Асосхои истехсолоти чамъияти

Нақшаи дарси назарӣ:

1. Захираҳои иқтисодӣ ва омилҳои истеҳсолот.

2. Таркиби истеҳсолоти ҷамъиятӣ.

3. Тарзи истеҳсолот ва ду тарафи он.

4. Зинаҳову марҳилаҳои инкишофи тамаддун.

5. Маънидоди тамаддунии таърих.

1. ЗАХИРАҳОИ ИқТИСОДӣ ВА ОМИЛҳОИ ИСТЕҳСОЛОТ

Дар ҳар як марҳилаи инкишоф инсон захираҳои дар ихтиёраш бударо истифода карда, неъматҳо ва шароити зарурии ҳаёташро ба миён меоварад. Маҳз ҳамин ҳодисаи бо ёрии фаъолияти тавлидгарӣ қонеъ гардонидани ниёзҳо ё талаботи мардумон истеҳсолот ном гирифтааст. Баъзеҳо истеҳсолотро равиши меҳнат ҳам ном мебаранд. Аммо дар назари мо равиши меҳнат танҳо ҳиссаи ҷараёни истеҳсолотро дарбар мегирад.

Азбаски инсон дар табиат буда, танҳо ба туфайли вай вуҷуд дошта метавонад, пас мутобиқат дар ҳаёт, омодасозии неъматҳо ва хизматҳои зарурӣ ҳамчун истифодаи захираҳои мавҷуда намудор мегардад.

Дар маънидоди омӣ шумораи маҳдуди (чор унсури) захираҳоро фарқ мекунанд. Аз нуқтаи назари илми иқтисодӣ захираҳои асосии иқтисодӣ инҳо мебошанд:

I. Захираҳои табиӣ

II. Сармоя

III. Захираҳои меҳнат

IV. Фаъолияти соҳибкорӣ

V. Захираҳои иттилоот (ахборот)

VI. Тарзи коркард (технология)

VII. Экология.

Бо мақсади маънидоди захираҳои иқтисодӣ ба нақша муроҷиат мекунем (ниг. ба нақшаи 3.1.).

Аз рӯи нақшаи 3.1. таркибдиҳандаҳои захираҳои иқтисодии ҷомиаро маънидод кунед ва дар хотир нигоҳ доред. Дар ин ҳолат ба назар гиред, ки захираҳо ба одамон дода шудаанд, аммо фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси бо ҳамдигар пайвастани онҳо фаъолияти тавлидгарии фирмаҳои гуногуну сершуморро ба роҳ монда меояд.
Нақшаи 3.1.

\"\"

Дар ҳар як узви истеҳсолоту фаъолият ин захираҳо истифода шуда, мутобиқи муаммою масъалаҳои марказӣ, ба монанди:

чиро?

чӣ гуна?

барои кӣ?

ва кай?

бояд истеҳсол кард, ҳаллу фасли дилхоҳи худро дарёфта метавонанд.

Мавриди ҳалли ин муаммоҳо яке аз равишҳои намоёни ба назарияи иқтисод ва қонунҳои хоҷагидорӣ мутаалиқ имконоти истеҳсолӣ дониста мешавад. Барои муайян кардани ҳудуди имконоти истеҳсолӣ одатан каҷхаттаи вайро истифода мебаранд. Дар андоми оддии каҷхаттаи мазкур дар системаи координат имконоти истеҳсолии ду номгӯи маснуот бо ҳамдигар муқоисаву муайян карда мешавад. Яке аз маснуот зиёдтар истеҳсол карда шавад, онгоҳ захира ба истеҳсоли маснуоти дуюм камтар мемонад ва баръакс. Яъне ин каҷхатта нишон медиҳад, ки дар ҳолати маҳдудии захираҳо кадом таносуби байни маснуотро риоя карда ба натиҷаҳои беҳтарин расидан имконпазир аст (ниг. ба нақшаи 3.2.).

Дар нақша нишон дода шудааст, ки мавриди истеҳсоли маснуоти А ба 8 воҳид маснуоти Б барои истифодаи дилхоҳи захираҳои мавҷуда имкони дилхоҳ медиҳанд.

Нақшаи 3.2.

Каҷхаттаи имконоти истеҳсолӣ

\"\"

Бояд дар назар дошт, ки захираҳо ҳарчанд маҳдуд мебошанд, омӯзишу истифодаи оқилонаи онҳоро фаъолияти соҳибкорӣ таъмин карда метавонад. Дар замони мо зери таъсири пешрафти илму техника истифодаи захираҳо имконоти наву навтаринро соҳиб мегардад.

2. ТАРКИБИ ИСТЕҳСОЛОТИ ҷАМЪИЯТӣ

ҳамин тавр, аз таҳлилҳои дар боло овардашуда маълум менамоянд, ки истеҳсоли неъматҳо ва хизматҳо ба маҳдудии захираҳо дучор меояд. Бинобарон дар назди соҳибкорону идориён вазифа гузошта мешавад, ки бо кадом роҳу усули хоҷагидорӣ ва омезиши захираҳо чигуна натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварда метавонанд. Маҳз ҳамин равишҳо оқибати фаъолияти иқтисодиёти хурду калонро амалан муайян месозанд.

