​БОЗОР: мохият, таркиб ва вазифахои он

Нақшаи дарси назарӣ:

1. Бозор, моҳият ва шартҳои амал кардани он.

2. Вазифаҳои танзимгарии истеҳсолот, ҳавасмандгардонӣ ва иттилооти бозор.

3. Сохтори бозор, меъёр ва омилҳои муайянкунандаи он.

4. Зерсохтори (инфраструктураи) бозор ва нақши он дар ташкил ва тараққиёти иқтисодиёти миллӣ.

1. БОЗОР, МОҳИЯТ ВА ШАРТҳОИ АМАЛ КАРДАНИ ОН

«Бозор» мафҳуми серпаҳлӯ ва бисёрмаъно мебошад. Бисёртар бозорро дар маънои маҳдуд ва оддитаринаш — ҳамчун майдони хариду фурӯш маънидод мекунанд.

Дар адабиёти иқтисодии хориҷӣ аксар вақт таърифи бозор вомехӯрад, ки онро иқтисодчии намоёни англис асосгузори «Экономикс» А.Маршалл (1842-1924) овардааст: «Бозор — ин ягон майдони аниқе нест, ки дар он предметҳо хариду фурӯш карда мешаванд, балки умуман ҳамагуна минтақа мебошад, ки муомилоти байни ҳамдигарии харидорону фурӯшандагон он қадар озод аст, ки нархи ҳар як мол тамоили бо тезӣ ва осонӣ баробар шуданро дорад». Ин таъриф ба сифати меъёри ташкили бозор, муомилот ва нархгузории озод баромад мекунад.

Иқтисодчии дигари Англия У.ҷевонс (1835-1882) ба сифати меъёри асосии ташаккули бозор бо ҳам алоқамандии зичи байни фурӯшандагону харидоронро нишон додааст. Мувофиқи ақидаи ӯ бозор ҳамагуна гурӯҳи одамон мебошад, ки бо ҳамдигар муносибатҳои зичи тиҷоратӣ ва хариду фурӯши ҳамагуна молро бавуҷудоваранда мебошад. Камбудии ин ақида иборат аз он аст, ки бозор танҳо чун соҳаи муомилот дониста мешавад. Дар мадди аввал бозор ҳамчун шакли зоҳиршавии муомилот баромад мекунад. Аммо бозор амалан мафҳуми васеи иқтисодӣ мебошад.

Бозор — маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиест, ки равандҳои истеҳсолот, тақсимот, муомилот ва истеъмолотро баробар дарбар гирифта, онҳоро бо ҳам пайваст менамояд. Вай ҳамчун механизми мураккаби амал кардани хоҷагии ҷамъиятӣ баромад мекунад, ки ба истифодаи шаклҳои гуногуни моликият, манфиатҳои намояндагони иқтисодӣ, муносибатҳон молию пулӣ, низоми молиявию қарзӣ ва фаъолияти бонкӣ асос ёфтааст. Бинобар ин бозорро бояд дар маънои васеаш маънидод кард. Бозор — муносибатҳои озоди иқтисодии байни истеҳсолкунандагону (фурӯшандагону) истеъмолкунандагон (харидорон) мебошад, ки асоси онро ҳавасмандии тарафайн ташкил медиҳад. Аз инҷост, ки бозор воситаи тавонои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти ба истеъмолкунанда нигаронидашуда мебошад. Амал кардани бозор ногузирии хароҷоти истеҳсолотро ба ҳар як воҳиди маҳсулот аз истеҳсолкунандагон талаб мекунад ва ба самаранок истифода бурдани тамоми захираҳои моддӣ, молиявӣ ва меҳнатӣ маҷбур месозад.

Дар мамлакатҳои тараққикардаи иқтисоди бозорӣ дар бахши истеҳсол ва фурӯши молҳои истеъмолӣ ба чунин тарафҳои қонеъ кунонидани талаботҳои истеъмолкунанда аҳамияти махсус медиҳанд: шакли зебо ва ороиши зоҳирӣ (яъне стайлинги хуб), соддагии истифодабарӣ, шӯҳрати маркаи мол, бонуфузии истеҳсолкунанда, мӯҳлати кафолат, таъмини мунтазами қисмҳои эҳтиётӣ, таъмири тез ва арзон, хизматрасонии аъло, нархи паст ва ғайра. ҳамин тавр, бозор ба баланд бардоштани сифати маҳсулот ва ҳосилнокии меҳнат сабаб мешавад.

