Вазифа ва омилҳои муайянкунандаи фаъолияти фирма
Новобаста аз сирати мансубият ба ин ё он шакли моликият, ҳаҷму меъёр, миқдори тавлиди неъматҳову адои хизмат, ҳар як корхона барои иҷрои вазифа ва мақсади муайян нигаронида мешавад.
Фаъолияти корхона дар асоси чорчӯбаи манфиат ва ангезаи хусусӣ (инфиродӣ) қарор мегирад. Ҷавҳари манфиатҳои иқтисо-дӣ ва муарриқи ба ҳаракатдароварандаи ангезаи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолиро, афзунгардонии ҳаҷми маҳсулоти ба фурӯш баровардашаванда ва ҳаҷми фоида — асоси таъмини рушди корхона ва баланд бардоштани сатҳу дараҷаи рифоҳи коргарон ташкил медиҳад.
Шавқу ҳаваси кормандон (директор, роҳбарият, коргарон, хизматчиён ва ғайра) оиди натиҷаи фаъолияти корхона ва муносибати онҳо нисбат ба моликияти корхона (давлатӣ, хусусӣ, кол-лективӣ…) ҳархела сурат мегирад. Мояи онро тақозо ташкил медиҳад. Қонеъ гардондани дархосту ниёзмандии кормандон, мустақиман дар асоси ангезаи меҳнати ҳамаи аъзоёни коллектив ба роҳ монда мешавад.
Аз ин нигоҳ, вазифаҳои дар назди корхона гузошташударо чунин тасниф кардан мумкин мебошад.
А. Вазифаҳои корхонаҳои амалкунанда:
— бо таври истиқрору муозин ташкил кардан ва нигоҳ дошта тавонистани иқтидор ва нерӯи истеҳсолию техникии корхона;
— бо музди кор таъмин кардани коргарону хизматчиён;
— таъмин кардани шароити мӯътадили кор ва имконияти рушди касбию ихтисосӣ;
— қонеъ гардондани истеъмолгарон бо молу маҳсулот ва хизматрасонӣ;
— бавуҷудовардани ҷои кор барои аҳолӣ (банд сохтани одамон бо кор);
— ҳифзи муҳити зист (замин, боду ҳаво…);
-барои қатъ гардидани фаъолияти корхона замина нагузоштан ва пешгирӣ кардани муфлисшавии он;
-роҳ ва имконият надоштан ба қатъшавии таъминот ба ашё, материал, тавлиди молҳои нуқсондор, якбора кам шудани ҳаҷми тавлидот, паст рафтани даромаднокии кори корхона ва ғайра.
Вазифаи корхона тибқи манфиат ва ангезаи шахсии таҳсисдиҳанда, ҳаҷми сармоя, вазъи дохилии корхона, муҳити бурунмарзию зист ва ғайра муайян карда мешавад.
Вазифаи корхона аз ҷониби соҳиби корхона (фардҳои алоҳида, коллектив, давлат, ширкатҳои саҳҳомӣ…) вобаста ба мақсад, манфиати шахсӣ муайян гардида, иҷрои он ба зиммаи коллектив гузошта мешавад.
Алоқамандии омилҳои мавҷударо чунин тасвир кардан мумкин аст (ниг. нақшаи 37).
Новобаста ба шакли моликият корхона тибқи принсипҳои ҳисоби тиҷорат (худидоракунӣ, мустақилият, худтаъминкунӣ, худмаблағгузорӣ) фаъолият мебарад, бо истеъмолкунандагон мустақилона шартнома баста фар-моишҳои алоҳидаи хусусӣ ё худ давлатиро иҷро менамояд.
Б. Вазифаи корхонаҳои истеҳсолӣ:
— истеҳсол кардани маҳсулот дар шакли воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ, яъне молҳои истеҳ-солӣ ва истеъмоли шахсӣ;
— фурӯш ва ба истеъмолкунанда бурда расондани маҳсулот;
— хизматрасонии пас аз фурӯш;
— бо воситаҳои моддию техникӣ таъмин кардани истеҳсолот;
— идора ва ташкили раванди истеҳсолот ва меҳнат дар корхона;
— таъмин кардани рушду нумӯи истеҳсолот ва ҳаҷми маҳсулот;
— анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ;
— пардохти андоз, иҷро намудани ӯҳдадориҳои ҳатмӣ, ҳиссаҷудокуниҳо ба ташкилотҳои болоӣ (буҷа ва низоми молия);
— иҷро кардани стандартҳо, нормативҳо, қонунҳои давлат ва ғайра.
Бояд дар назар дошт, ки вазифаҳои иҷрокардаистодаи ҳар як корхона тибқи ҳаҷми он, таалуқ доштан ба ин ё он шакли соҳа, дараҷаи тахсис ва тамаркази истеҳсолот теъдоди таркиботи зерсохтор (инфраструктура)-и иҷтимоӣ, шакли моликият, муносибат бо ташкилотҳои маҳаллию ҳукумат ва ғайра аниқ карда мешавад.
