​Механизми танзими иктисоди бозори ва унсурхои он

МЕХАНИЗМИ ТАНЗИМИ ИқТИСОДИ БОЗОРӣ ВА УНСУРҳОИ ОН

Нақшаи дарси назарӣ:

1. Моҳият, низом ва субъектҳои иқтисоди бозорӣ.

2. Механизми танзими иқтисоди бозорӣ.

3. Мувозинати бозории арза ва тақозо ва ташаккулёбии нархи бозорӣ.

4. Рақобат дар низоми механизми бозорӣ. Рақобати комил ва нокомил.

1. МОҳИЯТ, НИЗОМ ВА СУБЪЕКТҳОИ ИқТИСОДИ БОЗОРӣ

ҳамагуна механизми хоҷагӣ аз маҷмӯи унсурони бо ҳам алоқаманд ва қонунҳои иқтисодие, ки ҳаракати онҳо ва сохтори ташкилии низоми иқтисодиро муайян мекунанд, иборат аст.

Механизми бозорӣ — механизми бо ҳам алоқаманду ба ҳамдигар таъсиррасонандаи унсурони бозор: арза, тақозо, нарх ва рақобат мебошад.

Ин унсурҳо меҳвари муносибатҳои иқтисоди бозорӣ, асоси бозор мебошанд, ки ҳам истеҳсолкунандагон ва ҳам истеъмолкунандагон дар фаъолияти иқтисодии худ ба роҳбарӣ мегиранд.

Истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон, фурӯшандагон ва харидорон, корхона ва муассисаҳо, фирмаҳои хусусӣ ва коллективӣ, бонкҳо ва дигар муассисоти молиявӣ — ҳама чун субъекти бозор баромад мекунанд. ҳамин тавр, субъектҳои хоҷагии бозорӣ бешуморанд, вале онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: хонаводаҳо, фирма (ё ки бизнес, ё ки соҳибкорон) ва ҳукумат.

Хонаводаҳо — воҳиди асосии таркибие мебошанд, ки дар бахши истеъмолии иқтисодиёт амал мекунанд. Дар доираи хонаводаҳо маҳсулоти ниҳоии истеҳсолоти моддӣ ва хадамот истеъмол карда мешавад. Хонавода дар иқтисоди бозорӣ молик ва пешниҳодкунандаи омилҳои истеҳсолот, пеш аз ҳама қувваи коргарӣ мебошад.

Фирма (ё ки бизнес) — корхонаи тиҷоратие мебошад, ки бо мақсади гирифтани даромад (фоида) амал мекунад. Вай дар истеҳсолот сармоя мегузорад, даромади ба даст даровардаашро на фақат барои истеъмолоти шахсӣ, балки боз барои васеъ кардани фаъолияти истеҳсолӣ харҷ мекунад. Фирма (бизнес) дар хоҷагии бозорӣ ҳамчун пешниҳодку-нандаи молу хадамоти тайёркардааш ва харидори воситаҳои истеҳсолот баромад мекунад.

ҳукумат — асосан чун муассисаҳои буҷетӣ баромад мекунад, ки мақсадашон на гирифтани фоида, балки амали гардонидани вазифаи давлатии хизматрасонӣ ва танзими иқтисодиёт мебошад. Муассисаҳои буҷетӣ дар бозор ҳамчун харидори предметҳои истеъмолӣ ва воситаҳои меҳнат ва таклифкунандаи хадамот баромад мекунанд.

ҳар се гурӯҳи субъектҳои бозор дар як вақт ҳам харидор ва ҳам фурӯшанда мебошанд. Аз ин лиҳоз манфиатҳои худро доранд ва мувофиқи онҳо амал мекунанд.

