Фирма — Субъекти иктисоди бозори

Нақшаи дарси назарӣ:

1. Фирма ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ.

2. Принсип (услуб)-ҳои фаъолияти хоҷагидории фирма.

3. Тафриқасозии корхонаҳо ва меъёри онҳо.

4. Тарҳрезии фаъолияти фирма.

5. Идораи фирма, моҳият ва шаклҳои он.

6. Менеҷмент, шакл ва хусусиятҳои ташкили он.

1. ФИРМА ҳАМЧУН МАФҳУМИ ИқТИСОДӣ

Фирма (корхона) яке аз унсурҳои муҳимтарини хоҷагиҳои бозорӣ мебошад. Он дар ҳалқаи иқтисоди бозорӣ ҳамчун субъекти тавлидгар, фурӯшанда, пешниҳодкунандаи неъматҳо, хадамот, харидор ва истифодабарандаи захираҳои маҳдуди ҷомеа ва дар ин асос ба даст овардани фоида ва қонеъ гардондани эҳтиёҷоту дархости беинтиҳои мардум баромад мекунад.

Таҳти фирма (jirma) субъекти иқтисодие фаҳмида мешавад, ки дар асоси услубҳои ҳисоби тиҷорат фаъолият намуда, захираҳои иқтисодиро истифода ва дигаргун сохта, аз онҳо неъмат ва хадамот тавлид менамояд.

Дар адабиёти кунунии иқтисодӣ фирма ҳамчун:

• шакли мушаххаси ташкили истеҳсолот;

• субъекти мустақили иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, ки мустақиман бо фаъолияти соҳибкорӣ банд мебошад;

• фаъолияти худро мустақилона дар асоси масоили умдаи бозор ба роҳ мемонад тасаввур карда мешавад.

Фирма ва бозор бидуни алоқамандӣ вуҷуд дошта наметавонанд. ҳамбастагии онҳо аз ду ҷиҳат:

1. ҳамчун ташкилоте, ки захираҳои ибтидоиро ба маҳсулоти интиҳоӣ табдил медиҳад;

2. Шакли ҳуқуқии мустақилона ташкилшудаи бизнес мавриди таҳлил қарор дода мешавад.

Шакли хоҷагидорӣ дар шароити бозор дар асоси қонуну қонунгузориҳо — шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.

Шакли ҳуқуқии корхона дар қонунҳо: дар бораи корхонаҳо, ҷамъияти саҳҳомӣ, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), кодексҳо ва дигар қонунгузориҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешавад. Масалан, мувофиқи Кодекси гражданӣ барои ташкил кардани чунин шаклҳои корхонаҳо иҷозат дода мешавад: хоҷагиҳои рафиқона, ҷамъиятӣ, коллективӣ, истеҳсолӣ, давлатӣ, мунисипиалӣ, унитарӣ, корхонаҳои ғайритиҷоратӣ ва дигарҳо.

Нақшаи 8.1.

\"\"

Корхонаҳо дар асоси шартнома дар пояи Кодекси гражданӣ ё худ қонуну қонунгузориҳои ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад.

Корхона новобаста аз ҳаҷму меъёр, сирати моликият ва шакли ташкил (сохташаванда, амалкунанда, истеҳсолӣ, тиҷоратӣ …) вазифа ва мақсади гуногунро иҷро мекунад. Вазифаи корхона тибқи манфиат ва ангезаи шахсии таъсисдиҳанда, ҳаҷми сармоя, вазъи дохилии корхона, муҳити бурунмарзию зист муайян карда мешавад.

2. ПРИНСИП (УСЛУБ)-ҳОИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҷАГИДОРИИ ФИРМА

Фаъолияти хоҷагидории фирма тибқи принсипҳои иқтисоди бозорӣ сурат мегирад. Он дар доираи муҳит ва фазои муайяни иҷтимоию иқтисодӣ ба вуҷуд омада, ҷавҳари онро субъект ва агентҳои иқтисодӣ инсон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, коллектив, ҷомеа, давлат ташкил медиҳад.

