Ташкили идоракуни дар корхона

Ташкили идоракунӣ дар корхона

Иқтисодиёти бозорӣ дар амали хоҷагидорӣ мафҳумҳои нав, ба монанди «менеҷер», «бизнес», «маркетинг», «лизинг» ва ғайраро ворид намуд ва ҳадафи мо дар ин мавзӯъ низ омӯзишу тадқиқи яке аз ин вожаҳои маҳз ба иқтисоди бозорӣ хос- «менеҷмент» мебошад.

Калимаи англисии «management» аввалтар аз ҳама, ҳанӯз дар Англия (асри XVII) дар соҳаи ҳарбӣ пайдо шуда буд ва онро ба санъати идора ва ё ром кардани асп то андозае шабоҳат додаанд. Тарҷумаи вожаи «менеҷмент» бо забони тоҷикӣ «идоракунӣ» ё «мудирият» мебошад. Албатта, чунин тарҷума мазмуни онро ба пуррагӣ инъикос карда наметавонад, зеро менеҷмент танҳо як қисмати муҳими фаъолияти идоракунӣ дар фазои бозору бозоргонӣ маҳсуб мегардад. Аз ин рӯ, маънои ҷараёни идоракунӣ нисбат ба менеҷмент васеътар буда на танҳо ба фаъолияти хоҷагидорӣ, балки барои ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсон (идоракунии ҷамъият, идоракунии системаҳои техникӣ, идоракунии як давлати мустақил ва ғ.) дахл дорад. Менеҷменту менеҷер бошанд ба фаъолияти хоҷагидории бозорӣ пайванд мебошанд.

Масалан дар луғати поягию тафсирии Оксфорд ба забони англисӣ менеҷментро ҳамчун тарз, усули муомила бо одамон, ҳокимият ва санъати идоракунӣ, мақоми роҳбарӣ ва воҳиди муъмурӣ маънидод намудаанд. Аммо дар китоби дарсии амрикоиҳо, ки барои истифодаи донишҷӯён тавсия гардидааст, менеҷмент ҳамчун ҷараёни самаранок истифода намудани сарватҳои меҳнатӣ, моддӣ ва молиявӣ бо мақсади ба даст овардани ҳадафҳои ташкилот зикр ёфтааст

ҳамин тавр, шарҳу таърифҳои гуногунро нисбати мафҳуми менеҷмент таҳлил намуда ба хулоса омадан мумкин аст, ки менеҷмент- ин як назарияти махсус ва шакли нисбатан мустақилонаи касбии фаъолият дар шароити хоҷагидории бозорӣ мебошад. Ин аз роҳбару менеҷерон дониши мукаммал, хулоса баровардан, асоснок намудан, ҳунари таҳлили мақсаду миссия, муқаррар намудани стратегияи инкишоф ва роҳҳои ҳалли вазифаҳои мушаххаси гузошташударо бо истифодаи оқилонаи ресурсҳои иқтисодӣ, ақлу хирад, меҳнати пурсамар ва бо тарзу усулҳои идоракунӣ хубтар таъсир расониданро талаб менамояд.

Агар мо ба менеҷмент аз назари таърихи тараққиёти ҷамъияти инсонӣ баҳо диҳем, он гоҳ онро ҳамчун илму амали муҳим ва санъату маҳорати идоракунии хос ба шароити иқтисоди бозорӣ шарҳ додан ба мақсад мувофиқ аст.

Аз тарафи дигар, менеҷментро ҳамчун санъати идоракунӣ баҳо додан дуруст мебошад, зеро ҳар як корхона (ташкилот)-и идорашаванда як системаи мураккаб ва кушод мебошад, ки ба самаранокии фаъолияти он омилҳои гуногуни муҳити берунӣ ва дохилӣ таъсир мерасонанд. Дар ин ҳолат на ҳар як мутахассиси маълумотдор масъулияти идора намудани кормандон, қабул кардани қарорҳои зарурӣ идоракунӣ ва назорати иҷрои онҳоро ба зиммаи хеш мегирад. Аз ин рӯ, масоили муҳими фаъолияти корхона ва тобеи онро ҳамаҷониба омӯхта, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии идоракуниро муайян кардан, дар ҳақиқат манъату ҳунари касбиро талаб менамояд.

қонунияти зикр гардида дар ҳамоҳангӣ бо як қатор принсипҳои поягӣ ҷараёни менеҷментро пурра, пурмазмун ва мунтазам мегардонанд.

Принсипҳои идоракунӣ дар иқтисодиёт маҷмӯи тартиботи роҳбарикунанда, қоидаҳои асосӣ ва меъёри рафтори кормандон мебошад, ки мақомоти ин соҳаи фаъолият дар як муддати муайяни таърихӣ истифода мебаранд.

Классикони назарияи идоракунӣ, аз ҷумла А.Файол — 14-то, Г.Эмерсон – 10-то, М.Вебер ва Г.Форд танҳо 5-тогӣ принсипҳои идоракуниро пешниҳод намуданд.