Илми иқтисодӣ истеҳсолоти ҷамъиятиро ба ду қисмати калон ҷудо мекунад: якум — истеҳсолоти моддӣ,

дуюм — истеҳсолоти ғайримоддӣ.

Равияи якуми фаъолияти тавлидгарӣ ҳамон coҳaҳoepo дарбар мегирад, ки дар онҳо неъматҳо ва хизматҳо истеҳсол карда мешаванд. ҳамчун намунаи маънидоди ин равиш соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сохтмону нақлиёт, алоқа ва тиҷорату монанди инҳоро ҷудо мекунанд. Ибораи истеҳсолоти моддӣ бошад, ҳамон фаъолиятро мадди назар дорад, ки дар рафти амали онҳо неъматҳо, маснуот, хизматҳо тавлид мешаванд. Агар дар рафти фаъолият неъматҳову хизматҳо тавлид нашуда, фаъолият амалан ба тағйироту истифодаи онҳо нигаронида шавад, онгоҳ ин равишҳоро истеҳсолоти ғайримоддӣ меноманд.

ҳамчун намунаи истеҳсолоти ғайримоддӣ тиҷорати холис, кашонидану нигоҳдории маснуот, хизматҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи мамлакату ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва монанди инҳоро ба назар меоранд.

Барои муайян кардани натиҷаҳои истеҳсолот унсурҳои вайро ҷудо мекунанд:

— унсурҳои ибтидоӣ (табиӣ) — конҳо, об, ҳаво, нури Офтоб,

— меҳнати одамон.

— унсурҳои сонӣ (иқтисодӣ) — биноҳо, мошинҳо, таҷҳизот,

— сармоя (пул), қоғазҳои қиматнок,

— омезиши соҳибкории унсурҳо.

Барои тафсилоти пурраи истеҳсолот ибораю мафҳумҳои истеҳсол, такрористеҳсол, такрористеҳсоли маҳдуду фарох, оддию васеъ ва монанди инҳоро низ маънидод мекунанд.

3. ТАРЗИ ИСТЕҳСОЛОТ ВА ДУ ТАРАФИ ОН

Равишҳову пояҳои марказии истеҳсолоти ҷамъиятиро тақсимоти меҳнату истеҳсолот, тахассуси истеҳсолот ва мутобиқату кооперати-вонии он ташкил медиҳанд.

ҳар яке аз ин равишҳо ҳамчун натиҷаи бевоситаи тараққиёт ва инкишофи тамаддуни башарӣ ба миён омада, дар навбати худ маҳз ҳамин пешрафту тараққиётро хизмат мерасонанд. Мавқеи назарнаморо дар ин равишҳо тақсимоти меҳнат ва истеҳсолот ташкил медиҳанд, ки боиси дигаргуниҳои намоён дар раванди истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва ташкилу идора, фаъолияти амалии он сабабгор мешавад. Барои ба масъалаҳои тарзи истеҳсолот сарфаҳм рафтан нақшаи 3.3.-ро маънидод кардан зарур аст.

Ба таърихи инсоният такрористеҳсоли васеъ хос аст. Вай нишон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсолот ва неъматҳо торафт зиёд шуда мераванд. Мавриди ҷой доштани тамоили акс, такрористеҳсол навъи маҳдуд ва бӯҳрониро ба худ мегирад. Бо мақсади маънидоди мазмуну мароми такрористеҳсоли васеъ се намуди онро фарқ мекунанд:

— такрористеҳсоли босамар (интенсивӣ);

— такрористеҳсоли камсамар (экстенсивӣ);

— такрористеҳсоли омехта.

Нақшаи 3.3.

\"\"

4. ЗИНАҳОВУ МАРҳИЛАҳОИ ИНКИШОФИ ТАМАДДУН

То замони мо тадқиқгарон якчанд равияҳои маънидоду тасвири марҳилаҳои таърихи тамаддунро ба миён овардаанд. Яке аз ингуна равияҳо маънидоди форматсионии таърих мебошад, ки асоси онро таълимот дар бобати тарзҳои истеҳсолот ташкил медиҳад. Маънидоди зайл ақида дорад, ки тарзҳои истеҳсолоти дар таърихи тамаддун ҷой дошта аз рӯи табақаҳо (синфҳо) ва шаклҳои моликияти ҳукмрон муайян карда мешаванд. Ин ақидаҳо дар нимаи дуюми асри XIX паҳн шуда, то охирҳои асри ХХ васеъ ҷонибдорӣ меёфтанд. Онро баъзеҳо таълимоти марксистии таърихи тамаддун ҳисоб мекунанд, ки дар таърих ҷой доштани тарзҳои истеҳсолоти зеринро ҷонибдорӣ мекард:

— давраи қабилагии ибтидоӣ,

— давраи ғуломдорӣ,

— давраи феодалӣ,

— давраи сармоядорӣ,

— давраи коммунистӣ.

