Хуқуқ ва ӯхдадорихои корхонахои истехсоли
Механизмҳои танзими давлатӣ, ки дар соҳаи иқтисодиёт амал мекунанд, доираву ҳудудҳои дахолати берунаро ба фаъолияти корхона муайян менамояд, аммо бартараф намесозад. Корхонаҳои хусусӣ, кооперативӣ, саҳҳомӣ ва дигар намуд корхонаҳо низ аз назорати давлатӣ озод нестанд. Давлат аз болои чунин намудҳои фаъолияти корхона назорат мебарад:
даромади корхона ва пардохти андозҳо;
ҳолати санитарии истеҳсолот;
таъинот ва дараҷаи техникии маҳсулот;
риояи стандарт ва шароити техникии истеҳсолот;
ҳифзи ҳуқуқии ҳайати кормандони кироя ва як қатор паҳлуҳои дигари фаъолияти корхона.
Дар қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки корхона барои ҳама намудҳои фаъолияти худ пурра масъул аст:
риояи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқи шаҳрвандон;
риояи қонун ва муҳофизати муҳити атроф;
афзоиш додани амволе, ки давлат ё саҳмиядорон боварӣ карда супоридаанд;
афзоиши самаранокии истеҳсолот.
Фаъолияти корхона шароити мусоиди корхонаҳои дигар, шароити зиндагии шаҳрвандони дар гирду атрофаш муқимигаштаро набояд халалдор кунад. ҳамзамон давлат ё сохтори дигари болоӣ барои ӯхдадориҳои корхона ва корхона барои ӯҳдадориҳои онҳо масъул нест.
Маъмурияти корхона барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ вазифадор аст. Аз ин рӯ, масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии фаъолияти корхона бо иштироки ҷамоаи меҳнатӣ ҳаллу фасл мегардад.
Байни маъмурият ва ҷамоаи меҳнатӣ, коргар шартномаи меҳнатие баста мешавад, ки дар он:
— шароити тартиби кори корхона ва узвҳои он;
— бастҳои корӣ ва давомнокии он;
— давомнокӣ ва ҳаҷми пардохти рухсатии меҳнатӣ;
— шарту намудҳои пардохти мyзди меҳнат ба категорияҳои муайяни коргарон ва дигар масоили иҷтимоӣ- иқтисодӣ баррасӣ мешавад.
Новобаста ба ин, сохторҳои давлатии маҳаллӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ, ҳуқуқӣ ба ҳамаи корҳои корхона дахолат карданро надоранд. Онҳо метавонанд, танҳо ба ҳайси назораткунандаи иҷроиши қонунҳо дар корхона баромад намуда ба маъмурияти корхона бо таклифу пешниҳодот муроҷиат намоянд, ки онҳоро тарафи муқобил қабул ё рад мекунад.
Таснифоти корхонаҳо
Корхонаҳо аз якдигар бинобар сифатҳои гуногун фарқ мекунанд. Ин фарқҳо вобастаанд ба маҳсулоти истеҳсолшаванда, ҳаҷми корхона, шакли моликият, дараҷаи махсусгардонӣ, усулҳои ташкили истеҳсолот, дараҷаи механикунонӣ ва ғайра.
Таснифоти корхонаҳо барои таҳлили фаъолияти соҳибкории онҳо, муайян намудани самаранокии натиҷаи кори онҳо хело ҳам зарур аст.
Дар вобастагӣ ба шакли моликият корхонаҳо:
-инфиродӣ (оилавӣ);
-давлатӣ;
-коллективӣ;
-саҳҳомӣ;
-мунисипиалӣ;
-муштарак;
ва иҷоравӣ мешаванд.