Механизми бозор ҳамчун механизми водоркунанда соҳибкоронро, ки мақсади гирифтани фоида доранд, маҷбур мекунад, ки мувофиқи манфиати истеъмолкунанда амал кунанд. Агар талаботи субъектҳо ба моли нав қонеъ нагардад, нарх баланд мешавад. Барои молистеҳ-солкунандагон имкони интихоб ҷой дорад, ё ки истеҳсолотро васеъ карда, нархро паст кунанд ва бо ҳамин роҳ талаботи харидоронро беҳтар қонеъ гардонанд. Ё ки нархи баландро то он даме нигоҳ доранд, ки рақобатчиён бозорро аз мол ғанӣ гардонида, харидоронро ба сӯи худ ҷалб кунанд. Дар ин ҳолат фоидаро ҳам ба тарафи худ мекашанд. Чунин хавф истеҳсолкунандагонра аз аввал маҷбур месозад, ки истеҳсолотро васеъ, молро бисёр ва нархро паст кунанд. Амали чунин механизм ба саъю кӯшиши табии ҳар як субъекти бозор, ҳар як шахс ба некӯаҳволӣ асос ёфтааст.

ҳолати иқтисодии ҳар як субъекти бозор аз конъюнктураи бозор вобаста аст. Конъюнктураи бозор — ин маҷмӯи шароитҳои иқтисодии дар як вақти муайян ба вуҷуд омада, ки дар он раванди хариду фурӯши молу хадамот ба вуҷуд меояд. Конъюнктураи бозор бо чунин нишондиҳан-даҳои иқтисодӣ муайян карда мешавад, ки ҳолати ҳозираи бозорро муайян мекунанд: таносуби арзаю тақозо ва рақобат, дараҷаи нарх, ҳаҷми бозор, имкониятҳои харидории истеъмолкунанда, ҳолати захираи молҳо ва ғайра. Истеҳсолкунанда дар фаъолияти хоҷагидориаш манфиатҳои худ — гирифтани фоидаро дар мадди аввал мегузорад. Фоида аз нарх, арзиши маҳсулот ва субъекти гардиши сармоя вобаста аст. Хулоса, механизми бозориро ҳамчун муханизми ташаккули нарх ва тақсими захираҳо, механизми баҳам таъсиррасонии субъектҳои бозор доир ба муайян кардани миқдор ва сифати мол, таркиби истеҳсолот фаҳмидан лозим аст.

2. МЕХАНИЗМИ ТАНЗИМИ ИқТИСОДИ БОЗОРӣ

Дар адабиёти иқтисодӣ оид ба танзими иқтисоди бозорӣ асосан ду нуқтаи назар вуҷуд дорад. Мувофиқи яке аз онҳо бозор худаш қувваҳои худтанзимкунандагӣ дорад амалиёти иштирокчиёни бозорро «дасти ноаён» (қонунҳои иқтисодӣ) равона мекунад. Асосгузори ин ақида А.Смит мебошад. Мувофиқи нуқтаи назари дигар муносибатҳои бозориро бояд давлат ба танзим дарорад. Асосгузори чунин ақида ҷ.М.Кейнс мебошад.

Бозор ба озодии соҳибкорӣ озодии пурраи истеҳсолкунандаю нархгузории озод асос ёфтааст. Бинобар ин қувваи танзимкунандаи бозор асосан унсурони механизми худи он — арза, тақозо, нарх ва рақобат мебошанд.

Бозор доираи муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки дар он арза ва тақозо ташаккул меёбанд. Натиҷаи бо ҳам таъсиррасонии онҳо нарх ва инчунин ҳаҷми ҳақиқии харид ва фурӯши мол мебошад. Барои он ки бозор амал карда тавонад, миқдори кофии таклифоти молҳо, қобилияти баланди харидории талабот ва механизми озоди ташаккулёбии нарх зарур аст. Тақозою (талаботу) арза (таклифот) ду тарафи хоҷагии бозорӣ, ду қутби бозор мебошанд.

Тақозо (талабот) — ин шакли ифодаи эҳтиёҷот ба маҳсулот ва хадамот мебошад, ки дар бозор бо миқдори муайяни воситаҳои пулӣ таъмин карда шудааст. Яъне тақозо — қобилияти харидории эҳтиёҷот мебошад. Тақозо -ин хоҳиши харидори эҳтимолӣ мебошад, ки миқдори муайяни моли махсусро дар вақти муайян хариданӣ мешавад. Тақозо андозаи муайян дорад. Андозаи тақозо гуфта миқдори молеро мефаҳманд, ки харидор дар вақти муайян харида мегирад.

