Шаклҳои таърихии эҳё ва таҳаввули арзиш (пул)
Эҳёву ташаккул ва густариши пул, мустақиман бо давраҳои рушди низомҳои иқтисодӣ, инкишофи тамсилаҳои он ва шаклу намудҳои хоҷагиҳои молӣ алоқаманд мебошад.
Дар шароити низоми иқтисоди суннатӣ асоси онро моликияти «коллективӣ» (общинагӣ) ва хоҷагиҳои натуралӣ ташкил медиҳанд. Мубодила дар шакли «бартер», яъне доду гирифти як намуди неъмат ё хизмат ба намуди дигари он, ба роҳ монда мешавад.
Вобаста ба хусусиятҳои зинаҳои ташаккули таърихӣ, ҷуғ-рофӣ, анъанаҳои миллӣ, пешрафти қувваҳои истеҳсолкунанда ва такомули муносибатҳои иқтисодӣ, ба сифати пул молҳои ҳархела, ки нисбат ба дигар неъматҳо эътимод ва эътибори зиёд доштанд, ба амсоли олотҳои фулузӣ (табар, шамшер, корд, теша, найза…), васоилҳои моҳидорӣ, газвор, матоъҳои чармӣ, пӯсти ҳайвоноти ваҳшӣ, мӯина истифода карда мешуданд.
Вазифаҳои пулро инҷо мутолиа намоед >>ВАЗИФАҲОИ ПУЛ
Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар байни мардум ибораи «пул ҳамаи он чизҳоест, ки дар мубодила иштирок карда, ба ивазаш мол ё хадамот қабул карда мешавад» бештар ба таври маъмул истифода мегардад.
Тарафдорони консепсияи субъективӣ исбот мекунанд, ки бавуҷудоӣ, инкишоф ва ташаккули пул ҳамчун натиҷаи гуфтугӯ(шартномаи рамзи)-и байни одамон (субъектҳои бозор) ба роҳ монда мешавад. Мубодилаи молҳо бо фулузи қимматдор ё худ чизҳои нодир — натиҷаи амалиёти шахсҳо (субъектҳо) қарор мегирад. Аз ҳамин ҷиҳат, пул ҳамчун маҳсули гуфтугӯи байни одамон ба миён меояд.
Ҷонибдорони консепсияи объективӣ андеша ба он доранд, ки пул ҳамчун натиҷаи тараққии ботадриҷи тақсими ҷомеавии меҳнат, амиқ гаштани тахассус ва густариши истеҳсолоти молӣ сурат гирифта аст. Ин ақоидот бештар ба назарияи К.Маркс оиди инкишофи мубодила (шаклҳои арзиш) такя менамояд.
Тибқи ақоидоти К.Маркс, пул ҳамчун моли махсус зинаҳои гуногунро аз сар гузаронида аст. Шакли аз ҳама қулайтарину оддитарини мубодила (арзиш) шакли содда ё худ мубодилаи тасодуфӣ мебошад, ки арзиши як мол ба моли дигар иваз карда мешавад.
(Х) — дона табар = (У) — сар гӯсфанд
Мубодила дар шакли ниҳоят содда ва абстрактӣ, ҳамчун муносибати озоди байни ду шахс, ки ба он ниқоби ҳуқуқӣ ҳамчун «шартнома» дода мешавад, мавриди таҳлил қарор мегирад.
Мубодила дар шароити ҷой доштани: 1) талаби молистеҳсолкунандаи А ба соҳиби моли Б ва 2) талаби охирон ба моли истеҳсолкунандаи якӯм ҳамчун зуҳури муносибатҳои иқтисодии байни одамон ба амал бароварда мешавад1.
Дар ин таносуб арзиши табар ва арзиши гӯсфанд ифода карда мешавад. Гӯсфанд ҳамчун ифодакунандаи арзиши табар ё худ ченаки арзиши вай (меҳнати сарфшуда) хизмат мекунад. Дар ин ҷо табар нақши нисбӣ ва гӯсфанд нақши эквивалент(пули)-ро иҷро менамояд. Дар шароити истеҳсолоти ғайримолӣ роли эквивалент ба ягон мол вобаста нашудааст ва ин вазифаро молҳои гуногун иҷро мекунанд.
Баробари амиқ гаштани тақсимоти ҷамъиятии меҳнат — ҷудо шудани чорводорӣ аз зироат (якӯмин тақсими калони ҷамъиятии меҳнат), ҷудо шудани ҳунармандӣ, савдо ва ба мубодила интиқол шудани миқдори зиёди молҳо раванди мубодила низ танзим гардида, ба ҳайси эквивалентӣ шумораи зиёди молҳо дар муомилот иштирок мекардагӣ мешаванд ва мубодила чунин сурат мегирад:
Х — адад табар
Х — сар гӯсфанд = У — халта гандум
Z — метр газвор ва ғайра
Ин шакли мубодиларо К.Маркс шакли мукаммал ё худ шакли густаришёфтаи арзиш меномад.
