​Моликият — асосии низоми иктисоди

Нақшаи дарси назарӣ:

1. Моликият дар маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ.

2. Низоми иқтисодӣ ва унсурҳои асосии вай.

3. Муаммоҳои марказии иқтисод.

4. Мавқеи иқтисоди бозорӣ ва омехта.

5. Зарурати иқтисодии шаклҳои гуногуни моликиятдорӣ.

6. ғайридавлати гардонидани моликият дар Тоҷикистон.

1. МОЛИКИЯТ ДАР МАҷМӯИ МУНОСИБАТҳОИ ИқТИСОДӣ

Моликиятдорӣ яке аз муносибатҳои паҳнотарин ба шумор меравад. Чунки бо воситаи моликият хислату мароми равишҳову ҷараёнҳои дигари иқтисодӣ муайян карда мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо моликият асоси низоми мавҷудаи иқтисодро муайян месозад. Дар назари мо моликият бо тамоми муносибатҳои иқтисодии ҷомиа алоқамандии зич дорад. (ниг. ба нақшаи 4.1.).

Нақшаи 4.1.

\"\"

Мавқеи ҳалкунандаву намоёнро соҳиб будани моликият дар системаи муносибатҳои иқтисодии ҷомиа чунин сабабгориҳоро дарбар мегирад:

1. Пояи муносибатҳои иқтисодӣ мебощад.

2. Мавқеи табақаҳои ҷомиаро муайян месозад.

3. Натиҷаи инкишофи таърихии тамаддун мебошад.

4. Якгуна набуда, баробари пешрафти қувваҳои истеҳсолкунанда дигаргун мешавад.

5. Шаклҳои ҳархелаву гуногуни мулкдориро дарбар мегирад.

Мавриди таҳлили моликият ба нақшаи дар саҳифаи 169 китоби дарсӣ овардашаванда низ муроҷиат кардан ҷоиз аст. Ин нақша ба хонандагон нишон хоҳад дод, ки моликиятдорӣ ҳамчун асосу пояи ҷамъи муносибатҳои иқтисодӣ хизмат карда меояд.

Бояд дар назар дошт, ки мазмуни иқтисодии моликият бо воситаи маънидоди ҳуқуқии вай пайванд мебошад.

Мазмуни воқеии моликиятро дар якчанд марому равиш тасаввур мекунанд (ниг. ба нақшаи 4.2.).

Нақшаи 4.2.

\"\"

2. НИЗОМИ ИқТИСОДӣ ВА УНСУРҳОИ АСОСИИ ВАЙ

Мафҳуми низоми иқтисодӣ ҳамчун маҷмӯи равишҳо ва фаъолияти узвҳо ва тамоми иқтисодиёт маънидод карда мешавад. Яке аз равияҳои маънидоду ҷудокунии низоми иқтисодӣ — ин мутобиқи сатҳи ошкорию кушодии вай мебошад. Аз ин нуқтаи назар низомҳои зеринро фарқ мекунанд:

1) иқтисодиёти пӯшида,

2) иқтисодиёти кушода.

Одатан иқтисодиёти пӯшида худро дар сарҳадҳо, марому равиш аз дигаргуниҳову тағйирот ҳамаҷониба ҳифз мекунад.

Мавриди ҷой доштани иқтисоди кушода робитаҳо кушод ба роҳ монда шуда, барои ҳаргуна навовариҳою дигаргуниҳо, тағйирот имконот фароҳам оварда мешаванд. Ингуна низоми иқтисодиро ҳаракатноку бо зуди пешраванда меҳисобанд.

Дигар равияи ҷудокунии низоми иқтисодӣ чор навъи вайро мадди назар меоварад:

1) иқтисодиёти одатӣ,

2) фармонӣ — маъмурӣ,

3) бозорӣ,

4) омехта.

Одатан иқтисодиёти одатӣ ба таҷрибаю равишҳои дар тӯли қарнҳои зиёди таърихи андӯхташуда такя менамояд.

Иқтисодиёти фармонию маъмурӣ бошад, амалан зери таъсири бевоситаи сохторҳои давлатӣ гирифта шуда, балки ба фаъолияти озод имкон намедиҳад.

