Бозори замин хамчун омили истехсолот

Нақшаи дарси назарӣ:

1. Замин — омили истеҳсолоти бозорӣ.

2. Хусусиятҳои ташкили корхонаҳои хоҷагии қишлоқ.

3. Даромади замин, шакл ва механизми ташкилёбӣ ва тақсими он.

1. ЗАМИН — ОМИЛИ ИСТЕҳСОЛОТИ БОЗОРӣ

Таҳлил ва тадқиқи замин аз диди иқтисоддонон на танҳо ҳамчун омили табиӣ ва биологӣ, балки ифодакунандаи муносибатҳои иқтисодӣ, захираи иқтисодии маҳдуд ва нодир, яъне неъмати иқтисодӣ бештар қадр карда мешавад.

Инсон нисбат ба замин ҳамчун сарчашмаи ғизодиҳанда, бо ризқу рӯзӣ таъминкунанда бо чашми хоҷагидорӣ муносибат мекунад. Аз қадим то инҷониб тарзу услубҳои гуногуни кишт, коркарду баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва ташкили кору меҳнат истифода карда мешавад. Аз ин нигоҳ вай ҳамчун ашёи меҳнат баромад мекунад.

Замин вобаста ба тарзи соҳибӣ, азонихудкунӣ ва истифода дар низомҳои гуногуни иқтисодӣ ҳархела хизмат мекунад. Масалан, замин дар шароити капитализм ҳамчун моликияти хусусӣ ба объекти хариду фурӯш табдил дода мешавад.

Замин дар давраи капитализм ҳамчун объекти моликият ва ҳамчун объекти хоҷагидорӣ аз ҳам ҷудо гашта, сабаби ба вуҷуд омадани ду шакли рента — рентаи мутлақ ва рентаи тафриқавӣ мегардад.

Ба замин, умуман, чунин хусусиятҳо хосанд:

• ҳамчун омили «беҷон» ба сифати омил дар истеҳсолот иштирок доштан; аз нав барқарор ва таҷдид нашудан, маҳдуд будани ҳаҷми фоиданокии он;

• на аз ҷониби инсон, балки худованд офарида шудан. Инсон қодир аст фақат қобилият ва нерӯи онро тағйир диҳад;

• бидуни таъсири меҳнати инсон, худ аз худ неъматҳои моддӣ офарида натавонистан;

• ба объекти хариду фурӯш табдил ёфтан, аз як даст ба дасти дигар гузаштан, субъекти соҳибӣ ва истифодакунандаи худро тағйир додан;

• ҳамчун объекти хоҷагӣ дар ихтиёри субъектҳои иқтисодӣ, асосан давлат боқӣ мондан.

Моликияти хусусӣ ба замин таърихан бо чунин роҳҳо ба вуҷуд омадааст:

— мусодира кардани замин;

— ғорат ва тақсим кардани замин дар байни ғолибони ҷанг;

— харида гирифтани замин аз молики асосӣ;

— қисман харида гирифтани замин аз ҷониби соҳибони пештараи он;

— ба иҷора додани замин;

— бепул (ё худ бемузд) тақсим кардани замин;

— давлатӣ ё худ ғайридавлатигардонии замин.

Тибқи моддаи 19 Сарқонуни ҷумҳурии Тоҷикистон замин, таркиби он, об, захираҳои табиат моликияти давлатӣ мебошанд.

2. ХУСУСИЯТҳОИ ТАШКИЛИ КОРХОНАҳОИ ХОҷАГИИ қИШЛОқ

Соҳаи кишоварзӣ ҳамчун узви пайвастаи иқтисоди миллӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар соҳаҳо ба вуқӯъ пайваста, сарчашмаи бо неъматҳо қонеъ гардондани талаботи инсон ва ҷомиа қадр карда мешавад.

