Истеҳсолот, шакл ва хусусиятҳои он
Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти истеҳсолот ҷараёни муттасили ҳамгироӣ ва истифодаи захираҳои маҳдуди иқтисодӣ ва дар ин асос ба вуҷуд овардани неъматҳои иқтисодию ғай-рииқтисодӣ, хадамот ва қонеъ гардондани тақозои беинтиҳои инсон фаҳмида мешавад.
Ҳангоми таҳлили счёт(ҳисоб)-ҳои миллӣ зери мафҳуми истеҳсолот — ҳамагуна фаъолияти иқтисодӣ, ки қодир бошад дараҷаи муайяни даромаду фоидагириро таъмин намояд (фаъолияти муташаккили иҷтимоӣ оиди тавлиди неъмат ва хадамот) фаҳмида мешавад.
Неъмату хадамот ҳамчун натиҷаи ниҳоии истеҳсолот аз ду ҷиҳат:
а) мубодила бо воситаи бозор, мувофиқи нархе, ки он подош карда мешавад;
б) натиҷаи омилҳои истеҳсолот, ки бо воситаи бозор мубодила мегардад, ба эътибор гирифта мешавад.
Ба фаъолияти истеҳсолӣ, ба ғайр аз истеҳсоли молу чиз дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ, истеҳсоли ғайримолии ташкилотҳои давлатӣ ва хоҷагиҳои оилавӣ (бунавӣ, хонавода) низ дохил карда мешавад.
Маводҳои аҷибу фактҳои гуногун дар инҷо: АҶИБ
Хелҳову намудҳои гуногуни истеҳсолот ва маҳсулотҳои тавлидгардида дар ҳар як низоми иқтисодӣ, вобаста ба ҳалли масоили умдаи иқтисод: чӣ? чӣ қадар? Ба-рои кӣ? чӣ хел? дар куҷо истеҳсол кард? Ва ғайра ташаккул ва густариш меёбад. Аз ни-гоҳи таъинот маҳсулотҳои истеҳсолшударо ба ду гурӯҳ: 1) истеҳ-соли воситаҳои истеҳсолот — яъне воситаҳое, ки баъд аз истеҳ-сол ба ҳайси воситаҳои истеҳсолот аз нав ба ҷараёни тавлидот ҷалб карда мешаванд ва 2) истеҳсоли предметҳои истеъмолӣ — молҳои истеъмолӣ ва хизматҳое, ки аз ҷониби истеъмолкунандагони ниҳоӣ истифода карда мешаванд ҷудо мекунанд. Мувофиқи вазни қиёсии истеҳсоли маҳсулот ё худ арзиши маҳсулот дар ҳаҷми умумии маҳсулоти тавлидгардида — таркибот(структура, сохтор)-и соҳавии истеҳсолотро фарқ мекунанд. Масалан, агар дар доираи соҳаҳои мавҷудаи иқтисод вазни як ё якчанд соҳа (саноат, кишоварз…) бартарӣ дошта бошанд, онро ҳамчун истеҳсолоти ноҳиявӣ (давлатӣ), индустриалӣ (саноатӣ) ё худ кишоварзӣ номбар мекунанд.
Муносибатҳо аз диди тақсими шакл ва намуди маҳсулотҳои алоҳида, дар доираю ҳавзаҳо, ноҳия ва минтақаҳои ҷудогона ҳамчун сохтори территориявии истеҳсолот тавсия карда мешавад. Дараҷа ва миқёси таркиботи территориявӣ вобаста ба захираҳои иқтисодии дар ихтиёри он мавзеъҳо мавҷуд буда (ашьё, захираҳои меҳнатӣ, намудҳои истеҳсолот, корхонаҳои бузургтарин, зерсохтор (инфраструктура)-ҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ, анъанаҳои таърихӣ…) муайян карда мешавад.
Вобаста ба ҳаҷму миқёс аксар вақт истеҳсолоти: миқёсан хурд, миёна, калон, истеҳсолоти инфиродӣ (индивидуалӣ), умумӣ ва ғайраро фарқ мекунанд.
Аз нуктаи назари самту равиши инкишоф ва дараҷаи таҳаввул шаклҳои: тамарказ(консентратсия)-и истеҳсолот, тахсиси истеҳсолот, кооператсияи истеҳсолот ва марказияти истеҳсолот пазируфта мешавад.
Тамаркази истеҳсолот — ҳамчун раванди ташкилшавии корхонаҳои бузург бо назардошти сикли (силсилаи) сарбастаи истеҳсолот ва дар доираи он андӯхтани намудҳои гуногуни тавлиди маҳсулот ва технологияи ҳархела ба роҳ монда мешавад.
