Назарияи харочот ва даромад
Нақшаи дарси назарӣ:
1. Хароҷот ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ.
2. Шакл ва намудҳои хароҷот.
3. Даромад ва шаклҳои он.
1. ХАРОҷОТ ҳАМЧУН МАФҳУМИ ИқТИСОДӣ
Чи тавре ки аз мавзӯъҳои гузашта маълум мегардад, мақсади асосии фирма ва фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳадди ақал расондани хароҷот, ё худ оқилона истифода кардани захираҳои иқтисодӣ ва гирифтани фоидаи баланд мебошад.
Ин ҳадафи асосӣ на танҳо дар маркази диққати назариячиёни иқтисод, балки субъект ва агентҳои иқтисодӣ, яъне хоҷагидорон қарор дорад.
Аз нигоҳи илмӣ, аввалин шуда назарияи хароҷот аз ҷониби классикони иқтисоди сиёсӣ ҳамчун: хароҷоти мутлақ (А.Смит), хароҷоти муқоисавӣ (Д.Рикардо) ва хароҷоти истеҳсолӣ (К.Маркс) мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.
К.Маркс дар асоси тақсими хароҷот ба хароҷоти қувваи коргарӣ ва хароҷоти воситаҳои истеҳсолот (сармоя), муайян намудани мақсади асосии истеҳсолоти капиталистӣ — истисмори қувваи коргарӣ ва ба даст овардани арзиши изофа (m), фоида (р), сиру асрори ташкил шудани фоидаи миёнаро ошкор гардондааст.
Хароҷоти истеҳсол (К) ҳамчун кулли масрафи сармояи доимӣ © ва сармояи тағйирёбанда (V) сурат мегирад:
K=C+V
Дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX ақидаҳои нисбатан ҷадид ва мухталиф ба миён меоянд. Намояндагони мактаби марҷиналистӣ -Менгер, Визер хароҷотро ҳамчун ҳодисаи психологӣ, ки дар чорчӯбаи манфиатнокии интиҳоӣ қарор дорад, тасвир мекунанд.
Назариётчии австриягӣ Ф.Визер назарияи субъективии хароҷоти имконоти алтернативиро бештар пазируфтааст. Охирон ба манфиатнокии он молҳое, ки ҷамъият қодир аст ба хели дигари захираҳо иваз намояд, баробар аст. Ин назария дар шароити ҳозира ҳамчун тамсилаи ба ҳадди ақал расондани хароҷот маъруф мебошад.
Кунун назарияҳои гуногуни хароҷот: хароҷоти инсонӣ (А.Гобсон), хароҷоти инфиродӣ, ҷамъиятӣ, мутлақ, кӯтоҳмӯҳлат, дарозмӯҳлат (К.Кларк), хароҷоти трансаксионӣ (Р.Коуз) ва ғайра бештар мавриди истифода қарор дода мешаванд.
2. ШАКЛ ВА НАМУДҳОИ ХАРОҷОТ
Аз мазмуни саволи якум бармеояд, ки дар адабиётҳои муосири иқтисодӣ таҳти хароҷоти истеҳсол шакли ба пул ифода карда шудаи масорифоти корхона оид ба даст овардани омилҳои истеҳсолот фаҳмида мешавад.
Одатан, мафҳуми масраф (масраф, сарф, затрат (русӣ), inputs (анг.)) ва хароҷот аз ҳам фарқ карда мешавад. Масраф ҳамчун меъёри муайяни сарфиятҳои захираҳо (табиӣ, моддӣ, меҳнатӣ, энергетикӣ, иттилоот…) дар ҷараёни истеҳсолот баромад мекунад.
Хароҷот бошад масраф ва раванди баҳодиҳии он, яъне масрафи муқаррарӣ, масрафи захираҳо ва шакли пули (арзиши)-и онҳоро дар бозор ифода мекунад. Аз ин лиҳоз дар адабиёти кунунии иқтисодӣ таҳти хароҷот — шакли бо пул ифодаёфтаи захираҳои истеҳсолӣ, ки дар натиҷаи истифодаи онҳо истеҳсол ва фурӯши маҳсулот ба роҳ монда мешавад, мефаҳманд. Ба он даромади соҳибкорро низ ҳамроҳ мекунанд.
Кулли хароҷоти истеҳсол, ки ҳамчун масрафи истеҳсол, фоидаи мӯътадил ва фоидаи миёна ташкил мегардад — хароҷоти иқтисодӣ ном додаанд.