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ перомуни муносибатҳои кишоварзӣ, ақида ва назароти гуногун ба чашм мерасанд. Хулосаи умумӣ аз онҳо чунинанд:

• муносибатҳои кишоварзӣ ва рентавӣ дар меҳвари муносибатҳо ва қонуну қонуниятҳои махсуси иқтисодӣ, аз ҷумла, қонуни асосии иқтисодии ҳар як низоми иқтисодӣ, тарз ва услуби хосаи истифодаи «дастаи ҳуқуқ»-и моликият ташкил карда мешавад;

• хоҷагии қишлоқ соҳаи сарнахуст дар ҳалқа (звено)-и хоҷагии халқ ба шумор рафта, ҳазорсолаҳо пеш аз саноат ташкил шуда бошад ҳам, нисбати он тамоюли пастравӣ (ақибмонӣ) дорад ва онро бо роҳи экстенсивӣ ва интенсивӣ инкишоф додан мумкин аст;

• асоси таҳрикдиҳандаи онро — манфиати иқтисодӣ, ангеза (мотиватсия)-и меҳнатӣ, шавқу ҳавас ва фаъолияти соҳибкорию корчаллонӣ ташкил медиҳад;

• вобаста ба истифодаи замин ҳамчун объекти хоҷагидорӣ ва ҳамчун объекти моликият, ҳамчун ифодаи муносибатҳои рентавӣ, дорои хусусиятхои махсус — муносибатҳои байни субъектҳои иқтисодӣ оиди истеҳсол, тақсим ва истифодаи даромад (рента) аз замин сурат мегирад;

• таҳти таъсири сиёсати иқтисодии давлат қарор гирифта, рушд ва такмил меёбанд;

• фаъолияти хешро дар асоси услуби таваккалӣ пеша мекунад;

• такрористеҳсоли муносибатҳои кишоварзию рентавӣ дорои хусусиятҳои худ буда, вобаста ба шаклҳои моликият ҳархела сурат мегиранд.

Шаклҳои хоҷагидорӣ тибқи Сарқонуни ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замин ва дигар қонуну қонунгузориҳо ташкил карда мешаванд.

Интихоби шакли хоҷагидорӣ вобаста ба шакли томаркази истеҳсолот, характери равобити технологӣ, кооперативонӣ, алоқамандӣ бо истеъмолкунанда, мавзеи ҷойгирифташуда, рафтори деҳқонон ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки дар натиҷаи тадбиқи ислоҳоти аграрӣ, ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликият, ба қатори шаклҳои мавҷудаи хоҷагидорӣ (иттиҳодияҳои агросаноатӣ, комбинат-ҳою корхонаҳо, агрофирма, колхоз, совхоз, хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ, корхонаҳои байнихоҷагӣ …) шаклҳои дигари он — ҷамъиятҳои саҳомӣ, кооперативҳо, ассотсиатсияҳои деҳқонии яккадаст, иҷоракорон, ширкатҳои рафиқона ва ғайра ба вуҷуд меоянд.

3. ДАРОМАДИ ЗАМИН, ШАКЛ ВА МЕХАНИЗМИ ТАШКИЛЁБӣ ВА ТАқСИМИ ОН

Таҳлили илмии рента сароғоз аз ҷониби асосгузорони иқтисоди сиёсии англис А.Смит ва Д. Рикардо ва минбаъд К.Маркс ба вуқӯъ пайвастааст.

Тибқи ақидаи онҳо рента ҳамчун шакли махсуси даромад ташкил шуда, муносибати байни се субъекти иқтисодӣ: молики замин, фермер ва коргари кирояро ифода мекунад. Он ҳамчун истифодаи заминҳои нисбатан хубу нодир ва зарурати истифодаи заминҳои камҳосил сурат мегирад.

Рента вобаста ба шароити таърихӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, табиӣ, сатҳу дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, таъсири омилҳои истеҳсолот, моликият, унсур ва механизми бозор дар ҳар як низоми иқтисодӣ ҳархела дар шаклҳои гуногун сурат мегирад: шакли натуралӣ (маҳсулотӣ — ғуломдорӣ), шакли коркардадиҳӣ, (пулӣ — феодализм), шакли рентаи тафовутӣ, мутлақ (монополӣ… — капитализм).

Албатта, ҳар яке аз онҳо тибқи ташаккули сарчашма, тарз ва услуби соҳибӣ ва азони худ кардан, ҳаҷму андоза, шаклу намуд, зарурати пайдоиш ва ташаккул аз ҳамдигар фарқ доранд.

