​Коидахои бархам додани бонк

То бархам додани бонки сахомию тичорати, Бонки милли (маркази) чорахои заруриро оид ба ислох кардани фаъолияти ин бонк ё ташкилоти молиявии гайрибонки меандешад. Яке аз ин чорачуихо таъин намудани маъмурияти муваккатй (мудири муваккати) аст. Мудири муваккати барои идора намудани бонк ва ихтиёрдории амволи он дар сурати мавчуд будани як ё якчанд холатхои зерин таъин карда мешавад:

Дар холате, ки бонк гайри кобили пардохт бошад, яъне бонк аз ухдаи ичрои талаботи амонатгузорон ё пардохти ухдадорихои худ баромада натавонад, арзиши пассивхои он аз арзиши активхояш зиёд бошад;

Бонк ба таври дигар, дар холатхои хатарнок ё гайри муътадил карор дорад.

Ба мудири муваккати хамаи ваколатхо, аз чумла нисбати активхои он, ки раиси бонк ва мудирон доранд, дода мешавад ва хамаи ваколатхои онхо худ аз худ боз дошта шуда, ба тартиби мукарраркардаи Конун ба мудири муваккати дода мешавад.

Мудири муваккати баъди таъин шуданаш фавран бояд чунин тадбирхо андешад:

а) дар хамаи утокхои кории бонк оид ба мукаррар шудани маъмурияти муваккати бо зикри таърих ва вакти таъин шудани ин маъмурият эълонхо овезад;

б) хамин гуна эълонхоро дар махалли мавчудияти бонк бо воситаи ахбор ё дигар навъи мухобирот ба иттилои муштариёни бонк расонад:

в) ба Бонки милли (маркази) аз ичрои ин корхо дар мухлати се руз хабар дихад.

Баъд аз анчоми ин корхо мудири муваккати оид ба идора кардани бонк чанд кори дигарро низ бояд ба анчом расонад, яъне баъзе аз рохбарони бонк ё кормандони онро аз кори бонк барканор созад. Хамаи кулфхоро иваз намояд, коди компютерхоро тагйир дихад ва дигар корхои заруриро барои бемамониат ичро намудани вазифааш анчом дихад.

Мудири муваккати баъди таъин шуданаш дар давоми панч руз оид ба вазъи молияви ва пешомади бонк ба Раёсати Бонки милли (маркази) хисоботи хатти пешниход мекунад. Дар рафти тахдили пешомади бонк мудири муваккати тавозунхои (балансхои) намунави тайёр намуда, руйхати норасоихои мавчударо тартиб медих.ад.

Баъди гирифтани хисоботи мудири муваккати Раёсати Бонки милли (маркази) яке аз карорхои зеринро кабул мекунад:

а) агар хисоботи мудири муваккати бозхонда гирифтани ичозатномаи (литсензияи) бонкиро тавсия кунад, Бонки милли (маркази) ичозатномаи бонкиро бозхонда мегирад, мудири бархамдихии бонкро таъин мекунад ва дар бораи бархамдихии бонк амр медихад;

б) агар хисоботи мудири муваккати накшаи баркарор кардан ё дигаргунсозии сохтори бонкро талаб кунад, мувофики тартиботи муайяншуда Бонки милли (маркази) ё накшаи пешниходшударо рад карда, сабабхои бад шудани онро нишон медихад ва ё накшаи пешниходшударо бо тагйироту иловахо аз руи салохдиди Раёсат тасдик мекунад ва ба мудири муваккати ичро намудани накшаро супориш медихад.

Агар Раёсати Бонки милли (маркази) ба бархамдихии бонк амр дихад, мудири бархамдихи таъин мекунад. Мудири бархамдихи:

1. Баъди таъин шуданаш якбора вориси хамаи хукукхои мудири муваккати мешавад ва хамаи амалиёти бонкиро катъ мекунад;

2. Хамаи чорахои заруриро барои ошкор кардани тамоми активхо ва амволи бонк меандешад.

Ин гуна чорабинихо инхоянд:

а) тахияи руйхати активхо ва амволи бонк, ки кобили бархамдихи мебошанд ва тайёр намудани нусхахои чунин руйхат барои шинос намудани ахли чамъият;

б) баъди як муддати муайяни шинос шудани ахли чамъият бо ин руйхат, ба фуруш ва ё таксимоти активхо ва амволи бонк шуруъ мекунад;

в) ба хар муштари, ки моликияти вай дар ихтиёри бонк карор дорад, барои баргардонида гирифтани он хабар медихад ва талаботи онхоро мувофики дастуруламалхои мавчуда конеъ мегардонад ва гайра.

Мудири бархамдихи, дар давоми се хафта пай дар пай дар рузномахои ба хамаи махалхои ахолинишин пахншаванда, ки дар он чо шуъбахои бонк амал мекарданд, дар бораи бархамдихии бонк огахинома чоп мекунад. Баъд аз он тартиб ва навбати пардохти талаботи муштариёни бонкро омода сохта, аз хисоби захирахо ва фуруши амволи бонк талаботи муштариёнро конеъ мегардонад.

326
Нет комментариев. Ваш будет первым!