Одатан ду тарзи ҳисобу китоби хароҷот — хароҷоти иқтисодӣ ва хароҷоти бухгалтериро дар асоси баҳодиҳии гардиши сармоя аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Баҳодиҳии ҳисобдорӣ дар асоси анҷоми гардиши сармоя, ҳисобу китоби пешакӣ ташаккулёфта, хароҷот — хароҷоти ашё, сӯзишворӣ, музди кор, ҳиссаҷудокунӣ барои истеҳсол, суғурта ва ҷамъбасти фаъолиятн кори корхона ба роҳ монда мешавад. Баҳодиҳии иқтисодӣ бошад аз нигоҳи баҳодиҳии ояндаи гардиши сармоя, раванди воқеии ташаккули хароҷот, муайян кардани роҳҳои оқилонаи захираҳо муайян карда мешавад.
Дар амалияи хоҷагидорӣ шакл ва намудҳои гуногуни хароҷот истифода карда мешавад.
Хароҷоти алтернативӣ (хароҷотҳои интихоб) хароҷоте мебошанд, ки корхона тибқи имконият аз вариантҳои қулайтарини истифодаи захираҳо баҳраи баланд мебардорад.
Дар амалия хароҷотҳои алтернативӣ ҳамчун хароҷоти айён (зуҳурӣ) ва ноайён баромад мекунад.
Хароҷотҳои айён — маблағҳои пулие мебошанд, ки ба ивази омилҳои истеҳсолот ба таъмингарон (моликони захира) дода мешавад. Он ҳамчун масрафи ҳақиқии корхона оиди ба даст овардани таҷҳизот, олоту асбоб, ашё… сурат мегирад.
Хароҷотҳои ноайён — хароҷоте мебошанд, ки бидуни ҳисобу китоби бухгалтерӣ, яъне масрафи ғайри пулӣ (бепул) сурат мегиранд. Гарчанде онҳо ба дафтари амвол дохил нашаванд ҳам, ҳангоми баҳодиҳии иқтисодӣ ба назар гирифта мешаванд.
Хароҷоти иқтисодӣ аз нигоҳи таркиб ба хароҷоти гуногун: хароҷоти доимӣ, тағйирёбанда, миёна, умумӣ, кӯтоҳмӯҳлат, дарозмӯҳлат, ҳудудӣ, дохилӣ, берунӣ ва ғайра ҷудо карда мешаванд.
Хароҷоти кӯтоҳмӯҳлат хароҷотеро дар назар доранд, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ дар давоми истеҳсолот доимӣ боқӣ мемонанд. Он ҳамчун хароҷоти доимӣ (масрифотҳое, ки новобаста ба тағйирёбии ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дигаргун намешаванд) ва хароҷоти тағйирёбанда (масрифотҳое, ки дар раванди тавлидот тағйир меёбанд — ашё, қувваи коргарӣ…) сурат мегирад.
Хароҷоти доимӣ ва хароҷоти тағйирёбанда дар якҷоягӣ хароҷоти умумиро ташкил медиҳад. Хароҷоти дарозмӯҳлат хароҷоти фирмаро ба давраи оянда ва дур ҳамчун сармоягузориҳо барои амалӣ гаштани стратегияи инкишофи фирма инъикос менамояд.
3. ДАРОМАД ВА ШАКЛҳОИ ОН
Даромад нишондиҳандаи натиҷаи ниҳоии фаъолияти иқтисодии фирма (субъектҳои иқтисодӣ) буда, ҳамчун фарқи хароҷот ва нархи озоди бозор ё худ қисми афзудани арзиши моли тавлидгариро нисбат ба масрафи истеҳсоли он тасаввур мекунанд.
Дар шароити бозор ташкил ва тақсими он бидуни таъсири давлат, таҳти таъсири қонуни тақозо ва арза ва меъёри ҳосилнокии омилҳои истеҳсолот сурат мегирад.
Доираи ташкили даромад фаъолияти воҳидҳои гуногуни иқтисодиро аз шахси алоҳида cap карда то давлат дарбар мегирад ва аз ин ҷиҳат шакл ва намудҳои гуногун дорад.
1. Даромади аҳолӣ, ҳамчун кулли воситаҳои моддӣ ва пулие, ки аҳолӣ барои қонеъ гардонданн талаботи худ дар ихтиёр дорад. Манбаи онро — музди кор, имтиёзҳо, ёрдампулӣ, нафақа, даромад аз фаъолияти меҳнатӣ… ташкил медиҳанд.
2. Сатҳ ва динамикаи даромади аҳолӣ бо воситаи нишондиҳандаи даромади исмӣ ва воқеӣ муайян карда мешавад.
Даромади исмӣ (номиналӣ) даромаде мебошад, ки субъектҳои иқтисодӣ дар як мӯҳлати муайян ба ивази кор (фаъолият) ё адои хизмат, дар шакли пул ба даст меоранд.