Хусусият ва афзалияти он, дар ба вуҷуд овардани комбинатҳои истеҳсолӣ, таъмин кардани мустақилияти нисбии онҳо, кам кардани масрафи истеҳсолоту мубодила ва таъмин кардани дараҷаи баланди даромаднокӣ зуҳур мегардад.
Тахсиси истеҳсолот — раванди мутақобилаи тамаркази истеҳсолот буда, ҳамчун қисматкуниҳои узвии истеҳсолот дар шакли алоҳидаи чизҳо ё худ технологияи махсус қарор меёбад.
Барои таъмин кардани дараҷаи мукаммали даромаднокию самаранокӣ, ҳаҷми мусоидтарини он — корхонаҳои начандон калони махсусгардонидашуда интихоб карда мешаванд. Фаъолияти онҳо дар доираи маҳдуди истеҳсолӣ густариш меёбад (масалан, истеҳсоли шарикоподшипник…).
Бояд тазаккур дод, ки корхонаҳои тахассусӣ дар алоҳидагӣ, бидуни дигар корхонаҳою ширкатҳое, ки қисматҳои дигари молу маводро тайёр мекунанд, фаъолият карда наметавонанд. Ҳамкорию равобити мутақобилаи корхонаҳо оиди тавлиди неъматҳо — раванди кооператсияи истеҳсолотро ташкил медиҳад.
Раванди ҳамгироии истеҳсолот (тамарказ, тахсис, кооператсия) ногузир ба марказияти он оварда мерасонад. Дар натиҷа корхонаҳои бузургтарин — асосиатсияҳо, ширкатҳои фаромил-латӣ ва ғайра ташкил меёбанд, ки дорои филиалҳои зиёде, натанҳо дар диёри худ, балки берун аз марзи худ мегарданд (ниг. боби 8-ӯм).
Ҳаёт исбот намуд, ки беҳадду ҳудуд дар як марказ ғун карда шудани сармоя, сарват, захира, маҳсулоти тайёру фурӯх-ташаванда, раванди идораю планкашӣ, фаъолияти маркетингу бизнес ва ғайра самараи оптимали(мусоидтарин)-и ҳаҷми корхонаҳоро таъмин карда наметавонанд.
Аз ин ҷиҳат, таи солҳои охир ғайримарказонии истеҳсолот бештар ба назар мерасад.
Мавҷуд будани шакл ва сохторҳои гуногуни истеҳсолот, мустақиман дар асоси нишондиҳандаҳои микроиқтисодӣ ба амал бароварда мешаванд. Охирон, дар доираи истеҳсолоти инфиродӣ (корхона, фирма, ширкат…) сурат гирифта, фақат ба фаъолияти хоҷагидории онҳо алоқаманд мебошад. Дар ин сатҳи таҳлил истеҳсолот афзалиятан, дар шакли натуралӣ (чизӣ), яъне ҳаҷми истеҳсол (дар як рӯз, ҳафта, моҳ, сол…) ҳисобу китоб карда мешавад. Дар ҳисобу китоби оморӣ — асосан нишондиҳан-даҳои истеҳсолӣ дар шакли ҳаҷми маҳсулот — маҳсулоти молӣ, маҳсулоти фурӯхташуда, хароҷоти истеҳсолот, хароҷоти муомилот ва ғайра истифода карда мешавад.
Дар миқёси макроиқтисодӣ афзалиятан, нишондиҳандаҳои натиҷаи ниҳоии истеҳсолоти ҷамъиятӣ: маҳсулоти умумии миллӣ, маҳсули дохилии миллӣ, даромади миллӣ, тақозои кулл, арзаи кулл ва ғайра истифода карда мешаванд.
Дар асоси назардошти маҷмӯи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии маҳсулот, ҳаҷми маҳсулоти ҷаҳонӣ муайян карда мешавад. Он ҳамчун нишондиҳандаҳои: маҳсулоти ҷаҳонӣ, иқти-соди ҷаҳон, маҳсулоти соҳаҳои алоҳидаи ҷаҳонӣ сурат мегирад.
Классикони назарияи иқтисод (А. Смит, Д. Рикардо, К. Маркс) истеҳсолотро ба истеҳсолоти моддӣ, ғайримоддӣ ва хадамот тақсим кардаанд. Таҳти истеҳсолоти моддӣ — маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ оиди ташкил ва истифодаи захираҳои иқтисодӣ ба мақсади ба вуҷуд овардани молу маҳсулот ё худ адои хизмат ва қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ фаҳмида мешавад. Он асосан аз ду қисм: истеҳсоли неъматҳои иқтисодию ғайрииқтисодӣ ва истеҳсоли хизматҳо бунёд мегардад.
