Бозори омилхои истехсолот. Бозори мехнат​

Нақшаи дарси назарӣ:

1. Хусусият ва субъектҳои бозори меҳнат. Тақозо ва арзаи қувваи коргарӣ дар бозори меҳнат.

2. Музди кор ҳамчун нархи меҳнат ва муайян кардани он.

3. Бозори меҳнат ва шуғлварзӣ. Принсипҳои шуғлварзӣ.

4. Бекорӣ, дараҷа, давомнокӣ, намуд ва оқибатҳои иҷтимоии он.

1. ХУСУСИЯТ ВА СУБЪЕКТҳОИ БОЗОРИ МЕҳНАТ. ТАқОЗО ВА АРЗАИ қУВВАИ КОРГАРӣ ДАР БОЗОРИ МЕҳНАТ

Бозори меҳнат унсури муҳимтарини бозори миллӣ мебошад. Дар доираи он раванди хариду фурӯши омили асосии истеҳсолоти ҷамъиятӣ — меҳнат (қувваи коргарӣ) ба вуҷуд меояд. Бозори меҳнат дараҷаи самаранок истифода бурдани меҳнати коргари кирояро муайян мекунад.

Дар адабиёти иқтисодӣ мафҳумҳои «бозори меҳнат» ва «бозори қувваи коргарӣ» во мехӯранд. Онҳоро чун синоними якдигар мефаҳманд. Агарчанде меҳнат — фаъолияти бошуурона, қувваи коргарӣ бошад -қобилияти ба меҳнат доштаи одам аст. Пас ҳардуи ин калима (меҳнат ва қувваи коргарӣ) бо ҳам шабеҳ (якхела) нестанд, вале онҳо бо ҳам зич алоқаманданд. Меҳнат бе қувваи коргарӣ вуҷуд дошта наметавонад. қобилияти ҷисмонӣ ва фикрии инсон бошад танҳо дар раванди меҳнат амалӣ мегардад.

Чун дар аксарияти адабиёт мо низ мафҳумҳои «бозори меҳнат» ва «бозори қувваи коргарӣ»-ро ҳаммаъно мефаҳмем. Бозори меҳнат ифодакунандаи тақозои кулл ва арзаи кулли қувваи коргарӣ мебошад, ки дар асоси баҳамтаъсиррасонии тарафайни онҳо ҷобаҷогузории қувваи кории аҳолии фаъоли иқтисодӣ бо назардошти фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа ва ҳудуд, ҳолати демографӣ ва дараҷаи ихтисоснокӣ таъмин карда мешавад. Дар бозори меҳнат муносибатҳои иқтисодии байни кордиҳанда ва коркунони кироя ба вуҷуд меоянд, ки ба якҷояшавии қувваи коргарӣ бо воситаҳои истеҳсолот мусоидат мекунанд. ҳамин тавр, талаботи кордиҳанда ба меҳнат ва талаботи коркунони кироя — ба музди кор таъмин карда мешавад. Дар бозор ивазшавии шакли арзиш ба вуҷуд меояд: шакли молии арзиш (меҳнат) ба шакли пулии арзиш — музди кор.

Хариду фурӯши қувваи коргарӣ аз дигар молҳо фарқ дорад. Ин ҷо дигаршавии молик ба вуҷуд намеояд, чунки қувваи коргарӣ ба ихтиёри харидор на доимӣ, балки ба як вақти муайян — дар мавриди меҳнат кардан мегузарад. Дар натиҷаи хариду фурӯши қуввваи коргарӣ ба харидор (кордиҳанда) танҳо ҳуқуқи истифодабарии қобилияти ба кор доштаи коргар мегузарад. Кордиҳанда молики маҳсулоти ба вуҷуд овардаи коргари кироя мегардад.

Бозори меҳнат — бозори махсус мебошад. Зеро меҳнаткунанда ифодакунандаи шахсияти беназири инсон мебошад, ки на танҳо қобилияти муайян ба меҳнат дорад, балки боз сифатҳои бисёри дигар дорад: боиси рафтори меҳнатӣ, таҷрибаи ҳаётӣ, хусусиятҳои рӯҳию физиологӣ ва ғайрахо. Аз тарафи дигар, кордиҳандагон ҳам на танҳо ба дараҷаи ихтисоснокӣ аҳамият медиҳанд, балки боз ба муносибати коргар ба дигарон, ҳунармандӣ, маҳорати дар коллектив кор кардан, қобилияти бозомӯзӣ ва азнавомӯзӣ, зудҳаракатии меҳнатӣ ва ғайраро ба ҳисоб мегиранд.