Шартҳои асосии амал кардани бозор пеш аз ҳама озодии пурраи истеҳсолкунанда (фурӯшанда), истеъмолкунанда (харидор), нархгузории озодона мебошад. Озодии пурраи иқтисодии истеҳсолкунандаи мол ва хадамот дар он зоҳир мешавад, ки вай ҳуқуқи мустақилона истеҳсол ва азонихудкунии молӣ ба вуҷуд овардааш, нархгузории озодона ва гирифтани фоидаро ҳам тавонад, ки дар бозор моли дилхоҳашро бо нархи муайян харида гирад. Барои ин мавҷуд будани қобилияти харидории истеъмолкунанда ногузир аст.

Субъектҳои иқтисоди бозорӣ ҳам ашхоси воқеӣ-истеҳсолкунандагон — фурӯшандагон, истеъмолкунандагон — харидорон ва ҳам ашхоси ҳуқуқӣ -корхона (фирма), ташкилот, муассиса, ассотсиатсия ва ғайра мебошанд.

2. ВАЗИФАҳОИ ТАНЗИМГАРИИ ИСТЕҳСОЛОТ, ҳАВАСМАНДГАРДОНӣ ВА ИТТИЛООТИИ БОЗОР

Мазмун ва моҳияти бозор дар вазифаҳояш зоҳир мегардад. Дар шароити иқтисоди бозории тараққикарда бозор якчанд вазифаҳоро иҷро мекунад (ниг. ба нақшаи 6.1.).

Пеш аз ҳама вазифаҳои худтанзимкунии истеҳсолоти ҷамъиятӣ тавассути хариду фурӯши мол ва хадамот ба вуҷуд меояд. Агар тақозо ба мол зиёд бошад, нарх баланд мегардад, доираи истеҳсолот васеъ ва ҳаҷми маҳсулот зиёд мешавад. Баръакс, дар мавриди кам шудани талабот ба мол нарх паст шуда, истеҳсоли он кам мегардад. ҳамин тавр, бо воситаи бозор масъалаҳои чиро, чӣ гуна, барои кӣ истеҳсол намуд? ҳал карда мешаванд.

Нақшаи 6.1.

\"\"

Вазифаҳои бозор

Бозор вазифаи воситаи ҳавасмандкунонию баланд бардоштани дараҷаи самаранокии истеҳсолотро иҷро мекунад. Бозор истеҳсол-кунандагонро ба баровардани молу хадамоти зарурӣ бо хароҷоти кам водор месозад. Истеҳсолкунанда дар асоси ҷорӣ намудани техника ва технологияи навтарин истифодаи самараноки воситаҳои истеҳсолотро таъмин намуда, ҳосилнокии меҳнатро баланд мебардорад. Бо ин роҳ ӯ хароҷотро ба ҳар як воҳиди маҳсулот кам ва фоидаро зиёд менамояд.

Вазифаҳои танзимкунандагии бозор ҳам яке аз вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Тавассути бозор мутаносибии асосии иқтисодиёти миллӣ муайян карда мешавад. Мутаносибӣ чӣ дар сатҳи микроиқтисод ва чӣ дар сатҳи макроиқтисод аз ҳисоби каму зиёд шудани арзаю тақозо ва васеъшавию тангшавии доираи истеҳсолот ба вуҷуд меояд.

Яке аз вазифаҳои бозор — муайян кардани нархи мол ва хадамот мебошад. Нарх дар бозор зери таъсири арза ва тақозо дигаргун мешавад. Нархи баланд зиёд кардани истеҳсоли молро ҳавасманд менамояд. Баръакс, нархи паст ба кам кардан ва дар ниҳояти кор қатъ гардонидани истеҳсоли мол оварда мерасонад. Тавассути муназзам дигаргун шудани нарх, ба иштирокчиёни бозор нисбати тағйир ёфтани он, истеҳсол ва истеъмоли мол, фаровон ё камчин будани молу хадамот, арза ва тақозои ҳақиқӣ маълумоти объективона дода мешавад.