Ҷараёни тараққиёти худбахуди қувваҳои истеҳсолкунанда, мураккабу пурпечутоб шудани робитаҳои иқтисодӣ оиди истифодаи захираҳои иқтисодӣ ва густариши миқдору меъёрҳои зиёди бозорҳои молӣ ва дар онҳо иштирок доштани эквивалентҳои бешумор ва мушкил гардидани муомилаи байни тавлидгарону истеъмолкунандагон, фурӯшандагону харидорон ба он оварда расонд, ки аз ҷаҳони молҳои мавҷуда як мол ҷудо гашта, вай ҳамчун эквиваленти умумии молҳо интихоб карда мешавад. Ин зинаи ниҳоят баланду такмилёфтаи муомилотро шакли умуми(умумитарин)-и арзиш номиданд ва он чунин тасвир карда мешавад:
Х — адад табар,
У — халта гандум, = S — сар гӯсфанд
Z — метр газвор ва
ғайра
Дар ин шароит пул ҳамчун эквиваленти умумӣ, таҳти ниқоби молҳо (гӯсфанд) сурат мегирад. Дар ин ҷо табар, гандум, газвор ва ғайра (вобаста ба сарфи меҳнати зарурии ҷамъияти-ашон), арзиши худро бо гӯсфанд ифода мекунанд. Ҳамин гуна нақши эквивалентӣ дар давраҳои гуногун ба молҳои гуногун (устухони фил, пӯсти ҳайвоноти ваҳшии нодир, фулузот…) муносиб дониста шудаанд.
Бо мурури инкишофи иқтисод, пайдо шудани бозорҳои миллӣ, мустаҳкам гардидани равобитҳои иқтисодӣ, ривоҷу равнақ ёфтани тиҷорат ва ғайра зарурат ба истифодаи моли махсус ба ҳайси эквивалент ба миён меояд. Ин вазифа ба зиммаи фулузи қимматнок (мис, нуқра, тилло) вогузошта мешавад.
Ин раванд чунин сурат мегирад:
Х — сар гӯсфанд
У — халта ғалла
Z — метр матоъ = S — грамм тилло
С — адад табар
ва ғайра
Ҳамин тавр, пул давраҳои бешумор ва беинтиҳои таърих ва зинаҳои гуногуни муомилотро паси сар карда, ҳамчун моли махсусе, ки барои ҳамаи молҳо роли эквиваленти умумиро иҷро мекунад ба саҳнаи муомилот (бозор) қадам мегузорад1.
Ба сифати эквивалент интихоб гардидани тилло таърих, сабаб ва зарурати муайян дорад. Тилло ҳамчун мол (неъмат) — фулузоти нодир ва раванди коркарди он меҳнатталаб аст. Қобилияти ғайритабии он ҳамчун фулузоти гаронбаҳо, сифатан якхела, миқдоран ба таври дилхоҳ тақсимшаванда будан, сирати имчамсохт (портативӣ) доштан (яъне дар як порчаи нисбатани хурди он миқдори зиёди меҳнат таҷассум ёфтан), майл ба нигоҳ ва захира кардани он зуҳур меёбад.
Тилло қобилияти фавқулситоишӣ дошта, бар одамон ҳукмрон ва онҳоро ба худ тобеъ мегардонад1.
Тилло ду хусусият — арзиши истеъмолӣ ва арзиш дорад. Арзиши истеъмолии тилло ҳамчун моли муқаррарӣ дар манфиатнокии он, яъне аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ барои зебу зинат ва ҳамчун масолеҳ барои саноат истифода шудан тасаввур карда мешавад. Арзиши истеъмолии тилло ҳамчун эквиваленти умумии молҳо дар қо-билияти ҷозибаноку ба худ ҷалб карда шудани арзиши ҳама гуна молҳо зуҳур мегардад.
Арзиши тилло, ҳамчун моли муқаррарӣ тибқи назарияи меҳнатии арзиш — вақти зарурии ҷамъиятӣ муайян карда мешавад.
Арзиши тилло ҳамчун моли махсус — эквиваленти умумии молҳо, дар шакли умумии мубодилаи мустақими молҳо бо воситаи материал(мавод)-ҳои пулӣ ба роҳ монда мешавад.
1 Д.И. Розенберг. Комментарии к “Капиталу” К.Маркса. М., 1984. с. 77.
1 К.Маркс. Капитал. Т.1. М., 1969. гл. 1,2.
1 Фавқулситоиш(фетишизм)-и молӣ ва пулӣ сароѓоз аз ҷониби К.Маркс истифода карда шуддаст.