Бояд қайд намуд, ки меҳнат на фақат қимати иқтисодӣ, балки боз қимати иҷтимоӣ дорад, зеро манбаи даромад ва мавқеи одамро дар ҷамъият муайян мекунад.

Дар бозори меҳнат нарх ва миқдори меҳнат бо таносуби тақозо (аз тарафи корхона) ва арза (аз тарафи муваққатан шуғл намеварзидагон) муайян карда мешавад. Тақозо ба меҳнат аз талабот ба маҳсулоте, ки бо ин меҳнат ба вуҷуд оварда мешавад, вобаста аст. Дар навбати худ фирма шумораи коркунонро, ки киро кардан зарур аст, муайян карда истода бояд «нархи меҳнат» (музди меҳнат)-ро ба ҳисоб гирад. Нархи меҳнат бошад аз ҳосилнокии интиҳоии он вобаста аст.

2. МУЗДИ КОР ҳАМЧУН НАРХИ МЕҳНАТ ВА МУАЙЯН КАРДАНИ ОН

Арзиши қувваи коргарӣ чун арзиши ҳар як моли дигар дар нархи он зоҳир мегардад, ки шакли музди корро мегирад. Музди кор шакли дигаргунишудаи арзиш, ё худ нархи қувваи коргарӣ мебошад. Дар илми иқтисодии ҳозира музди кор ҳамчун нархи барои меҳнати истифодабурда шудаи коргари кироя пардохтаро мефаҳманд.

Дар назарияи иқтисодӣ доир ба таърифи музди кор якчанд нуқтаи назар мавҷуд аст. Мувофиқи таълимоти мактаби классикии иқтисоди сиёсӣ (А.Смит, Д.Рикардо, К.Маркс) дар асоси музди кор арзиши неъматҳои истеъмолӣ ва хадамот, ки барои зистани кормандон зарур аст, гузошта шудааст. Намояндагони мактаби классикӣ андозаи объективие нишон медоданд, ки музди корро муайян карда метавонад.

Самти дигар дар ифодаи музди кор ақидаи иқтисодчии англис А.Маршалл мебошад. Мувофиқи нуктаи назари ӯ музди корро ду омил муайян мекунанд: ҳосилнокии интиҳоии меҳнат ва хароҷот барои таҷдид, таълим ва таъмини кормандон. Чен кардани ҳосилнокии интиҳоии меҳнат аз он сабаб зарур аст, ки коркунон меҳнати якхела намекунанд, яке нисбат ба дигаре сармаҳсултар кор мекунад, чунки аз ҷиҳати ҷисмонӣ яке пурқувват, ҳунарманд, дараҷаи ихтисоснокиаш баланд нисбат ба дигаре мебошад. Ин дар он зоҳир мешавад, ки кормандон андозаи гуногуни маҳсулоти интиҳоӣ месозанд ва барои ҳамин музди кори ҳархела мегиранд. ҳарду омили нишондодашуда дар якҷоягианд. ҳосилнокии интиҳоӣ тақозо ба меҳнатро муайян мекунад, хароҷоти таҷдид, таълим ва таъмини кормандон дар асоси арзаи меҳнат нуҳуфтааст. Таъсири мутақобилаи арза ва тақозои меҳнат дар бозор дараҷаи музди корро муайян мекунад.

Яке аз самтҳои тафсири музди кор ҳамчун нархи меҳнат назарияи сармояи инсонӣ мебошад. Зери ин мафҳум сармоягузорӣ барои пешрафти дониш, малака ва қобилиятҳои инсон фаҳмида мешавад, ки самаранокии меҳнати вайро баланд мебардорад. Инвеститсия дар сармояи инсонӣ бо мурури замон аз ҳисоби зиёдшавии даромад ҷуброн карда мешавад.

Намуди муҳимтарини чунин инвеститсия — хароҷот барои таълим, намуди дигараш — хароҷот барои ҳифзи саломатӣ мебошад. Дар якҷоягӣ ин тадбирҳо давомнокии фаъолияти меҳнатиро зиёд намуда, ҳосилнокии меҳнатро баланд мебардоранд. Хароҷот барои баланд бардоштани дараҷаи ихтисоснокӣ ҳам ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳосилнокии он таъсири мусбат мерасонад.