Таҳти таъсири ҳосилнокию шиддатнокии меҳнат, пешрафт ва инқилоби илму техника, таркиби соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ торафт дигар мешавад. Мувозинатию таносуби муқаррарии иқтисод, унсур ва натиҷаи он бештар тағйир меёбанд. Вазни қиёсии соҳаҳои инқилоби илмию техникӣ (нафту химия, энергетикаи атомӣ, электроника, радиотехника, истеҳсоли маводҳои холису нодир, МЭҲ, дастгоҳҳои идораи автоматӣ, лазер, воситаи алоқа, асбобҳои назоратии идора…) талаб торафт меафзояд.
Таи даҳ соли охир таносуби байни соҳаҳои коркардабароӣ ва истихроҷ торафт ба манфиати соҳаҳои дуввум ҳал мегарданд. Бештар раванди бунёд гаштани комплексҳои гуногун (мошин-созӣ, энергетика, аграрию саноатӣ, нақлиёт) авҷ мегиранд.
Таҳти фаъолияти соҳибкорӣ, маркетингу менеҷмент, раванди идораи сифати маҳсулот, техникаю технология, таҷҳизонӣ, навкунии ҷузъ ва таркиби маводи хом, хизматрасонӣ ва ғайра такмил меёбад. Таркиби сарчашмаҳои дохилӣ ва берунии манобеи сармоягузорӣ, пасандоз ба истеҳсолот дигар мешавад.
Ин дигаргунсозиҳо дар ниҳояти кор ба тағйир додани раванди идораи истеҳсолот (бунёд гаштани ташкилотҳои «интегратсионӣ» (ҳамгироӣ), кулли соҳаҳои илму маориф, истеҳсо-лот, хизматрасонӣ) оварда мерасонанд, ки онҳо ҳамчун иттиҳо-дияҳои илмию истеҳсолӣ, ассотсиатсияҳо, ширкатҳои инҳисорӣ (монополӣ) дар шакли картелу синдикат, тресту консерн ва ширкатҳои фаромиллалӣ бештар маълуму машҳур мегарданд.
Истеҳсолоти ғайримоддӣ — ҳамчун комплекси соҳаҳои хоҷагии халқ, ки мустақиман дар тавлиди маҳсулоти холиси ҷамъиятӣ (даромади миллӣ) иштирок надоранд тасаввур карда мешавад. Тибқи муқаррароти қабул шудаи омори муосири давлатҳои собиқ сотсиалистӣ ба он хоҷагиҳои сохтмону коммуналӣ, хизматрасонии аҳолӣ (навъи бидуни истеҳсолӣ), нақлиёти мусофиркаш, алоқа (хизматҳои ғайриистеҳсолӣ ба аҳолӣ), маориф, маданият, тансиҳатӣ, тарбияи ҷисмонӣ, таъминоти иҷтимоӣ, санъат, илм, идораи мамлакат ва ғайра дохил карда мешавад (14, 89).
Дар шароити иқтисоди бозорӣ маҳсули қисме аз соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ (илм, тансиҳатӣ, идора, тарбияи ҷисмонӣ…) сирати молӣ гирифта, мубодила карда мешавад ва аз ин нуктаи назар фарқи байни соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ торафт маҳдуд мегардад.
Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки баъзе аз иқтисоддонон таф-риқасозии иқтисодро ба истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ носозии замона медонанд. Масалан, Б.А. Райзберг таъкид мекунад, ки тақсими иқтисод ба ду ҷанба — истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ ва вобаста ба он ҷудо кардани меҳнати маҳсулдеҳу бемаҳсул тибқи намуди маҳсулоти истеҳсолкардашуда, мизони баҳодиҳии «истеҳсолот ё худ ғайриистеҳсолот» буда наметавонанд. Меъёру меҳвари асосӣ бояд фаъолияти эҷодкорона оиди анҷом додани кор ва ба даст овардани маҳсулоти нав бошад (20, 751-752).
Соҳаи хадамот — ҳамчун ягонагии соҳаҳои истеҳсолоти мод-дӣ ва ғайримоддӣ дар қисмати истеҳсоли хизматрасонии истеҳ-солӣ ва истеҳсоли хизматҳои ғайриистеҳсолӣ (таъмири хона, пойафзол, сару либос, автомобил, хизматрасонӣ аз ҷониби духтурону сартарошон ва ғайра) ташкил мегардад. Он яке аз соҳа-ҳои муосири рушду устувори муозини иқтисод мебошад. Маҳз дар доираи ҳамин соҳа қисми бештари маҳсулоти дохилии миллӣ ба даст оварда шуда, шумораи зиёди коргарону хизматчиён андӯхта мешаванд. Махсусан, ин ҳолат дар соҳаи хизматрасонии аҳолӣ назаррас мебошад (26, боби 8, 9).