Вазифаи демократонии ҳаёти хоҷагӣ ҳам яке аз муҳимтарин вазифаҳои бозор мебошад. Тавассути фишангҳои бозорӣ истеҳсолоти самаранок инкишоф ёфта, муфлисшавии истеҳсолоти зараровар ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷа байни молистеҳсолкунандагон тафриқа ба амал омада, дар раванди рақобат танҳо он молистеҳсолкунандагон тоқат оварда метавонанд, ки хароҷоташон ба истеҳсоли маҳсулот нисбат ба нархи бозорӣ кам аст. Дар ин ҳолат фирма (истеҳсолкунанда) фоида гирифта метавонад. Агар хароҷоташ нисбат ба нархи бозорӣ зиёд бошад, он вақт вай зарар мебинад.

Бозор инчунин алоқаи байни истеҳсолот ва истеъмолот, истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаро ба вуҷуд меорад. ҳар як иштирокчии бозор дар як вақт ҳам харидор ва ҳам фурӯшанда мебошад. Вай барои қонеъ кунонидани талаботи истеъмолӣ ва ё истеҳсолии худ мол харида, маҳсулоти баровардааш ва ё қувваи коргариашро мефурӯшад. Барои ҳамин ба такмил ёфтани муносибатҳои бозоргонӣ ҳарду тараф ҳавасманд мебошанд.

3. СОХТОРИ БОЗОР, МЕЪЁР ВА ОМИЛҳОИ МУАЙЯНКУНАНДАИ ОН

Мафҳуми ягонаи «бозор» таркиби мураккаб дорад ва дар тамоми бахшу соҳаҳои иқтисодиёт баромад мекунад. Вай маҷмӯи навъ ва намудҳои гуногуни бозорро дарбар мегирад, ки аз ҳамдигар бо унсур ва аломатҳои гуногунашон фарқ мекунанд. Барои ҳамин мафҳуми «таркиби (ё ки сохтори) бозор» истифода бурда мешавад, ки зери он сохти дохилӣ ва ба ҳамалоқамандии мустаҳками байни унсурҳои бозорро мефаҳманд. ҳар як унсур хусусияти ба худ хосеро дорад. Барои муайян кардани таркиби бозор меъёрҳои бисёре мавҷуданд. Дар адабиёти иқтисодӣ таркиби кунунии бозорро бисёртар дар ду самт таҳлилу тадқиқ мекунанд:

— мувофиқи объектҳои хариду фурӯшшаванда, ё ки аломати иқтисодиаш, ва

— мувофиқи дараҷаи таносуби байни рақобат ва монополия, ё ки дараҷаи рақобатпазириаш.

Ба ғайр аз ин таркиби бозорро дар адабиёт боз аз рӯи аломати ҳудудиаш, яъне мавқеи географиаш (бозори маҳаллӣ, бозори миллӣ, бозори ҷаҳонӣ); аз рӯи хусусияти хариду фурӯш (бозори чакана, бозори яклухт); аз рӯи дараҷаи танзимшавандагӣ (бозори танзимшаванда, бозори танзимнашаванда); аз рӯи дараҷаи фаровонӣ (бозори фаровон, бозори молҳои камёфт); аз рӯи аломати мувофиқи қонун буданаш (бозори ошкоро, бозори пинҳонӣ, ё ки бозори махфӣ); мувофиқи соҳаи истеҳсолиаш ва ғайра муайян мекунанд.

Мувофиқи аломати таъиноти иқтисодии объектҳо бозорҳои бешуморе вуҷуд доранд.

Аммо барои таҳлил ҳамаи бозорҳои сершуморро мувофиқи таъиноти иқтисодиашон ё ки вазифаашон ба чунин гурӯҳҳо ҷудо кардан мувофиқи мақсад аст:

I. Бозори истеъмолӣ ва хадамот. Ин гурӯҳ аз се намуди бозорҳо иборат аст

а) бозори молҳои озуқаворӣ;

б) бозори молҳои истеъмолии ғайриозуқаворӣ;

в) бозори хадамот.

II. Бозори воситаҳои истеҳсолот. Мувофиқи классификатсияи СММ аз рӯи аломати молию соҳавиаш, бозори воситаҳои истеҳсолот дар навбати худ ба се гурӯҳи калон ҷудо мешавад: бозори дастгоҳу таҷҳизот, бозори ашёи хоми минералӣ ва сӯзишворӣ, бозори ашёи хоми хоҷагии қишлоқ ва молҳои хоҷагии ҷангал.