Назарияи сармояи инсонӣ эътироф мекунад, ки қисми зиёди музди кор аз маълумот, таҷриба ва машқ дар ҷои кор вобаста аст. ҳар касе, ки барои маълумот бисёр маблағ гузоштааст дар давоми фаъолияти меҳнатӣ даромади бисёр мегирад, нисбат ба оне, ки барои маълумот сармояи кам гузоштааст.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ музди кор ду вазифаи асосиро иҷро мекунад:

— арзиши қувваи коргариро пурра менамояд;

— кормандро ба зиёд кардани хароҷоти меҳнат водор месозад.

Музди кори вақтбайъ ва корбайъ, музди кори номиналӣ ва реалиро аз ҳам фарқ мекунанд. Музди кори номиналӣ гуфта миқдори пулеро меноманд, ки коркунони кироя мегиранд. Музди кори реалӣ — маҷмӯи мол ва хадамоте мебошад, ки ба ин маблағи пулӣ бо ба ҳисоб гирифтани қобилияти харидории он харидан мумкин аст.

3. БОЗОРИ МЕҳНАТ ВА ШУғЛВАРЗӣ. ПРИНСИПҳОИ ШУғЛВАРЗӣ

Бо проблемаҳои меҳнат, муносибатҳои меҳнатӣ, музди кор ва бозори меҳнат, ки дар боло сухан рафт, масъалаи шуғлварзии аҳолӣ зич алоқаманд аст. Зери мафҳуми шуғлварзӣ тадбирҳои ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб намудани одамон ва дараҷаи бо меҳнат қонеъ кунонидани талаботи онҳо, таъминот бо ҷои кор фаҳмида мешавад.

Аз нуқтаи назари иқтисодӣ проблемаи шуғлварзии пурра дар миқёси ҷамъият ба даст даровардани баробарии шумораи аҳолии қобилияти меҳнатӣ дошта, аз як тараф ва миқдори барои он зарури ҷои корӣ, аз тарафи дигар, мебошад. Вайрон кардани ин таносуб ба барзиёдатии қувваи коргарӣ ё ки бекорӣ оварда мерасонад.

Дар шароити ҳозира шуғлварзии аҳолӣ ба якчанд принсипҳо асос ёфтааст.

1. Интихоби озодонаи бо кор таъмин будан. Дар мамлакати мо бо меҳнат таъмин будани шаҳрвандон ҳуқуқи конститутсионии онҳо мебошад. Мувофиқи моддаи 35-и Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ҳақ дорад.

2. Шуғлварзии маҳсулнок. Зери шуғлварзӣ пеш аз ҳама фаъолияти шаҳрвандон фаҳмида мешавад, ки бо қонеъ кунонидани талаботи шахсӣ ва ҷамъиятӣ алоқаманд аст ва даромади меҳнатӣ меорад. Яке аз шартҳои муҳимтарини маҳсулнокии ин фаъолият он мебошад, ки кор барои инсон муносиб бошад. Муносиб коре ҳисобида мешавад, ки мувофиқи ихтисоси корманд, ҳолати саломатии вай, дастрасии нақлиёти ҷои кор бошад.

3. Шуғлварзии пурра. Мувофиқи Конститутсия дар мамлакати мо ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳуқуқи ҳимоя аз бекорӣ расмӣ шудааст.

4. Танзими қонунии шуғлварзӣ. Дар мамлакати мо нормаҳои ҳуқуқии шуғлварзӣ дар Конститутсия, қонунҳо ва нормативҳои ҳуқуқи муайян карда шудаанд. Дар қонун оиди шуғлварзии аҳолӣ, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи шуғлварзии аҳолӣ муайян шудаанд. Бояд қайд намуд, ки аҳолии мамлакат шартан ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад:

1) аҳолии фаъоли иқтисодӣ; ва

2) аҳолии ғайрифаъоли иқтисодӣ.

Ба аҳолии фаъоли иқтисодӣ ҳамаи шуғлварзандагон ва бекороне, ки дар ҷустуҷӯи коранд, ба хизмати шуғли аҳолӣ муроҷиат кардаанд ва тайёранд ба кор шурӯъ кунанд, дохил мешаванд.

