амонатӣ ва тасдиқномаи пасандозӣ намуди даромаднокии қоғази қиматнок буда, ҳамчун воситаи ҳисоббаробаркунӣ ва воситаи пардохт барои моли фурӯхташуда ва хизматрасонӣ хизмат мекунад.

Тасдиқномаи амонатӣ аз шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқӣ ва тасдиқномаи пасандозӣ аз шахси воқеӣ ба шахси воқеӣ фурӯхта мешавад.

Васиқаи бонкӣ тасдиқ менамояд, ки шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба бонк бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар намуди амонат маблағи дар васиқа нишондода шударо гузоштааст. Бонк дар навбати худ ӯҳдадор мешавад, ки бо пешниҳоди ин васиқа маблағи онро пардохт намояд. Бо фурӯши васиқа бо тахфиф маблағи тахфиф даромади ояндаи дорандаи васиқ мебошад. Бонкҳои тиҷоратӣ танҳо васиқаи оддӣ бо сомонӣ барориш менамоянд.

Дорандаи васиқа метавонад васиқаро барои ҳисоббаробаркунӣ барои ҳамаи намуди пардохт истифода намояд. Фурӯши васиқа бо паснависӣ илова бо васиқа барориш мешавад, ки номи алонҷро дорад.

Зудфурӯшии васиқа бо ду ҷиҳат таъмин карда мешавад:

1. рӯйипӯшкунии васиқа дар бонки эмитент;

2. бо баҳисобгирии васиқа дар яке аз бонҳои тиҷоратӣ.

3. Амалиётҳои сармоягузории бонкҳои тиҷоратӣ бо қоғазҳои қиматнок.

Бонкҳои тиҷоратӣ бо мақсади муттаҳидгардонии амалиётҳои активӣ, васеъгардонии сарчашмаҳои гирифтани даромадҳои иловагӣ ва нигоҳдории зудфурӯшии тавозун амалиётҳои сармоягузорӣ бо қоғазҳои қиматнок амали мегардонад. Дар кори бонкӣ одатан сармоягузорӣ ин маблағгузори ба қоғазҳои қиматноки корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ ба мӯҳлатӣ гуногуни давра мебошад. Амалиётҳои сармоягузории бонкҳои тиҷоратӣ аз ҳисоби воситаҳои худӣ ва қарзӣ амали мегардад.

Бонкҳо бо харидани қоғазҳои қиматнок бояд чунин омилҳоро ба назар гиранд:

• сатҳи хавф;

• зудфурӯшӣ;

• даромаднокӣ.

Хавф ин арзиши пасти бозории қоғазҳои қиматнок дар бозори фондӣ аст.

Бо мақсади гирифтани даромадҳо ва нигоҳдории зудфурӯӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ ҷузвдони сармоягузорӣ ташкил карда мешавад. Омилҳои асосие, ки андозаи ҷузвдони сармоягузории бонк сифати кори менеҷментӣ бонк аст.

Шарти асосии самаранокии фаъолияти сармоягузории бонк ин:

1. рушди бозори фондӣ дар мамлакат;

2. дар бонкҳо мавҷуд будани мутахассисони баландихтисос оид ба ташкил ва идоракунии қоғазҳои қиматнок;

3. кифоягии асоси (базаи) қонунӣ ва меъёрӣ.

Амалиётҳои сармоягузории бонкҳо бояд мувофиқи сиёсати сармоягузории раёсати бонк амли шавад, ки дар назар дорад:

• мақсадҳои асосии сиёсат;

• сохти ҷузвдони сармоягузорӣ;

• меъёр барои намуд ва сифати қоғазҳои қиматнок;

• мӯҳлат ва эмитентҳо: тартиби савдо бо қоғазҳои қиматнок;

• хусусиятҳои гузаронидани амалиётҳо бо намудҳои қоғазҳои қиматнок.

Баъди муаӣян намудани мақсадҳои сармоягузорӣ ва намудҳои қоғазҳои қиматнок барои харидани бонкҳо стратегияи идоракунии ҷузвдони қоғазҳои қиматнок муайян карда мешавад.

қоғазҳои қиматноке, ки ба мӯҳлати дароз барориш мешавад ба бонк даромади зиёд меорад, вале кӯтоҳмуддат – зудфурӯшӣ.

4. Амалиёти РЕПО.

Амалиёти РЕПО барои бонкҳои тиҷоратии ҷТ намуди амалиёти нав бо қоғазҳои қиматнок ба ҳисоб меравад.

Амалиёти репо мафҳуми макроиқтисодӣ дорад, ки дар идоракунии низоми зудфурӯшии бонкӣ истифода мешавад.

Ин соҳаи истифодабарии амалиёти репо муҳим аст, зеро амалиётҳоро дар бозори кушод васеъ мегардонад ва бо хароҷотҳои камтарин имконият медиҳад, ки ба мақсадҳои зарури ноил гардад. Бонкҳои тиҷоратӣ имконият доранд, ки бо хатари камтарин захираҳои худро да БМТ ҷойгир намоянд.

Репо – амалиёти молиявӣ буда аз ду қисм иборат аст. Яке аз иштироккунанда дар муомила қоғазҳои қиматнокро ба тарафи дигар мефурӯшад ва ӯҳдадор мешавад, ки онро дар санаи муайян ва бо дархости тарафи дуюм баргардонида харид намояд.

Амалиёти репо дар асоси бастани шартномаи дутарафа амали мешавад.

Вобаста аз мӯҳлати истифода репо ба се намуд тақсим мешавад:

1. шабона – як рӯз;

2. кушода – мӯлат муайян нашудааст;

3. мӯҳлатнок – зиёда аз як рӯз ва ё бо мӯҳлати муайян гардида, масалан, ба 7 рӯз. Репои мӯҳлатнок бо фоиз аст.

Муомилаи репо натанҳо бо мӯҳлат инчунин бо тартиби амалии қоғазҳои қиматнок, яъне ҷоӣ нигоҳдории қоғазҳои қиматнок, ки шартнома баста шудааст, фарқ карда мешавад.

389
Нет комментариев. Ваш будет первым!