МОХИЯТ, МАКСАД ВА ВАЗИФАХОИ ТАШКИЛИ ИСТЕСОЛОТ ДАР КОРХОНАХОИ ЭНЕРГЕТИКИ

Дар шароити гузариши низоми иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳои бозаргонӣ дар мактабҳои олӣ зарурияти таҷдиди куллии барномаи тайёркунӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи иқтисод ба миён меояд. Асосҳои назарии ба замони ҳозира созгор ҷиҳати таълими иқтисодии донишҷӯён, бояд хусусиятҳои инкишофи иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳамчунин миллиро дар марҳилаи кунунӣ ба назари эътибор гирад.

Омӯзиши фанни«Ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо» марҳилаи муҳим ва таркибии тайёр кардани мутахассисони соҳаи иқтисодиёт, соҳибкорон, менеҷерҳо, маркетологҳо дар шароити иқтисодиёти бозорӣ мебошад.

Гузаштан ба иқтисодиёти бозорӣ тақозо мекунад, ки усулҳои хоҷагидорӣ ва системаи нишондиҳандаҳои баҳодиҳии фаъолияти истеҳсолию тиҷоратии корхонаҳо такмил дода, рафтору амалкарди онҳо дар шароити инкишофи рақобат муайян карда шавад.

Дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулот бояд ҳамоҳангсозии ҳамаи қисматҳои корхона ташкил карда шавад. Пеш аз ҳама дар корхона бояд ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти тайёр оқилона ташкил карда шуда, шаклҳои самараноки ҳаракати масолеҳҳо интихоб гардад ва бояд сохтори истеҳсолии муассиса ва низоми идоракунии он дар асоси истифодаи васеи механикунонӣ ва автоматикунонии меҳнати идоракунӣ ташкил карда шавад.

Мақсади аз омӯзиши фан дар он аст, ки баррасӣ намудани масъалаҳо ва омилҳои илми муосирро доир ба ташкили истеҳсолот, ки барои шароити хуби истеҳсолот имконият фароҳам меорад ва фаъолияти самараноки корхонаро таъмин кунад иборат аст.

Мафҳумҳои асосии ташкилоти истеҳсолоти энергетикӣ ва таснифоти он

Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика буда барои пешрафти он, ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ зарур мебошанд. Истифодаи нерӯи барқ дар ҷаҳон тадриҷан меафзояд. Тавре мутахасисон ҳисоб намудаанд, тайи солҳои охир танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳар сол 150 миллиард киловатт соат қувваи барқ истифода мешавад. Талабот ба нерӯи барқ махсусан дар ҷумҳуриҳои Чин, Покистон ва Эрон низ ҳамасола меафзояд. Давлатҳои ҳамсояи мо, аз қабили Афғонистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия тайёранд аз ҷумҳурии Тоҷикистон барқ харидорӣ намоянд. Бо назардошти он, ки дар мо манбаи истеҳсолӣ нерӯи барқ об аст ва он захираҳои адонашаванда ба шумор меравад, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои заҳираҳои бузурги нерӯи барқи обӣ метавонад дар ҳалли ин масъалаи глобалии сайёра саҳм бигирад. Аз дигар тараф истифодаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон барои маҳдудсозии хориҷӣ газҳои парники ба муҳити зист мусоидат менамояд. Афзалияти тараққӣ додани гидроэнергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз марҳилаҳои аввали даврони шуравӣ лоиҳагирӣ шуда, иҷрои он оғоз ёфта буд. Сохтмони силсила нерӯгоҳҳои барқи обии Варзобу Вахш, «Норак», «Қайраққум», «Роғун» ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Бадахшон аз қабили ин лоиҳаҳо мебошанд.

Аз нимаи дуввуми солҳои 70-ӯми асри гузашта дар Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Роғун» ва «Сангтуда» оғоз ёфта буданд. Махсусан НБО-и Роғун, мебоист Тоҷикистонро аз ҷиҳати истеҳсол ва содироти нерӯи барқ дар системаи ягонаи энергетикии ҷаҳон ба яке аз зинаҳои аввал мебаровард ва ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бебаҳо мерасонд. Вале бо пош хурдани иттиҳоди Шӯравӣ системаи ягонаи энергетикӣ низ барҳам хурд ва сохтмонҳои ин ду нерӯгоҳҳои барқи обии қаламрави мо нотамом монданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика эътибори калон дода, бо истифода аз нуфузи рӯзафзуни сиёсӣ бобати эҳёи сохтмонҳои нотамоми гидроэнергетикӣ, таҳияи сохтмонҳои нав, таҷдиду модернизатсияи иқтидорҳои мавҷуда бо таъмини мустақилияти энергетикии кишвар ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Барои рушди соҳаи энергетика дар мамлакатамон ҷалб намудани сармоягузориҳои ватаниву хориҷӣ зарур аст. Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки дар масъалаи тадбиқи самараноки лоиҳаҳои инвеститсионӣ, таъмини шаффофияти хариди мавод ва таҷҳизот, воридоти кувваи барқ, амалӣ намудани сиёсати дурусти кадрҳо, кам кардани хароҷоти ғайри истеҳсолӣ дар соҳаи энергетика камбудиву норасоиҳо ҳанӯз мавҷуданд ва сол то сол ислоҳ карда шуда истодаанд.

Ба ташкилёбии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 70-сол пур мешавад. Дар ин давра ин соҳаи муҳиму базавии кишвар, ки кораш аз сифр оғоз ёфта буд, ба пешрафту тараққиёт ноил гашт ва имрӯз он дар рушду нӯмуи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар нақши ҳалкунанда мебозад.

Бо сайю талошҳои Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистон НБО «Сангтӯдаи – 1» соли 2011 бо иқтидори 670 МВт якҷоя бо Федератсияи Россия сохта ба истифода дода шуд. НБО » Сангтӯдаи -2″ бо иқтидори 220 МВт бо сармоягузории якҷояи Тоҷикистону Эрон сохта шуда истодааст ва ба истифода додани навбати аввали ин нерӯгоҳ охири соли 2011 ба нақша гирифта шудааст.

Сохтмони НБО » Роғун» бо иқтидори 3600 МВт ва дигар НБО хурду миёна дар ҷумҳурӣ босуръат идома дорад.

322
Нет комментариев. Ваш будет первым!