Принсипҳои фаъолияти корхона ҳамчун фишурдаи моҳият ва мазмуни қонунҳои давлат перомуни шакли моликият, корхона, фаъолияти соҳибхорӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Фаъолияти корхона таҳти таъсири омилҳои гуногун қарор дорад:

1. Тибқи самт ва равиши амалиёт: позитивӣ, негативӣ;

2. Тибқи нақш ва мақоми бунёд ва густаришёбӣ, дохилӣ ва берунӣ.

Омилҳои позитивӣ, омилҳое мебошанд, ки ба раванди истеҳсолот ва фаъолияти хоҷагидорӣ мусбат таъсир мерасонанд.

Таъсири баръакс (манфӣ) ҳамчун омилҳои негативӣ сурат мегирад.

Нақшаи 8.2.

\"\"Омилҳои дохилӣ (эндогенӣ) омилҳое мебошанд, ки аз фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратии худи корхона вобаста мебошад: шахсият ва қобилияти роҳбар, пешрафти илму техника, ҳаҷми сармоягузорӣ, шакли ташкилию ҳуқуқии хоҷагидорӣ ва ғайра.

Омилҳои берунӣ (энзогенӣ) омилҳое мебошанд, ки таҳти: дигаргунсозиҳои вазъи сиёсӣ, вазъи конъюнктураи бозори дохилӣ ва берунӣ, раванди таваррум, сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат қарор доранд.

3. ТАФРИқАСОЗИИ КОРХОНАҳО ВА МЕЪЁРИ ОНҳО

Вобаста ба хислати инкишофи низомҳои иқтисодӣ, шакли моликият ва сиёсати иқтисодии давлат меъёрҳои гуногуни тафриқабандии корхонаҳо истифода карда мешаванд. Масалан, тибқи:

1. Хусусиятҳои соҳа — корхонаҳои саноатӣ оиди истеҳсоли мошин, таҷҳизот, маводи хӯрока…;

2. Тақозои инсон — корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ, корхонаҳои хӯрокворӣ, сохтмони манзил …;

3. Характери истеъмоли ашё — корхонаҳои коркардабарорӣ, истихроҷ…;

4. Таъминоти маҳсулоти тайёр — истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ;

5. ҳаҷм — корхонаҳои хурд, миёна, калон;

6. Тахассус ва миқёси истеҳсолот — корхонаҳои махсусгардондашуда (мошинсозӣ, яхдон, телевизизор …);

7. Аломатҳои фаъолият — корхонаҳои саноатӣ, савдо, нақлиёт, соҳаи хизматрасонӣ …;

8. Мақсади фаъолият — тиҷоратӣ, ғайритиҷоратӣ …;

9. Шакли моликият ба сармоя — корхонаҳои хусусӣ, инфиродӣ, рафиқона, муштарак, давлатӣ…;

10. Дараҷаи томаркази истеҳсолот — корхонаҳои хурд, миёна, калон, иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо, ширкатҳо ва ғайра.

Меъёрҳои муайянкунандаи корхона, дар ҳар як марҳилаи инкишофи иқтисод, тибқи қонуну қонунгузориҳои давлат ва сиёсати иқтисодию иҷтимоии он, сабаби пайдоиш ва ташаккули шакли нави корхона ё худ такмили онҳо мегардад. Тибқи Кодекси граждании ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кардани чунин шаклҳои ҳуқуқии корхонаҳо тавсиф карда мешавад:

Нақшаи 8.3.

Тавсифи нақшагии аломатҳои корхонаҳо

Шакли корхона

Тавсифиумумӣ

давлатӣ

— аз ҳисоби сармоягузории давлатӣ ташкил карда мешавад;

— дар шароити бозор он дар пояи моликияти хусусӣ ҳамчун қисман ё пурра харида гирифтани корхонаҳои муфлисшуда ва аз нав сохтани корхонаҳо сурат мегирад;

— дар асоси принсипи ҳисоби тиҷорат фаъолият анҷом мепазирад.

хусусӣ

— шакли оддитарини хоҷагидории шахсӣ (инфиродӣ) ва оилавӣ мебошад;

— дар шакли корхонаҳои хурд, миёна дар соҳаҳои истеҳсолоту тиҷорат, дар асоси моликияти шахсии фарди алоҳида, оила, гурӯҳи соҳибкорон ташкил карда мешавад.