қонуни тақозо амал мекунад, ки мувофиқи он дар ҳамагуна шароити баробар талабот ба мол дар идораи миқдориаш дар вобастагии баръакс аз нарх дигаргун мешавад.

Ба тағйир ёфтани талабот омилҳои ғайринархӣ низ, ба монанди тағйирот дар даромади пулии аҳолӣ, дигаргуни дар таркиби аҳолӣ, тағйирёбии нарх ба молҳои ивазкунанда (субститут) таъсир мерасонанд.

Арза (таклифот, пешниҳодот) — маҷмӯи мол ва хадамоте мебошад, ки истеҳсолкунандагон бо нархи муайян ба бозор барои фурӯш пешкаш намудаанд. Арза ин имконият ва хоҳиши истеҳсолкунандагон аст, моли худро дар мӯҳлати муайян ва бо нархи муайян ба бозор барои фурӯш бароварда метавонанд. ҳаҷми арзаи мол миқдори молро мефаҳмонад, ки истеҳсолкунандагон мехоҳанд дар мӯҳлати муайян фурӯшанд. ҳаҷми арзаи мол аз истеҳсолкунанда вобаста аст, ҳаҷми тақозо ба мол бошад аз харидор вобаста аст.

қонуни арза амал мекунад, ки мувофиқи он дар шароити баробар, таклифоти мол дар вобастагии мустақил бо тағйирёбии нарх дигар мешавад. Дар баробари баландшавии нарх истеҳсолкунандагон барои фурӯш моли бисёртарро пешниҳод мекунанд. Арза на фақат зери таъсири омилҳои нархӣ, инчунин зери таъсири омилҳои ғайринархи ҳам тағйир меёбад.

3. МУВОЗИНАТИ БОЗОРИИ АРЗА ВА ТАқОЗО ВА ТАШАККУЛЁБИИ НАРХИ БОЗОРӣ

Арза ва тақозо ду унсуре мебошанд, ки байни ҳамдигар зич алоқаманданд, вале дар бозор зидди якдигар меистанд. Онҳоро бо ду қуввае муқоиса кардан мумкин аст, ки ба самтҳои муқобили ҳамдигар ҳаракат мекунанд. Дар бозор арза ба тарафи истеҳсолот (истеҳсол-кунанда, фурӯшанда), тақозо бошад ба тарафи истеъмолот (истеъмолку-нанда, харидор) ҳаракат мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки таносуби арза ва тақозо шакли зоҳиршавии таносуби истеҳсолот ва истеъмолот мебошанд. Бо ҳам таъсиррасонии мутақобилаи арза ва тақозо тақдири молистеҳсолкунандаро дар бозор, инчунин амали гаштани мақсади ӯро муайян мекунад.

ҳамин тавр, дар натиҷаи ба ҳам таъсиррасонӣ ва таносуби байни тақозо ва арза нархи бозорӣ ба вуҷуд меояд. Нархи бозорӣ — нархи ҳақиқие мебошад, ки мувофиқи таносуби арзаю тақозо муқаррар мегардад.

қонунҳои зерини ташаккулёбии нархи бозори маълуманд:

1) нарх ба чунин дараҷа майл мекунад, ки дар он тақозо ва арза баробаранд;

2) агар дар зери таъсири омилҳои ғайринархи зиёдшавии тақозо дар мавриди тағйир наёфтани арза, ё ки камшавии арза ба вуҷуд ояд, тақозо дигар нагардад ҳам, нарх баланд мешавад. Баръакс, дар ҳолати тағйир наёфтани арза тақозо кам гардад, ё ки дар мавриди тағйир наёфтани тақозо арза афзояд, нарх паст мешавад.

