Тавсифи фаъолияти хоҷагидории инсон

Инсон ва ҳаёту зиндагонии он, чӣ аз нуқтаи назари биологӣ, чӣ иқтисодиву иҷтимоӣ ва моддиву маънавӣ, аз оғози тавлид то кунун объекти махсуси таҳлил ва таҳқиқи илмҳои гуногун қарор дорад. Назарияи иқтисод инсонро фақат аз нуктаи назари фаъолияти хоҷагидорӣ тадқиқ мекунад. Инсон бидуни иқтисод ва охирон, бидуни фаъолияти инсон буда наметавонад. Он қувваи дохилии баҳаракатдароварандаи иқтисод буда, онро мувофиқи дархост, нерӯю қудрати зеҳнии худ идора ва танзим менамояд.

Фаъолияти хоҷагидорӣ ҳамчун раванди меҳнат — фаъолияти мақсадноки инсон дар доираи истеҳсолот (масрафи қувваи фикрию ҷисмонӣ, захираҳои моддию маънавӣ ва роҳҳои подош (рӯпӯш кардани онҳо) ташкил карда мешавад. Баъзе аз неъматҳои иқтисодӣ(об, ҳаво, нури офтоб…) нисбатан беҳадду ҳудуданд ва қонеъ гардонидани талаботи эшон бо онҳо заҳмати зиёдеро талаб намекунанд. Қисми дигари онҳо камёбу нодиранд ва барои дарёфтани онҳо заҳмату меҳнати зиёде кашидан зарур меояд. Маҳз ҳамин неъматҳои нодирро дар амалия неъматҳои хоҷагидорӣ меноманд ва онҳо объекти омӯзиш ва дарку тадқиқоти мутахассисони иқтисоддон, хоҷагидорон ва назариячиён қарор мегиранд.

Фаъолияти хоҷагидорӣ мустақиман бо воситаи фаъолияти шахсон (фардҳо, субъектҳо)-и алоҳида ба роҳ монда мешавад. Фаъолияти хоҷагидории субъектҳои иқтисодӣ аз муҳити табиӣ ва муҳити ташкилотҳои ҷамъиятӣ вобастагии зич дорад. Муҳити табиӣ ҳамчун шароити табиии хоҷагидорӣ ғайримустақим ба ҷараёни истеҳсолот (хоҷагидорӣ) таъсир мерасонад. Он ҳамчун кулли омилҳои гуногун: иқлим, ҳаҷм ва таркиби замин (хок), қаҳри замин, баҳру океанҳо ва ҳаҷми захираҳои онҳо — канданиҳои фоиданок, миқдори набототу ҳайвонот, ирсият, шумораи аҳолӣ, сарват, захираҳои табиат, манзил, хӯрока, пӯшока ва ғайра сурат мегирад. Онҳо дар ҳар як замону макон, давраву марҳалаҳои рушди иқтисод, низомҳои иқтисодӣ, давлатҳои алоҳида ҳархела ба роҳ монда мешаванд. Аз сохту таркиб, ҳаҷму меъёр, сифату миқдор, шаклу намуд ва ҷойгиршавии онҳо дараҷаи хонадорию хоҷагидорӣ, усул ва услубҳои идораю танзими он, сатҳи рушду таҳаввули ҷомеа ва дараҷаи камолоти инсон ва зисту зиндагии он вобастагии зич дорад.

Дар олами муосир мустақилият дар раванди муҳити табиӣ, алалхусус, ҷараёни хоҷагидорӣ вуҷуд надорад. Ҳодиса ва равандҳои табиию иқтисодӣ, оилаю хонадорӣ, хоҷагидорӣ, давлатдорӣ ва ғайра такроршаванда, муқоисашаванда, ба ҳам монанду таҷдидшаванда нестанд. Аз ин лиҳоз, раванди бунёд, тавлиду тақсим, мубодилаю истеъмол, хароҷоту даромад ва ғайра дар ҳар як сатҳи субъекту объектҳои хоҷагидорӣ ҳархела ташкил карда мешавад.

Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки ба фаъолияти инсон — хоҷагидор омилҳои гуногуни ғайридохилии истеҳсолӣ (беруна) таъсир карда метавонанд. Масалан, давомнокии гуногуни фаслҳои сол, тағйирёбии боришот, сармову гармӣ, намнокию хушксолӣ, таваллуд ва фавти аҳолӣ, касалию тансиҳатии аҳолӣ, серию гуруснагӣ, бою камбағалӣ, қашшоқию бенавоӣ, маълумотнокию бесаводӣ ва ғайра, хоҳ нохоҳ, ба дараҷаи хоҷагидорӣ мусбӣ ё нисбӣ таъсир мерасонанд. Аз ин лиҳоз, зарурат ба алоқамандӣ ва робитаҳои хоҷагидорӣ дар доираи олами субъектҳои хоҷагидорӣ ба миён меояд. Оламиён нафақат бо воситаи нақши «инсони иқтисодӣ» (фаъолияти хоҷагидории инсон), балки бо воситаи тафаккури илмӣ, мубодилаи мутақобилаи радиову телевизион, телефону телеграф, коинот ва ғайра ба ҳам пайваст шуда, раванди хоҷагидории умумибашариро эҳё ва ташаккул медиҳанд (11, 28-32).


402
Нет комментариев. Ваш будет первым!