Даромади воқеӣ (реалӣ) — даромадест, ки субъектҳои иқтисодӣ ба ивази он мол ва хизматҳои заруриро пас аз пардохтҳои ҳатмӣ (андоз, суғурта, газ, телефон, барқ …) ба даст оварда, талаботи худро қонеъ мегардонданд.
Даромад дар шакли пул ва натура ташкил меёбад.
Даромади пулӣ — даромаде мебошад, ки дар шакли пулӣ (музди кор, стипендия, нафақа …) аз ҷониби воҳидҳои иқтисодӣ гирифтаю андӯхта мешавад.
Даромади натуралӣ — даромаде мебошад, ки дар шакли моддӣ (чиз) аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун (сабзавот, мева, сару либос …) ташкил меёбад.
Маҷмӯи онҳо даромади кулл (муштарак)-ро ташкил медиҳад. Маҷмӯи даромадҳои аҳолӣ буҷаи оилавии онро ташкил медиҳад, ки он аз ду қисм — даромад ва хароҷот иборат аст.
Даромади оила — ҳамчун кулли даромадҳои нафарҳои дар оила буда сурат мегирад.
Хароҷоти оила — ҳамчун масорифот ба предметҳои истеъмолӣ, чизҳои рӯзғор, аз ҷумла чизҳои дуру дароз хизматкунанда муайян карда мешавад.
Бозор ба ашхос ва оилаҳое, ки лаёқат ва қобилияти корӣ надоранд кафолати ба даст овардани даромадро намедиҳад. Аз ин сабаб аз ҷониби давлат низоми дастгирии дараҷаи даромад бо таври васеъ истифода карда мешавад.
Шакли асосии даромадро даромади корхона ташкил медиҳад. Он дар ду шакл: даромади холис ва даромади умумии корхона сурат мегирад.
Даромади умумии корхона аз харҷи ҳаққи меҳнат ва даромади софи (фоидаи) корхона иборат мебошад.
Даромади соф (холис) қисми даромади умумии корхона буда, ҳамчун натиҷаи тадбир ва фаъолияти таваккалии соҳибкор ба вуҷуд оварда мешавад.
Кулли даромадҳо дар сатҳи ҷамъият (макроиқтисод) даромади миллиро ташкил медиҳад.
Сохторҳои ташкилдиҳандаи зерсохтори бозор истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони мол ва хадамотро дар як фазои бозорӣ муттаҳид намуда, ба ҳамаи онҳо имконият медиҳад, ки мақсадҳои пешгузоштаашонро амалӣ гардонданд. Зерсохтори бозорро худи муносибатҳои бозоргонӣ ба вуҷуд овардаанд. Вай имконият медиҳад, ки мақсади иштирокчиёни бозор амалӣ ва хислати манфиатнокии фаъолияти иштирокчиёни бозор таъмин гардад.
Зерсохтори бозор чунин вазифаҳоро иҷро мекунад:
— осон гардонидани амалишавии манфиатҳои иштирокчиёни бозор;
— баланд бардоштани дараҷаи самаранокии фаъолияти субъектҳои бозорӣ дар асоси махсусгардонии унсурҳои алоҳидаи иқтисодӣ ва намудҳои фаъолият;
— муташаккилона ва мунтазам ба расмият даровардани муноси-батҳои бозорӣ;
— осон ва самаранок гардонидани назорати ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ;
— танзими давлатӣ ва ҷамъиятии фаъолияти тиҷоратӣ. Чун қоида зерсохтори бозорро ба се намуд ҷудо мекунанд:
1. Зерсохтори бозори мол.
2. Зерсохтори бозори молия.
3. Зерсохтори бозори меҳнат.
Ба ғайр аз ин ба зерсохтори бозор идораи реклама (ки дар бораи мол ва хадамот маълумот медиҳад); идораи иттилоот (ки бо ҷамъ кардани маълумот оид ба арзаю тақозо дар бозорҳои гуногун, андозаи фоида машғуланд); идораи консултативӣ (консалтингӣ, ки ба харидорону фурӯшандагон, истеҳсолкунандагон оид ба масъалаҳои фаъолияти хоҷагидории корхонаю ташкилот, тадқиқи мол ва хадамот, литсензия ва ғайра маслиҳат медиҳанд); компанияҳои аудиторӣ (ки ҳолати ҳаматарафаи фаъолияти молиявию хоҷагии фирмаҳоро тафтиш мекунанд), дохил мешаванд.
Рухшона 9 месяцев назад #
Оид ба Даромади бугалтери маълумот доштан мехохам