Дар низоми бозории иқтисодиёт хоҷагиҳо ва дигар субъектҳои бозор бе дахолати бевоситаи давлат озодона фаъолият мебаранд ва имконоти инкишофи иқтисодӣ беҳтару зиёдтар бар нафъи ривоҷи иқтисод ва беҳбудии мардумон истифода мешаванд.

Дар иқтисоди омехта бошад усулҳои демографию ҳамчояи давлатии фаъолияти иқтисод пайваста истифода мешаванд. Аз ин боис самараи иқтисодиёт нисбатан баланд буда метавонад. Зеро ки масорифоти пешақдӣ (трансаксионӣ) кам хоҳад буд. Барои самарабахшии иқтисодро муайян сохтан масрафу даромади омилҳои истеҳсолот (меҳнат, сармоя, масолеҳу ашё) ва дигарҳоро ба назар мегиранд. Мувофиқи ҳисобҳои иқтисоддонон ҳоло самараи баланду ҳосилнокии дилхоҳи меҳнатро низоми иқтисодии омехтаву озод таъмин карда меояд. ҳамчун намуна иқтисодиёти ИМА, Шветсия, Олмон ва дигарҳо хизмат мекунанд.

3. МУАММОҳОИ МАРКАЗИИ ИқТИСОД

Нақшаи 4.3.

\"\"

Аз нақшаи 4.3. дида мешавад, ки ҳар як низоми иқтисодӣ барои худ бояд муаммои се-чоргонаи истеҳсолоту тавлидгариро ба таври дилхоҳ ҳал карда барояд. Дар акси ҳол вай ба мақсадаш нарасида, ба пешбурду равнақи қувваҳои истеҳсолкунанда ноил гардида наметавонад.

ҳар як фирма ё соҳибкор пеш аз шурӯъ кардан ба фаъолият соҳаи амалиёти худ, маҳсулоти истеҳсолшаванда ва мавқеи фурӯши молҳояшро, роҳу василаи коркарди маснуотро муайян менамояд. Дар акси ҳол ба барори воқеии кор муваффақ шудан амри муҳол аст.

4. МАВқЕИ ИқТИСОДИЁТИ БОЗОРӣ ВА ОМЕХТА

Дар байни низомҳои иқтисодии эътирофшуда мавкеи намоёнро иқтисодиёти бозорӣ ва омехта ишғол мекунанд.

Иқтисодиёти бозорӣ ҳамон системаҳои муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкилу идораро дарбар мегирад, ки мавриди ҷой доштани вай давлат ба иқтисодиёт бевосита кордор нашуда, масоили танзиму идораро ба қувваҳои ҳаракатдиҳандаи худи бозор вогузорӣ мекунад. Ин қувваҳо дар навбати худ, ба монанди рақобату ҳарифӣ, даромаднокию фоидаситонӣ, хароҷоту нарх, ташвиқу тарғиб ва монанди инҳо ба равишу ҷараёнҳои бозор таъсир мерасонанд. Ин қувваҳо дар ҳар як мавриди дилхоҳ ба ҳаракат омада, ҳамчун қувваи беҳамтои танзимгару пешбарандаи иқтисодиёт фаъолият мебаранд. ҳамчун намунаи иқтисоди бозорӣ иқтисодиёти ИМА дар рӯзҳои мо хизмат карда меояд. Иқтисодиёти ин мамлакат тақрибан ду садсолаи охир ба таври озод фаъолият бурда, ба комёбиҳои беназиру натиҷаҳои дилхоҳ муваффақ гардид. ҳоло ИМА-ро ҳамчун яке аз давлатҳои бузургтарину беҳамтои иқтисодӣ мешиносанд.

Намьи дигари низоми иқтисодӣ иктисодиёти омехта мебошад. Яке аз давлатҳои дар замони мо ба ин низом мансуб Шветсия ҳисобида мешавад.

Системаи иқтисодии дар ин мамлакат ҳукмронро низоми институтсоналию иҷтимоии омехта ҳисоб мекунанд. Давлат дар равишҳои иқтисодӣ нақши намоёнро соҳиб аст. Вай дар тақсиму азнав тақсим кардани ҳиссаи намоёни даромади миллии мамлакат ширкат меварзад. Илова бар ин чораҳои зиёду самарабахши иҷтимоӣ пеш гирифта мешаванд. Ин чораҳо амалан ба беҳбудии таъминоти иҷтимоию зиндагонии мардумон, пешниҳоди хизматҳои ройгону бепули ҷамъиятӣ, ҳифзи тандурустӣ, хизматҳои маорифу фарҳангӣ нигаронида шудаанд.