Ба қотори принсипҳои асосии идоракунӣ инҳоро дохил кардан ба мақсад мувофиқ мебошад:

1.Принсипи идоракунии илмӣ. Идоракунии иқтисодиёт бояд талаботи қонунҳои иқтисодӣ, қонунияти умумӣ ва хоси менеҷмент, дастовардҳои нави илмӣ ва таҷрибаи муфиди идоракунунии самарабахши хориҷӣ ва миллиро пурра ва ҳамаҷониба ба эътибор гирад ва ба онҳо беш аз пеш такя намояд;

2. Принсипи демократии идоракунӣ ба раванди иштироки васеи кормандони зинаҳои поёнӣ дар ҷараёни идоракунӣ заминаи боэътимод мегузорад;

3. Идоракунӣ дар асосипринсипи комплексӣ ба роҳ монда мешавад, яъне кулли зинаҳо ва самтҳои асосии идоракунӣ як системаи кушодро ташаккул медиҳанд;

4. Принсипи системнокӣ маънои онро дорад, ки объекти идорашаванда ҳамчун низоми мураккабу тағйирёбанда аз рукнҳои таркибии алоҳида, вале бо ҳам алоқаманд иборат мебошад;

5. Принсипи дар асоси нақшаю барномаҳои пешакӣ тарҳезишуда пеш бурдани фаъолиятро дар зинаи поёнии идоракунии иқтисодиёт- корхона ва иттиҳодияҳои онҳо талаб менамояд. Нақши ин принсип дар шароити иқтисоди бозорӣ дар оянда боз ҳам баланд хоҳад шуд;

6. Принсипи мақсаднок будани идоракунӣ гузориши масъалаҳои мақсаддорро тақозо менамояд. Стратегия, мақсад ва вазифаҳои мушаххаси идоракунӣ бояд амиқу дуруст муқаррар шаванд ва ҳалли онҳо низ ба ҳақиқат ва амали муосири хоҷагидорӣ мусоидат намояд.

7. Мақсадҳои идоракунии самарабахш бояд бо имкониятҳои хоҷагӣ- ресурсҳои иқтисодӣ, яъне омилҳои асосии он — захираҳои моддӣ, меҳнатӣ, молиявӣ ва қобилияти соҳибкорӣ алоқаманд гардонда шавад;

8. Принсипи ҷудонопазири идоракунӣ ин интизом аст. Ин принсип ба ҳамаи зинаҳои идоракунӣ, бахусус ба идоракунии кормандон бештар аст. Интизоми меҳнат ва иҷрои сари вақтии супоришу ӯҳдадориҳо барои ҳар як корманд ва корхонаю соҳибкор чун обу ҳаво шарт ва зарур мебошад;

9. Принсипи ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавӣ — муҳимтарин принсипи идоракунӣ буда, истифодаи амалии он барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи самаранокии фаъолияти хоҷагии корхонаҳо таъсири мусбат мерасонад;

10. Принсипи самаранокии идоракунӣ маънои онро дорад, ки таносуби байни даромад ва хароҷоти идоракунӣ бояд мусбат бошад.

Хулоса, татбиқи амалию якҷояи принсипҳои дар боло зикршуда ба баланд бардоштани сатҳи самаранокии идоракунии иқтисодиёт ва зинаҳои гуногуни он таъсири мусбат мерасонад.

Функсияҳои менеҷмент новобаста аз соҳаи иқтисодиёт, сохтори ташкилии идоракунӣ, шакл ва намуди корхона ҳамеша дар алоқаи ногусастании байниҳамдигарӣ ва бо нияти самаранок намудани фаъолияти корхона истифода мешаванд.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар китобҳои дарсӣ ва адабиёти илмии менеҷменти муосир нисбати функсияҳо ва ҷузъиҳти асосии онҳо фикру андешаҳои гуногун ба назар мерасанд.

Дар ин бобат, яке аз поягузорони назарияи идоракунии илмӣ, олими фаронсавӣ А. Файол ба қатори функсияҳои идоракунӣ асосан нақшагирӣ, ташкилӣ, фармондиҳӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назоратро дохил кардааст.

Олимони амрикоӣ Г.Кунк ва С.Доннел бошанд нақшагирӣ, кор бо кадрҳо, роҳбарӣ ва назоратро функсияҳои поягии менеҷмент шуморидаанд. Чунон, ки мушоҳида мегардад, онҳо ба ғайр аз функсияҳои нақшагирию назорат, боз вазифаҳои дигар — кор бо кадрҳо ва роҳбариро илова кардаанд.

Мескон М.К., Алберт М, ва Хедоури Ф.- муаллифони китоби дарсии «Асосҳои менеҷмент», ки аз забони англисӣ ба русӣ тарҷума шудааст, чунин функсияҳои муҳим — нақшагирӣ, созмондиҳӣ, мотиватсия ва назоратро номбар кардаанд.

ҳамаи функсияҳои номбар гардидаи менеҷмент барои корхонаву ташкилот муҳим мебошанд. Аммо, дар байни онҳо функсияи нақшагирӣ мавқеи асосӣ дорад, зеро функсияҳои дигари менеҷмент — ташкил, мотиватсия ва назорат ба иҷрои нақшаҳои муқарраргардидаи ташкилот нигаронида шудаанд.

Нақшагирӣ ҳамчун функсияи муҳими менеҷмент амали пешгӯӣ ва асоснок намудани мақсаду мароми корхона ва роҳҳои афзалиятдору камхарҷи ба даст овардани онро тақозо менамояд. Дар шароити амалӣ муносибатҳои бозорӣ ин гуна амалиёт бешак дар сатҳи зинаи поёнии иқтисодиёт — корхонаҳо пурзӯр гардида, мавқеи он торафт устувор мегардад.

1.1K
Нет комментариев. Ваш будет первым!