Дар шароити рақобати озод дар зери таъсири қонунҳои иқтисодӣ нарх ба тариқи автоматӣ баробар мешавад. Вале мумкин аст дар натиҷаи фаъолияти монополияҳо, ё дахолати давлатӣ, ки ба таври маъмурӣ нархро пасту баланд карда метавонад, ташаккулёбии нархи бозорӣ дигаргун шавад.

Аз принсипҳои ташаккулёбии нархҳои баробар чунин хулосаҳо баровардан мумкин:

1) дар иқтисоди бозорӣ механизме вуҷуд дорад, ки мувофиқати манфиатҳои фурӯшандагон ва харидоронро дар бозор таъмин мекунад;

2) фирмаҳо вобаста аз тағйирёбии тақозо метавонанд, истеҳсолотро васеъ ё маҳдуд кунанд;

3) нархҳо чандиранд (каишанд), дар натиҷаи тағйирёбии арзаю тақозо дигаргун мешаванд;

4) рақобат вуҷуд дорад, ки бе он механизми бозории тақозо ва арза амал карда наметавонад.

Агар дар бозор бо ягон сабаб мувозинати мавҷуда вайрон карда шавад, ки он вақт фирмаҳои истеҳсолкунанда ба тағйирёбии шароити бозор ҳатман таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва ҷараёни ба шароити нав мутобиқ шудани истеҳсолкунандагон оғоз ёфта, ҳаҷми нави истеҳсолот ташкил мешавад, ки дар натиҷа нархи нави бозорӣ ба вуҷуд меояд.

4. РАқОБАТ ДАР НИЗОМИ МЕХАНИЗМИ БОЗОРӣ.

РАқОБАТИ КОМИЛ ВА НОКОМИЛ

Рақобат аз калимаи лотинӣ «конкуро» буда, маънояш «ба ҳамдигар бархӯрдан», «ба ҳам дакка хӯронида шудан»-ро дорад.

Рақобат муборизаи иқтисодие мебошад, ки байни субъектҳои бозор, пеш аз ҳама байни фурӯшандагон, баҳри шароити беҳтарини истеҳсолот ва тиҷорат, хариду фурӯши молҳо, ба тарафи худ ҷалб намудани харидорон, нисбат ба ҳарифон зиёдтар гирифтани фоида, меравад. ҳарифӣ, муборизаи иқтисодиро дар бозор чунин шароити объективӣ ба вуҷуд меоваранд: мустақилии комили ҳар як истеҳсолкунанда дар асоси моликияти хусусӣ будани воситаҳои истеҳсолот, вобастагии манфиатҳо аз конъюнктураи бозор, дар мубориза барои харидорон нисбат ба дигар молистеҳсолкунандагон афзалият доштан. Муборизаи рақобатӣ унсури муҳимтарини механизми танзимкунандаи бозор мебошад.

Усулҳои рақобат аз инҳо иборатанд:

— маҳрум кардани рақибон аз ашёи хом, бозори фурӯш ва кредит;

— харидани патент пеш аз ҳариф;

— дар бозор паст кардани нарх;

— забт намудани бозори қувваи коргарӣ;

— дар бозор нисбат ба дигарон пештар баровардани намудҳои нави маҳсулот.

Дар натиҷаи рақобат ба маҳсулоти якхела нархи бозорӣ (умумӣ) ба вуҷуд меояд. А.Смит ва дигар иқтисодчиён қайд кардаанд, ки рақобат барои ҷамъият, алалхусус барои харидор хуб аст зеро дар натиҷаи он нархи бозорӣ нисбатан паст шуда, сифати мол ва хизматрасонӣ беҳтар мешаванд.