мунисипиалӣ

— дар асоси принсипҳои ҳисоби тиҷорат ташкил ёфта, ба ихтиёри субъектҳои иқтисодӣ вогузошта мешавад ва ба ташкилоти мунисипиалӣ тааллуқ дорад.

ширкатҳои рафиқона

— дар шакли фирмаҳои начандон калон таъсис ёфта, дорои фаъолияти тиҷоратӣ ва ҳуқуқианд;

— дар асоси бастани шартномаи байни иштирокчиён оид ба фаъолияти соҳибкорӣ, ҷавобгарии мутақобила, тақсими баробар ва адолатонаи даромад ташкил карда мешаванд.

ҷомеаи саҳомӣ

— шакли иттиҳоди хоҷагидорӣ буда, аз ҳисоби муттаҳид кардани ҳиссагузориҳои аъзоёни ҷамъият ташкил карда мешавад;

— ба сифати ширкати дорои масъулияти комил баромад мекунад;

— дар шакли ширкатҳои кушод ва пӯшида сурат мегирад.

4. ТАРҳРЕЗИИ ФАЪОЛИЯТИ ФИРМА

Фаъолияти хоҷагидории фирма дар асоси принсипи тарҳрезию худидоракунӣ қарор мегирад.

Тарҳрезӣ ҳамчун раванди коркарду таҳия, муайян кардани тарзу услуби амалиёти оянда, ҳаҷми кор, ояндабинии инкишофи объекти хоҷагидорӣ сурат мегирад.

Дар шароити бозор вай асосан аз ҷониби худи корхона мустақилона барои муайян кардани мақсади наздик, ҳалли масъалаҳои мушаххаси иқтисодӣ, ҳолат ва инкишофи дурбинии бозор, сармоягузорӣ, навоварию ихтироот, навсозию таҷҳизонӣ, идораи захираҳои молию пулӣ, шарту шароити рақобат ва самту равиши танзими давлатӣ истифода карда мешавад.

Тарҳрезӣ ҳамчун барномасозии хоҷагӣ, иқтисодӣ, мақсаднок, комплексӣ барои давраи муайян кардани мақсади ҳозира ва оянда, яъне таҳия намудани нақшаҳои ҷорӣ, кӯтоҳмӯҳлат, дарозмӯҳлат, дурнамоию пешгӯиҳо ба роҳ монда мешавад. Он аз звеноҳои ибтидоӣ то фавқулширкатҳоро фаро гирифта, дар асоси принсипи аз поён то боло ба роҳ монда мешавад. Аз ин нигоҳ тарҳрезии фаъолияти дохили фирмавӣ бо таври васеъ истифода карда мешавад. Азбаски корхонаҳои муосир ҳамчун шакли ҳамгироии сохторҳои гуногуни як ё якчанд соҳа (корхона, иттиҳодия, ширкат, трест, консерн, конгломерат ва ғайра) ташкил шудаанд, бинобар ин нақшаҳои таҳия ва пешниҳодгардида сирати комплексӣ дошта, дар он фаъолияти звеноҳои асосӣ ба ҳам мутобиқ карда мешаванд.

ҳангоми таҳия ва пешниҳод намудани нақшаҳои инкишоф нишондиҳандаҳои зиёди сифатӣ (маданият, маърифат, баланд гардидани қадру нуфуз, ҳисси эҳтиёткорӣ нисбат ба муҳити зист) ва миқдорӣ (афзун гардидани ҳаҷми фурӯш, фоида, паст кардани ҳаҷми хароҷот, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат) истифода карда мешавад.

Дар шароити бозор фаъолияти фирма асосан дар чорчӯбаи нақшаи бизнес (бизнес-план) ташкил карда мешавад. Он ҳамчун плани тараққиёти комплексии фирма мақсади ниҳоии ташкили истеҳсолот ва фаъолияти истеҳсоли тиҷоратӣ истифода карда мешавад.

Бизнес — план ҳамчун ҳуҷҷати бовариноки сармоягузорӣ, ба мӯҳлати 3 то 5 сол таҳия шуда, бо воситаи он вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, бурунмарзии фирма ифода карда мешавад.

