Ташкили истехсолот дар корхона
Истеҳсолот дар корхона ин ҷараёни мубаддалшавии ашёи хом ва масолеҳ ба маҳсулоти тайёр мебошад.
Унсурҳои асосии ҷараёни истеҳсолӣ меҳнат, предметҳои меҳнат ва воситаҳои меҳнат мебошанд.
Самаранокии истифодаи ин унсурҳо аз як қатор омилҳо вобаста аст, ки дар байни онҳо мавқеи муҳимро ташкили истеҳсолот ишғол мекунад.
Ташкили истеҳсолот – ин маҷмӯи усулҳои оқилона пайвастшавии ҷараёнҳои меҳнат ва унсурҳои моддии истеҳсолот дар вақт ва фазо мебошад.
Вобаста ба дараҷаи махсусгардонӣ ва андозаи истеҳсоли маҳсулоти якхела дар корхона усулҳои гуногуни истеҳсолӣ истифода мешавад.
Хосиятҳои асосии усулҳои пешқадами ташкили истеҳсолот дар корхона инҳо мебошанд:
а) маҳдудияти хели маҳсулот ва ба миқдори зиёд истеҳсол намудани як намуди он ё маҳсулотҳое, ки аз ҷиҳати конструктивию технологӣ бо ҳам наздиканд;
б) мутаносибии ҷараёнҳои истеҳсолӣ;
в) мавзунии ҷараёнҳои истеҳсолӣ (мунтазам такрор шудани ҷараёнҳо дар фосилаи баробари вақт);
ҷараёни истеҳсолӣ дар корхона ба марҳилаҳои мустақил тақсим мешавад (тайёрӣ, коркард ва ҷамъсозӣ). ҳар як марҳила аз ҷараёнҳои қисмӣ иборат аст ва онҳо ба амалиётҳои технологӣ ҷудо мешаванд.
Амалиётҳои технологӣ қисми ҷараёни истеҳсолӣ буда, дар як ҷои кор бо якчанд коргар иҷро карда мешавад. Дар баъзе соҳаҳо ғайр аз амалиётҳои технологӣ амалиётҳои табиӣ ҳастанд, ки онҳо бе иштироки коргар ба амал мебароянд (туршшавии май, хушкшавии чӯб ва ғайра).
Маҷмӯи амалиётҳои технологӣ ва табиӣ ҷараёни технологии истеҳсоли маҳсулотро ташкил мекунанд. Маҷмӯи ҷараёнҳои технологию ёрирасон ҷараёни истеҳсолиро дарбар мегирад.
Чӣ қадаре, ки ҷараёни истеҳсолӣ кӯтоҳ бошад, ҳамон қадар дараҷаи ташкили истеҳсолот балантар мегардад ва корхона маҳсулоташро тезтар ба фурӯш мебарорад.
Нишондиҳандае, ки дараҷаи ташкили истеҳсолотро ифода мекунад, сикли истеҳсолӣ мебошад.
Сикли истеҳсолӣ муддате мебошад, ки маҳсулоти тайёр аз лаҳзаи ба истеҳсолот дохил шудани ашёи хом то ба анборҳо расидани маҳсулотро тай мекунад.
Сикли истеҳсолӣ аз вақти корӣ ва таваққуфҳо иборат аст.
Сикли истеҳсолӣ вақти амалиётҳои технологӣ, корҳои тайёркунӣ ва анҷомдиҳӣ, ҷараёнҳои табиӣ, назорати техникӣ, боркашонӣ дар истеҳсолот, таваққуфҳоро дарбар мегирад .
Дарозии сикли истеҳсолӣ аз мураккабии маҳсулот, меҳнатталабии он, дараҷаи техника ва технология, механикунонию автоматикунонии амалиётҳо вобаста аст.
Дар асоси нишондиҳандаи сикли истеҳсолӣ графики дохилшавии ашёи хом ва тайёршавиимаҳсулот тартиб дода, нақшаи таъмини моддии корхона аниқ карда, ҳаҷми истеҳсолоти нотамом муайян карда мешавад.
Равандҳои кӯтоҳ намудани сикли истеҳсолӣ чунинанд:
1 ) ҷорӣ намудани техника ва технологияи нав;
2) Баланд бардоштани дараҷаи ташкили истеҳсолот.
Яке аз воситаҳои кӯтоҳ намудани сикли истеҳсолӣ дар як вақт иҷро намудани ҳама ё бисёрии амалиётҳо дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулот мебошад. Ин ба намудҳои пайвастшавии амалиётҳо ва тартиби ҳаракати ашёи хом аз як ҷои кор ба дигараш вобаста аст.
Се намуди пайвастшавии амалиётҳо мавҷуд аст: пай дар пай иҷро шудани амалиётҳо, параллелӣ иҷро шудани амалиётҳо ва параллелию пай дар пай иҷро шудани амалиётҳо.
Тарзи ҳисоби дарозии сикли технологиро дар мисоле дида мебароем.
Фарз кардем, ки гурӯҳи деталҳо аз 3 адад бо панҷ амалиёт кор карда мешаванд. Муддати умумии коркарди деталҳо -30 дақиқа, аз он ҷумла барои иҷрои амалиёти якум 7 дақиқа, дуюм 3 дақиқа, сеюм 9 дақиқа, чорум 5 дақиқа ва панҷум 6 дақиқа вақт сарф карда мешавад.
Дар ин тарзи пайвастшавии амалиётҳо таҷҳизотро тез-тез аз нав ба кор омода кардан лозим аст, деталҳо дар ҳаряк ҷои кор бисёр меистанд, ки дар натиҷа муддати сикли истеҳсолӣ дарозтар мешавад.
2) Тарзи дигари пайвастшавии амалиётҳо ин ба таври параллелӣ иҷро шудани амалиётҳо мебошад. Дар ин тарз ҳамаи амалиётҳо дар як вақт иҷро карда мешаванд.
Чӣ тавре, ки мебинем, ба тарзи параллелӣ иҷро шудани амалиётҳо сикли истеҳсолиро кӯтоҳ менамояд. Аммо азбаски муддати амалиётҳо ҳархела мебошад, дар баъзе амалиётҳо бекористии таҷҳизот рух медиҳад. Бинобар он, ин тарзи пайвастшавиро на ҳама вақт истифода бурдан мумкин аст. Дар ин ҳолат тарзи параллелию пай дар пай иҷрошавии амалиётҳо истифода бурда мешавад. Ин тарзи иҷроиши амалиётҳо дар истеҳсолоти гурӯҳӣ, ки муддати амалиётҳо гуногун аст ва маҳсулот аз як ҷои кор ба дигараш номунтазам ҳаракат мекунад, истифода мешавад
Интихоби тарзи иҷроиши амалиётҳо яке аз воситаҳои оқилона ташкил кардани истеҳсолот мебошад. Вобаста ба шароити мушаххаси истеҳсоли маҳсулот, яке аз тарзҳои иҷроиши амалиётҳо истифода мешавад.