Одамон дар бахш ва ҳавзаҳои гуногун фаъолият пеша мекунанд ва ба ивази он музди кор ё фоида мегиранд. Дар ҳавзаи кишоварзӣ низ даромад ба даст оварда мешавад.

Азбаски замин ҳамчун воҳиди беҷон таҷдиднашаванда буда, миқдоран маҳдуд ва сифатан дорои ҳосилнокии гуногун аст, бинобарон онро (даромад)-ро на ҳамчун фоида, балки — рентаи замин эътироф менамоянд.

Оиди рента, сарчашмаҳои ташаккул, шароит ва сабабҳои пайдоиш, шакл ва намудҳои он фикру андешаҳои мухталиф вуҷуд доранд.

Яке андеша ба он дорад, ки рента қисми даромад (фоида) аз замин, яъне шакли табдилёфтаи арзиши изофа (натиҷаи меҳнати изофаи коргар) буда, аз ҷониби худи замин ба вуҷуд оварда намешавад. Гурӯҳи дигар исбот кардааст, ки рента маҳсули табии замин буда, сарчашмаҳои онро на танҳо замин, балки қувваи коргарӣ ва теъдоду ташаббуси он, фоизи қарз ва ғайра дар якҷоягӣ ташкил медиҳанд.

Марксизм ду шакли рента — рентаи тафовутӣ ва мутлақ ва равияи марҷинализм — рентаи мӯътадил (нормалӣ) ва иқтисодиро бештар эътироф мекунанд.

Рентаи мӯътадил ва мутлақ натиҷаи монополия ба замин ҳамчун объекти моликияти хусусӣ новобаста аз ҳосилхезӣ ва ҷойгиршавӣ, дар ҳамаи қитъахои замин ба вуҷуд меоянд.

Рентаи мӯътадили замин ҳамчун андозаи ҳадди ақали арзиши изофа, хароҷоти алтернативиро оиди истифодаи замин ифода мекунад.

Рентаи иқтисодӣ ҳамчун даромад аз хизматрасонии ҳамагуна омилҳои истеҳсолот (замин, меҳнат, сармояи ҷисмӣ …) ташкил меёбад.

Рентаи тафовутии тартиби I ҳамчун:

а) натиҷаи ҷойгиршавии ҳархелаи қитъаҳои замин;

б) натиҷаи ҳосилхезии табии замин сурат мегирад.

Рентаи замин, новобаста ба гуногунии шакл ва намудҳои он, зери таъсири чунин шароитҳо қарор дорад:

• фарқият дар дараҷаи ҳосилхезии қитъаҳои гуногуни замин;

• фарқият дар ҷойгиршавии замин нисбат ба бозори фурӯш;

• фарқият дар маҳсулнокии гузориши сармояи иловагӣ ба замин;

• маҳдуд будани замин, алалхусус заминҳои ҳосилхезу камҳосил;

• ба доираи муомилот (хариду фурӯш) ҷалб карда шудани замин ва маҳсули ниҳоии он сурат мегирад.

Рентаи тафовутии II дар натиҷаи гуногун будани ҳосилхезии замин, ки бо таври сунъӣ танзим карда мешавад ва ҳамчун натиҷаи беҳтар кардани тарз ва услуби коркарди замин ба вуҷуд меояд, ба роҳ монда мешавад.

Рентаи тафовутии тартиби I ва II ҳамчун унсури таркибии рентаи иқтисодӣ буда, яке аз асоси усули мунбасит (экстенсивӣ) ва дигаре ташдид (интенсивӣ) сурат мегирад.

Омили интенсивӣ вобаста ба дараҷаи таъминоти базаи моддию техникӣ, техника, технология, илм, ҳамгироии саноату хоҷагии қишлоқ, комплекси аграрию саноатӣ, тарҳрезию идора, сиёсати аграрии давлат ва ғайра 20-30 фоизи рушди иқтисодии мамлакатро таъмин менамояд. Вазни қиёсии омили интенсивӣ дар давраи собиқ Шӯравӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон 10-15 фоизро ташкил менамуд.

1.24K
Нет комментариев. Ваш будет первым!