ғайр аз ин меъёру нишонаҳои таснифотӣ боз таснифоти корхонаҳо аз рӯи нерӯҳои истеҳсолӣ (андозаҳои корхона) густариши васеъ ёфтааст. Чун қоида, ҳамаи корхонаҳоро метавон ба се гурӯҳ тақсим кард: хурд, миёна ва калон (азим). ҳангоми нисбатдиҳии корхона ба яке аз ин гурӯҳҳо нишондиҳандаҳои зеринро ба назар мегиранд:
шумораи коргарон;
ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ифодаи арзишӣ;
арзиши фондҳои асосии истеҳсолӣ;
иқтидори истеҳсолии корхона.
Дар Чумҳурии Тоҷикистон мувофиқи фармони Президент аз 8.04.1996. № 459 ба корхонаҳои хурди истеҳсолӣ корхонаҳое дохил мешаванд, ки шумораи кормандони онҳо то 50- нафар бошад.
ғайр аз ин, дар таҳрири нави қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12.05.2007 сол № 259 субъектҳои соҳибкории хурд ашхоси ҳуқуқие мебошанд, ки шумораи миёнаи кормандон на зиёдтар аз 30 нафар, барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ то 50 нафар мебошад.
Субъектҳои соҳибкории миёна ашхоси ҳуқуқие мебошанд, ки шумораи миёнаи кормандон дар давраи соли тақвимӣ аз 30 то 100 нафар, барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз 50 то 200 нафар мебошад.
Субъектҳои соҳибкории калон ашхоси ҳуқуқие мебошанд, ки шумораи миёнаи кормандон дар давраи соли тақвимӣ зиёда аз 100 нафар, барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 200 нафар мебошад.
Вобаста ба ашёи хоми истифодашаванда корхонаҳо ба корхонаҳои саноатӣ истихроҷӣ ва корхонаҳои саноати коркард ҷудо мешаванд.
Вобаста ба фаъолияти корхонаҳо дар давоми сол онҳоро ба корхонаҳои дар тамоми сол амалкунанда ва корхонаҳои мавсимӣ (корхонаҳои пахтатозакунӣ, коркарди сабзавоту мева ва ғайра) тақсим мекунанд.
Вобаста ба ин корхонаҳо ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешаванд:
— корхонаҳои саноатие, ки мошину таҷҳизот, асбобу анҷом, дигар воситаҳои истеҳсолот истеҳсол намуда қувваи барқро тавлид мекунанд;
— корхонаҳои кишоварзӣ, ки ба парвариши ғалла, сабзавот, чорво ва дигар зироатҳои техникӣ машғуланд;
— корхонаҳои сохтмонию нақлиётӣ.
Аз лиҳози талаботи одамизод муҳимтарини онҳо корхонаҳои истеҳсолкунандаи молҳои истеъмолӣ, яъне корхонаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва сабук, мошинсозӣ, саноати коркарди чӯб ва кимиё, сохтмони манзил ба шумор мераванд.
Соҳаҳои калонтарини хоҷагии халқ ба соҳаҳои хурду махсусгардонидашуда тақсим мешаванд. Масалан, саноат ба ду соҳаи калони махсусгардонидашуда: истихроҷ ва коркард тақсим мешавад. Дар навбати худ соҳаи коркард ба соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, вазнин ва ғайра ҷудо мешавад.
Бо таъсири омилҳои гуногун махсусгардонии корхона, на ҳама вақт, бо сохтори маъмурӣ ва махсусгардонии асосии соҳа мувофиқ меафтад. Масалан, дар бисёр соҳаҳое, ки ба мошинсозӣ дохил нестанд (металлургия, истихроҷи ангишту нафт) заводҳои калони истеҳсолкунандаи мошину таҷҳизот ва таъмири онҳо вуҷуд доранд. Дар баробари ин, дар соҳаи мошинсозӣ корҳонаҳои металлургиву кимиёвӣ, истгоҳҳои барқӣ, корхонаҳои нақлиётӣ низ фаъолият мекунанд. Аз ин рӯ, дар иқтисодиёт ду нишонаи нисбатдиҳии корхона ба ин ё он соҳа истифода мешавад: маъмурӣ-ташкилӣ ва маҳсулотӣ.