4. БЕКОРӣ, ДАРАҷА, ДАВОМНОКӣ, НАМУД ВА ОқИБАТҳОИ ИҷТИМОИИ ОН

Бекорӣ — мувофиқан бо кор машғул набудани аҳолии фаъоли иқтисодӣ мебошад. Бекорӣ хусусияти ба худ хоси иқтисоди бозорӣ аст, ки якчанд сабабҳо дорад:

1) дигаргуниҳои таркибӣ дар иқтисодиёт. ҷорӣ карда шудани дастгоҳу таҷҳизот ва технологияи нав ба кам кардани қувваи коргарӣ оварда мерасонад;

2) пастравии иқтисодиёт, ки кордиҳандагонро маҷбур мекунад талаботро ба ҳамагуна захираҳо, аз ҷумла ба захираҳои меҳнатӣ кам кунанд;

3) сиёсати ҳукумат дар соҳаи музди кор. Баланд бардоштани музди кори минималӣ хароҷоти истеҳсолотро зиёд мекунад ва бо ҳамин талабот ба қувваи коргарӣ кам мешавад;

4) дигаргунии мавсимии дараҷаи истеҳсолот дар соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолот;

5) дигаргунӣ дар таркиби демографии аҳолӣ. Аз ҷумла афзоиши шумораи аҳолии қобилияти кори дошта талаботро ба меҳнат зиёд мекунад, ки дар натиҷа эҳтимолияти бекорӣ меафзояд.

Бекорӣ шаклҳои гуногун дорад — фриксионӣ, таркибӣ, мавсимӣ, даврагӣ, ниҳонӣ (пӯшида).

Бекории фриксионӣ (аз англ. friction — ихтилоф, мухолифат) бо аз як ҷой ба ҷои дигар, аз як кор ба кори дигар гузаштани одамон алоқаманд аст. Сабаби чунин шакли бекорӣ дар он аст, ки ҳам одамон ва ҳам ҷои корӣ гуногунанд ва барои ҳамин то ҷустуҷӯю ёфтани ҷои кори нав вақти муайяне лозим аст.

Бекории таркибӣ — бо тағйирёбии технологияи истеҳсолот алоқаманд аст. Вай инчунин аз он вобаста аст, ки бозори мол ва хадамот мунтазам тағйир ёфта меистад: молҳои нав пайдо мешаванд, ки молҳои пештараро танг карда аз бозор мебароранд. ҷорӣ карда шудани технологияи нав ё ба аз кор рондани як қисми қувваи коргарӣ, ё ки ба азнавомӯзонии ҳайати кормандон оварда мерасонад.

Бекории мавсимӣ — бо ҳаҷми гуногуни истеҳсолот, ки баъзе соҳаҳои иқтисодиёт дар давраҳои гуногуни вақт ба ҷо меоваранд, алоқаманд аст. Масалан, соҳаи кишоварзиро гирем. Дар ин соҳа дар як мавсимӣ (мисол — давраи пахтачинӣ) талабот ба қувваи коргарӣ меафзояд, ҳамзамон сафи бекорон кам мешаванд. Дар мавсимӣ дигар талабот ба қувваи коргарӣ кам, сафи бекорон зиёд мешавад.

Бекории даврагӣ (сиклӣ) — бо тақозои кулли нокифоя ба мол ва хадамот алоқаманд аст, ки дар соҳаҳои ин молҳоро истеҳсолкунанда бекориро зиёд менамояд.

Бекории ниҳонӣ (пӯшида), ки ба иқтисодиёти миллии мо хос аст. Дар шароити пурра истифода бурда нашудани иқтидорҳои корхонаҳо, ки бо бӯҳрони иқтисодӣ вобаста аст, корхонаҳо коргаронро аз кор озод нанамуда, онҳоро ба тартиботи камкунии вақти корӣ (ҳафтаи кории нопурра, рӯзи кории нопурра) мегузаронанд, ё ки ба рухсатии маҷбурии бепардохт мефиристонанд. Расман чунин коркунон бекор ҳисоб намешаванд, аммо дар амал онҳо бекоранд.

Дараҷаи бекорӣ дар мамлакат, чун қоида, ҳамчун ҳиссаи шумораи расман бекорон бо фоиз нисбат ба аҳолии фаъоли иқтисодӣ муайян карда мешавад. Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ дар Тоҷикистон соли 2000 шумораи аҳолии мамлакат 6127,5 ҳазорро ташкил дод. Захираҳои меҳнатӣ — 3186 ҳазор, аҳолии фаъоли иқтисодӣ — 1794 ҳазор, аҳолии машғули кор буда — 1745 ҳазор, бекорони расман эътирофшуда — 49 ҳазор буданд. Дараҷаи бекорӣ ба 2,7 фоиз баробар буд.

1.91K
Нет комментариев. Ваш будет первым!