Сохтори истехсолии корхонахо Чараёни истехсоли дар корхона

Асоси ҳар як корхонаро ҷараёни истеҳсолии он муайян мекунад, ки он аз маҷмӯи бо ҳам алоқаманди ҷараёнҳои табиӣ ва меҳнатӣ иборат аст.

ҷараёнҳои истеҳсолӣ аз маҷмӯи амалиётҳои алоҳида иборатанд ва мақсади онҳо истеҳсоли маҳсулоти муайян мебошад.

ҳар як корхона, вобаста ба хусусиятҳои хоси ҷараёнҳои истеҳсолӣ қисмҳои истеҳсолии он муайян карда мешаванд.

Азбаски ҷараёнҳои истеҳсолӣ дар корхонаҳо гуногунанд таснифи онҳо зарур аст.

Таснифи ҷараёнҳо вобаста ба аҳамияти онҳо:

Дар ҳар як истеҳсолот мавқеи марказиро ҷараёнҳои асосӣ ишғол мекунанд, яъне ҷараёнҳое, ки ашёи хомро ба маҳсулоти тайёр мубаддал мегардонанд.

ҷараёнҳои ёрирасон — ҷараёнҳое мебошанд, ки барои истеҳсолоти асосӣ шароит муҳайё месозанд: истеҳсоли намудҳои гуногуни асбобу олотҳо, энергия, таъмири таҷҳизоту биноҳо ва ғайра.

ҷараёнҳои хизматрасон — ҷараёнҳое мебошанд, ки ба истеҳсолоти асосӣ ва ёрирасон хизмат менамоянд: ҷойҳои кориро бо ашёи хом, масолеҳ, маҳсулотҳои нимтайёр, асбобҳо таъмин намудан, ҷараёнҳои боркунию борфарорӣ, аз як ҷо ба дигар ҷо кашондани ашёи хом, масолеҳ, маҳсулоти тайёр ва нимтайёр, нигоҳ доштани захираҳои моддӣ дар анборҳо ва ғайра.

ҷараёнҳо дар вобастагӣ бо нишонаи технологӣ ба ҷараёнҳои синтетикӣ (вақте, ки аз чанд навъи ашёи хом як маҳсулот бароварда мешавад), ва аналитикӣ — (ҳангоме, ки аз як хел ашёи хом якчанд хел маҳсулот тайёр карда мешавад) ва ҷараёнҳои мустақим ( вақте, ки аз як хел ашёи хом як хел маҳсулот истеҳсол карда мешавад), ҷудо мешаванд.

ҷараёнҳо аз нигоҳи технологӣ ба истеҳсолоти содда ва мураккаб тақсим мешаванд.

Истеҳсолоти содда истеҳсолотест, ки аз ашёи хом маҳсулот тайёр мекунанд ва чунин истеҳсолот марҳилаи нотамом надорад.

Ба истеҳсолоти содда истеҳсоли орд, ҳосил кардани қувваи барқ, буғ ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Дар истеҳсолоти мураккаб ашёи хом ҳангоми коркард аз якчанд давраҳои мустақили истеҳсолӣ мегузарад. Ба он истеҳсолоти мошинсозӣ, бофандагӣ, пойафзол, дузандагӣ ва ғайра дохил мешавад.

Вобаста ба дараҷаи тайёршавии маҳсулот ҷараёнҳои истеҳсолӣ ба ҷараёнҳои тайёркунӣ, коркард ва ҷамъсозӣ ҷудо мешаванд.

ҷараёни истеҳсолӣ дар ҳар як корхона бо таъсири прогресси илмӣ- техникӣ, талаботи бозор, усулҳои нави истеҳсолот ва меҳнат, системаи идоракунӣ ва ғайра дигаргун шуда меистад.

Таснифи дақиқи ҷараёнҳои истеҳсолӣ ва муайян кардани робитаи байни ҳамдигарии ҷараёнҳои алоҳидаи истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки раванди истеҳсолот бар пояи устувор қарор гирад ва ҷузъҳои корхона ба тарзи оқилона ташкил дода шавад.

Мафҳуми сохтори умумӣ ва истеҳсолии корхона

ҳар як корхона аз қисмҳои истеҳсолӣ, яъне филиалҳо, сехҳо,

участкаҳо ва хоҷагиҳо, ташкилотҳои идоракунӣ ва хизматрасонӣ иборат аст.

Сохтори умумии корхона иборат аст аз таркиби звеноҳои истеҳсолӣ, ташкили идоракунӣ ва хизматрасонии кормандони корхона, миқдор, бузургӣ ва таносуби байни қисмҳои истеҳсолӣ, майдони онҳо, шумораи кормандон ва ғайра.