Умуман рақобат якчанд афзалиятҳо дорад:

— дар мавриди истеҳсоли молҳои барои ҷамъият зарур захираҳо самаранок истифода бурда мешаванд;

— барои пешрафти илму техника ва дигар истеҳсолот ҷорӣ карда шудан ва самаранок истифода бурдани комёбиҳои он шароити қулай муҳайё мешавад;

— озодии амалиёти истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон таъмин мегардад;

— истеҳсолкунандагон барои қонеъ кунонидани талаботи гуногун ва ба баланд бардоштани сифати молу хадамот равона карда мешаванд;

— истеҳсолкунандагон ба дигар шудани шароити истеҳсолот мутобиқ шуда ба талаботи нав ба нави бозор бо тезӣ ҷавоб медиҳанд.

Рақобати комил (соф) ва нокомил (монополӣ)-ро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Рақобати комил — рақибии истеҳсолкунандагони сершуморе мебошад, ки тақрибан ҳаҷми якхелаи молҳои ҳамном мебароранд. Барои вай чунин хусусиятҳо хос аст:

— дар бозор фурӯшандагон ва харидорони бисёре амал мекунанд;

— объекти хариду фурӯш молҳои якхела мебошанд;

— аз он сабаб, кӣ ҳам фурӯшандагон ва ҳам харидорон бисёранд ҳеҷ яке аз онҳо бевосита ба нархи мол таъсир расонида наметавонанд;

— ба вуҷуд омадани нархи баробар ба мол ҳамчун натиҷаи таносуби тақозои озод ва арзаи озод;

— барои ба бозор ворид шудан ва ё аз он баромада рафтани фурӯшандагону харидорон ягон монеагӣ вуҷуд надорад.

Нақшаи 7.1.

\"\"

Бояд қайд намуд, ки дар сохтори иқтисодиёти муосир ба эътибор гирифтани ҳамаи ин талабот имконнопазир аст. Бозори рақобати комил ин ифодаи идеалии бозор аст ва барои ҳамин вай асоси ҳамаи тамсилаҳои макроиқтисодиро ташкил медиҳад. Дар рақобати комил асосан нарх аз хоҳиш ва иродаи субъектҳои алоҳида вобаста нест, вай дар зери таъсири таносуби арзаю тақозо, гӯё бо «дастҳои ноаён», дар натиҷаи қонунҳои амали бозор ташкил меёбад.

Рақобати нокомил дар якчанд намудҳо баромад мекунад: рақобати монополӣ, рақобати олигополӣ, дуополӣ ва ғайра.

Рақобати нокомил — рақобате мебошад, ки бо маҳдудкунии намоёни озодии соҳибкорӣ алоқаманд аст. Барои ин намуди рақобат миқдори ками фирма дар ҳар як бахши фаъолияти соҳибкорӣ хос мебошад. Монеъаҳо барои ворид шудани соҳибкорони нав ба бозорҳои мушаххас вуҷуд доранд. Ивазкунандаи молҳое, ки истеҳсолкунандагони имтиёзнок мебароранд, нест.

Монеъаҳои асосӣ барои ворид шудан ба бозор аз инҳо иборатанд:

1) ҳукумат ба фирма ҳуқуқи истисноӣ медиҳад (масалан, литсензияи ҳукуматӣ ба чунин намудҳои фаъолият, ба монанди, хизматрасонии алоқа, телевидении кабелӣ).

2) Бисёрии монеъаҳои бо монополияи табиӣ алоқаманданд, чунончи ҳокимияти ширкати «Де-Бирс» дар бозори алмос.

3) ҳуқуқи муаллифӣ ба патент, Фирмае, ки фаъолияташ бо патент ҳифз карда шудааст, бо фурӯши литсензия ҳуқуқи истисноӣ дорад, ки ин ба вай афзалияти монополӣ медиҳад.

4) Миқёси васеъ имконият медиҳад, ки хароҷотро кам, вале истеҳсоли маҳсулотро зиёд кунад. Масалан, ба бозори автомобилӣ ворид шудани фирмаҳои нав, ки сармояи зиёд надоранд, имконнопазир аст.

ҳамин тавр, дар шароити рақобати нокомил ҳаҷми фурӯши фирма ба ғайр аз нарх боз бо хусусияти маҳсулот ва хароҷоти муомилот вобаста аст.

1.12K
Нет комментариев. Ваш будет первым!