Меҳвари асосии фаъолияти корхонаро муҳити дохилӣ (эндогенӣ) ташкил медиҳад. Дар он ҷараёни бо ҳам пайваст гардидани омилҳои истеҳсолот — сармоя, меҳнат, замин, соҳибкорӣ, воситаҳои сармоягузорӣ (инвеститсионӣ) ва иттилоот ба роҳ монда мешавад. Натиҷаи ин амалиёт тавлиди маҳсулот ва адои хизмат мебошад. Ин алоқамандиро чунин ифода намудан мумкин аст.
Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки мақсади асосии корхона ин ба ҳам пайваст кардани омилҳои истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулот мебошад. Ин ҷараён вобаста ба сирати истифодаи захираҳои иқтисодӣ ва қонеъ гардондани тақозои беинтиҳои аҳолӣ ҳархела ба амал бароварда мешавад.
Самаранокии фаъолияти интиҳоии корхона тибқи омилҳои гуногун муайян карда мешавад.
Дар адабиёти муосири иқтисодӣ, вобаста ба самт ва равиши амалиёт омилҳоро ба ду гурӯҳ — позитивӣ (positivus) — мусбат, эҷобӣ) ва негативӣ (negativus) — манфӣ, аксият) ҷудо мекунанд.
Омилҳои позитивӣ, омилҳое мебошанд, ки ба раванди истеҳсолот ва фаъолияти хоҷагидорӣ мусбат таъсир мерасонанд. Таъсири баръакс ҳамчун омилҳои негативӣ сурат мегиранд.
Вобаста ба нақш ва мақоми бунёд ва густариш ёфтан, онҳоро ба омилҳои дохилӣ (эндогенӣ) ва берунӣ (экзогенӣ) тақсимбандӣ менамоянд.
Омилҳои дохилӣ вобаста ба:
— шахсияти роҳбарикунандаи корхона, қобилияти роҳбарӣ доштани онҳо дар шароити бозор;
— тезонидани пешрафти илму техника, навоварӣ ва сиёсати сармоягузории корхона;
— такмили ташкили истеҳсолот ва меҳнат, идораи корхона;
— шакли ташкилию ҳуқуқии хоҷагидорӣ;
— бавуҷуд овардани муҳити солими иҷтимоию психологӣ дар коллектив;
— шакли хосаи истеҳсолот дар соҳа;
— сифат ва рақобатпазирии маҳсулот, идораи хароҷот ва сиёсати нарх;
— сиёсати истеҳлок (амортизатсионӣ) ва сармоягузорӣ сурат мегиранд.
Омилҳои дохилӣ дар навбати худ ба омилҳои объективӣ ва субъективӣ ҷудо карда мешаванд.
Омилҳои объективӣ, омилҳое мебошанд, ки новобаста ба субъекти идора ба вуҷуд меоянд.
Омилҳои субъективӣ, омилҳое ба ҳисоб мераванд, ки пурра ба шахсиятҳои идоракунанда вобаста мебошанд. Он ба санъат ва маҳорати менеҷер ва ҳайати роҳбарикунанда (менеҷмент) вобаста мебошад.
Фаъолияти хоҷагидории корхона дар шароити бозор таҳти таъсири омилҳои берунӣ низ қарор мегиранд. Одатан, онҳоро чунин тафриқабандӣ мекунанд. Омилҳое, ки таҳти:
— дигаргунсозиҳои вазъи сиёсӣ, чӣ дар дохили мамлакат ва чӣ дар миқёси байналхалқӣ;
— тағйироти вазъи конъюнктурии бозори дохилӣ ва бурунмарзӣ алоқаманданд, ки ҳамчун тағйироти дараҷаи тақозо, арза, нарх арзи вуҷуд доранд;
— тағйиротҳои раванди инфлятсионӣ (беқурбшавӣ);
— тағйиротҳое, ки ба фаъолияти давлат — сиёсати иқтисодии давлат, сиёсати сармоягузорӣ ва бурунмарзӣ алоқаманд мебошанд зуҳур меёбанд.
Бояд махсус қайд намуд, ки ба раванди кори самаранокии корхона таъсири давлат хеле ҳам муҳим мебошад. Ин пеш аз ҳама ба бунёд кардани бозори тамаддун ва барқарор кардани “қоидаҳои бозӣ” дар ин бозор (яъне бавуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқӣ), таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат, бехатарии миллӣ, истиқрори иқтисодиёт, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолати иҷтимоии шаҳрвандон ва коргарон, ҳифзи рақобат, коркардҳои илмию техникӣ, қабул ва иҷрои қонунгузориҳои хоҷагӣ ва ғайра назаррас мебошад.