ҳангоми нақшагирӣ бештар ба чунин масоил (фасл)-ҳо диққат дода мешавад:

• таҳлили бозор ва стратегияи маркетингӣ;

• стратегияи озуқа;

• стратегияи истеҳсолӣ;

• инкишофи низоми идораи фирма ва моликият;

• стратегияи молиявӣ ва ғайра.

5. ИДОРАИ ФИРМА, МОҳИЯТ ВА ШАКЛҳОИ ОН

Идора раванди басо мураккаб ва пурпечу тоб буда, ҷанбаҳои идораи биологӣ, ҷисмонӣ, химиявӣ, ҷомеавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Таҳти идораи иқтисод, ҷараёни таъсири бошууронаи инсон ба объект ва равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ, иштироки субъект ва агентҳои иқтисодӣ ба мақсади ташаккул ва идораи оқилонаи равандҳои иқтисодӣ ва ноил гаштан ба натиҷаҳои беҳтарини хоҷагидорӣ фаҳмида мешавад.

Идораи корхона дар асоси ҳамбастагии субъект ва объекти идора ташкил карда мешавад.

Нақшаи 8.4.

\"\"

Шахсоне, ки мустақиман барои идора кардан омода гардидаанд -субъекти идора ва ашхосе, ки тобеи субъектҳои идораанд ва тибқи дархости онҳо амал мекунанд — объекти идора ном доранд,

Асосан се дараҷаи низоми хоҷагидорӣ (иқтисоди фардӣ, корхона, давлат) ва вобаста ба он се услуби он фарқ карда мешавад.

1. Идораи ташкилию фармондиҳӣ. Он бештар хислати хоси низоми амрӣ (сотсиалистӣ) буда, дар асоси принсипи «фармони садорат — қонун барои зердастон», идора аз боло то ба поён ба роҳ монда мешавад.

2. Услуби идораи иқтисодӣ — дар чорчӯбаи принсипҳои ҳавасмандӣ, шавқу ҳавас ва ангезаи шахсии одамон (объекти идора) оиди иҷрои нақшаҳои пешниҳод кардашавандаи субъектҳои идора асос меёбад.

3. Услуби иҷтимоию рӯҳӣ (психологӣ) — ҳамчун натиҷаи маҳсули тарбия ва ахлоқи иқтисодӣ ва барномаҳои ахлоқии ҳар як миллат, ки аз гузашта боқӣ монда, дар оянда пешбинӣ карда мешавад, баромад мекунад.

6. МЕНЕҷМЕНТ, ШАКЛ ВА ХУСУСИЯТҳОИ ТАШКИЛИ ОН

Дар шароити бозор, идора ҳамчун менеҷмент сурат мегирад. Менеҷмент (аз заб. анг. — menejment) дар маънои маҳдуд — маъмурият, мудирият, идоракунӣ, ташкилкунандаи истеҳсолот тасаввур карда мешавад.

Менеҷмент чунин вазифаҳоро иҷро мекунад. Ташкили:

• фаъолияти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва бурунмарзӣ;

• тавлиди неъмат ва хадамот;

• маркетинг, сармоягузорӣ, навкунӣ, азнавтаҷҳизонӣ, кор карда баромадани навъҳои нави техникаю технология;

• навсозии таркиби молу хадамот, истеҳсолот, таъмин кардани ҷараёни тарҳрезии фаъолияти ҷорӣ ва дурнамои фирма;

• муҳити солими муносибатҳои инсонӣ (меҳнатӣ) дар байни звеноҳои (ҳалқаҳои) асосии корхона ва ғайра.

Дар адабиёти ғарб, асосан се шакли идора фарқ карда мешавад:

— top management — звенои олии идора (директори генералӣ, директор ва ғайра);

— middle management — звенои миёнаи идоракунӣ (роҳбаронн ташкилот ва дигар қисматҳои хушрафтор);

— lover management — звенои поёнии идоракунӣ (роҳбарони зершӯъба — бригада, цех, участка).

Таҷрибаи хоҷагидорӣ нишон медиҳад, ки дар фирмаҳои Европои ғарбӣ бештар шӯъбаҳои функсионалӣ (амалкунанда) истифода карда мешаванд ва он чунин сурат мегирад (ниг. ба нақшаи 8.5.).

Нақшаи 8.5.

\"\"

1.24K
Нет комментариев. Ваш будет первым!