​Ташкили тайёрии техникии истехсолот

Ташкили тайёрии техникии истеҳсолот

Маҷмӯи таҷҳизоти технологӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва дигар хели он, воситаҳои ташкилӣ ва ҳисобкунӣ, асбобҳо, инвентар, бино ва иншоот, ки бо воситаи онҳо ҷараёни такрористеҳсолкунӣ дар чорчӯбаи звеноҳои асосӣ, ёрирасон, хизматрасон ва идоракунии корхона амал мекунад базаи моддӣ- техникиион мебошад.

Бо таъсири прогрессии илмӣ-техникӣ (ПИТ) базаи моддӣ-техникии корхона якзайл такмил меёбад. Таҷҳизот ба кор дароварда мешавад, таҷҳизоти амалкунада модернизатсия мешавад, технология иваз мешавад, биноҳо ва иншоотҳо васеъ мешавад ва такмил меёбанд.

Дар ҳар як корхона тараққиёти базаи моддӣ-техникии он дар ҷараёни азнавсозии сехҳо ва участкаҳои истеҳсолӣ, аз навшавии таҷҳизот ба амал меояд.

Базаи моддӣ-техникӣ аз рӯи номгӯй ва шумораи таҷҳизоти мавҷуда, соли он ва дараҷаи автоматикунонӣ, таносуби қисми фаъол ва ғайрифаъоли фондҳои асосӣ, дараҷаи аз ҷиҳати энергетикӣ пурра таъмин будани истеҳсолот ва дигарҳо баҳо дода мешавад.

Ба ташаккулёбии базаи модди-техникӣ хусусиятҳои соҳавии корхона таъсир мерасонад. Масалан дар корхонаҳои истихроҷкунанда вай аз чуқур ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок, зарурияти бойгардонӣ ё тозакунии онҳо вобаста аст.

Дар корхонаҳои коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ таркиби БМТ аз сифати ашёи хом, ҳосилнокии он, ҷойгиршавии захираҳои ашёи хом вобаста аст.

Ба таркиби БМТ характери маҳсулоти истеҳсолкардашаванда, миқёси истеҳсолоти маҳсулоти якхела, усулҳои ташкили истеҳсолот, пеш аз ҳама дараҷаи махсусгардонӣ ва ҳаҷми истеҳсолот таъсир мерасонанд.

БМТ-и корхона дар зери таъсири ПИТ иваз карда мешавад.

Нишондиҳандаҳое, ки БМТ ифода мекунанд: баҳодиҳии таркиби БМТ — и корхона ва роҳҳои баландбардории дараҷаи он бо воситаи нишондиҳандаҳои техникӣ- иқтисодӣ баҳо дода мешавад.

Чӣ тавре, ки мо медонем, нишондиҳандаҳо гуногун мешаванд. Нишондиҳандаҳое, ки дараҷаи техникаро ифода мекунанд (пешқадами он) ташкили истеҳсолотро; истифодаи фондҳои асосӣ, гардишӣ ва захираҳои меҳнатро, ғайр аз ин нишондиҳандаҳои умумӣ (байнисоҳавӣ) ва махсус (соҳавӣ) ҷудо мешаванд.

Ба нишондиҳандаҳои байни соҳавӣ инҳо дохил мешаванд.

1. Нишондиҳандаҳое, ки базаи энергетикии корхонаро ифода мекунанд: а) зариби бо энергия мусаллаҳшавии меҳнат (потенсиалӣ ва ҳақиқӣ ё амалӣ); б) зариби бо қувваи барқ мусаллаҳшавии меҳнат; в) иқтидори умумии дастгоҳҳои энергетикӣ.

2. Нишондиҳандаҳое, ки таҷҳизшавӣ ва мусаллаҳшавии техникии истеҳсолотро ифода мекунанд: а) зариби аз ҷиҳати фондҳо мусаллаҳшавии меҳнат; б) зариби механикунонӣ ва автоматикунонии истеҳсолот ва меҳнат; в) вазни қиёсии усулҳои пешқадами технологӣ; г) зариби таҷҳизшавии истеҳсолот, шумораи асбобҳое, ки ба истеҳсоли як детал рост меояд.

Яке аз нишондиҳандаи ҷамъбасти истеҳсоли маҳсулоте, ки ба як дастгоҳ рост меояд, ё ин ки ба 1 сомонӣ фондҳои асосӣ рост меояд ин зариби боздеҳи фондҳои асосӣ мебошад.

Нишондиҳандаи истифодаи сикли истеҳсолот, ин истеҳсоли маҳсулот, ки ба 1 м2 сатҳи истеҳсолӣ рост меояд, вазни нисбии сатҳи истеҳсолӣ ба сатҳи умумии корхона.

3. Нишондиҳандаҳое, ки маҳсулоти корхонаро ифода мекунанд.

а) вазни нисбии маҳсулоти нав нисбат ба ҳаҷми умумии маҳсулоти корхона;

б) нишондиҳандаи сифати маҳсулот, нишондиҳандаи мустаҳкамӣ, эътиборнокӣ;

в) мӯҳлати хизмати маҳсулот.

4. Нишондиҳандае, ки истифодаи захираҳои ашёи хом ва энергетикиро ифода мекунад:

а) вазни маҳсулот, ки ба воҳиди фоиданокии он рост меояд (вазни мотор ба воҳиди иқтидори он);

б) зариби истифодаи ашёи хом, ё ки барориши (ҳосили) маҳсулот аз воҳиди ибтидоии (аввалаи) масолеҳҳо, ашёи хом;

в) вазни нисбии партовҳо ва маҳсулоти нуқсондор дар хароҷоти умумии масолеҳҳо (ашёи хом);

г) хароҷоти сӯзишворӣ ва энергияи барқӣ ба воҳиди маҳсулот.

Кор карда баромадани системаи саҳеҳи нишондиҳандаҳо имконият медиҳад, ки захираҳои корхона аниқ муайян карда шаванд, меъёрҳои асоснок карда шуда қабул карда шавад.

Фаъолияти корхона оид ба ташкили истеҳсоли маҳсулоти нав модерникунонии коркард ва аз худ намудани технологияи нав системаи тайёрии истеҳсолотро мефаҳмонад. Ба он дохил мешавад:

— гузаронидани тадқиқотҳо оид ба такмил додани маҳсулоти корхона, техника, технология, таркиби истифодаи ашёи хом, ташкили истеҳсолот, меҳнат ва идоракунӣ.

— тартиб додани хелҳои маҳсулоти нав ва модернизатсия намудани маҳсулоте, ки пештар бароварда мешуд.

— кор карда баромадани ҷараёни технологии истеҳсоли маҳсулот;

— тартиб додани лоиҳаи асбобу олотҳо ва тайёр кардани онҳо;

— тартиб додани лоиҳаи таҷҳизоти ғайристандартӣ ва тайёр кардани он;

— берун аз корхона харидани таҷҳизот, асбобҳо ва маҳсулоти нимтайёр;

— таъминоти моддӣ-техникии истеҳсолот;

— тайёр намудан, аз нав тайёр намудан ва баланд бардоштани ихтисосҳои коргарон ва мутахассисон;

— кор карда баромадани меърҳо, нормативҳо, ҳуҷҷатҳои технологӣ, техникӣ ва ташкилӣ;

Дар корхонаҳо гуногун ва иттиҳодияҳо сиёсати техникии тайёрии истеҳсолот ҳар хел гузошта шудааст.

588
Нет комментариев. Ваш будет первым!