ҳоло иқтисодиёти омехтаро аз ҳама зиёдтар мутобиқ ба чунин мамлакатҳои мутараққӣ медонанд: ИМА, Япония, Британияи Кабир, Германия, Франсия, Нидерландия, Шветсия, Россия ва дигарҳо. ҳамчун намунаи иқтисодиёти сирф бозорй Гонконгро номбар мекунанд. Иқтисодиёти Албания, Кубаро бошад ба фармонию маъмурӣ мансуб медонанд.

5. ЗАРУРАТИ ИқТИСОДИИ ШАКЛҳОИ ГУНОГУНИ МОЛИКИЯТДОРӣ

Иқтисодиёти бозоргониро мутобиқ шаклҳои мухталифи моликият мебошанд. Маҳз ба туфайли ҳархелагиву гуногунии моликият иқтисоди бозорӣ метавонанд имконоту захираҳояшро ҳамаҷонибаю пурра истифода барад. Дар назари мо ибтидои намудҳову равишҳои ҳархелаи моликият се навъи асосии вай мебошанд:

1) моликияти хусусӣ,

2) моликияти ҳамҷоя,

3) моликияти ҷомиа.

Минбаъд бо ҳамдигар омезиш ёфта, ба саҳнаи фаъолият баромадани шаклҳову намудҳои сершумори моликиятро маънидоду тафсир кардан имконпазир аст. (ниг. ба нақшаи 4.4.).

Нақшаи 4.4.

\"\"

Бояд мадди назар дошт, ки ғайр аз намудҳои дар нақшаи 4.4. овардашудаи моликият боз намудҳое арзи вуҷуд мекунанд, ки дар натиҷаи бо ҳамдигар омезиш ёфтан ё пайваст шудан ба вуҷуд меоянд.

6. ғАЙРИДАВЛАТИ ГАРДОНИДАНИ МОЛИКИЯТ ДАР ТОҷИКИСТОН

Пеш аз ба иқтисоди бозорӣ рӯй овардани Тоҷикистон, соли 1990 зиёда аз 92% воситаҳои истеҳсолии корхонаҳову муассисоти мамлакат ба моликияти давлатӣ мансуб буданд. ҳиссаи моликияти кооперативӣ бошад ба 8% мерасид. Аз ин нишондод хулоса бармеояд, ки моликияти давлатӣ он замонҳо мавқеи ҳукмронии мутлақро дошт. Дар ин ҳолат пойдой гардонидани иқтисоди бозорӣ берун аз имкон буд. Маҳз ҳамин ҳолатро мадди назар гузошта, аз рӯзҳову моҳҳои ба даст овардани истиқлолият ҳукумати Тоҷикистон кӯшишҳову чораҳои ғайридавлатӣ гардонидани моликиятро пеш гирифта меояд. Ин равиш нисбатан бо суръати паст бошад ҳам, амалан боиси пойдор гаштани шаклҳои ҳархелаи моликият дар мамлакат гардид. ҳоло зиёда аз 2/3 ҳиссаи моликияти давлатӣ хусусӣ ва саҳомӣ гардонида шудааст. ҷараёни ғайридавлатӣ гардонидани моликият идома дорад.

Бояд дар назар дошт, ки ғайридавлатӣ гардонидани моликият бо якчанд роҳҳо гузарокида мешавад. Дар Тоҷикистон таи солҳои 90-ми асри ХХ чунин равишҳо зиёдтар истифода шуданд:

1) фурӯши бевоситаи мулки давлатӣ,

2) ташкили корхонаҳои саҳомӣ,

3) ба иҷора гузоштани моликият.

Равияи аввал нисбати молу мулки тамоми корхонаҳои давлатии хурду миёна истифода шудааст. Равияи дуюм бошад, зиёдтар нисбати корхонаҳои калону миёна истифода шуда буд. Равияи сеюм бошад нисбатан маҳдудтар кор фармуда шуда, аз ҳама зиёдтар оиди истифодаи захираҳои замин корбурд шуда буд.

2.58K
Нет комментариев. Ваш будет первым!