Люис Морган, Фридрих Энгельс танҳо се зинаи баръалои таърихи тамаддунро ҷудо карда, аз панҷ зинаи дар боло номбаршуда, аввалин ва дуюм, сеюм ва чорумро якхела ва зинаи панҷумро марҳилаи ниҳоӣ ҳисоб мекарданд. Аз рӯи нишондоди онҳо ҷомиа се зинаро аз cap мегузаронад:

— ваҳшигӣ (варварият),

— тамаддун (маданият),

— ҷомиаи баркамол.

ҳарчанд ин ақидаро тадқиқгарони зиёди ҷаҳон эътироф кардаанд, вале асосгузори он олими садаи XIV аз Тунис Ибни ҳалдун мебошад, ҳарчанд бисёриҳо номи вайро ба хотир намеоваранд.

Пажӯҳишгарони алоҳида тамаддунро ба зинаҳои тохаттию хаттӣ низ ҷудо мекунанд ва марҳилаи ҳозираро ҳамчун даврони инқилоби ахборӣ ба вай ҳамроҳ месозанд. Аз рӯи ин нишондод ҳам башарият се зина баръалои инкишофро аз cap гузаронидааст.

Маънидоди дигари давраҳои инкишоф пайдо шудани ҳаёт, инсон ва иқтисодиётро дахл намуда, ақидаҳои динии офариниш аз тарафи Худованд, таҷрибавии кайҳонӣ ва материалистонаи (дарванистии) инкишофи намудҳоро дар сайёраи Замин ҷонибдорӣ карда меоянд.

Пажӯҳишгари Олмон Бюхер К. дар ибтидои асри ХХ нишон дода буд, ки асоси ҷудокунии марҳилаҳои инкишофи ҷомиа бояд хислати робитаи ҷамъиятӣ дар байни истеҳсолоту истеъмолот бошад. Аз ин нуқтаи назар вай зинаҳои зайлро ҷудо мекард:

1) хоҷагии маҳдуди хонагӣ бидуни муомилот;

2) хоҷагии шаҳрии мубодилакунанда;

3) хоҷагии халқии ба муносибатҳои пулию молӣ асосёбанда.

Мутаассифона ва ё хушбахтона таърихи ривоҷи халқи тоҷикро ба ин ақида пайванд кардан берун аз имкон аст. Чунки ҳанӯз дар асрҳои III, IV милодӣ ҳунармандию деҳқонӣ дар сарзамини мо ривоҷ ёфта, тиҷорати байналмилалӣ равнақи ҳамаҷонибаро соҳиб мегардад. Дигар равияи маънидод чунин марҳилаҳои таърихи ҷомиаро нишон медиҳад:

1) ҷомиаи тосаноатӣ (одатӣ),

2) ҷомиаи саноатӣ (иқтисодӣ),

3) ҷомиаи баъдисаноатӣ (баъдииқтисодӣ).

Баъзе тадқиқгарон тамаддунҳои осиёгӣ, шарқӣ, антиқӣ, ғарбй, европоӣ, исломӣ ва дигарҳоро ҷудо мекунанд.

5. МАЪНИДОДИ ТАМАДДУНИИ ТАЪРИХ

Яке аз равияҳои дар замони мо маьмулу паҳншудаи маънидоди таърихи башар назарияи тамаддунии таърих дониста мешавад. Мувофиқи гузоришоти вай тамаддун ҳамчун маҷмӯи равишҳои гуногунҷабҳаи ҳаёти мардумон тасаввур карда мешавад. Ингуна маънидод амалан ба натиҷаҳои ҳозирзамони башарият мутобиқ карда шудааст. Аз ин боис вайро бисёриҳо ҷонибдорӣ мекунанд.

Яке аз назарияҳои ба таври аён тасвиркунандаи зинаҳову марҳилаҳои инкишофи ҷомиа таълимоти инкишофи ҳалқагии (занҷирии) тамаддун мебошад (ниг. ба нақшаи 3.4.).

Ин нақшаро мо аз китоби дарсии «Назарияи иқтисоди»-и Академияи Иқтисодии Русия (саҳ. 44) истифода бурдем. Хонандагони арҷманд ба ин китоб барои тафсилоти комил муроҷиат карда метавонанд. Фақат ҳамонро дар назар доштан зарур аст, ки таърихи тамаддун дар замонҳои қадим ҳазорсолаҳои пешин бо суръати ниҳоят соқиту оҳиста пеш равад, аз ибтидои солшумории ҳозира вай ба суръати нисбатан баланди кайҳонӣ шабоҳат дошта гузаштааст. Ин хулосаи моро аз нақша мушоҳида кардан имконпазир аст, чунки натиҷаҳои пештар дар тӯли хазорсолаҳо суратгиранда минбаъд таи садсолаҳо рух медоданд.

Нақшаи 3.4.\"\"

1.23K
Нет комментариев. Ваш будет первым!