Ба қисмҳои истеҳсолии корхона сеху участкаҳое, ки дар онҳо ҷараёнҳои асосӣ, ёрирасон ва хизматрасон иҷро карда мешавад, шомил мебошанд.

Ба шӯъбаҳои хизматрасонии кормандон хоҷагии маишию манзилӣ, хоҷагии ёрирасон, боғчаи бачагон, ошхона, китобхона, курсҳои тайёркунии кадрҳо ва баланд бардоштани ихтисоси коргарон ва ғайра дохил мешавад.

Сохтори истеҳсолии корхона қисми сохтори умумӣ мебошад. Сохтори истеҳсолӣ таркиби қисмҳои истеҳсолии корхона, алоқаи байни онҳо ҳангоми истеҳсоли маҳсулот, таносуби шумораи кормандон, арзиши таҷҳизот, майдони ишғолкардаи онҳо ва ғайраро дар бар мегирад.

Сохтори истеҳсолии корхона ба иқтисодиёти он таъсири калон мерасонад. Васеъ кардани сеху участкаҳо имконият медиҳад, ки дар корхона техникаи нав ҷорӣ карда шавад ва нишондиҳандаҳои иқтисодии корхона беҳтар гардад.

Таносуби оқилонаи байни сехҳои асосӣ ва ёрирасон ба дараҷаи ҳосилнокии меҳнат ва ҳачми хароҷоти сехӣ таъсир мерасонад.

Звенои ибтидоии ташкили ҷараёни истеҳсолӣ ҷои кор мебошад. Коргоҳ як қисми майдони истеҳсолӣ буда, дар он коргар ё гурӯҳи коргарон амалиётҳои ба истеҳсоли маҳсулот вобастаро иҷро менамоянд.

Характер ва хусусияти коргоҳ сохтори истеҳсолиро муайян мекунад.

Коргоҳ оддист, агар як коргар як таҷҳизотро идора кунад; коргоҳ мураккаб аст, агар як коргар якчанд дастгоҳро идора кунад ва коргоҳ коллективист, агар якчанд коргар як агрегатро идора кунад.

Гурӯҳи коргарон участкаи истеҳсолиро ташкил мекунад, ки дар он қисми ҷараёни истеҳсолӣ ҷойгир мешавад. Участка сохтори ибтидоии корхона мебошад. Участкаҳо дар сехҳо муттаҳид мешаванд.

Сех — қисми маъмурӣ, истеҳсолии корхона буда, дар он намуди маҳсулот ё қисми он иҷро карда мешаванд. Маҳсулоти сех чӣ дар дохили корхона ва чӣ дар беруни он метавонад истифода шавад.

Дар бисёр корхонаҳои хурду миёна сохти ғайри сехии идоракунии истеҳсолот васеъ паҳн шудааст, ки идораи корхонаро осон мекунанд. Одатан чунин намуди сехҳо фаъолият мекунанд:

а) сехҳои асосӣ; б) сехҳои ёрирасон; в) хизматрасон; г) дуюминдараҷа; д) борҷома;

Дар сехҳои асосӣ корҳое анҷом дода мешаванд, ки ба мубаддал гардонидани ашёи хом ба маҳсулоти тайёр ва нимтайёр марбут мебошанд (масалан, сехҳои рехтагарӣ, механикӣ ва ҷамъсозӣ дар корхонаи мошинсозӣ) ва ё, ки як қатор марҳилаҳои истеҳсолӣ оид ба бевосита сохтани маҳсулоти муайян ё қисме аз он иҷро карда мешаванд (сехи яхдонбарорӣ, сехи истеҳсоли пойафзоли рантӣ) ва ғайра.

Сехҳои ёрирасон барои сехҳои асосӣ шароит фароҳам меоваранд ҳ бо маҳсулоти худ ё адои хизматҳо ба истеҳсолоти асосӣ ва дигар истеҳсолот хизмат мерасонанд. Ба сехҳои ёрирасон сехи таъмир, асбобу олотҳо, энергетикӣ ва ғайра дохил мешаванд.Сеху хоҷагиҳои хизматрасон ба сехҳои асосӣ ва ёрирасон дар кашондан ва нигаҳдории ашёи хом, масолеҳ, маҳсулоти тайёру нимтайёр хизмат мерасонанд.

Сехҳои дуюмдараҷа ба коркард ва истифодаи партовҳо машғул мешаванд (масалан, аз партовҳо тайёр кардани молҳои сермасриф дар корхонаҳои мошинсозӣ, дӯзандагӣ ва ғайра).

Сехи борҷома барои маҳсулоти корхона борҷома тайёр мекунад.

1.28K
Нет комментариев. Ваш будет первым!