III. Бозори меҳнат (қувваи коргарӣ).

IV. Бозори молҳои ғайриманқул, ки дар навбати худ аз ду намуди бозор иборат аст:

— бозори манзил; ва

— бозори замин.

V. Бозори молия, ки се намуди бозорҳоро дарбар мегирад:

— бозори қоғазҳои қиматнок (биржаи фондӣ);

— бозори пул;

— бозори фючерӣ ё ки бозори шартномаҳои мӯҳлатнок.

VI. Бозори иттилоотӣ. Ба ин гурӯҳи бозорҳо пеш аз ҳама бозори маҳсули ақлонӣ (зеҳнӣ) дохил мешавад.

4. ЗЕРСОХТОРИ (ИНФРАСТРУКТУРАИ) БОЗОР ВА НАқШИ ОН ДАР ТАРАққИЁТИ ИқТИСОДИЁТИ МИЛЛӣ

Яке аз шартҳои асосии амал кардани низоми бозори мавҷуд будани системаи ба ҳам алоқаманди идора, ташкилоту муассисаҳое мебошад, ки ҳаракати мол, хизматрасонӣ, пул, қоғазҳои қиматнок, қувваи коргариро таъмин карда метавонад. Онҳо зерсохтори (инфраструктураи) хоҷагии бозориро ташкил медиҳанд. ҳамин тавр, зерсохтори бозор — ин маҷмӯи муассиса, фирма ва ташкилоте мебошад, ки бо муваффақият амал кардани ҳамаи намудҳои бозорро таъмин мекунанд.

Мафҳуми «инфраструктура» дар таҳлили иқтисодӣ бори нахуст дар аввали асри XX барои нишон додани объект ва иншоотҳое, ки қобилиятнокии қувваҳои мусаллаҳро таъмин карда метавонанд, истифода бурда шуд. «Инфраструтура» аз калимаҳои лотинӣ — infra — «поёнтар», «дар зери» ва structura — «сохт», «мавқеъ», «ҷойгиршавӣ» ба вуҷуд омадааст.

Сохторҳои ташкилдиҳандаи зерсохтори бозор истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони мол ва хадамотро дар як фазои бозорӣ муттаҳид намуда, ба ҳамаи онҳо имконият медиҳад, ки мақсадҳои пешгузоштаашонро амалӣ гардонданд. Зерсохтори бозорро худи муносибатҳои бозоргонӣ ба вуҷуд овардаанд. Вай имконият медиҳад, ки мақсади иштирокчиёни бозор амалӣ ва хислати манфиатнокии фаъолияти иштирокчиёни бозор таъмин гардад.

Зерсохтори бозор чунин вазифаҳоро иҷро мекунад:

— осон гардонидани амалишавии манфиатҳои иштирокчиёни бозор;

— баланд бардоштани дараҷаи самаранокии фаъолияти субъектҳои бозорӣ дар асоси махсусгардонии унсурҳои алоҳидаи иқтисодӣ ва намудҳои фаъолият;

— муташаккилона ва мунтазам ба расмият даровардани муноси-батҳои бозорӣ;

— осон ва самаранок гардонидани назорати ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ;

— танзими давлатӣ ва ҷамъиятии фаъолияти тиҷоратӣ. Чун қоида зерсохтори бозорро ба се намуд ҷудо мекунанд:

1. Зерсохтори бозори мол.

2. Зерсохтори бозори молия.

3. Зерсохтори бозори меҳнат.

Ба ғайр аз ин ба зерсохтори бозор идораи реклама (ки дар бораи мол ва хадамот маълумот медиҳад); идораи иттилоот (ки бо ҷамъ кардани маълумот оид ба арзаю тақозо дар бозорҳои гуногун, андозаи фоида машғуланд); идораи консултативӣ (консалтингӣ, ки ба харидорону фурӯшандагон, истеҳсолкунандагон оид ба масъалаҳои фаъолияти хоҷагидории корхонаю ташкилот, тадқиқи мол ва хадамот, литсензия ва ғайра маслиҳат медиҳанд); компанияҳои аудиторӣ (ки ҳолати ҳаматарафаи фаъолияти молиявию хоҷагии фирмаҳоро тафтиш мекунанд), дохил мешаванд.

4.31K
Нет комментариев. Ваш будет первым!